12:05:00 09-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Саидалӣ Маъмур: "Шеъри ман тарҷумаи ҳоли ман аст…"

Cаидалӣ Маъмур солҳои шастуми асри гузашта ба арсаи адабиёти тоҷик омада, то имрӯз дар ин росто қадам мезанад. Ашъори ӯ бо равонӣ ва суфтагии забон ва мавзуоти ҷолиб аз ҷониби адабиётшиносон ва хонандагон борҳо баҳои сазовор гирифта.

shoiri-tj010203Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Саидалӣ Маъмур имсол ба синни мубораки ҳафтод қадам мениҳад. Ба ҳамин муносибат хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо устод Саидалӣ Маъмур, шоири маъруфу номвари мо дар мавриди осори ӯ ва нигоҳаш ба шеър суҳбате анҷом дод, ки онро манзури Шумо мегардонем.

-Устод, шояд хонандаи мо донистан хоҳад, ки дар ин чанд соли ахир устод Саидалӣ Маъмур чӣ корҳои тозае анҷом дода бошанд…

- Сад шукр, ки ҳанӯз аз уҳдаи навиштан хуб мебароям, яъне Худо қаламу коғаз додааст ва имкон меёбаму менависам. Дар ин чанд соли ахир як маҷмӯаи шеърҳоям бо номи "Пойизи сабз" дар нашриёти "Адиб" чоп шуд. Ба он хотир пойизи сабз, ки имсол ҳафтодсола мешавам, аммо дунё ба умед асту ҳанӯз хазонрез нашуда.

Сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст,

Халосӣ аз ин ҷилвагаҳ мушкил аст.

Чун Худованд қаламу коғаз ва заррае ҳам бошад истеъдод дода, менависем. Ё худ то дами марг халосӣ нест аз ин ҷилвагаҳ. Ҳамчунин, имсол чун Худо хоста бошад, хафтодсола мешавам, мунтахаботамро бо номи "Давлати дидор" омодаи чоп кардам, ки намунаҳо аз маҳсули эҷоди панҷоҳсолаи маро дар бар мегирад.

-Шумо ҳамчунин аз зумраи шоироне ҳастед, ки пайваста даст мезананд ба тарҷумаи шеърҳои шоирони кишварҳои хориҷ. Дар мавриди ин паҳлуи фаъолияти эҷодиятон чанд сухан мегуфтед…

- Дар ин чанд муддат китоби шеърҳои шоири туркман Отамурод Атабоевро ба тоҷикӣ тарҷума кардам ва ин китоб дар нашриёти "Истеъдод" мунташир шуд. Баъдан чанд шеъри шоири дигари туркман Махдумқулиро тарҷума кардам. Ҳамчунин дар Белорус китоби ману Фарзона зери як муқова бо забони белорусӣ чоп шуд, ки ин барои ман бисёр як рӯйдоди хуб буд. Зеро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст китоби шоирони тоҷик бо забони белорусӣ интишор ёфт. Як китоби дигарам бо забони ӯзбекӣ тавассути нашриёти "Ирфон" чоп шуд, ки онро шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ҷамшед Пирумов тарҷума кардааст.

-Ин пешниҳод аз ҷониби Шумо буд ё худи онҳо хостанд, китоби шумову хонум Фарзонаро тарҷума ва мунташир кунанд?

- Дар ин маврид ман аз Алес Карлюкеевич, узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависанда ва адабиётшиноси маъруфи белорусӣ мактуб гирифта будам. Албатта, ман бо он кас шиносоии мустақим надорам ва ӯ тавассути Ато Ҳамдам ин пешниҳодро ба ман расонида буд. Аммо бояд гӯям, ки бо кишвари Белорус аз хеле барвақт ошноӣ доштам. Ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта бори аввал ба ин кишвар рафтаву силсилаи "Зангӯлаҳои Хатин"-ро навишта будам. Ба шарофати ҳамин силсила маро ҳатто соли 1972 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта буданд. Яъне, ду маҷмӯи чопшудаи ашъор доштам, аммо ҷуръат намекардам, ки ба даргоҳи Иттифоқ оям. Баъди хондани ҳамин силсила устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода маро даъват карда, дар қатори Меҳмон Бахтӣ, Саттор Турсун ва Алӣ Бобоҷон ба узвият пазируфтанд. Силсилаи "Зангӯлаҳои Хатин" ҳам ба забони белорусӣ тарҷума ва борҳо дар ин кишвар дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп шудааст. Ва Алес Карлюкеевич ҳам баъди шиносоӣ бо ин силсила аз ман хоҳиш кард, ки маҷмӯаамро барои тарҷума пешниҳод намоям. Ва ҳамин тавр китоби ману Фарзона хушбахтона соли гузашта бо сарсухани Алес Карлюкеевич дар ин кишвар мунташир шуд. Аммо бояд бигӯям, ки ман шеърҳои шоирони белорусро хеле бисёр тарҷума кардаам.

-Устод, Шумо имсол ба сини мубораки ҳафтод мерасед, ки мо ин ҷашни камолотро ба Шумо таҳният мегӯем. Аммо, чун аз қуллаи ҳафтод ба умри тайкардаи худ менигаред, чӣ воқеоти муассир пеши чашм меояд? Тӯли умратон кадом воқеоте буда, ки то имрӯз ҳар лаҳза дар оинаи хотироти шумо мунъакис мешавад?

- Барҷастатарин воқеаи ҳаёти ман соли 1967-ум, як сол баъдтар аз хатми Донишгоҳи миллӣ рух дода буд. Маҳз ҳамон сол нахустин маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи "Заврақи умед", бо фотеҳаи устод Аминҷон Шукуҳӣ дар нашриёти "Ирфон" чоп шуд ва рӯзе ман ва Баҳром Фирӯзро собиқ сармуҳаррири нашриёти мазкур Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ даъват карда, нусхаи аввал ё худ санҷишии (сигналный) китобҳоямонро тақдим карданд. Нашриёт дар як бинои назарногир дар кӯчаи Шевченко, дар назди Вазорати корҳои дохилаи имрӯза буд. Аммо аз ҳамон рӯз ин бинои назарногир барои ман як қасри муҳташам шуд. Чунки аввалин маротиба сухани ман дар шакли китоб дар ҳамон ҷо мураттаб шуд. Дар ин панҷоҳ соли фаъолияти эҷодӣ бештар аз сӣ китобам ба тоҷикӣ, даҳ китобам ба русӣ ва чандин китобам ба забонҳои дигар ҳам тарҷумаву мунташир шуд, аммо бовар кунед, ҳамон даргоҳи нашриёти "Ирфон" ва ҳамон китобаки нахустинамро бори аввал ба даст гирифтанам ҳамеша пеши назарам меояд.

-Китоби нахустинатон аз ҷониби аҳли адаб ва мунаққидон чӣ гуна пазируфта шуд? Ба ҳар сурат он ҳангом нақди адабии мо бисёр фаъол буд…

- Албатта, хушбахтона ҳамон вақт адабиётшиноси маъруф профессор Абдунабӣ Сатторзода дар маҷаллаи "Садои Шарқ" дар мавриди китоби ман тақризи бисёр хуб ҳам навишта буданд. Ин гуна истиқбол маро умедвор кард ва ба ман бовар бахшид ва дигар то имрӯз менависам. Ҳар вақте ки қалам ба даст гирам, ҳамон китоби нахустинам пеши назарам меояд. Ва то имрӯз барои ман азизтарин китоб ҳам ҳамон китоби аввалинам аст.

- Навиштан кори сангин аст ва пурсиданиям, ки чӣ Шуморо такон медиҳад, ки то имрӯз ҳам менависед ва худро аз қалам дур гирифта наметавонед?

- Ман аз сини хурдсолӣ он қадар ранҷу азобҳое дидам, ки дидани онҳоро ба ягон нафар орзу надорам. Мегӯянд шоирӣ дард аст. Ман хеле барвақт ятим мондам, дар хонаи бачагон калон шудам. Ва дар китоби аввалинам ҳам гуфта будам, ки:

Ман агар одам шудам, маънии ин,

Одамони нек некӣ кардаанд.

Паҳлӯ дар паҳлӯ ба фарзандони худ,

Бо умеду орзу парвардаанд.

Ҳамин некии мардум, дарди ятимӣ ва баъдан боз алами гум кардани фарзандони азизам якҷоя бо дарди халқам маро такон медиҳад ва ба гумонам ҳамин дардҳо маро шоир карда. Агар нафаре тарҷумаи ҳоли маро хубтар донистан хоҳад, ба шеърҳоям муроҷиат кунад. Зеро:

Шеъри ман тарҷумаи ҳоли ман аст,

Розгӯи ҳолу аҳволи ман аст,

Солу моҳе, ки равад дар кори шеър,

Нақши ҳар рӯзу маҳу соли ман аст.

-Шумо бо лаҳни хеле равону зебо ва сода шеър менависед. Ҳатто ашъори ғиноиятон ҳам хеле содаву зебову дилнишин аст, мисли ин пора:

Ман бо туву ту бо ман,

Будем баски монанд,

З-ин рӯ гуфтанд моро,

Як себи дукафонанд.

Забони шеъри Шумо бӯйи забони осори Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода дорад. Аз нигоҳи Шумо забони шеър бояд чӣ гуна бошад?

- Ман намехоҳам, ки забони шеър забони кӯчагӣ ё худ забони гуфтугӯӣ бошад. Забони шеър ҳатто чун забони наср ҳам буда наметавонад. Лекин ман гумон мекунам, ки шеърро бояд чун шеърҳои устод Рӯдакӣ суфта ва равон гуфт. Ман тарафдори сабки хуросониям. Ман шеъреро, ки хонанда мехонаду аз он чизеро намефаҳмад, қабул надорам. Лекин бигзор бошанд. Гуногунрангӣ дар адабиёт муҳим аст. Ман ҳам кӯшиши шеъри сафед гуфтан ҳам кардаву чанд намунаҳо ҳам навиштаам.

-Шумо мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Фаъолияти ин шӯъба дар соли гузашта чӣ гуна буд?

-Соли 2013-юм Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон корҳои хуберо анҷом дод. Аз ҷумла бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки шоирон ва санъаткорон маҳфили шеъру суруд бо номи "Наврӯзи адибон" , маҷлиси васеъ дар мавзӯи "Ҷойгоҳи шеъри нав дар назми муосири тоҷик", маҳфилҳои ёдбуди Аминҷон Шукуҳӣ ва Султон Шоҳзода, маҳфили шеъру таронаи шоирони ҷавон Озар ва Салими Зарафшонфар ва бисёр маҳфилу чорабиниҳои дигарро баргузор кард. Дар Шӯро маҷмӯаи шеърии Давлат Сафар ва силсилаи шеърҳои Раънои Мубориз баррасӣ ва барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода пешниҳод ва ҳарду шоир ҳам сазовори ин ҷоиза гардиданд.

-Хуб , устод сипос барои суҳбат…

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi