15:06:02 30-уми Майи 2025 сол

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Дирӯз дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. 

2_mulokoti_rustami_emomali_bo_vValentina_matvienko215545Нахуст мулоқоти хосаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко баргузор гардида, сипас музокироти ҷонибҳо бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Русия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, инчунин меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилаи бисёрҷониба бо Русия, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, илмию техникӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Аз сатҳи кунунии муколамаи байнипарламентии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия ва Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкори байниминтақавӣ» изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ки ба анъанаҳои ҳамдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ ва эътимоди тарафайн асос ёфта, бо талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин пайваста таҳким меёбад, баҳои баланд доданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷалби сармояи Русия барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо назардошти талаботи бозори истеъмолии Русия, ташаккули паркҳои саноатӣ бо маҳаллисозии истеҳсоли молҳо ва рушди инфрасохтори муосири логистикӣ зарур шумурда шуд.

Дар ин зимн, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди бештари ҳамкорӣ байни минтақаҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.

Ҳар ду ҷониб аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд табодули афкор карда шуд.

Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкории фаъол доранд.

Ҳамчунин, дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ба нақши Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Аснои суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Руссия саҳифаи тоза боз хоҳад намуд.

Дар фарҷом, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Дар ҳошияи мулоқоту музокироти парламентии Тоҷикистону Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баъди боздид аз намоиши аксҳо, ки ба ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Русия бахшида шуда буд, дар Китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд. 

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854