10:30:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар маҳфили Хайрандеш хайр бисёр аст…

Шоир Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович)-ро дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он, чӣ хурду чӣ бузург ҳамагон мешиносанд ва метавон мухтасаран ӯро чунин муаррифӣ кард: зодаи Тоҷикистон, дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, оиладор, соҳиби се фарзанд. Хислатномаи ӯро ба таври зер метавон гуфт: Фарде, ки 34 соли ҳаёти худро барои рушду тақвият ва тарғибу ташвиқи сухани волои тоҷикӣ ва дастгирии ҷавонони навқаламу мардуми соҳибистеъдод сарф намудааст.

mahfili-khayrandesh 545445

Ба шеър ва эъҷодиёти Хайрандеш аҳли қаламу аҳли адаб баҳои баланд додаанд, ки ин ҷо метавон барои тақвияти сухан гуфтаҳои сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, доктор Алиасғари Шеърдӯстро овард: "Он чӣ бар забони мардум ҷорӣ мешавад, он чӣ бар дили мардум менишинад, он чӣ кӯчаку бузург онро такрор мекунанд, он шеъртар аст, нобтар аст ва дар зеҳну замири мардум мемонад. Шеъри оғои Хайрандеш аз ин идда сурудаҳост, ки дар забони мардум ҷорӣ мешавад, ҳам забони ҳоли мардум аст, ҳам ҳофизон ба чангу чағона мехонанд, ҳам нависандагон дар навиштаҳояшон аз он мисол меоваранд ва ин шеър шеъри мондагор аст".

Ба гуфтаҳои адибу олими нуктасанҷ оғои Шеърдӯст иловае аз рӯи инсоф нест. Вале, мо гуфтание дорем…

Адиби ҳамзамони мо Саид Раҳмон табъи баланду равони шеърофарии Хайрандешро ба пояи шоири бузурги рус Сергей Есенин баробар карда, шеъри ӯро "шириннамактар" ва ба "маззаву лаззати нону кулчаҳои ширмоли танурии модари тоҷик" монанд кардааст, ки ҳақ асту рост...

Ҳар рӯз аз симо ва садои мамлакат аз забони сарояндаю ҳофизон, ровию барандагон шеъру сурудҳои Хайрандешро шунидан мумкин аст. Ҷашну маъракаеро наметавон номбар кард, ки дар он сурудҳои ноби Хайрандешро бо камоли майл иҷро накунанд. Дар даъватномаву плакатҳои рекламавӣ, плакатҳои ҷашнии моҳияти ҷумҳуриявидошта ҳам аз порчаҳои шеърии ӯ истифода мекунанд.

Хулоса, хосу ом, хурду калон, "дӯсту душман" дар лаҳзаҳои хушиву хурсандӣ, мотаму азодорӣ аз ашъори шоир Хайрандеш афзун истифода мебаранд.

Куҷост шоири дигари тоҷик, ки мисли Хайрандеш шеъраш чунин мақбулу писанди мардум гардида бошад?

Шоир Хайрандеш дар ифшои шеър сабку услби хосаи хешро дорад.

Шоир ва нависанда Саид Раҳмон чунин мефармояд:

Садсола гузашту асри нав дар пеш аст,

Сардафтари шеъри сабз Хайрандеш аст.

Аммо мақсади қалам ба даст гирифтани мо на васфу ситоиши шахсияти Хайрандешу шеъраш, балки таҳсину офарини кори хайри пешгирифтааш-дастгириву тақвияти эҷоди адибони ҷавону навқаламон аст, ки он барои имрӯз ва фардои адабиёт нақши муҳим дорад.

Чунин иқдомро танҳо адибе метавонад роҳандозӣ намояд, ки ҳисси баланди худшиносӣ, мардумшиносӣ ва милливу фарҳангшиносиро соҳиб аст.

Хайрандеш ҳанӯз овони донишҷӯӣ, соли 1981 аввалин бор маҳфиле бо номи "Дили Кӯлоб" дар шаҳри Душанбе, дар хонае, ки иҷора менишаст, таъсис дод. Соли 1987 бошад, баъди хатми Донишгоҳ дар шаҳри Кӯлоб маҳфиле бо номи Хайрандеш таъсис дод, ки онҷо зиёда аз 200 нафар шеърдӯстону навқаламон ҷамъ меомаданд. Ин маҳфил то ҳол бо роҳбарии Сулаймон Султон пойбарҷост ва шоирони баркамолеро тарбият кардааст, ки дар ҷодаи шеъру шоирӣ андешаи комили худро доранд.

-Мақсади ман аз таъсиси чунин маҳфилҳо ва дастгирии адибони ҷавон танҳо як чиз аст: Некӣ, некӣ боз ҳам некӣ,- иброз медорад шоир.

"…Моҳи марти соли 2010-ум дар беморхонаи бемориҳои асаби шаҳри Панҷакент табобат мегирифтам. Ба шеър аз хурдӣ завқ доштам ва худам ҳам кам-кам эҷод мекардам.

Рӯзи панҷшанбе аз радиои Тоҷикистон барномаи маҳфили навқаламони шоир Хайрандешро гӯш карда, бо устод дар тамос шудам ва чаҳорпораеро хондам. Устод бо самимияти зиёд шеъри маро қабул намуда, маро рӯҳбаланд намуданд. Дар ин лаҳзаҳо аз дард худро озод ҳис намудам…

Гулафзо Саидова, ш. Панҷакент."

Дар вохӯрие дар шаҳри Душанбе шавҳари апаи Гулафзо он рӯзҳоро ба ёд оварда, бо хурсандӣ мегуфт: баъди ҳамон рӯз сиҳатии Гулафзо рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ба беморхона дигар эҳтиёҷ намонд.

Бале, шоир Хайрандеш дар куҷое, ки набошад, тарғибгари сухани волосту шефтаи каломи мавзун. Мавсуф шурӯъ аз соли 2007 то ин ҷониб дар шаҳри Душанбе низ як қатор маҳфилҳои фарҳангиро роҳандозӣ намудаанд, ки метавон дар ин ҷо аз "Маркази тоҷикшиносӣ" дар китобхонаи Фирдавсӣ,(алъон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон), маҳфили "Оламафрӯз" - дар шабакаи "Баҳористон"- барномаи адабию-тарғибии "Суфраи сухан"- дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, "Маҳфили Хайрандеш" дар Радиои Тоҷикистон ва таъсиси саҳифаҳои адабӣ дар як қатор рӯзномаву ҳафтаномаҳо ёдовар шуд.

- Ман сарфарозам, ки дар ин кори хайр маро як зумра мардони шинохтаю фарҳангшинос, амсоли Шарифҷон Комилзода, Асадулло Раҳмонов, Нуриддин Cаидов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Носирҷон Салимов, Аброри Зоҳир, Абдуқодири Абдулқаҳҳор ва чанди дигар дастгириву мадад намудаанд,- мегӯяд шоир.

Ҳангоме ки бори аввал ба Маҳфили Хайрандеш омадам, барои худ олами пурасрореро кашф намудам.

Дар маҳфил аз тифли 4-сола то пири 80-сола, намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар иштирок доштанд, ки ҳама дилдодаи шеъру сухани воло ҳастанд.

Аз Маҳфили Хайрандеш ман бисёр чизҳоро омӯхтам, ки барои эҷоди шеър дар оянда бароям раҳнамо мебошад…

Афсар Сармад, полковник, корманди гумрук.

Дар як сӯҳбате, ки бо устод Мӯъмин Қаноат ("Адибони ҷавон фориғболанд"- "Минбари Халқ", 27 декабри соли 2008) доштаv,- устод баён дошта буданд: "Бисёр хоҳиш дорам, ки баҳри оянда бесоҳиб намондани адабиёти тоҷик, гурӯҳи мушовараи иттифоқи нависандаҳо бо ёрии Ҳукумати ҷумҳуриву вазорати фарҳанг дар ҳама жанрҳои адабӣ, чи дар назму чи дар наср ва чи дар тарҷумаи бадеӣҷоннок намоянд, вагарна фардо шояд дер шавад".

"… ман аз хурдӣ ба шеъру шоири рағбати беандоза доштам. Хангоми донишҷӯ буданам дафтари шеърҳоямро ба яке аз одамони машҳури ҷумҳурӣ, ки ҳамдеҳаам буд, бурдам. Гуфт: баъди як ҳафта биё, хонда ҷавобашро мегӯям. Рӯзи тайиншуда наздаш омадам. Дафтарро ба ман баргардонда гуфт: ин шеърҳоро аз куҷо дуздидӣ?...                

Баъди ин дилам аз шеъру шоир монд. Хушбахтона бо устод Хайрандеш шинос шуда, бо кӯмак ва дастгирии ӯ шеърҳоям дар рӯзномаҳои даврӣ чоп шуда истодаанд…

Кӯҳзоди Фатҳулло, корманди ТВ-Регар." ва ё

"…Ягона ҷое, ки ман мондашавиро ҳис намекунам ва худро дар олами дигар мебинам, ин Маҳфили шеъри Хайрандеш аст. Баъди солҳои тулонии аз саҳна дур шуданам, бори аввал ба маҳфил омадаму шеърҳои бачагонаи худро ба аъзоёни маҳфил пешкаш намудам. Устод маро ба сурудхонӣ даъват намуданд. Баъди шеъру суруд хондан дар худ сабукиеро ҳис намудам ва худро шоду хурсанд дидам. Аз он рӯз дар дили ман шавқи шеъру суруд дубора зинда гардид…

Гулчеҳра Узоқова, муаллимаи мактаби №91, шаҳри Душанбе."

Ба ин монанд мактубу сипосномаҳо хеле зиёданд. Бобои Сарфарози 80-сола, Абдураҳими Афғонӣ ва Хол Одинаи нафақахӯр аз ноҳияи Рӯдакӣ, Низорамо аз Ховалинг, Сафаралии Набизод аз Муъминобод, Басгул Сафарзода аз ноҳияи Шӯрообод, Абдураҳмон Ҳакимзода ва Зайнаб Назарова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Нусратуллои Ҷаннатулло аз Кангурт, Муқим Шарифзода аз ноҳияи Ҷ. Рӯмӣ, Бозорбой Орифов аз шаҳри Истаравшан, Парвина Амонова аз ноҳияи Ғончӣ, Ромини Ҳақназар аз Бадахшон, Шаҳло Қаюмзод, Дунёгули Давлатёр аз ноҳияи Варзоб, Афсар Сармад -корманди гумрук,Гулчеҳра Анварӣ, Достон Асоев, Нодир Нозимӣ аз Шаҳри Душанбе, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур-донишҷӯёни шаҳри Душанбе, Ҳикматулло Шаралӣ муҳоҷир аз шаҳри Москва ва дигарон аз дастгириву раҳнамоии устод Хайрандеш сипосгузоранд.

Лозим ба ёдоварист, шеърдӯст ва навқаламоне, ки аз устод Хайрандеш маслиҳату ёрие дидаанд, аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳар кадоме аз ин шогирдон, баъди иштирок дар маҳфил ва суҳбат бо устод дар сифоти ӯ шеъре, рубоие, байте гуфтаанд, ки агар ҷамъашон кунем ҷилд-ҷилд китоб мешаванд.

Оре, агар устодони адабиёт фориғболиро пеша намоянду ба ҷои дастгирии адибони ҷавони соҳибзавқ бо ҳар тариқае илҳоми эҷодии онҳоро буғӣ намоянд, албатта хавфи дар оянда бесоҳиб мондани адабиёти тоҷик аз назар дур нест.

Вале агар дар тамоми жанрҳои адабиёт чун Хайрандеш дилсӯзону хайрпешагон зиёд шаванд ва адибони ҷавонро бо сухани хуш ва роҳнамоии хуб дар роҳи эҷод рӯҳбаланду завқмандтар гардонанд, боварӣ ҳаст, ки адабиёти тоҷик фардо бесоҳиб намемонаду дар арсаи адабиёти навини ҷаҳонӣ мавқеъ ва манзалати хешро пайдо месозад.

Воқеъан, то ин наздикиҳо, дар толори хурди нашриёти "Шарқи озод" ҳар рӯзи панҷшанбе маҳфили "Хайрандеш" баргузор мегардид, ки дар он соҳибқаламони аз шаш то ҳаштодсола фаъолона иштирок менамуданд. Хушбахтона, мухлисон ва дӯстдорони шеъру сухани волои форсӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон оғои Амини Пурсабо бо хонумаш Баҳори Ҳақшинос, оғои Мӯҳсини Муҳаммадӣ, Ҷалоли Шафеӣ ва дигарон тез-тез меҳмони маҳфил шуда, аз пешравию мушкилоти шеъри имрӯз бо аъзоёни Маҳфили Хайрандеш сӯҳбатҳо меороянд.

Бо дастгири директори нашриёти "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президент, муҳтарам Ёқубҷон Исмоилов устод Хайрандеш ҳафтаномаи сиёсию фарҳангӣ бо номи "Шарқи озод" рӯи чоп баровард, ки дар як муддати кӯтоҳ мухлисони худро дар саросари ҷумҳурӣ дарёфт.

Дар сафҳаҳои рӯзнома дар бораи адабиёти тоҷик, адабиёти форсӣ ва ҷаҳон, бурду бохти шеъру шоирӣ мақолаҳои ҷолибе пайваста чоп мешуд. Асосан саҳифаи шеърие, ки аз эҷоди шоирони ҷавону муосири тоҷик ва эронӣ мураттаб буданд, хеле диқатҷалбкунанда ва хонданбоб таҳия мешуданд. Ин саҳифаи шеърӣ шоирони ҷавони эрониро ба хонандагони тоҷик ва шоирони ҷавони тоҷикро ба хонандагони эронӣ шинос мекард. Ин чунин Хайрандеш мехост, ки аз эҷоди шоирони ҷавони афғон низ маводҳо чоп намояд. Вале афсус, ки ин ҳафтанома умри тулонӣ надид…

Ҳоло устод Хайрандеш дар Китобхонаи Миллӣ маҳфили "Ҳамешабаҳор" (тағйири ном кардаи маҳфили Хайрандеш), ки ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе баргузор мешавад, маҳфили "Равшандилон" барои эҷодкорони маюб, ки моҳе як маротиба ҷамъ меоянд, маҳфили дӯстдорони китоб бо номи "Дунёи китоб", ки бо кормандони вазорату корхонаҳо (аз вазирон сар карда…) вохӯрӣ баргузор менамояд ва ҳамчунин нашрияи "Дунёи китоб", ки моҳе як маротиба интишор мешаваду дар бораи китобу китобдорӣ маводҳои хонданбоб чоп мекунад, ташкил ва роҳбарӣ менамояд. Инчунин, ҳамкориҳои эҷодии Хайрандеш бо овозхонҳои ҷавони ҷумҳурӣ хеле густурда аст.

Агар лозим шавад ман маҳфилро дар ҳавои кушод, дар боғ ва ҳатто дар кӯча мегузаронам,- мегӯяд устод Хайрандеш.

Ва мо- шогирдон ва дӯстдорони шеъру адабиёти волои форсӣ-тоҷикӣ умедворем, ки Хайрандеш то ба охир дар кори пешгирифтаи худ устуворона қадам мегузораду содиқона ба адабиёти тоҷик хизмат мекунад.

Ашрафи АФЗАЛ, Наргиси МУРОДАЛӢ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi