02:44:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Салими Зарафшонфар: «Нависандагӣ агар касб буд, дар замони Шӯравӣ буд…»

Салими Зарафшонфар соли 1963 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ барвақт ба меҳнат шурӯъ карда, солҳо мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон», котиби масъули маҷаллаи тиббии «Шифо» ва муҳаррири шӯъбаи адабии радиои тоҷик будааст. Алҳол котиби масъули маҷаллаи «Истиқбол» аст. Соли 1990 нахустмаҷмӯаи ашъораш «Хунбаҳо» бо пешгуфтори устод Лоиқ Шералӣ аз тариқи нашриёти «Адиб» пешкаши хонандагон шуд.

salimi-zarafshonfar-454545Зарафшонфар пораҳоеро аз осори фалсафии Артур Шопенҳауэр, Ян Фейеш, Константин Сиолковский, ҳамчунин намунаҳоеро аз ашъори Роберт Бернс, Иоан Волфганг Гёте, Шарл Бодлер, Шандор Петефӣ, Робиндронат Такур, Гиём Аполлинер, Титсиан Табидзе ва ғайра аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонидааст.  Имрӯз Салими Зарфшонфар ҳам дар назму ҳам дар насри муосири тоҷик аз пешгомон  аст.  Салими Зарафшонфар ба синни мубораки панҷоҳсолагӣ расид ва ба ҳамин мунсоибат хабарнигори «Рӯзгор» Баҳман бо ӯ суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод Зарафшонфар, шумо ба синни мубораки панҷоҳ расидед. Ба ин муносибат шуморо таҳният мегӯем. Суоли нахусти мо ин аст, ки чун шумо аз қуллаи камолоти синниву эҷодӣ ба умри пасисаркардаи худ менигаред, чӣ ҳиссиёте дар дилатон рӯ мезанад?

-Аввалан, ташаккур барои изҳори шодбошӣ. Сониян, суолатонро посух бигӯям, ки ҳангоме кас ба қулла мебарояд, ҷисмаш лакот мешавад, пояш дард мекунад, нафасаш мегирад. Хушбахтона, инак ман нафасгир нестам, балки омодаи таййи қуллаҳои навинам. Беихтиёр байте аз Пиндар ном шоири Юнони Қадим ба хотирам меояд, ки тарҷумаи таҳтуллафзиаш ин аст:

Эй дил, кӯшиш манамо барои дарёфти умри ҷовидонӣ,

Бал саъй бикун, аз он чӣ, ки имконпазир аст, баҳра биёбӣ.

Ҳоло  дар дили ман ду ҳис рӯ мезанад. Нахуст, ҳисси суруру нишот аз он, ки дар оғӯши зиндагиям. Дуввум ҳисси таассуф аз он, ки вақти сипаригаштаро борвар истифода набурдам. Дар синни ман нобиғаносири фаронсавӣ Оноре де Балзак тақрибан навад ҷилд асар навишта буд. Агар ҳатто нисфашро барканор созем, нисфи дигараш осори барҷастаи адабиёт аст. Ин гуна мисолҳо кам нестанд. Чӣ кунем, ки ҷавониву миёнсолии насли мо ба даврони начандон адабпарвар рост омад. Ин марҳилаи умри ман барин қаламфарсоён бештар на бо ҷустори ҷавоҳиршаддаи сухан, балки бо ҷустори ризқурӯзии аҳли аёл гузашт.

-Шумо аз он солҳои умратон, ки сарфи эҷод гаштанд, розиед, ё мисли нависандаи ҳамноми ман - Баҳманёр ба чунин андешаед, ки агар дубора ҷавон мешудед, ҳеҷ гоҳ дунболи касби нависандагӣ намерафтед?

-Нависандагӣ агар касб буд, дар замони Шӯравӣ буд, зеро тавассути он ҳам рӯзгоратон таъмин мегашт, ҳам обрӯю эътибори вижаеро соҳиб мешудед. Ин айём нависандагӣ сарбориест, ки мо илова ба бори зиндагӣ мекашем. Камина бори зиндагиро ба он хотир мекашам, ки сарбории суханро бикашам. Дар ҷодаи адаб ба дастоварди бузурге ноил нагаштаам, лекин бидуни он умри худро барҳадар мешуморам. Агар ман дубора ҷавон мешудаму на дар замони Шӯравӣ, бал дар замони пасошӯравӣ меафтодам, шояд касби судмандеро пеш мегирифтам, аммо танҳо ба хотири он, ки озодонатару осудатар эҷод кардан битавонам.

Истеъдоди асил насиби ҳар кас намешавад. Камина истеъдодро ба ягон чиз иваз наменамоям. Ҷумла касбҳо нигаронидашуда бар шикаманд, яъне шумо аз пайи касбе мешавед, то худу хонаводаатонро бихӯронед. Истеъдоди нависандагӣ нигаронидашуда бар руҳу равони инсонист, он нафареро намехӯронад, алалхусус дар замони мо. Инсон танҳо аз шикам иборат нест, ӯ ҳамчунин сар дорад, дил дорад. Маҳз илму адабиёт, ақлу хирад, истеъдоду ҳунар моро аз ҳайвонот мутафовит мегардонанд. Нависандаи адимулмисли рус Фёдор Достоевский гуфтааст: «Рӯзи ҳисоб  офаридгор аз Башар мепурсад:

- Эй Одам, дар дунёе, ки мезистӣ, чӣ кор кардӣ?

Вай ҷавоб медиҳад:

- Ман дар он дунё китоби «Саргузашти Дон Кихот»-ро навиштам».

Дар ин гуфта якчанд маънӣ нуҳуфтааст. Аввал ин, ки ба муаззамии асари номбурда ишора меравад. Дуюм ин, ки ҳаёти башарият бемаънову беманфиат нагузаштааст, чунки он гуна асар эҷод кардааст. Яъне Эзид одамро на барои хӯрдан халқ намудааст, балки барои корҳои арзандаи номи инсон будан!

-Салим Зарафшонфари адиб хонанда дорад?

-Имрӯз сафи хонандагони адабиёти бадеъ ба таври бояду шояд афзун нест. Лекин дар миёни ҳамин сафи камшумор низ ҳаводорони камина ҳастанд. Инро бад-он далел мегӯям, ки ҳар вақт-ҳар вақт нафароне мепурсанд: «Чӣ тавр фалон китобатонро дастарс намоем»? Албатта барои омма наср фаҳмрастар аз назм аст. Бинобарин навиштаҳои насрии камина ихлосмандони зиёдтар доранд.

-Имрӯз чун шумори хонанда коҳиш ёфта, нависандагони мо бештар китобҳояшонро ба дӯстону пайвандон тақдим мекунанд.Устод, шумо вақте ягон китобатонро ба шахсе тӯҳфа мекунед, баъдтар оё бозпурсӣ менамоед, ки вай онро хонд ё не, куҷояш ба вай маъқул шуд?

-Дар умрам ин корро накардаам. Нафареро мулзам намудан намехоҳам. Агар худи хонанда фикрҳояшро тазаккур диҳад, мепазирам, лек ӯро зери истинтоқ намегирам. Иддае мухлисон ҳастанд, ки чун китобатонро тақдим созед, зуд онро кушода, ба саҳифаҳо чашм медавонанд. Ман дар ин гуна мавридҳо, зери арақи шарм монда, мегӯям: «Узр мехоҳам, дар ҳузури ман нахонед, хонаатон баред, пасон баҳузур варақ занед».

-Шеърҳои шумо равону хотирнишинанд, баъзеашон таронамонанд мебошанд. Оё бо сарояндагони кишвар ҳамкорӣ доред?

-Хоҳишгароне буданд, ки ман барояшон суруд бинависам. Вале камина хоҳишҳоро боадабона рад кардаам. Примитивизмро намеписандам. Ин замон вожаи «суруд» ё «тарона»-ро хайле сафсаттанивисиву сафсаттасаройиву сафсатташунавӣ мепиндоранд. Барои эҷоди суруди некӯмазмун вақту ҳавсала лозим. Маро на ин ҳасту на он. Сурудҳои ҳосили қалами Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Низом Қосим, Хайрандеш, Сафар Айюбзодаи Маҳзун ва ду-се нафар аз ин гурӯҳ маънидору хушоянд ҳастанд. Вале як зумра сарояндагон матни сурудҳояшонро ба шоирони ҳаваскор ё ба шахсоне, ки умуман аз кӯчаи шеър нагузаштаанд, фармоиш медиҳанд. Ин падида боиси ҳазорон афсӯс аст.

-Салими Зарафшонфар ба чӣ хотир менависад? Барои  шӯҳрат, нуфуз, обрӯ, пул?

-Чунон ки фавқан  изҳор намудам, ба василаи нависандагӣ дар даврони мо шуҳрату нуфуз ёфтан кори саҳле нест. Бигирем устодон Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсорро. Шуҳрати имрӯзинаи онҳо бо шуҳрати дар шӯравизамон доштаашон муқоисанопазир аст. Ва маъруфияташон маҳз  дар байни мо, парвардагони Шуравӣ, боқӣ мондааст. Насли индавраина, мутаассифона, чунин барӯмандонро кам мешиносад. Ин дастаи адибон аз пешинаайём шӯҳравар буданду кунун ба таври инерсия шӯҳраташон идома дорад, агарчӣ на ба гунаи собиқ.

АгарнавроҳеимрӯзбоумедишуҳратиТурсунзодавор, ИкромиворёЛоиқворқаламбадастбигирад, мақсадашбароварданахоҳадшуд. Хомафарсойӣ ба хотири пул умрфарсойии беҳуда мебошад. Кӣ ба шумо барои асаратон пул медиҳад? Кадом рӯзнома, маҷалла, нашриёт ҳаққулқаламами босазо мепардозад? Хосатан ман на барои шуҳрат, на барои обрӯ, на барои пул менависам. Гумон мекунам, агар инҳоро дар мадди назар дошта, бинависӣ, шеъру ҳикояат табъи дил намебарояд.

Камина барои он менависам, ки шояд нафаре тавассути навиштаҳоям мутаваҷҷеҳи Равшанӣ, Зебоӣ ва Некӯӣ бишавад. Барои он менависам, ки шояд ба одамтар шудани одамон ҳиссаи хурдакаки хурдакак бигузорам. Барои он менависам, ки одамонро водор созам, то ақаллан лаҳзае сари одамияти худ биандешанд. Мумкин, ин гуфтаҳои ман ба назари бархе суханони баланду боло ва  намоишгарона битобанд. Аммо ҳақиқат ҳамин аст ва баҳри ифодааш ҷуз ин ҳарфе гуфтан наметавон.

-Ман ҳам асарҳои назмӣ ва ҳам асарҳои насрии шуморо хондаам. Забони осори шумо, чи дар назм, чи дар наср, барӣ аз печидагиву муғлақбаёнӣ аст, шумо бо  як забони соф тоҷикӣ менависед. Аммо имрӯз дар адабиёти мо тақлид ба забони гуфтугӯйии Эрон зиёд ба чашм мерасад. Аз ин хусус чӣ андеша доред?

-Шумо дуруст зикр намудед, ки забони навиштори камина тоҷикист. Маҷмӯан  чунин аст. Валекин  ман аз истифодаи он калимоту таъбироти зебову созвор, ки дар забони гуфтугӯйӣ ва китобии эронибародарон вуҷуд доранд, парҳез намесозам. Ҳамчунин аз лаҳҷаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хӯша мечинам. Ва ҳатман забони классикиамон яке аз рукнҳои осорамро ташкил медиҳад. Хулосатан бигӯем, забони навиштори камина омезаест аз беҳинаҳои дирӯзаву имрӯзаи забони форсӣ-тоҷикӣ.

Ногуфтанамонад, киманмуқобилипурраарабикунониизабонигуфтугӯйӣвакитобиамонҳастам, аммоибораҳоинисбатанфаҳмовумарғубиарабиронизбакормегирам. Ин ҳама ба хотири он, ки забони навиштаҳоямро пурғановат созам. Якрангиву якнавохтии забон асари бадеиро дилбазан мекунонад. Агар мӯҳтаво пайкари асар бошад, пас забон нақши пироҳанро мебозад. Пайкару пироҳан бо ҳам мувофиқ афтанд, дидаварон лаззати афзун мебардоранд.

Дар ин ҷода меъёрро риоя кардан шарту зарур аст. Ҳикояву повестро саросар аз шеваи гелонӣ ё теҳронӣ оростан матлуб нест. То ҳадди имкон бояд кӯшид, ки навиштаи моро ҳам тоҷикон, ҳам афғонҳо ва ҳам эрониҳо фаҳм намоянд.

-Чунонки гуфтам, ман тамоми эҷодиёти шуморо хондаам. Аксари осори мансури шумо зеби наворбардорианд. Табиист, ки повести хурди «Ду овора»-и шумо илҳомбахши филми «Доғ» шудааст. Боз аз нигоҳи ман ҳикояи «Нақши нахустин» барои филмбардорӣ бисёр мувофиқ аст. Оё коргардоне ба он таваҷҷӯҳ намудааст? Баъдан, дар мавриди филми «Доғ» чӣ мегӯед?

-Филми «Доғ» яке аз халтураҳои кинематографияи тоҷик аст ва Муҳаммадрабӣ Исмоилов яке аз халтурачиёни ин соҳа. Дареғо, ки адабиётфаҳмии ин силсила кинокоргардонҳои мо дар сатҳи пасти паст қарор дорад. Шиори онҳо чунин аст: «Обро лой куну моҳӣ гир!». Агар сухан аз ҳикояи «Нақши нахустин» равад, он ба сарвари Телевизиони мустақили Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилов хеле писанд афтодааст. Ӯ изҳор намуд, ки бо фароҳам омадани имконияти аввалин аз рӯйи ҳикоя филм хоҳад офарид. Гумони қавии камина чунин аст, ки филми Исмоилови бузургсол аз филми Исмоилови хурдӣ ба маротиб хубтару диданитар мешавад.

-Хуб, устод, хонандагон аз шумо чӣ асареро интизор бошанд? Ва он асари наватон аз кадом хусус қисса мекунад?

-Романе бо унвони «Ангезаи охирин» дар дасти чоп аст. Мазмунаш ҳаёти як нафар шоири хонабадӯш ва дилбастагии ӯ бо ровихонуми ҷаҳоннаморо фаро мегирад.

-Эҳтимол дар он роман хонабадӯшиҳои худро низ тасвир кардаед?

-Ба хотири воқеънигоронатар шудани асар якчанд саҳна аз дарбадариҳои худро ҷо додаам. Валекин қаҳрамон комилан шахси дигар аст. Яъне қаҳрамон прототип надорад, офаридаи тахайюлоти нависанда мебошад.

-Умедворем, ки романатон зудтар нашр шавад ва ба дасти ташнагони каломи бадеъ бирасад. Ба панҷоҳатон панҷоҳи дигарро зам мехоҳем. Ташаккур барои сӯҳбати самимона.

-Ба кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи «Рӯзгор» рӯзу рӯзгори хуш таманно менамоям.

Сӯҳбатнигор Баҳман

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi