21:47:12 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раънои Мубориз: “Ман менависам, бояд ҳатман нависам”

Раънои Мубориз зодаю парвардаи ноҳияи Шуғнони куҳистони Бадахшон аст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987-ум, баъди ба итмом расонидани донишгоҳ, ба рӯзномаи вилоятии “Бадахшон” ба кор даъват шуда, чанд муддат ба ҳайси ходими адабӣ, мухбири калон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон”, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис» фаъолият дошт. Соли 2003-юм ба шаҳри Душанбе омада, муовини сардабири маҷаллаи “Фирӯза” таъин шуд.

shoira-45446898Солиёне чанд муҳаррири масъули ҳафтавори “Чархи гардун” буд. Феълан дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар вазифаи мудири шӯъба кор мекунад. Соли 1993-юм ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. То имрӯз маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои “Гаҳвораи сангин”, “Навои найсон”, “Садбарги куҳӣ”, “Мусоҳиби офтоб”ва “Лаъли Бадахшон” ба нашр расидаанд. Чакидаҳои хомааш ҳамчунин ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидаанд. Раънои Мубориз имсол ба ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор гардид ва заҳматҳояш бо медали “Хизмати шоиста” низ қадр шуд.

-Муаллима, ба наздикӣ порае аз китоби “Ёдҳо”-и Шуморо бо номи “Ҳиссаҳо аз қиссаҳо” дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” хондам. Ба ростӣ, ки басо мароқангезанд хотираҳоятон. Махсусан, он қиссае, ки дар бораи Шумову Хӯҷаи Хизр аст. Ин ҳақиқат бошад?

-Ҳақиқат аст албатта. Мегӯянд, ки якҳафтаина будааму мӯйсафеди аҷоибу нуроние ба деҳаяки куҳии мо омадааст. Мардуми деҳ, чи пиру чи барно аз қафои ӯ хона ба хона мерафтаанду мегуфтаанд, ки ин Хӯҷаи Хизр аст. Мӯйсафед ба хонаи мо ҳам ташриф меорад. Дар куҳистон ба пеши модару навзод даромадани бегонагон манъ аст. Аммо он мӯйсафеди нуронӣ медарояду парпечи маро аз дасти модарам мегирад, чизе дар гӯшам мехонаду гӯшаконамро маҳскунон молиши мулоим медиҳад ва аз модарам пиёлаи чойхӯрӣ мепурсад.

Пиёлаи садақашударо дар халтачае мегузораду аз хонаамон мебарояд. Издиҳоми мардум, ки ӯро дар саҳни  ҳавлиямон интизорӣ мекашидаанд, боз дунболагираш мешаванд. Мӯйсафед ба чанд хонаи дигар даромада, пиёла мепурсад. Ва ногаҳон дар пеши чашми мардум ғайб мезанад. Пиёлаи зеботаринро ба ӯ як тағобачаи падарам, ки номаш Давлаталӣ будааст, медиҳад. Баъд амакам Давлаталӣ шаби ҳамон рӯзе, ки мӯйсафеди нуронӣ ғайб мезанад, якбора гум мешавад. Ӯро танҳо пас аз ду рӯз аз куҳи Хабост пайдо мекунанд, ки лаби чашмае хоб рафта. Бедораш мекунанд ва мебинанд, ки аз худ бехуду аз ақл бегона шуда.

Касеро намешиносад, ҳазён мегӯяду бо нигоҳ  ҳамон мӯйсафеди нурониро меҷӯяд. Ҳамин тавр, он амакам ақлбохта шуда, чанд соли дигар дар ишқи Хӯҷаи Хизр сӯхта обу адо мегардад. Ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ мебаранд ӯро. Вале сиҳат нашуда, бо ҳамин дард аз олам меравад. Маро баъди нопадид шудани мӯйсафед модару модаркалонам ҳартарафа аз назар гузаронида мебинанд, ки дар пушти гӯшам, ба он ҷойе, ки мӯйсафед даст расонида буд, пайи панҷа боқист. Пайҳо ҳанӯз ҳам дар гӯши ман ба ёдгор мондаанд. Модарам пайваста  хотиррасонам мекунад, ки ин нишонаҳоро  ба ягон кас нишон надиҳам, ки мабодо ба офате гирифтор нашавам.

-Раънобону, агар чунин бошад, пас шояд шарофати он пири нуронӣ ба Шумо расидаву шоира шудаед?

-Намедонам, шояд. Ё шояд шеърнависии ман ба омилҳои дигаре ҳам рабт дошта бошад.

-Масалан ба кадом омилҳо?

-Масалан, ман дар оилае ба камол расидаам, ки басо фарҳангист. Падарам кони афсона буду хазинаи шеъру панду андарз. Бо падарам китобҳои “Ҳазору як шаб”, “Самаки айёр”, “Чор дарвеш” ва чандин қиссаҳои дигарро ҳанӯз дар 8-9-солагиам хонда будам. Аз тарафи дигар, падари модарам ва бародаронаш ҳофизону шоироне буданд байни мардум шинохта. Ба забони шуғнонӣ шеър мебофтанду бо дойра мехонданд.

-Имрӯз Раъноро чӣ маҷбур мекунад, ки нависад? Ва оё Раъно бе шеър ҳам зиста метавонад? Мақсудаш аз шеъргӯӣ чист?

-Дар китоби “Ёдҳо ” ба ин суол ин гуна посух додаам...

“-Чаро менависӣ, Раъно?

-Чаро нанависам?

-Охир шоиру нависандаҳо он қадар бисёр навиштаанд, ки…

-Рост мегӯӣ, лекин ман ҳам бояд нависам.

-Ту мисли онҳо-ку навишта наметавонӣ, пас биё, нанавис.

-Мисли онҳо навишта наметавонам, аммо маҷбурам, ки нависам.

-Маҷбурӣ? Чаро?

-Онҳо ҳарфҳои дили худро мегӯянд, ман ҳарфҳои дили худро дорам. Масалан, онҳо аз куҷо медонанд, ки чӣ гуна Лоҳутӣ ба ман шамшеру хома дод? Ё кай шеъри аввалинам дар рӯзномаи русии «Правда» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

Ё чӣ тавр ман ниничаи ҳафтрӯза будаму Хӯҷаи Хизр ба хонаи мо омад.

Мори сафеди калон се бор бо ман чӣ кор кард, инро ҳам намедонанд!

Онҳо шояд ҳатто надонанд, ки ба духтари ҳанӯз таваллуднашудаам соли 1991-ум шеъре навишта ӯро «Нилуфари ниличашми нусхаи асли падар» гуфтаму вақте ӯ соли 1993-юм ба дунё омад, ҳақиқатан ҳам ниличашми нусхаи асли падар буд.

Бар иловаи ин адибонеро, ки ту медонӣ, ҳаққо, ки устоданд, вале устод ҳам бошанд, ҳеҷ гоҳ ҳарфи дили маро аз ман муфассалтар намегӯянд. Онҳо устоданд, беҳамтоянд, вале беҳамто ҳам бошанд, ҳеҷ гоҳ ба забони модарии шуғнонии ман андешида, ба забони тоҷикӣ онро баён намекунанд. Балки ба ин ҳоҷат ҳам надоранд. Охир тоҷикӣ забони модариашон аст.

Ҳар ҳарфе дар дил, дар сар, дар ҳис, дар андеша доранд, онро ба забони тоҷикӣ ба қалам медиҳанд. Ба тарҷумон ниёзе ҳам намемонад. Дар ниҳоди ман бошад тарҷумоне ҳаст, ки андешаҳои шуғнонии маро ба тоҷикӣ тарҷума мекунад. Ин кори душвореро, ки ман бар дӯш дорам, медонам, ҳеҷ як устоде кардан намехоҳад. Дар ин кор ман тани танҳоям.

Ба як забон меандешаму ба дигар забон менависам. Магар ин осон аст? Не, инро фақат ман метавонам, ман! Не, ғалат гуфтам, фақат ман не. Устодон Миршакару Шанбезодаву Ҳалимшову Ҳайдаршову Ширин Бунёду Ато Мирхоҷа ва чанд нафари дигар ин ҳунари маро доранд. Аммо охир онҳо ҳам дунёи мардонаи худро бозгӯ мекунанд, пас розҳои занони қавми маро кӣ бояд ба оламиён кушояд?! Кӣ?! Не, ман менависам, ман бояд ҳатман нависам.

-Ростӣ, муаллима, ин гуфтугӯ касро ба андеша мебарад. Дарвоқеъ, ба Шумо ба забони модариатон навиштан осонтар аст ё ба забони тоҷикӣ?

-Ба забони шуғнонӣ осонтар аст, аммо бештар ба забони тоҷикӣ менависам. Вақтҳои охир як қисми ашъорам ба забонҳои дигари дунё тарҷума шуда, то доираи васеътари хонандагонро фаро гирад. Масалан, як манзумаам дар шаҳри Ландан ба забони инглисӣ рӯи чопро дид.

-Дар бораи шеъри имрӯзи тоҷик чӣ мегӯед?

-Маъзарат мехоҳам, аммо чандест, ки ашъори тозаи адибонро варақ назадаам, чун гирифториҳои зиёде дорам. Аз ҷумла, китоби калонҳаҷми “Ёдҳо”-ямро мураттаб кардан дорам, тарҳи нашри китоби нави ашъорамро мекашам ва боз чандин нақшаҳои дигар.

-Шеърҳои Шумо бӯйи сангу хоки Бадахшон доранд.  Масалан ҷойе гуфтаед, ки:

Лаъл маҷӯ, лаъли Бадахшон манам,

Духтари дилбанди куҳистон манам...

Ёд ба «Шаҳнома» зи Шуғнон шуда,

Ёсумани домани Шуғнон манам.

Ва боз нигоштаед:

Сарҳад машикан, ки дар камини Ватанам,

Ҳар ҳад машикан, ки дар замини Ватанам.

Гӯӣ, ки писар наям, ки аскар бошам?

Ман духтари шеъри оташини Ватанам!

-Манзурам ин аст, ки аз нигоҳи Раънои Мубориз Шеър бояд чӣ гуна бошад?

-Шеър бояд шеър бошад.

ӣ рӯзҳову соатҳои хотирмоне ҳастанд дар зиндагии Раънои Мубориз, ки фаромӯш кардан наметавонад?

-Он лаҳзаҳоро замоне аз китоби хотиротам хоҳед хонд. Яъне ҳар рӯйдоде, ки дар зиндагӣ ба ман таъсири мусбат ё манфӣ мерасонад, ман онро ҳатман аввал дар зеҳнам нигоҳ дошта, пас ба коғаз мекӯчонам, пас ба китоби “Ёдҳо”-ям ҳавола мекунам.

-Ёд доред аз чандсолагӣ дар қалбатон завқи таваҷҷуҳ кардан ба шеър рӯ зад?

-Дар ин бора мехоҳам ба Шумо як воқеаро нақл кунам. Дар синфи сеюм мехондам. Рӯзе дар рӯзномаи онвақтаи «Комсомоли Тоҷикистон» шеърҳои шоирае бо номи Симини Беҳбаҳонӣ чоп шуд. Мафтуни он ашъор гаштам  ва байти аввали як шеърро дар пушти «Китоби хониш»-ам навиштам:

Нилуфари шабнамзадаи соҳили рӯдам,

Кас ҷома напӯшид зи дебои кабудам.

Ба зери вожаи нилуфар хат кашидам ва дигар дилдодаи  ашъори Симин шудаму хаёлан умре меҷустамаш. Ситораи тобонтарини мусиқии Шарқ Аҳмад Зоҳир ҳар гоҳе сурудҳои дилангези ин хонумро мехонд, ман, мане, ки дар зиндагӣ боре тамъи шаробро начашидаам, маст мешудам. Аҳмад Зоҳир месуруд:

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,

Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.

Ё:

Зи чӣҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро?

Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро.

Ё:

Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам,

Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам.

Ӯ месуруду ман Симинро бештар аз пештар дӯст медоштам....

-Пас боре дидор доштед бо Симини Беҳбаҳонӣ?

-Иттифоқан, моҳи августи соли 2004-ум ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтем ва рӯзе меҳмони хонадони Симини азиз, Симини орзуҳоям шудем. Ин ҳангом духтарчаи ман Нилуфар дар синфи сеюми дабистон  мехонд. Ба хонум Симин гуфтам, ки чӣ тавр дар даҳсолагиям шеърҳои ӯро хондаму мафтун шудам, вожаи нилуфарро писандидам ва акнун духтарчаам Нилуфар даҳсола аст. Чеҳраи Симини азиз шукуфт. Писараш Ҳусейнро фармуд, то бо ҳам аксбардориамон  кунад. Духтараш Умед бо яхмоси лазизи хонагӣ зиёфатамон дод. Симини меҳрубон як китоби бузургҳаҷмашро бо соядаст ба ман ва ҳамсафаронам тақдим кард.

-Ба кадом орзуҳоятон расидаеду ба кадомашон не?

-Танҳо як орзуям амалӣ нашуд ва ин аст, ки баъди хатми донишгоҳ ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби ронандагӣ додам, мехостам, мошин ҳай кунам, аммо оиладор шудаму шавҳарам садди роҳи ин ниятам гардид.

-Вале, муаллима, ҳанӯз ҳам дер нашудааст-ку.

-Вале ҳанӯз ҳам шавҳарам дар ақидааш устувор истода, ки ронандагӣ кори занона нест!

-Шоираи азиз, ҳамеша муваффақ бошеду чун лаъли Бадахшон дурахшону пурҷило! “Рӯзгор” ба Шумо рӯзгори рангин таманно мекунад.

-Ташаккур. Хонаатон обод бод!

Мусоҳиб Баҳман, “Рӯзгор”

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi