13:40:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Замоне, ки наврас будем...

Ҷавонтарин дӯсти фейсбукии ман Илҳом ном дорад, ки бино ба гуфтаи худаш аз синфи 8-ум таҳсил мекунад. Тақрибан тамоми рӯз ва ҳатто шабона низ дар иртибои доимист. Дар як суҳбат оиди муколама бо ҳамсолонаш бо ҳарорат ҳарф мезад ва вақте аз ӯ пурсидам, ки кай охирин маротиба китоби бадеӣ хондаӣ, посух дод, ки аслан ёд надорад. Ва баъди фурсати дигар гуфт: "дар дарси адабиёт муаллим як ҳикояи Чеховро вазифа дод, вале ман мазмуни онро аз интернет хондам ва нақл кардам".

kitobho 4589564556454Суҳбат бо Илҳом хаёли маро ба солҳое бурд, ки дар ҳамин синну сол дар як деҳаи дури куҳистон шабонгаҳон баъди фориғ гардидан аз ташвишҳои рӯзгор зери шуои хираи барқ "Дохунда"-ву "Одина"-ву "Самаки айёр" мехондам. Ва воқеъият ин аст, ки касе ба ман намегуфт бояд кадом китобро кай бихонам, балки ғайриихтиёр мехондам, чун аз мутолиаи китоб ғизое мегирифтам, ки дигар аз чизе онро наметавонистам дарёбам. Китобхонӣ муҳимтарину беҳтарин шуғли ман ва на танҳо ман, балки аксари ҳамсолонам гашта буд. 

Ва ҳамин андеша дар сарам чархид: аз дӯстони фейсбукии худ, ки бидуни шак аксари онҳо ҳамсинҳои худам ва ё аз ман касе бузургсолтару хурдсолтар буданд, суол кунам: Авввалин китоби бадеии хондаи шумо чӣ ном дошт ва аз он чӣ дар ёдатон нақш бастааст? Чуноне интизор мерафт, маълум шуд, ки хушбахтона ҳама дар бачагиву наврасӣ китобхон будаанд ва ҳатто аксарият хуб дар хотир доранд, ки бори аввал чиро ва кай хонда буданд. Суоле, ки агар аз наврасони имрӯз пурсем, шояд навад дар сади онҳо посухи рушан дода натавонанд. 

Падарони Шоҳномахону писарони олим

Журналист ва пажуҳишгари тоҷик Обид Шукурзода аввалин бор китобчаи хурдакакеро бо номи "Рустам ва Суҳроб" мутолиа кардааст ва мегӯяд тавсияи падари марҳумаш буд. Обид Шукурзода ҳамчунин гуфт, ки падараш аз дӯстдорони "Шоҳнома"-и ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳсуб мешуд. Вале аз устоди аввалинаш Саййидикром Саидов низ миннатдор аст, ки роҳи китобхонаро ба ӯ нишон додааст. Шукурзода афсӯс аз он мехӯрад, ки он замон касе тавсия надод, ки "Бӯстон" ва "Гулистон" -и Шайх Саъдӣ ва ғазалиёти Ҳофизро бихонад. 

Пажуҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ сесола будааст, ки барояш "Шоҳнома" мехонданд. "Ҳамон буд, ки ман тоҷик шудам", -мегӯяд ӯ. Баъди мустақилона китобхон шуданаш ҳам аввалин бор "Шоҳнома" хондааст, вале он "Шоҳнома"-и насрии таҳиякардаи Сотим Улуғзода будааст.

Олим ва шоири маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб низ мегӯяд аввалин китобе, ки хонд, "Шоҳнома" ва китобе, ки дӯсташ медораду ҳамвора такрор ба такрор мехонад, боз ҳам "Шоҳнома" аст. Ва ӯ низ чун Обид Шукурзода бо тавсияи падараш ба "Шоҳнома"-хонӣ сар кардааст, чун қиблагоҳаш худ ошиқи ин шоҳасари ҳар давру замон аст.

Аввалин китобе, ки сиёсатмадори шинохтаи тоҷик Раҳматилло Зойиров хондааст, низ порае аз "Шоҳнома"-и Ҳакими Тӯс буд.  Он вақт вай дар синфи ду таҳсил мекард ва як хешаш аз Тоҷикистон баргашт ва бо худ китобчаи русии "Сказание о Бахроме Чубине"-ро овард, ки дар Сталинобод нашр шуда буд. Ва аз ҳамин китобча бори аввал бо номи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" -и ӯ шинос шуд.

Сиёсатмадорони оянда чӣ хонда буданд?

Шояд ба андешаи аксари онҳо намеомад, ки рӯзе даст ба кори сиёсат мезананд. Аммо онҳо низ чун ҳар кадом ҳамсолони худ шавқу иштиёқи хондани китоби бадеӣ доштанд. Чунончӣ, Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мегӯяд аз овони бачагӣ шавқи беандоза ба хондани китоб дошт.

Мехонд ва он чӣ худ мефаҳмид ба падару модараш нақл мекард. Китобҳоро аз маркази шаҳри Чирчик мегирифт ва чун роҳи китобхонаву деҳаи онҳо дур буд, ба як омадан якбора чанд китоб мебурд. Ҳангоме дар синфи 8 мехонд, китобхона номашро дар сафи китобхонон дар радифи аввал қарор дод ва барояш китоби ашъори Абдураҳмони Ҷомиро туҳфа кард. 

Ҳуқуқшиноси варзида ва сиёсатмадори тоҷик Ойниҳол Бобоназарова бори нахуст "Афсонаҳои халқи тоҷик"- ро хондааст. Аммо ӯ ёд надорад, ки касе онро тавсия кард ва ё интихоби худаш буд. Вале медонад, ки мутолиаи аввалин китоби бадеӣ барояш хуш омад ва ҳатто бо гузашти даҳсолаҳо он ҳама афсонаҳо олами хотироташро тарк накардаанд.

Сиёсатмадори тоҷик Алим Шерзамонов бошад, аввал "Самаки айёр" хондааст ва мегӯяд он замон 12 сол дошт. "Ҳоло ҳам таассуроти хуб дорам. Бахусус забонаш дар ман сахт асар гузошт ва бори аввал ҳамон замон аз ширинии забони форсӣ ҳаловат будам. Ба ҳадде буд, ки қаҳрамонони асарро дар хоб медидам ва ҳоло ҳам агар фурсат даст диҳад, онро мехонам"

Алим Шерзамонов зери таъсири падар ва хоҳарони калониаш, ки "Самаки айёр" мехонданд, дилбаста ин китоб шуд. "Ин замоне буд, ки дар Бадахшон ҳатто телевизион вуҷуд надошт. Ва чун аҳли хонавода аз он сӯҳбат мекарданд, ман ҳам ҷалб шудам",-мегӯяд ӯ. Ҳоло бошад афсӯс мехӯрад, ки дергоҳ китоби бадеӣ дар даст нагирифтааст. "Ростӣ интернет ва телевизион мардумро танбал кардааст. Дар давлатҳои пасошӯравӣ наврасону ҷавонон бо тамошои "Дом-2" ба камол мерасад ва худ тасаввур кунед, ки агар ин одамон даҳ соли оянда ин гуна барномаҳои заъиф ва пастмазмун тамошо кунанд, чӣ мешавад"?

"Савораи бесар"-е, ки дар сари Абдуллоҳ пора шуд

Аксаран дар овони бачагиву наврасӣ ба хондани достонҳои саргузаштӣ ва детективӣ майл доштаанд. Таҳлилгари тоҷик Набӣ Юсупов аз аввал мухлиси китобҳои саргузаштӣ будааст. Аввалин китобе, ки хондааст, "Се мушкетдор" -и Александр Дюма будааст. Дар синфи 3 мехонд, ки филми "Се мушкетдор" -ро тамошо карда буд. Ва маҳз ҳамин такон дод, ки китобашро пайдо кунад ва хонад.

Ҳарчанд то ин замон мисли садҳо ҳамсолонаш афсона хонадаву шунида буд. "Ҳар касе "Се мушкетдор"-ро хондааст ва ё филмашро тамошо кардааст, медонад, ки он метавонад инсонро ба хубу озода зистан, ҷасуру нотарс ва далеру шуҷоъ будан меомӯзад. Муҳаббат ба ватан, эҳтироми бузургон ва вафодорӣ ба муҳаббат ва оиларо меомӯзад",- мегӯяд Набӣ Юсупов.   

Журналисти маъруф Хуршеди Атовуллоҳ, ки бидуни шак аз детективнависони муваффақ низ мебошад, бе тавсияи касе китоби "Даниэл Дэфо "Робинзон Крузо"-ро хондааст ва мегӯяд то ба имрӯз тамоми ҷузъиёти ин китобро дар хотир дорад. Бахтиёр Аминӣ низ ёд надорад кадом китобро аввал хонд, вале медонад, ки дар бачагӣ бештар "Самаки айёр","Чор дарвеш", "Ҷомеъ-ул -ҳикоёт" ва "Дон Кихот" - и Серватесро дар тарҷумаи Сотим Улуғзода хонда буду ҳоло ҳам ин китобҳоро дӯст медорад.

Азизҷон Раҳимов ҳарчанд бори аввал китоби "Бадеъ-ул-вақоеъ"-и Восифиро хондааст, вале баъди он "Самаки айёр" диққати ӯро ба худ ҷалб кардааст.  Аммо охирин китобе, ки аз китобхонаи мактаб хонд, китоби саргузаштии "Савораи бесар" -и Майн Рид буд. Доктор Абдуллоҳ Давлат, раиси созмони тоҷикистониёни Русия мегӯяд чун дар бачагӣ китоб зиёд хонда буд, ёд надорад, ки аввалинаш кадом буд. "Вале, як умр дар хотирам "Савораи бесар"-и Майн Рид накш бастааст!

Чунон китоби шавқовар аст ва драматизмаш олист, ки намегузорад кас лаҳзае ҳаввосаш ба чизи дигар парешон шавад. Ва мавсими пахтачинӣ буд, ки китоб ба дастам уфтод. Мане, ки ҳар рӯз то 100 кило пахта мечидам, он рӯз чунон андармони китобхонӣ шудам, ки то бегоҳ ҳамагӣ 14 кило чидам. Муаллим бо ғазаб пурсид, ки чаро чунин шуд. Ба умеди он ки хурсанд мешавад, китобро нишон додам. Онро гирифт ва аз қаҳр дар сарам пора-пора кард! Ин ҳодиса як умр дар хотирам нақш бастааст", - ба ёд меорад ӯ!

(давом дорад)

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi