06:44:28 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рустами Ваҳҳоб: «Нимо пеш аз навиштани «Афсона» аз «Марши ҳуррият» хабар дошт»

Имрӯз дар дар назми мо асосан се навъи шеър: шеъри суннатӣ (дорои қолабҳои суннатии арӯзӣ), шеъри нав (арӯзи нав, нимоӣ, ки аз қолабҳои суннатии арӯз берун меравад, вале арӯзро ҳифз мекунад), шеъри сапед (комилан хориҷ аз арӯз) вуҷуд дорад. Ҳамаи ин навъҳо имрӯз роиҷ мебошанд. Танҳо таъкид бояд кард, ки навъи шеър ба ҳеҷ ваҷҳ набояд меъёри аслӣ дар арзёбии қимати адабии он қарор дода шавад. Арзиши ҳар асари бадеӣ, чи суннатӣ ва чи нав дар оростагии маънавию ҳунарии адабии он ва неруи таъсиру нуфузи он дар хонанда таъйин мегардад.

Навъҳои нави шеър ва ҷойгоҳи онҳо дар назми форсӣ ё тоҷикӣ собит шудааст. Дигар онҳо мавриди шубҳа ва инкор нестанд. Шеъри суннатӣ бо зуҳури шеъри нав на танҳо инкор нашудааст, балки рӯз то рӯз вусъати бештари имконоти дохилии он ошкор мегардад. Дар навъҳои суннатӣ ҳам навовариҳои қобили таваҷҷуҳ ба вуҷуд меояд. Дар ин мавзӯъҳо таҳқиқоти пурдоманае анҷом шуда ва дар ҳоли анҷом аст ва ин таҳқиқот поёнпазир нест. Ҳар шоири тавоное дар пояи худ алоқадри ҳол даст ба навоварӣ задааст ва хадамоти яке на воситаи инкори хадамоти дигарӣ, балки воситаи тасдиқ ва такмили он мебошад.

Рустами Ваҳҳоб

rustami-vahhob 655877485Ду ҳафта қабл «Рӯзгор» гузоришеро аз маҳфили Иттиҳодияи адибони кишвар бо номи «Асосгузори шеъри нав кист -Нимо ё устод Айнӣ?» мунташир карда буд, ки атрофаш баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Азҷумла, яке аз хонандагони мо дар ин бобат эрод гирифт, ки Айниро ҳамчун асосгузори шеъри нав аввалин маротиба устод Рустами Ваҳҳоб эътироф намуда, аммо мо дар ин навишта аз ӯ зикри ном накардаем. Шояд хонандаи мо ҳақ аст, аммо боз ӯ бояд пай бурда бошад, ки мо дар навишта танҳо суханони онҳоеро овардем, ки дар маҳфили «Шеъри нав дар адабиёти муосири тоҷик», дар толори Иттифоқи нависандагон суханронӣ карданд. Аммо ба ҳар сурат мо барои рӯшанӣ андохтан ба ин суол ва чанд суоли дигар ба суҳбати шоир ва муҳаққиқи саршинос Рустами Ваҳҳоб рафтем, то бо ӯ суҳбате дошта бошем.

-Устод, аз нигоҳи Шумо асосгузори шеъри нав кист? Устод Айнӣ ё Нимо Юшиҷ?

-Ман дар ин бобат ҳанӯз соли 2007-ум мақолае бо номи «Нимо ва Айнӣ» навишта будам, ки дар чандин нашрияи Эрон иқтибос шуд. Аммо то имрӯз ягон нафар аз муҳаққиқон ва адибони иронӣ инро инкор накарда, ба ҷуз чанд тан аз адибон ва муҳаққиқони тоҷик. Дар адабиётшиносии тоҷик ибтидои навоварӣ дар вазни арӯз аз шеъри устод Садриддини Айнӣ «Марши ҳуррият» таъйин карда шудааст. Дар назми тоҷик ин асар аввалин намунаи комилу бомуваффақияти шеърест, ки ба анъанаҳои қадиму қонунии арӯз мутобиқат намекунад, вале дар айни ҳол имконоти бузургу номаҳдуди арӯзро нишон медиҳад.

- Оё танҳо дар ҳамин маврид устод Айнӣ қолаби арӯзро шикаста? Дар дигар мавридҳо, масалан, қабл аз «Марши ҳуррият»-и комилу устодона шеъри озод дар осори устод Айнӣ ба чашм намехӯрад?

-Бояд гуфт, ки дар куллиёти устод Айнӣ шеъре бо торихи 1907 вуҷуд дорад, ки аз назари сохтор бо ончи дертар «шеъри нав» номида шудааст, шабоҳат дорад:

Субҳоналлоҳ!

Имрӯз ба мо ҳодисаи саъб расид

Аз гардиши чархи фалаки дӯлобӣ.

Пурсанд зи сол

Оҳи бепоён каш

Баргӯ бад ҳол…

 Ҳамчунин дар ҷилди ҳаштуми «Куллиёт»-и устод Айнӣ бо зикри таъихи «19 майи соли 1918» як пора шеър мавҷуд аст ки дар қолаби қитъа суруда шуда вале бо афзуда шудани як ибораи алоҳида дар ибтидои он, бо қитъаи маъмулӣ тафовут дорад:

Эй Ватан,

Ғайр аз харобии ту дигар нест корашон

Онҳо, ки иддаои валои ту мекунанд,

Гар хидмате кунанд ба номи ту, филмасал,

Аз баҳри номи худ, на барои ту мекунанд.

Онон, ки аз ҳарими ту маҳҷӯр мондаанд,

Чун Айнии ғариб дуъои ту мекунанд.

-Яъне дар ин шеър омили тафовут аз шеъри суннатӣ танҳо як ибора аст?

-Агарчи дар ин шеър омили тафовут бо анъана дар як ибора хулоса мешавад, вале ин фарқ ночиз нест. Бо вуҷуди ин ибора шиддати фавқулоддаи эҳсос ва жарфои дарду ҳасрати ватанпарасти бузург басароҳат маҳсус мегардад. Ин ибора мисли як оҳи сӯзони беихтиёрест пеш аз баёни дарду ҳасрат, ки хеле табиъӣ ва воқеъист. Ба ҳамин эътибор метавон гуфт, ки шиддати вазъи руҳӣ, самимияти бузург, воқеъбинӣ ва диққати эҳсосот шоирро нохудогоҳ ба сари иқдоме овардааст, ки хеле дертар ба ҳукми анъана медарояд ва аз ҷиҳати назарӣ шинохта мешавад.

Ин ҷо бамаврид аст, ки назари саҳеҳу дақиқи Нодири Нодирпур, ки дар соли 1967 гуфта шудааст, ёдоварӣ гардад: «... Ва мисол, агар вақте мо мехоҳем ҳарф бизанем, фақат як ҳарф ифодаи маъноро мекунад, ҳамон як ҳарфро мезанем. Яъне, агар ман бо шумо сӯҳбат мекунам, агар як бор «на» бигӯям, тамоми ҳарфи худамро ба шумо гуфтаам. Таваҷҷӯҳ кунед, ҳеч эҳтиёҷ надорам, ки ба ин «на» ҳеч калимаи дигарро биафзоям».2 Ибораи алоҳидаи «Эй Ватан» дар шеъри мазкури устод Айнӣ ба ин назар дақиқан мутобиқат дорад.

-Пас ба ҳар сурат нахустин шеъри озод ҳамон «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ буд?

-Нахустин намунаи бомуваффаққияти шеъри нав «Марши ҳуррият»-и устод Садриддини Айнӣ буд, ки он ҳам дар заминаи вазни арӯз бо омезиш додани аркони баҳри рамал бо баҳри мутадорик навишта шудааст. Яъне фоилун ва фоилотун. Дар ин бора назарҳои дигар ҳам ҳаст, аммо худи устод Айнӣ рӯйи ҳамин ду рукн таъкид доштааст, ки ин назари асосӣ аст. Дар натиҷаи ин омезиш вазне эҷод шудааст, ки дар назми беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик собиқа ва ному нишон надоштааст.

nima yushij 4544554Дар маҷмӯъ ишқу алоқаи устод Айнӣ ба мусиқӣ ва талошҳои ишон барои анҷоми таҳқиқот ва пажуҳиш дар заминаи мусиқии тоҷик ва системи вазни арӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки эҷоди «Марши ҳуррият» як амри мавридӣ ва тасодуфӣ набуда, балки яке аз натоиҷи тамоюли фитрии эҷодӣ ва, шояд ба таври нохудогоҳ, бахше аз барномаҳои адабии устод Айнӣ будааст, вале мутаасифона машғулиятҳои зиёд ба ишон имкони амалӣ сохтани ин барномаро надодааст. Устод Айнӣ ҳатто дар осори мансури худ аз роҳи ба кор бастани суруду тарона бар мабнои оҳангҳои халқӣ ба ин таҷрибаҳо идома дода ва худ муътақид будааст, ки оҳанги шеърҳои халқӣ барои навоварӣ бисёр имконият медиҳад.

-Ман ҳам ҳамин тавр андеша мекунам. Масалан барои ман аҷиб аст, ки шеъри нав чаро маҳз дар ибтидои асри бистум ба вуҷуд омад? Ба қавли устод Аскар Ҳаким ин як ниёзи иҷтимоӣ аз тағйир ёфтани сохт буд. Аммо охир тӯли таърих то ин аср ҳам борҳо сохтҳо тағйир ёфтаву шоирони навгаро зуҳур карда буданд…

- Аммо асри бист асре буд, ки дар ҳама соҳаҳо тағйироти куллӣ рӯ зад. Асри бист асри омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб буд.

-Пас шеъри Ғарб ба ҳар сурат ба сар задани шеъри нав дар қаламрави адабиёти форсӣ муассир буда?

-Албатта. Ҳатто худи устод Айнӣ гуфта, ки вазни шеъри «Марши ҳуррият» зери таъсири оҳанги суруди инқилобиюни Фаронса «Марселеза» ба вуҷуд омада ҳадаф аз он таъмини оҳанги инқилобӣ будааст.

- Дар боло гуфтед, ки нафаре аз муҳаққиқони иронӣ ин нуктаро, ки устод Айнӣ асосгузори шеъри нав аст, инкор накарда? Аммо нафаре ҳам тасдиқ карда ё на?

-Қобили ёдоварӣ аст, ки муҳаққиқи эронӣ Алиасғари Бувандии Шаҳриёрӣ дар рисолаи номзадии худ «Сайри таҳаввули шеър дар Тоҷикистон» (соли 2002) ба эътибори қитъаҳои фавқуззикр устод Айниро нахустин сарояндаи шеъри нав дар адабиёти форсӣ унвон кардааст. Вале муҳаққиқи дигари эронӣ, шоири маъруф Шамси Лангрудӣ дар таҳқиқоти ҷомеъи худ бо унвони «Торихи таҳлилии шеъри нав» Абулқосим Лоҳутиро нахустин касе медонад, ки дар соли 1900 шеъри нав сурудааст.

- Акнун биёед сари Нимо ва устод Айнӣ ҳарф занем. Чӣ фарқият ва монандиест байни «Афсона»-и Нимо ва «Марши ҳуррият»-и Айнӣ?

-Манзумаи «Афсона»-и Нимо Юшиҷ, ки дар Эрон ӯро «падари шеъри нав» номида ва замони суруда шудани ин манзумаро «мабдаъи торихи шеъри нав дар Эрон» қарор додаанд, дар вазни бесобиқаи «Марши ҳуррият» ва панҷ сол дертар аз ин шеъри устод Айнӣ (соли 1301 шамсии қамарӣ-мутобиқ бо соли 1923 масеҳӣ) эҷод шудааст.

Месазад, ки барои исботи гуфтаҳои фавқ ду пора аз ин шеърҳо муқоиса шавад. Аз «Марши ҳуррият»:

Эй ситамдидагон,эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид...

Ҳар ситамгори дун хурраму шод

Солҳо ҷоми ишрат чашид.

Дар шаби тираи ҷавру бедод

Ҳар ситамдида меҳнат кашид...

 фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

фоилун/фоилун/фоилун    -v-/-v-/-v-

фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

фоилун/фоилун/фоилун    -v-/-v-/-v-

Аз «Афсона»:

Дар шаби тира девонае, к-ӯ

Дил ба ранге гурезон супурда.

Дар дарай сарду хилват нишаста,

ҳамчу соқай гиёҳе фусурда,

Мекунад достоне ғамовар.

Фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

Фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

Фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

Фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

Фоилун/фоилун/фоилотун  -v-/-v-/-v- -

sadriddin-ayni 65564545Онгуна ки мебинед, аз назари фаннӣ низ навоварии устод Айнӣ дар вазни «Марши ҳуррият» нисбат ба навоварии Нимо Юшиҷ дар «Афсона» барҷастатар аст, ба ин далел, ки агар Нимо Юшиҷ бо вуҷуди истифода аз вазни нав, баробарии шумораи ҳиҷоҳои аркони арӯзро дар абёти шеъраш риъоят намудааст ва ба ин васила мутобиқати шеъри худро бо яке аз хусусиёти суннатии арӯз, ки ҳамин баробарии ҳиҷоҳои аркон мебошад, нигоҳ доштааст, пас устод Айнӣ дар ин маврид низ даст ба навоварӣ зада ва дар аркони ахири мисраъҳои дуввум ва чаҳоруми ҳар банд (таваҷҷуҳ намоед ба намунаҳои боло) нисбат ба мисроъи қаблӣ як ҳиҷои дарозро ҳазф намудааст. Аммо бояд гуфт, ки ҳар шоири тавоное дар пояи худ алоқадри ҳол даст ба навоварӣ задааст ва хадамоти яке на воситаи инкори хадамоти дигарӣ, балки воситаи тасдиқ ва такмили он мебошад. Баъди нашри мақолаи «Нимо ва Айнӣ» бисёр журналистон аз ман дархост карданд, ки номи онро ба «Нимо ё Айнӣ?» иваз кунам. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашудам. Зеро адабиёт майдони сабқат нест. Адабиёт кори дил аст. Даст, пой сабқат мекунанд, аммо ҳар дил ба тарзи худ метапад.              

-Чун Нимо панҷ сол баъдтар аз устод Айнӣ ин манзумаро бо вазни нав навишта, оё огоҳ буда аз мавҷудияти «Марши ҳуррият»?

-Метавон ҳадс зад, ки Нимо Юшиҷ аз шеъри «Марши ҳуррият» иттилоъ доштааст. Маълум аст, ки матбуъоти инқилобии Бухоро ба ҳуруфи форсӣ мунташир мегардид ва ба Эрон низ мерасид. Ба хусус вуҷуди муштараки ибораи «Дар шаби тира» дар садри яке аз байтҳои «Марши ҳуррият» ва дар ибтидои манзумаи «Афсона» ин эҳтимолро тақвият менамояд. Беш аз ин асноди дигаре дар даст ҳаст, ки ба равшанӣ маълум месозад Нимо Юшиҷ на танҳо аз адабиёти навини тоҷик дар солҳои оғозини он иттилоъи комил доштааст, балки дар бораи адабиёти ин давраи тоҷик назарҳои пурқимате низ иброз доштааст.

ӣ назарҳое?

-Аз ҷумла, дар яке аз мақолаҳои вай аз маҷмӯаи «Арзиши эҳсосот» (1956), дар бораи адабиёти навини давраи аввали тоҷик менависад:

«Тоҷикҳо хеле аз афғонҳо ҷилутаранд. Дар адабиёти афғонӣ ба далели таъсирҳои хориҷӣ баъзе мавзӯъҳои тоза аст, ки шуарои он сарзамин наметавонанд бо баёне, ки дархӯри он бошад, он мавзуъҳоро баён кунанд… Дар сурате, ки дар адабиёти форсӣ баёншудаи тоҷик матлаб иваз мешавад, ҳарчанд ки аз лиҳози ҳунар адабиёти ин сарзамин самараи норас аст, ки саъй дорад, то дар баёну қудрати худ муваффақ шуда бошад, аз ҳайси мавзӯъ қобили таваҷҷӯҳ аст.»

Вале сарфи назар аз ин мушобиҳатҳо, тафовути усулӣ дар он хулоса мегардад, ки манзури устод Айнӣ қабл аз ҳар чизи дигаре таъмини оҳанги инқилобӣ ва анҷоми хидмат ба инқилоби иҷтимоъӣ буд ва баракс ҳадафи Нимо Юшиҷ дар зимни эҷоди «Афсона» худогоҳона ва ба таври барномаӣ эҷоди як инқилоби адабӣ буд. Нимо Юшиҷ «Афсона»-ро танҳо як «намуна»-и корҳои ояндаи худ дар ин замина муъаррифӣ менамояд ва зимни ишора ба зароифи дигари шаклӣ ва маънавии «шеъри нав», зиндагӣ ва фаъолиятҳои ояндаи худро вақфи ин кор эълом медорад ва мерасад то ҷое, ки дар ниҳоят дар Эрон истилоҳи «шеъри нимоӣ» ҷойгузини истилоҳи «шеъри нав» мегардад.

-Сари ҷараёнҳои шеъри сафеди мо чӣ назар доред? Шоирони мо бархе бисёр шеърҳои сафеди мавҳум мегӯянду бархе бисёр сода. Масалан шеъри сафеди Доро, Фарзона ва Озар комилан аз ҳамдигар мутафовитанд…

- Ин ҷо сухан дар шеъри сафед нест, сухан аз ҳунар ва услуби шоирии ҳар яки онҳост. Ҳар кадоме аз ин шоирон ҳам дар шеъри суннатӣ ва ҳам шеъри нав ва сафед намунаҳои шоистаеро арза кардаанд. Дар шеъри суннатӣ ҳам шоире муҷаррад ё ба гуфти Шумо мавҳум мегӯяду шоире мушаххас ва сода. Аммо ба ҳар сурат шеъри суннатӣ пистаи лаб во накарда аст ва бемағзии он аз нигоҳи аввал маълум намегардад. Аммо шеъри сафед пистаи даҳанвоест, ки агар мағз надорад, ба як бор расво мешавад.

-Аз шоирони имрӯзи мо кӣ дар гуфтани шеъри нав мумтоз аст?

-То ҷойе ки ман хондаву медонам, шоирони мо ҳанӯз дар гуфтани шеъри сафед ё нимоӣ таҷруба мекунанд ва дар ин таҷрубаҳо Доро Наҷот то ҳаде пешгом аст. Фарзона, Адиба, Гулноз низ ба сурудани шеъри сапед бештар машғуланд. Боз биёем сари Айниву Нимо. Мо бо ин қиёсҳо ҳаргиз мақоми бунёнгузории Нимо Юшиҷ дар шеъри нави Эронро инкор намекунем.

Дар айни ҳол бо далоили кадоӣ эътиқод дорем, ки шеъри нави тоҷик асосан бар пояи навовариҳои устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав, Турсунзода устувор гардида, минбаъд аз адабиёти рус ва ҷаҳон, ба хусус ҳамзабононамон ба мизони зиёд баҳравар гардидааст. Устод Лоҳутӣ ва таҷрибаҳои навоваронаи ӯ, тарҷумаҳо аз ашъори Маяковский (дар Эрон ӯро аз бузургтарин шоирони навовар ва ҳатто сапедсаро медонанд) ба таври бевосита дар дастрасии шоирони мо қарор дошта ва табиист, ки ҳамзабонони мо дертар аз онҳо бархӯдор шудаанд. Инҳо чизи кам нестанд.

-Шумо дуруст мегӯед, ки адабиёт сабқатро написандад. Аммо ба ҳар сурат ҳақиқат бояд рӯйи об барояд…

-Ҳақиқат ҳамин аст, ки Нимо ба ҳақ асосгузори шеъри нави форсӣ дар Эрон ва Айнӣ ба ҳақ асосгузори шеъри нави форси тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва умуман Мовароуннаҳр мебошад.

-Хуб сипос барои суҳбати зебо.

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi