23:29:59 21-уми Июли 2025 сол

“Қонунҳо амалӣ мешаванд!”

Прокуратураи вилояти Хатлонҳолати риояи иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон»-ро дар ҳудуди вилояти Хатлон дар 6 моҳаи аввали соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

6 jinoyati javonon 5454885454Дар ин давра баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ноболиғон ва ҷавонон ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимои маъюбон» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон тааллуқ доранд мавриди санҷиш ва таҳлил карор дода шудаанд.

Дар 6 моҳаи аввали соли 2025 аз ҳамоҳангӣ бо прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ 117 маротиба санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 568 амр, 337 пешниҳод, 511 эътироз оварда шуда, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 1001 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 459 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 793 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи 14,9 (13,2) млн сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.

Дар давраи таҳлилӣ бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самтҳо 158 парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла 4 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 парвандаи ҷинояти бо моддаи 316 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ,1 парандаи ҷиноятӣ 324 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон , 7 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 314 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон , 78 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо оғоз карда шуда, маблағи 14 903 735 сомонӣ зарарҳои расонидашуда ошкор карда шуд, ки аз ин 13 510 018 сомонӣ зарар ба манфиати шаҳрвандон ва 1 393 735 сомонӣ зарар ба давлат буда, дар рафти тафтиши пешакӣ маблағи 12 500 115 сомонии он, аз ин 1 102 000 сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 40 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Дар ҳудуди вилоят 1401 муассисаҳои таълимӣ аз ин 53 муассисаи ибтидоӣ, 125 муассисаи асосӣ, 1158 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 гимназия, 25 литсей, 8 мактаб–интернати кӯдакони ятим, 1 мактаб–интернати ёрирасон, 4 мактаб–интернати кӯдакони лаёқатманд–(3 мактабинтернат барои кӯдакони лаёқатманд ва 1 мактаб–интернат барои кӯдакони лаёқатманди ятим) ва 4 интернати наздимактабӣ фаъолият намуда истода, дар онҳо 9 00 ҳазору 598 нафар хонандагон, аз ҷумла 436 ҳазору 252 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 33 ҳазору 413 хонанда нисбати соли таҳсили 2023-2024 зиёд мебошад.

Санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Кӯлоб, Восеъ нишон дод, ки ҳолатҳо вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ ҳангоми таъин, интихоб ва ҷобаҷогузории роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷой дорад. Бинобар ин, аз тарафи прокуратураи вилоят ба фармоишҳои болозикр эътироз оварда шуда, фармоишҳои мазкур бекор карда шуд.

Ба ҳамин монанд, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ бо 511 адад фармоишҳои ғайриқонунии мудирони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда, фармоишҳо бекор карда шуд.

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки дар давраи таҳлилӣ баҳри ташвиқу тарғиби мазмуну мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҷиҳати амалан иҷро гардидани талаботҳои он, дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 160 сӯҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо дар идораву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шудааст.

Баҳри дар амал иҷро накардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модарон ва омӯзгорон дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо нисбати 413 нафар, аз тарафи шуъбаи огоҳонии пешгирӣ ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад нисбати 1601 нафар, дар маҷмӯъ нисбати 2014 нафар падару модар ва омӯзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.

Вобаста ба қарорҳои ғайриқонунии судҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуатураи вилоят 6 адад эътирози назоратӣ оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо қонеъ гардидаанд.

Таҳлил нишон дод, ки дар 5 моҳи соли равон вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон тамоюли пастравӣ дошта, аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 91 (98) ҷиноят аз ҷониби 76 (75) нафар ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давра соли 2024 ҷамъ 7 ҷиноят камтар мебошад. Аз ноболиғони даст ба ҷиноят зада 9 нафар ба кор ва таҳсил машғул набуда, боқимонда 67 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки аз 91 ҷиноятӣ дар давраи соли равон содирнамудаи ноболиғон 48 ҷиноят ё 52,7%-и онро ҷиноятҳои дуздии молу мулки ғайр ташкил медиҳад.

Таҳлил нишон дод, ки сабабҳои даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон аз як тарафи беназоратии падару модар бошад, аз тарафи дигар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарғиботию ташвиқоти оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон мебошад.

Прокуратураи вилояти Хатлон, минбаъд низ ҳолати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавононро таҳти назорати доимӣ қарор дода, пайваста дар ин самт чораҳои амалӣ баҳри риояи иҷрои қонунгузориҳо дар ин самт хоҳад андешид.

Шарифзода Д.Ш., Сардори шуъбаи назорати иҷроиқонунҳо оид ба ноболиғон ваҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