01:21:55 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Достони Душанбе (Бахшида ба ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон)

Сайёди Ғаффор

Ин бахше аз достон аст, ки ба хонандаи гиромии "Рӯзгор" армуғон овардаем. Ҳаким Абӯмансури Ҳаравӣ дар асрҳои 10-11 зиндагӣ кардааст. Ин табиби донишманди тавоно бо номи "Ҳақоиқ-ул-адвия" китоби дорусозӣ дорад. 

dushanbe-city 6565656Перомуни хосияти рустаниҳо ҳар чӣ бихоҳӣ, аз ин китоби олиҷаноб пайдо хоҳӣ кард. Чунончи, дар бораи чанор мегӯяд: "Дулб ба порсӣ чанор аст. Ва он гарде, ки бар барги ин дарахт нишинад, аз ӯ парҳез бояд кард, ки вай гӯшро кар кунад ва чашмро кӯр ва гулӯву... чашму гӯшро бад аст. Ва чун баргаш бисӯзанду пӯсташ, аз дуди вай парасту бимирад".

Бале, бад гуфтани донишманди арҷманд ба маънои аллергия доштан аст. Имрӯз давои ин дарди бадро намеравем. Дигар дод аз дасти чанорҳо мегӯему меравем. Ҳисоби чанорҳои шаҳри мо гум аст. Солҳоро бишморед, ки аз дасти ин чанорҳои саркашида мардум чӣ ситам кашидаанд! Яке аз ин ситамкашидаҳо моем! Баҳорон ба ҳангоми гардрезии чанорҳо дардхезии хуни мардумро бинед!

sayod-ghaffor-646656Бинӣ месӯзад, гулӯ месӯзад. Чашмҳо чунон месӯзанд, ки оби оташин мерезанд. Аз ин рӯ, сол ба сол чанорҳоро аз миён бардорему дарахтони нозанин биншонем... Ин яке аз корҳои хубе дар шаҳрсозии мост. Бо дасти хештан шаҳр бисозем, шаҳре, ки ба ҳар сӯе нигарӣ, нигорхонаи диловез чашматро об диҳад. Мо ҳамин ба ҳам омадану шаҳр сохтанро сурудаем, шумо ҳам бисароед:

Бархез, ё ҳамшаҳриё,

Пар, хез, ё ҳамшаҳриё,

Ин шаҳра ободон кунем!

                Ё ошно, дасте бигир,

                Бо ошно дасте бигир,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Гулхез тахти шоҳаше,

Гулрез бахти моҳаше,

Ин шаҳра ободон кунем!

                Эй, роҳи тахташ нозанин,

                Эй, роҳи бахташ нозанин,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Бо назмҳои нозанин,

Бо базмҳои нозанин

Ин шаҳра ободон кунем!

                Ҳар хона бодо нозанин,

                Дар хона бодо нозанин,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Най дар найистон маст бод,

Май дар майистон маст бод,

Ин шаҳра ободон кунем!

                Дар боғу роғаш чилчароғ,

                Дар боғу роғаш дилчароғ,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Ай гул чароғаш нозанин,

Тай гул чароғаш нозанин,

Ин шаҳра ободон кунем!

                Тахти дарахташ гул кунад,

                Бахти дарахташ гул кунад,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Ҳай рӯйи роҳаш нозанин,

Ҳай рӯйи моҳаш нозанин,

Ин шаҳра ободон кунем!

                Хоре мабодо рӯйи раҳ,

                Зоре мабодо рӯйи раҳ,

                Ин шаҳра ободон кунем!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi