02:33:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сафар Абдуллоҳ: Дар бораи кайҳон ҳам нависам, дар бораи Тоҷикистон фикр мекунам

Бо яке аз пуркортарин олимони тоҷик, доктор Сафар Абдуллоҳ, ки инак, муддати бештар аз 20 сол аст дар хориҷ аз кишвар зиндагонӣ мекунад, қасди сӯҳбати расонаӣ кардам. Ва табиист, ки пайи ҷустуҷӯи саволи нахустин шудам, ки суҳбати моро оғоз бахшад. Ва ёдам аз зимистони сарди соли 1993 омад, ки бо амри тақдир мо тасодуфан дар шаҳри Чорҷӯи Турманистон мулоқот кардем. Вай азми Олматӣ дошт ва мо озими Ишқобод будем. Ин ҳамон зимистони сарде буд, ки даҳҳо ҳазор тоҷикро водор ба тарки меҳан намуда буд.

safar-abdullo0102010101jpgБо гузашти ин бештар 20 сол аз дидори тасодуфӣ мо баргаштем ва ҳоло дар Ватанем. Вале ӯ муқими Олматӣ шуд, дар оғӯши ҳамин шаҳри бузург оромиши эҷодӣ ёфт. Ва беҳтарину хубтарин таълифоти илмиашро дар ҳамин шаҳр кард. Бо гузашти ин беш аз ду даҳсола комёбиҳои илмие дошт, ки агар дар Ватан мебуд, гумон буд ба он даст ёбад. Ин як ҳақиқати рушанест, ки наметавонам аз он сарфи назар кунам, ҳарчанд Сафар Абдуллоҳ такрор ба такрор мегӯяд, ки ин муддат аз Ватан нарафтааст, балки тору пуди вуҷудаш бо Ватан буду мемонад. Ва суоли нахустин ҳам аз ҳамон хуруҷ аз Тоҷикистон буд...

-Дар гирудори ҳаводиси солҳои 1990, ки беҳтарин мағзҳои соҳибтафаккурро аз Тоҷикистон ба ақсои олам пароканда сохт, Шумо вориди Қазоқистон шудед ва Олматиро чун макони зист қарор додед. Чаро маҳз Олматӣ, на дигар шаҳру на дигар кишвари ИДМ?

- Олмотиро ихтиёр кардани ман ду сабаб дорад; яке ин ки дар ин шаҳр дӯстоне доштам, ки қадри дӯстро медонанд. Дигар, ман соли 1989 дар як ҳамоиши байналмилалӣ, ки "Поэзия и Экология" ном дошту дар он шахсиятҳои маъруфе аз кишварҳои мухталиф ҳузур доштанд, (он замон ман дар Маскав кор мекардам) ширкат ва суханронӣ карда будам, ки матни суханронии ман дар маҷалаи "Жалин" ба забони қазоқӣ чоп шуда буд. Ҳамон вақт зебоиҳои Олмотӣ диламро рабуда буд, Олмотӣ ба шаҳри Душанбе, ки ман беҳад дӯсташ медоштам, бисёр шабоҳат дошт. Ҳар ду шаҳр дар домани куҳҳо ва дараҳои зебо ҷойгир шудаанд.

Олмотӣ шояд яке аз зеботарин гӯшаҳои ҷаҳон бошад. Шаҳри бисёр сарсабз ва бузургест, ки дар он ақвоми мухталиф бо чеҳраҳои гуногун ҳамзистии осоишта доранд. Маро баъд аз ҳаводиси нохуш, ки дар кишварамон рух дод, барои идомаи кор ба Маскав даъват карданд; он солҳо ҳаққузаҳмаи моҳонаи як нафар устоди донишгоҳ ва ё як нафар пажуҳишгари аршад дар пажуҳишгоҳ, ҳудуди саду панҷоҳ дулори амрикоӣ буд, вале иҷораи манзил дар Маскав на камтар аз 300 дулор. Соли 1993 ман бо даъвати Мейер Михаил Серафимович раиси институти Осиё ва Африқои вобастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба он ҷо рафтам ва муддати кӯтоҳе дар хонаи Константин Симонов зиндагӣ кардам. Писари Симонов, Алексей Кирилович, ки дӯсти Мейер буд ва Олег Панфилов дар бунёди дифоъ аз ошкорбаёнӣ ҳамкорӣ мекарданд. Панфилов маро  муъаррафӣ  кард ва Алексей Симонов пешниҳод намуд, ки муддате дар хонаи мо бимон, то баъдан бароят манзиле иҷора бикунем. Ман аз Худо мехостам чунин пешниҳодро ва бо камоли майл розӣ шудам.

