19:39:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29        

Набарди Рустам бо Барзу ва тафриқаи забонӣ

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ", чунин номидааст китоби нави худро Зафар Сайидзода, пажуҳишгар ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ахиран дар нашриёти "Контраст" интишор ёфтааст. Китоб гулчинест аз ҳикмати бузургону нухбагони миллат дар бораи истиқлол, андеша, фарҳанг, забон, истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти забонӣ, нақлу ривоёти ҷолиб ва хонданиву шуниданӣ аз абёти бузургон.

2.zafar-saidov 454554Аммо бардошти умумӣ он аст, ки муаллиф кӯшидааст талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди забони милливу давлатдории миллӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ барҷаставу созанда нишон диҳад. "Президент Эмомалӣ Раҳмон доимо такрор ба такрор ҳамватанонро, пеш аз ҳама насли ҷавонро даъват мекунад, ки фарҳанги ғании гузаштаи миллати худро хуб омӯзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд".

Дар боби "Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ" муаллиф бо истинод ба манбаъҳои таърихӣ роҷеъ ба бузургиву азамати забони тоҷикӣ ҳарф задааст ва аз ҷумла меорад, ки "пажуҳишҳои зиёде аз донишмандон баёнгари  он аст, ки сарзаминҳои Хуросони бостон ва Мовароуннаҳр зодгоҳ, ҷавлонгоҳ ва парваришгоҳи забони тоҷикӣ (дарии порсӣ) будааст".

Муаллиф бо овардани иқтибосоти зиёде ин андешаро тақвият медиҳад. Аз назари ӯ "форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се шохаи нави забони порсии дарии классикӣ буда, ҳар кадом роҳи мустақили  ташаккули худро доранд. Аз нигоҳи ҷомеашиносии забон форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ дар се кишвар дар тӯли қарнҳои баъдӣ дар як мақом қарор надоштаанд. Забони форсии муосир дар Эрон ҳамеша ягона забони давлатии ин кишвар буд ва дар баробари он забони дигаре бар ин мақом қарор надошт. Аммо тоҷикӣ ва дарӣ дар муҳит ва вазъи дузабонӣ мавриди истифода шуда, имрӯз пас аз истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди озоди забони тоҷикӣ дар мақоми давлатӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст".

Талошҳои Президенти кишвар дар гиромидошти забони тоҷикӣ дар ин китоб боби махсус дорад, ки чунин унвон гирифтааст: "Роҳбурди посдории забон дар ростои  таълимоти Эмомалӣ Раҳмон". Муаллиф дар ин боб кӯшидааст талошҳои сарвари давлати Тоҷикистонро дар эҳтироми забони модарӣ барҷаста ва созанда нишон диҳад ва аз назари ӯ ҳанӯз аз Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сайъ кард таваҷҷӯҳи ҷомеаи кишварро ба эҳтироми забони тоҷикӣ чун пояи аслии истиқлолияти давлатӣҷалб созад.

"Нигоҳи гузарое ба ду даҳаи гузашта  ба равшанӣ нишон медиҳад, ки алорағми вазъияти печидаву мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди  иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт аз ҳаллу фасли  масъалаҳои марбут ба рушди забон фориғ набудааст".

Ва дар идома як навъ хронологияи ин кӯшишҳову талошҳоро ба тартиб овардааст, то собит шавад, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон як замоне аз ин гуна часпу талошҳо фориғ набудааст. Аз назари муаллиф баъди истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ боз ба мақоми арзандаи таърихии худ бозгашт.

 

"Агар суханрониҳо ва хитобаҳову даъватҳои Сарвари давлатро бо гуфтаву навиштаҳои  бисёри дигар аз адибону суханварон ва равшанфикрон муқоиса кунем, хоҳем дид, ки суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар риояи забони меъёрӣ намунаи беҳтарин барои пайравӣ мебошад. Бидуни муболиға Президент барои насли ҷавон дар заминаи сухангӯӣ як устоду омӯзгори қобили пайравӣ аст"-, менависад муаллиф.

1.zafar-saidov 454554Зафар Сайидзодаҷонибдори он нукта ва он биниш аст, ки дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ шарт нест, мисоли дарсҳои забону адабиёт шоироне бошанд, ки исми онҳо на ба ҳамагон ошност. "Мушкили дигаре ва саҳеҳтар бигӯем, саҳву хатое, ки мо пайваста дар чанд соли охир мекунем, ин аст, ки дар эҳёи забони тоҷикӣ ва ҳини таълими адабиёти асрҳои гузашта мо ба осори адибон ва шоирони дараҷаи даҳуму понздаҳум такя менамоем. Матну қитъаҳои шеърӣ, ки аз ин муаллифон дар китобҳои дарсӣ оварда шудаанд, дар баробари душворфаҳм буданашон комилан орӣ аз фасоҳату  балоғати фикрӣ мебошанд... Чунин рафтор дар сурате, ки фақат худи "Шоҳнома" метавонад чун дар аҳди Сомониён эҳёгари забон бошад ва низ осори дигар бузургони адабиёти классикӣ аҷиб менамояд...".

Ва дар поёни ин бахши китоб, баъди таҳлили фарогири иқдомоти Президенти Тоҷикистон муаллиф кӯшидааст аз матни суханрониҳои ӯ нуктаҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ ва андаромези сарвари давлатро дар мавриди гиромидошту пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ гулчин кунад.

Фаслҳои дигари китоб, аз ҷумла, "Чӣ гуна бояд забон омӯзем?", "Бузургони адабиёти форсу тоҷик дар ситоиши забони дарӣ", "Намунаҳое аз ганҷинаи адаби форсӣ", "Зарбулмасалҳо ва корбурди онҳо" дар тақвияти бобҳои қаблӣ омадаанд ва муаллиф бар ин назар аст, ки "забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли ёздаҳ садсола асолаташро нигоҳ доштаву зинда аст ва зинда хоҳад монд".

Китоб бо порае аз "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, ки ба эҳтимоми Муҳаммад Ҳусейни Киёнпур ба наср гардонида шудааст, ҷамъбаст мешавад. Ин пораи "Шоҳнома" як қиссаи пандомӯзи дигар аз рӯзгори ҷаҳонпаҳлавон Рустами достон аст, ки баъди қатли Сӯҳроб бо набераи худ, фарзанди Сӯҳроби ҷавонмарг Барзу дар набард мешавад.

Вале ин бор макри шоҳону амирони кинаҷӯ ба кор намеравад ва Барзу ва Рустам ба ҳам меоянд, гузаштаи худ, пайванди хунии худро дармеёбанд ва даст аз қатли якдигар бозмедоранд. Рамзист омадани ин ривоят ва ин достони шӯрангез дар китобе, ки ба забони тоҷикӣ ва нақши сарвари як давлати соҳибистиқлол дар рушду фарҳангу забону тамаддуни миллаташ.

Яъне, форсиву дариву тоҷикӣ аз ҳамон як решаанд, ки душманон имрӯз мехоҳанд бо коштани тухми бегонагӣ ва адовату кина онҳоро аз ҳам ҷудо созанд. Вале асолат чизест, ки нопокиву наҷосатро дур мекунад. Ва талоши ононе ҳам, ки мехоҳанд бо василаи се забон ба ҷилва андохтани тоҷикиву форсиву дарӣ Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дур аз ҳам нигоҳ доранд, маҳкум ба нокомӣ хоҳад буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi