Вохӯрӣ бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои инфрасохторӣ Чарлз Ҷозеф мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои мавҷуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар самти рушди соҳаи энергетика ва идоракунии захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, масъалаҳои марбут ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи энергетика муҳокима гардиданд.