Аз ҳамаи онҳое ки дар он рӯзҳои душвор барои ман ва ҳамватанони дигари мо ёрии хешро дареғ надоштанд, самимона сипосгузор ҳастам ва ҳоло низ бо эшон равобити дӯстона дорам. Аз ҷумла бо Алексей Симонов, ки некии ӯро ҳеч фаромӯш нахоҳам кард. Ӯ баъдан бароям як хонаи хуберо иҷора кард, ки ман Баҳманёрро даъват кардам ва пас аз он ки ман ба Олмотӣ рафтам, муддати зиёд дар ин хона тоҷиконе, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, зиндагӣ карданд. Вале ба Олмотӣ омадани ман асбоби мухталиф дорад, ки ба он ишора кардам ва иҷораи манзил низ дар он солҳо дар Олмоти бисёр арзон буд. Ба Олмотӣ барои меҳмонӣ ва дидорбонӣ аз дӯстонам омада будам ва намедонистам, ки мондагор мешавам. Ман ҳамроҳи дӯстонам Рустам Ҷангужин ва Ролан Сейсенбоев, ки солҳои давраи аспирантура хонданам ва дар институти адабиёт кор карданам бо ҳам дӯсти наздик шуда будем, ба аёдати устод Олжас Сулаймонов, ки солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бо эшон равобити дӯстона доштам, рафтем ва ин мулоқот барои ман сарнавиштсоз буд.

Устод Олжас баробари дидани ман хушҳол шуд ва гуфт, ман чанд бор ба телефони Душанбе занг кардам, туро пайдо накардам ва хеле нигарон шудам. Аз аҳволи дӯстонаш пурсид ва аз вазъи кишвар ва рӯшанфикрон. Ман ба таври мухтасар вазъро шарҳ додам ва гуфтам озими Маскав ҳастам. Устод аз ҳолу аҳволи кунуниам пурсид ва гуфт дар куҷо манзил гирифтаам. Гуфтам бо ёрии яке аз дӯстон дар меҳмонсарои "Қазоқистон" барои се рӯз ҷой гирифтем. Устод ҳамон лаҳза ба меҳмонхона телефон кард ва ба раиси меҳмонхона гуфт, ки Сафар Абдуллоҳ дӯсти ман аст, ман даъваташ кардам ва ҳамаи ҳазинаҳояшро дар меҳмонсаро мо пардохт хоҳем кард. Ин буд, ки ман ва бародарам Ҳусейн ҳудуди  се моҳ дар он меҳмонхона мондем ва ҳазинаҳояшро устод Олжас аз тариқи ширкате пардохт намуд.

Қиссаи дар Олмотӣ ба кор даъват шудани ман низ ҷолиб аст. Рӯзе устод Олжас гуфт, ки Олмотиро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфтам хеле хушам меояд аз ин шаҳр. Ба Душанбе монанд аст, вале бузургтар... Гуфт, пас ин ҷо бимон. Маскав ҳоло дигар, чунон ки қаблан буд, хушоянд нест, маълум ҳам нест, фардо чӣ мешавад. Гуфтам, ман бояд кор бикунам. Гуфт, чӣ кор мехоҳӣ бикунӣ? Гуфтам ман тамоми умр ба кори пажӯҳишу омӯзиш машғул будам. Дар Душанбе пажуҳишгари аршад дар пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ будам. Эшон гӯширо бардошт ва бо касе сӯҳбат мекарду аз ман таъриф мекард ва дар охир гуфт, ҳоло бигӯ, ки Академии Ъулуми Қазоқистон ба чунин корманде ниёз дорад? Баъдан фаҳмидам, ки эшон бо раиси вақти Академи Ъулум оқои Султонғозин суҳбат кардаанд ва ӯ дар ҷавоб гуфтааст, ки ҳоло ман раиси пажуҳишгоҳи ховаршиносиро ба наздатон мефиристам, онҳоро ошно бикунед.

Пас аз муддате нафаре вориди утоқ шуд ва ба ман нигоҳ карду гуфт: Наход ин Сафар бошад. Дидам, Ерден Қажибеков аст, ки аз ошноён ва ҳамсолони мост ва дар институи забоншиносии Академии Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи забонҳои туркӣ поённомаи докторӣ дифоъ карда буд. Бо ҳам салому алек кардем ва устод хушҳол шуд,ки мо якдигарро мешиносем. Ерден он замон раиси маркази ховаршиносӣ буд, ки ин марказ вобастаи Институи Уйғуршиносӣ буд. Ҳамин тавр ман корманди ин марказ шудам ва ҳамин тавр сарнавишт бо ман коре кард, ки дар ин диёр бимонам ва фаъолиятҳои илмӣ пажуҳишии худро идома диҳам. Вале ман, агар дар ҳар куҷое аз гӯшаи замин зиндагӣ кунам, лаҳзае бе ёди Ватан набудаам ва ҳаргиз масъулияти инсонӣ ва миллии хешро аз ёд набурдаам. Кушиш кардаам, ки сазовор ва номбардори фарҳангу тамаддуни беназирамон бошам...

Мешавад курсиеро ишғол кард, вале ҳаргиз ҷойи касеро наметавон гирифт

-Тақрибан ҳамаи касоне, ки рафта буданд, манзур аҳли илму адаб, баргаштанд. Вале Шумо  дар Олматӣ мондед ва ба гумонам ҳоло ҳам дар фикри бозгашт нестед. Чаро?

safar-abdullo020301025-Аввалан, чунин нест, шояд касонеро, ки Шумо мешиносед, баргаштанд, вале ман даҳҳо нафар аз ҳамватанонамонро медонам, ки дур аз меҳан фаъолият мекунанд ва барнагаштаанд. Барнагаштани эшон далоили зиёде дорад ва муҳимтарин далел ин аст, ки дар кишвари хеш барои идомаи фаъолиятҳои ҳирфаии худ, ки аз натоиҷи он тавонанд лаззат бибаранд ва зиндагии хешро пеш баранд, имконоти лозима надоранд!

Дар ин муддат донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳоро низ мисли вазоратхонаҳо ва корхонаҳо афроди тасодуфӣ ғасб карданд ва дар натиҷа сатҳи ъилму донишу омӯзиш дар кишварамон ба маротиб пойин омад.  Мисоли оддӣ ,аз як рустои ноҳияи Панҷекат ҳудуди 60 то 70 нафар муъаллими соҳиби ихтисос, ба хотири ба даст овардани қути лоямут ва таъмини хонаводаашон, ватанро тарк карданд ва дар Руссия кору зиндагии сангинро бар дӯш гирифтанд. Вале дар ҳамон русто ва дар ҳамон ноҳия камбуди омӯзгор маҳсус аст! Дар мактабҳо афроде тадрис мекунанд, ки салоҳияти онро надоранд! Беҳтарин пизишконе, ки ватанро тарк карданд, барнагаштанд. Бузургтарин пизишки уроложии атфол Аъзам Тоҳирович Пулодов иҷборӣ ватанро тарк кард ва пас аз муддате кору зиндагӣ дар дар ҳаволии шаҳри Маскав ба ёди Ватани хеш ҷон ба Ҷонофарин супурд. Дар ҳоли ҳозир беҳтарин пизишкони мо хориҷ аз кишвар ҳастанд ва ъуламои бузург ва мутахассисон низ.

Барои ман гуворо буд, вақте аз тариқи телевизиони саросарии Русия аз забони ҷарроҳи машҳуре мисли Лео Бакерия бишнавам, ки мегуфт беҳтарин анестизиологи мо тоҷик аст! Дар матбуоти русӣ дар бораи даҳҳо тан аз пизишкони хуби Русия,  ки тоҷик ҳастанд ва фориғуттаҳсили донишгоҳи Буъали Синои Душанбе будаанд, матолибе интишор шуда аст, ки мояи ифтихори мо ҳастанд! Ин ҳамон донишгоҳе ҳаст, ки дар замони раёсати Баширхон Исҳоқӣ рушд кард ва ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини он рӯзгори Шӯравӣ табдил ёфт, ҳамон донишгоҳест, ки раису муовинашро ваҳшиёна куштанд ва фикр ҳам накарданд, ки бузургмардонеро мисли Баширхон Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов дигар наметавон пайдо кард! Мешавад курсиеро ишғол кард, вале ҳаргиз ҷойи касеро наметавон гирифт! Ҷой ва ҷойгоҳ курсӣ нест, мансаб нест, чизест болотар аз ин. Ин аст, ки ҷойи бузургон ҳамеша холист! Дар ъулуми инсонӣ низ ман даҳҳо тан аз тоҷиконро медонам, ки дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва кори хешро пеш мебаранд.

Ман ҳамеша бо меҳанам будаам ва ҳастам ва ба қавли яке аз дӯстони қазоқиам, Саидаҳмади Қутиқадам,  агар ман дар бораи кайҳон ҳам нависам, нохудогоҳ дар бораи Тоҷикистон фикр мекунам. Ҳоло  дар ин ҷо  устоди донишгоҳ ҳастам ва пажуҳишҳоеро анҷом медиҳам, ки ҳама ба наҳве ба фарҳангу тамаддуни мо иртибот дорад. Ҳамчунин бо ёрию дастгирии  устод  Олжас Сулаймонов як интишороти кучакеро роҳандозӣ кардем, ки раёсати он низ бар души ман аст ва ҳадафи мо интишори беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон мебошад. Умедворам чанд ҷилд ба адабиёти мо ихтисос хоҳад ёфт.

Нашри гулчини осори Рудакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҳофиз,  Хайём, Саъдӣ, Мавлоно ва ғайраро дар назар дорем. То кунун чопи осори мунтахаби устод Муъмин Қаноъат ва устод Тимур Зулфиқоровро анҷом додаем. Ман чанд сол пеш маҷаллаи илмии ховаршиносиеро таҳти унвони "Иран Наме" роҳандозӣ кардам, ки то кунун 28 шумора аз ин маҷалла дастраси мутахассисин шуда аст. Ба ин кор бисёр арҷ мегузорам ва фикр мекунам,ин маҷалла беҳтарин майдонест, барои табодули андешаҳои илмӣ ва таърихӣ дар минтақа. Хушбахтона, маҷаллаи мо аз сӯйи беҳтарин ховаршиносон баҳои баланд гирифта, ки дар ин бора борҳо дар матбуоти кишварҳои мухталиф матолибе ба чоп расида аст. Ва фикр намекунам, ки Тоҷикистони кунунӣ ба ман ниёз дошта бошад...

Ахиран, дар ин даврони бесарусомонӣ ва ноогоҳиҳо теъдоди касоне ки аслан инкора нестанд, даргоҳи муқаддаси ъилмро ғасб карданд ва аз роҳҳои номашруъ соҳиби ъановини ъилмӣ ва ҷавоизи давлатӣ шудаанд ва дар чунин шароит кор барои ъолимони воқеъӣ сангин шуда аст! Пажӯҳишҳои шабеҳи ъилм бар ъилм чира шуда аст ва дар ҳоли рушд аст ва ба ёдам ҳикмати ҷолибе,меояд,ки дар ҷое хонда будам:,"Пора зашишать  науку от докторов наук"! (Замоне фаро расида ки ъилмро аз ҳуҷуми докторҳои ъилм дифоъ кунем!)...

Донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд бахши туркшиносӣ дошта бошанд

- Ҳатто аз феҳристи мухтасари пажуҳишҳои илмиатон пайдост, ки зарфи  бештар аз бист соли муҳоҷират Шумо хеле фаъолияти пурсамар доштед. Ин чӣ гуна ба Шумо даст дод. Гирем, ки ватани бегона, забону урфу одати бегона ва муҳити бегона. Аммо Шумо тавонистед дар ҳамин муҳити бароятон бегона корҳои басо шоистаро анҷом диҳед. Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

- Сипосгузорам аз лутфатон, вале ман чандон  бо ин андеша мувофиқ нестам ва чарояшро тавзеҳ медиҳам. Бидуни тардид, агар ман дар кишварамон будам ва оромӣ буд ва шароити лозима барои пажӯҳишҳои илмӣ ва фарҳангӣ фароҳам меомад, ба маротиб бештар кор мекардам. Барои анҷоми пажӯҳишҳои илмии воқеъӣ (манзурам на дарёфти ъановини ъилмӣ аст, ки охиран бисёре аз касоне ки ба ъилми ростин  иртиботе надоранд, соҳиб шуданд!) бетардид фурсати лозима ва шароити мусоъид зарур аст. Ман барои он ки дар ин диёр ҷой ва мавқеъе пайдо бикунам, бояд талоши зиёде мекардам, худро нишон диҳам, ки аз дастам коре бармеояд.

Ва ҳамчунин барои он ки ман тавонам кору зиндагӣ бикунам, бояст аз ҷое ҳазинаҳои зиндагиамро таъмин бикунам. Хулоса бароям ин солҳо бисёр ба сангинӣ сипарӣ шуд. Моҳонае, ки дар оғози солҳои навадум аз пажӯҳишгоҳи Ховаршиносӣ дарёфт мекардам, бисёр ночиз буд, ки ҳатто барои наҳори як нафар кофӣ набуд. Ман бояд коре мекардам, ки ҳам худам ва ҳам бастагонамро таъмин кунам. Дуруст аст, ки ба ман дӯстонам ёрӣ мерасониданд, вале мард наметавонад ҳамеша бори зиндагиашро бар дӯши дигарон вогузор кунад.

Солҳое, ки дар Маскав таҷриба меомӯхтам, мехондам ва кор мекардам пайваста ба мутолиъа машғул будам ва худамро барои корҳои ҷиддии пажӯҳишӣ омода мекардам ва орзу доштам, ки дар кишварамон ба корҳои ъилмӣ ва омӯзишӣ бипардозам ва ҷавононеро барои фарогирии донишҳои теорӣ, ки бидуни он ъилми воқеъӣ номумкин аст, омода созам. Вале, чунонки медонед, ҳаводиси даҳшатборе пеш омад ва он чи аз сари мо гузашт, Худо донаду бас ва эй кош ҳеч гоҳе такрор нашавад...Ва ҳамин тавр "туфони ҳаводис" маро ба шаҳри Олмотӣ бурд...

.Бархе ҳаводиси ногаҳонӣ низ дар зиндагии инсонҳо асар дорад. Як рӯз маро даъват карданд, ки ҳамроҳи раиси пажӯҳишгоҳамон зуд ба бинои маркази Академии Ъулум биравем, ки чанд тан аз ҳайати раисаи Академӣ бо сарварии муовини раис интизор ҳастанд. Гуфтанд, вазири умури хориҷии Эрон оқои доктор Вилоятӣ меояд ва оё мумкин аст, ки як нафар аз ъолимони мо эшонро ба забони худаш хайра мақдам бигӯяд ва баъд тарҷумаро низ худамон анҷом диҳем. Фаҳмидам,ки маро ба ҳамин мақсад даъват карда буданд. Табиист, ки розӣ шудам ва ҳангоме ки оқои Вилоятӣ ва ҳайати эронӣ ба Академӣ омаданд, ба забони модариамон хуш омадед гуфтам ва музокироташонро бо масъулини Академӣ низ тарҷума кардам. Пас аз анҷоми мулоқот оқои доктор Вилоятӣ пеш омад ва дасти маро гирифт ва суол кард:

Оқои доктур, Шумо эронӣ ҳастед?

-Гуфтам, оре, тоҷикам!

Аз ин посух хушаш омад ва дасти маро ба дасти сафири вақти Эрон оқои Расули Исломӣ дод ва гуфт, ин дастро раҳо накун... Сафири Эрон чанд бор маро даъват кард, ки бо сафорат ҳамкорӣ бикунам ва ман дар оғоз бо баҳонаҳое рад мекардам ва чунин мепиндоштам, ки бояд кори пажӯҳишӣ кунам, на кори тарҷума... Эшон мегуфт, ин ҷо фақат тарҷума нест, кори Шумо ҳолати мушовираро дорад ва дар канори он мулоқотҳои расмии муҳимро тарҷума мекунед. Он замон як хонаи якутоқаро устод Олжас бароям иҷора карда буд, ки ман бо бародарам Ҳусейн мезистем ва хонаи умеди хеле аз тоҷикҳои "овора" низ буд, ки аз куҷое маро пайдо мекарданд ва ёрӣ мехостанд ва он ҷо як сарпаноҳе буд...

Гоҳе дар ҳамон як утоқ то даҳ нафар шабро рӯз мекардем... Вале зиндагӣ маҷбурам кард, ки даъвати сафири Эронро бипазирам. Ва аз авоили соли 1993 то замоне, ки сафорати Эрон ба шаҳри Остона интиқол ёфт ҳамзамон ҳам корманди пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ будам, ҳам дар сафорати Эрон кор мекардам ва ҳам дар донишгоҳ тадрис мекардам. Ва кам-кам дигар аз гирифториҳои моддӣ раҳойӣ ёфтам ва ҳазинаҳои зиндагии худам ва бастагонамро таъмин мекардам ва ҳам барои иҷораи манзили сеутоқа имкон пайдо кардам ва ҳам дар ҳадди имкон ба ниёзмандоне дасти ёри дароз мекардам... Ва ҳар коре, ки дар ин муддат дар заминаҳои пажӯҳишӣ анҷом додам, ҳама аз ҳисоби хоб ва рӯзҳои истироҳатии ман буда, ки талош мекардам алорағми мушкилиҳо пажӯҳиш ва мутолиъаро идома бидиҳам.

Пажӯҳишҳои илмии ман на ҳамеша марбут ба он будааст, ки дилам мехост... Аз оғози фаъолияти хеш дар Қазоқистон пешниҳод кардам, ки мехоҳам пажӯҳишҳои худро дар заминаи ҳамосаҳои миллӣ ва ба вежа "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ идома бидиҳам. Вале эҳсос кардам, ки аз як суй алоқамандӣ надоранд, аз суйи дигар гуфтанд, ки ҳарчӣ пажӯҳише, ки анҷом шавад, бояд аз ҷиҳоте ба Қазоқистон марбут бошад. Ва ҳар коре ки анҷом медодем, тибқи барномаҳои пажуҳишгоҳ буд.

Ман нахуст китоби андешаҳои Обой шоъири бузурги қазоқро аз забони қазоқӣ (бо кумаки забоншиноси қазоқ професор Ибатов, ки гоҳе нукоте, ки бароям торик буд, ба забони русӣ шарҳ мекард) ба порсӣ тарҷума кардам ва аз хоҳаракам Фарзона шоъири миллии мо, хоҳиш кардам, ки ашъори ин шоъирро, аз тарҷумаҳои таҳтулафз ба шеъри порсӣ дароваранд. Ин кор анҷом шуд ва соли 1995 дар Теҳрон интишор ёфт. Ин китоб ҳам дар Эрон ва ҳам дар Қазоқистон баҳои баланд гирифт. Ҳанӯз ин тарҷума дар меҳанамон бо хати русӣ баргардон ва интишор нашуда аст.

Албатта ин корро ман бо ишқу алоқаи шахсӣ ва ба эҳтироми дӯстони қазоқиам анҷом додам, ки ҳеч рабте ба пажӯҳишҳои ъилмии ман надорад. Ва чунонки ишора кардам, агар Шумо дар меҳанатон ба он чӣ ки дилбастагӣ доред ва ба мавзӯъе ки худро омода кардаед, тавонед машғули таҳқиқ шавед, хориҷ аз меҳан ин кор сангинтар аст. Ва коре, ки дилатон мехоҳад, бояд аз ҳисоби хоб ва рӯзҳои таътилӣ ва истироҳат анҷом диҳед. Ва ағлаби корҳои пажӯҳишии ман чунин аст.

Масалан, мо дар вақту фазое зиндагӣ мекунем, ки таърихро таҳриф кардан, ба мероси фарҳангии мо даст ёзидан, сапедро сиёҳу сиёҳро сапед гуфтан як кори маъмулӣ шуда аст! Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бисёре аз ақвоми ҳамсояи мо ва Қафқоз ва дигарон аз пайи ҳувиятҷӯйӣ шуданд, кор ба ҷое расид, ки тақрибан дар ҳама ҷо, таърихро воруна нишон медоданд ва ағлаб талош мекарданд, ки қавми худро қадимитар ва деринатар аз дигарон нишон диҳанд.

Чун Осиёи Миёна ва Қафқоз аз дер замон зодбуми ақвоми эронӣ буда ва дар замони Ҳахоманишиён ва то ҳамлаи аъроби биёбонгард ин сарзаминҳо ҷузъи се имперотории бузурги ниёкони мо будаанд ва дар давраи исломӣ низ бисёре аз ин ақвом исломро аз тариқи ниёкони мо пазируфтаанд, табиист, ки дар ин ҳавзаҳои таърихӣ Шумо ҳар лаҳза ҷойи пои фарҳанг ва тамаддуни моро эҳсос мекунед. Ин таъсирро дар забонҳои мантақа, дар адабиёти катбии ақвоми минтақа ва дар мутолиъаи таърихи минтақа ба таври возеҳ мебинем. Ман ҳоло ба ин натиҷа расидам, ки хеле ҷойи таассуф аст, ки дар Тоҷикистон дар донишгоҳҳо бахши туркшиносӣ роҳандозӣ нашуда аст.

Мо бояд, пеш аз ҳама, таърих ва фарҳанги ақвоми турки минтақаро ба таври ҷиддӣ мутолиъа бикунем ва дар ин замина коршиносони ҳирфаӣ дошта бошем. Зеро беш аз ҳазор сол мо бо ҳамсояҳои туркамон доду ситад ва рафтуомад доштаем ва ҳудуди ҳазор сол подшоҳони мо аз қабоили турку муғул будаанд. Ва ин нукта аз як суй қобили тааммул аст, аз сӯйи дигар сазовори мутолиъа ва баррасиҳои ҷиддии ъилмӣ мебошад... Ҳамчунин бетардид бояд ҳамсоягонамонро ба дурустӣ бишносем, то тавонем, ки тавсиъаи ҳамкориҳо ва ҳамёриҳоро ба дурустӣ роҳандозӣ бикунем! Бидуни иртиботи хуб бо ҳамсоягони наздик пешрафт ва тавсиъа имконпазир намебошад.

Ман тарҳеро бо номи "Равобити мутақобили таърихӣ ва фарҳангии Эрон ва Дашти Қипчоқ" пешниҳод намудам, аз тарафи дӯстони эрониам ҳимоят шуд ва муштаракан бо пажӯҳишгоҳи Ховаршиносии Қазоқистон ва маркази аснод ва таърихи диплумосии Вазорати умури хориҷии Эрон чанд ҳамоиши байналмилалӣ баргузор намудем, ки дар он ъуламое аз Эрон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд ва матолиби ин ҳамоишҳо дар маҷмӯъаҳое бо ҳамин ном ба забони русӣ дар Олмотӣ ва порсӣ дар Эрон ба чоп расида аст.Чун кори ташкилӣ ва тарҷумаи ҳамоишҳо ва матолиби мазкур ва тадвину таҳияи ин маҷмӯъаҳо бар дӯши ман буд, талош кардаам, ки ъолимони воқеъӣ ва мутахассисон ширкат варзанд ва ҳадди инсоф ва ъилм муроъот шавад. Дигар аз корҳое ки ман анҷом додам, китоби "Ҷодуии Наврӯз" ё "Наврӯз ҳадяи Эрон ба ҷаҳон" аст, ки соли 2007 ба забони русӣ дар шаҳри Олмотӣ ба чоп расид.

Сабаби аслии падид омадани ин китоб ин буд, ки солҳои навадуми қарни гузашта ва дар оғози ҳазораи ҷадид, матолибе пайдо шуд, ки Наврӯз аслан ба эрониён (тоҷикон) иртиботе надорад ва ин ки номаш форсӣ аст, гувоҳи эронӣ будани он нест ва ҳарзаҳое амсоли ин... Ва ҳатто ман як тақвимеро ҳам нигоҳ доштаам, ки дар он Наврӯзро ҷашни миллии туркон хондаанд, ки дигарон аз эшон пазируфтаанд. Дар ин маврид баҳс кардан дар матбуот бо ин тоифаи "ҳамадон" фоидае надошт. Ва тасмим гирифтам, ки муҳимтарин иттилоъоти таърихиро бояд гирдоварӣ кард ва ба чоп расонид. Ман ба мутолиъаи мутолиби марбута пардохтам ва ҳарчи то он замон ба забони русӣ интишор шуда буд ва арзиши ъилмӣ дошт, мунтахабан гирифтам ва бархе матолибро аз форсӣ ба забони русӣ тарҷума кардам ва ин китобро тадвин намудам.

Ба оқои доктор Муҳаммади Хотамӣ, ки сиёсатмадори бузург ва донишманди камназир ҳам ҳаст ва то он дам ман ду-се китоби ӯро хонда будам ва як китобашро барои чоп ба забони русӣ омода карда будам, ки таҳти унвони "Гуфтугӯи Тамаддунҳо" дар Олмотӣ ба чоп расидааст, аз тариқи дӯстони эрониям номае навиштам ва муҳтавои китобро шарҳ додам ва хостам эшон чанд сатре ба унвони пешгуфтор ба ин китоб бинвисанд. Посухи эшон тӯл накашид ва ба зудӣ паёме дарёфт кардам, ки эшон аз банда қадрдонӣ кардаанд ва чанд сатре ба унвони пешгуфтор низ навиштаанд. Ин китоб бо пешгуфтори оқои Хотамӣ интишор ёфт ва хушҳолам, ки ҳоло тақрибан дар саросари шӯравии собиқ Наврӯзро ҷашн мегиранд ва тибқи номаҳое, ки дарёфт мекунам аз матолиби он китоб истифода мекунанд. Умедворам ин китобро бо таҳриру такмил дубора нашр бикунам.

Дар ин китоб матолибе аз Абурайҳони Берунию Умари Хайём ва муҳаққиқони қарнҳои нуздаҳу бист гирдоварӣ шудааст. Дар маросими рӯнамойи ин китоб, ки ҳамзамон бо ҳамоиши байналмилалии матбуот (Медиа Форум), дар китобхонаи миллӣ баргузор шуд, оқои Саид Муҳаммади Хотамӣ ва оқои доктор Абдуллоҳ Аблуллоҳ вазири умури хориҷии собиқи Афғонистон низ ширкат намуданд ва аз баракати ҳузури эшон он қадар афроди зиёде аз чеҳраҳои фарҳангию иҷтимоъию сиёсӣ ширкат карданд, ки боъиси машҳур шудани китоб низ шуд ва ҳоло номаҳое зиёде аз кишварҳои мухталиф дарёфт мекунам, ки дар онҳо тақозо мекунанд, ки нусхае аз ин китоб барояшон таҳия бикунам.

Тоҷик бо он таърихи пуршукуҳ ва пуштувонаҳои фарҳангӣ ҳақ надорад, заъиф бошад

- Шумо аз мураттибон ва пажуҳишгарони муваффақи осори шоъири бузурги қазоқ Олжас Сулаймонов ҳастед. Магар касоне аз миёни қазоқҳо набуданд, ки бори ин заҳматро бикашанд, ки бар души шумо уфтод? Мо ҳамчунин медонем, ки сарсухани шумо бо номи "Шоир ва Шаҳрванд" бар мунтахаби ҳафтҷилдаи осори Олжас Сулеймонов чанд бор чоп шуд ва муҳақиқони осори шоъир ба он истинод мекунанд. Эҳсос накардед, ки баъди ин ба шумо касе рашк карда бошад. Ба ҳар ҳол шумо ҳатто қазоқи Тоҷикистон нестед, балки тоҷикед, ки дар шинохти адиби машҳури қазоқ муваффақ шудаед?

-Бубинед, касоне ки аз назарияи адабиёт огаҳӣ доранд, медонанд, ки барои арзёбии адабиёт, яъне он чизе ки мо моли адабиёт мехонем, муҳим матн аст ва адабиётшинос матнеро, ки мутолиъа мекунад арзёбӣ мекунад ва аз кадом миллат будан, дар ин маврид маънӣ надора. Беҳтарин китобҳоро дар бораи бузургони адабиёти мо хориҷиён таълиф кардаанд, на тоҷикон! Адабиётшиноси бузурги рус Михаил Бахтин беҳтарин китобро дар бораи Франсуа Рабле навишта буд.

Мегӯянд, ки фарансавиҳо аз ӯ мепурсанд, ки Шумо, ки фарансавӣ нестед, чӣ гуна тавонистед, чунин пажӯҳиши жарфро дар бораи як нависандаи фарансавӣ анҷом бидиҳед? Ӯ посух медиҳад, ки ман осори Раблеро бо диққати тамом хондам. Суол карданд, ки боз чӣ кор кардед, ки тавонистед чунин китоби бемислеро бинвисед, ӯ посух дод, ки боз ҳам осори Раблеро хондам... Масъала ин аст, ки сарнавишт маро ба ин диёр овард ва устод Олжас Сулаймонов барои ман дар сангинтарин рӯзгор он қадр ёрӣ расонидааст, ки то зиндаам сипосгузор хоҳам буд.

Аз пирамардони рустоии тоҷик шунидаам, ки мегуфтанд, ҳар касе ба Шумо бадӣ кунад, кӯшиш кунед, онро фаромӯш кунед, ки дар ёд нигаҳ доштани бадӣ некӣ намеорад, вале агар ҳар касе барои Шумо заррае некӣ карда бошад, ҳаргиз аз ёд набаред. Ман муҳаббат ва ёриҳои моддию маънавие, ки аз ҳар касе ба ман расида ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард! Албатта, осори устод Олжасро дар замони шӯравӣ мехондам ва дар рисолаам, ки сунани ҳамосаҳои миллӣ дар шеъри муъосир буд, бархе аз достонҳои ӯро бо достонҳои устод Муъмин Қаноъат муқоиса кардаам. Ва аз бархе корҳое, ки ӯ дар он рӯзгор мекард ва ҷасорати ӯ дар ҳайрат будам.

Ҳеч кас аз нависандагони шӯравии собиқ дар пояи ӯ бо ҷасорати тамом аз манофеъи миллии ақвом дифоъ накарда аст. Ӯ буд, ки мегуфт шоъирон бояст шарафу номуси миллиро дар рӯҳи мардум ҷой кунанд. Ӯ яке аз бузургтарин шоъирони миллигарои қазоқ буд, ки беҳтарин андешаҳои инсонӣ ва миллиро ба забони русӣ ва бо ҷасорати бемисл ба мардум пешкаш мекард. Ман ошиқи чунин ҷасорати ҳунарӣ ва инсонии ӯ будам, ки дар ин бора ба таври муфассал дар китобе, ки ҳанӯз чоп накардаам, навиштаам. Гузашта аз ин, одамият ва ҷавонмардии ӯро борҳо шоҳид будаам.

(давом дорад)

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №7-8, 19-26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi