05:27:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Доктор Санъатӣ: Барои эҷоди ошноии бештар бештар талош бояд кард

Хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор" бо чанд саволе ба доктор Муҳаммад Ҳасани Санъатӣ, ки ба тозагӣ масъули дафтари Ройзании фарҳангии Сафорати ҶИЭ таъйин гардидааст, муроҷиат кардааст.

-Шумо бо Тоҷикистан қаблан ҳам ошноӣ доштед?

royzanii-iron 2525245-Нахустин сафарҳои ман ба Тоҷикистон  соли 2009 ба вуқуъ пайвастанд. Ба ин ҷо ба хотири идомаи корҳои илмӣ-пажуҳишиям сафарҳо мекардам ва умдатан  бо аҳли таҳқиқу пажуҳиш аз ниҳодҳои Академияи Улуми Тоҷикистон, донишгоҳои таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳо дар иртибот будам. Баъдан ман дар Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар раҳбарияти барномаҳои бурунмарзӣ масъулият доштам ва лозим буд, ки ба минтақа, ба хусус Тоҷикистон, сафарҳои хидматӣ дошта бошам. Ваҷҳи саввуми сафарҳои ман ба Тоҷикистон шояд алоқае буд, ки ман ба Тоҷикистон ва мардуми он доштам.

Тоҷикистон кишварест, ки фақат дар ҷуғрофиё аз мо ҷудо уфтодааст, дар ҳама чиз бо мо якаст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бошанд остонҳое, ки гӯиши мардуми онҳоро бо ба хубӣ мутаваҷҷеҳ нашавем. Аммо гӯиши дӯстони тоҷикамонро мо комилан мутаваҷҷеҳ мешавем. Мо ба мардуми хуби Тоҷикистон, ки дар ҳама чиз бо мо муштаракот доранд, иродат дорем. Ва ин фурсатеро, ки барои иҷрои масъулияти ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар ихтиёри мо қарор гирифт, мо битавонем ба навъи аҳсан барои хидмати фарҳангӣ ва рушди робитаҳои фарҳангии ду кишвар истифода кунем.

-Дар ин масъулияти нави худ, яъне  ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон фикру андеша ва ё нақшаҳоеро барои анҷоми фаъолият бо худ доред. Мехостам аз онҳо чанде бигӯед?

-Бахше ҳаракатҳоеро, ки мехоҳем ин ҷо анҷом бидиҳем, ҳаракатҳоест, ки қобили пешбинӣ ва қобили барномарезист. Масалан агар намоишгоҳе баргузор мешавад дар ҶИЭ, агар ҷашнворае дар тақвими ҶИЭ пешбинӣ шуда барои даҳаи фаҷр ва муносибатҳои дигар, олимпиадҳое, ки дар сатҳи донишомӯзӣ тарҳрезӣ шудааст аз тарафи вазоратхонаҳои масъул, инҳо одатан қобили барномарезист. Мо дар ин маҷмӯа пешбиниҳое дорем, ки дар бахшҳои мухталиф мешавад ба онҳо ишора кард. Яке аз корҳое, ки мо барои худ фарз медонем, дар наҳваи аввал баргузории клоссҳоест, ки дар ин клоссҳо мо фарҳанги ниёконамонро бо лавозими комил бояд омӯзиш бидиҳем.

Пеш аз ҳама ин забон ва хатти форсист, ки моро бо адабиёт муртабит мекунад. Адабиёт ганҷинаест, ки ҳамаи мероси фикрӣ ва фарҳангии мо дар ӯ интишор ва инъикос доштааст. Талаққии мо аз адабиёт танҳо арӯзу қофия нест, танҳо каломи мухайяр нест. Адабиёт зарфи маорифпарварии мост. Мо аз тариқи адабиёт ба ҳукамое пайвандӣ пайдо мекунем, ки инсонро мешиносанд, ҷаҳонро мешиносанд. Талош мекунанд, ки барои иртифои фарҳангии ҷомеаи худашон кӯмак бикунанд.

Он чи ки мо имрӯз ба унвони мутафаккир бо баъзе аз чеҳраҳои дунё муртабит ҳастем, дар гузаштаи мо дар номи касоне чун Саноии Ғазнавӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, падари шоирони Аҷам -Абӯ Абдуллоҳ Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Абдулқодири Бедил ва бисёре аз чеҳраҳо хусусан Фирдавсии бузургвор ҷилва мекунад. Бинобар ин яке аз имконоте, ки мо дорем, ин эҷоди ошноӣ бо хатти форсист. Хатти форсӣ ин калиди дари ганҷхонаест, мо дар бораи он сухан мегӯем.

Аммо дар канори ошноӣ бо ин хатти фосӣ тасаввури мо ин аст, ки агар имрӯз Мавлавӣ метавонад ба унвони яке аз ақтоби андеша ва фикр дар дунёи имрӯз ва яке аз мароҷеи посухгӯ ба саволҳои башарият қарор бигирад, боисти ин кони пургуҳарро ковид, ӯро кашф кард ва истифода кард. Ҷаноби Саъдӣ алайҳираҳма касест, ки таҳсилоти олӣ дар низомияҳо ва дар мактабҳои мухталиф гирифтааст. Аммо ӯ касест, ки ҳам равоншиносу ҳам ҷомеашинос аст. Бо ин далел ба ӯ номи афсаҳулмутакаллимин додаанд.

Афсаҳулмутакаллимин яъне касест, ки бо фасоҳату балоғат калому андешаи исломӣ ва инсониро баён мекунад. Бинобар ин мо клоссҳои маснавихонӣ, атторхонӣ, ҳофизхонӣ дорем. Яке аз пешбиниҳое, ки мо ба тозагӣ кардем, вуруд ба арсаи наср аст. Шумо медонед, ки аксаран мутолиоти адабӣ умдатан ба ҳавзаи назму шеър таваққуф шудааст.

Дар ҳоле ки шумо як асареро, ба мисли асари "Таърихи Байҳақӣ" ба унвони як асари мансур, вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳед, фарқи чандоне байни ин матн ва "Гулистон"-и Саъдӣ, ки пур аз ҳикояту ҳикмат ҳаст, эҳсос намекунед. Дар "Таърихи Байҳақӣ" Шумо бо адабиёт рӯ ба рӯед, бидуни он ки бо саноеъ, ҳунарҳои бадеӣ ва баёнӣ ба шакли бориз, ки худашро мехоҳад нишон бидиҳад, мувоҷеҳ бошед. Бардошт чист? Бардошт ин аст, ки ин ороияҳои адабӣ ва ин арзишҳои адабӣ дар вуҷуди "Таърихи Байҳақӣ" дарҷ шудааст, ба гунае ҳаст, ки  ба чашм намеояд.

Мо агар битавонем дар ҷаласоте расми байҳақихониро биёмӯзем, чун хондан расме дорад. Мо фикр мекунем, ки дар бисёре аз арсаҳо боистӣ вуруд кард. Масалан афзоиши зарфиятҳои илмӣ ва пажуҳишӣ дар Донишгоҳҳои ҶТ он меҳваре, ки ба унвони як ҷур муозидат, як ҷӯр таҳаммул ба ҳамкории байни ҶИЭ ва ҶТ мумкин бошад, ҷузъи аҳдофи мост. Мо пеш аз ин суҳбате, ки алъон дар хизмати Шумо ҳастем, бо ҷаноби оқои профессор Бобоев, Раиси пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АУ ҶТ суҳбате кардем.

Иттифоқан барои худи банда хеле хушоянд буд, ки вақте дар бораи аз хатти форсӣ ба унвони ниёз барои вуруд ба манобеи арзишманду мавҷуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Эрон дар ҳоли баҳрабардорӣ ҳаст, суҳбат кардем, мутаваҷҷеҳ шудем, ки бахши қобили мулоҳизаи устодони муҳтарам дар АУ бо хатти форсӣ ошно ҳастанд. Аммо рафта будем то ба дӯстон эълон бикунем, ки моилем дар сиёсатҳои ҷадиди ройзании фарҳангӣ дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмии байналмилалии худамон иртиботҳое эҷод бикунем байни Донишгоҳҳое, ки дар улуми мавриди ниёзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам фаъоланд. Ин як даричаи тозаест нисбат ба гузашта.

Дар гузашта умдатан дар ҳавзаи адабиёт, фаъолиятҳои адабӣ, иртибот бо аҳли адаб шояд пайгириҳо сурат мегирифт, аммо мо вазифаи худамон медонем, ки дар улуми мавриди ниёзи ҶТ, дар улуми фаннӣ, иқтисодӣ ва ғайра ин иртибототро ба вуҷуд биёрем. Яке аз корҳоеро, ки  мо анҷом медиҳем иртибот эҷод кардан байни ниҳодҳои пажуҳишиест, ки дасте дар арсаи иҷро доранд. Чун тасдиқ мекунед, ки агар асҳоби илм фориғ аз ҳавзаи иҷро ва ниёз ва корбурди як илм фаъолият бикунанд, ҳосилаш маҷмӯаи маншуроту махтутот хоҳад буд, ки дар китобхонаҳо хок хоҳад хӯрд.

Аммо агар пайванде байни санъат ва ҷомеъа ва ниёзҳои ҷомеъа ба вуҷуд биёяд, чун қоида ба ниёзҳо беҳтар посух гуфта хоҳад шуд. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки дар хидмати Шумо ҳастем, як фазои тозаеро ба вуҷуд овардем, ки дар баъзе аз риштаҳо ғайр аз иқтисод, дар ҳавзаи ҳуқуқ байни фарҳангистонҳои Эрон, ки корҳои тахассусӣ мекунанд, фаслномаҳоеро мунташир мекунанд, то адабиёти ҳуқуқии муассиртаре барои пешрафти фазои кор дар ҶТ метавонанд ироа бикунанд, мо восита бишавем, ки ин ҳаракатҳо посух бигиранд ва натиҷа бидиҳанд.

Яке аз зарфиятҳои дигари мо шиносоии нухбагоне ҳаст, ки битавонанд дар донишгоҳҳои ҶИЭ таҳсил бикунанд ба унвони бурсия. Ин нукта то кунун ба сурати шиносоии аз тариқи ба истилоҳ вазорат ба сурати пароканда пеш рафтааст. Дар соли ҷадид пешбинии мо ташкили Кумитае ҳаст, ки бар асоси як равобити муайяне афродеро, ки дар таҳсилоти худашон ба тасдиқи донишгоҳҳо ба сурати мустанад чеҳраҳои саромад шинохта мешаванд, боз дубора мавриди шиносоӣ қарор бигиранд, парвандаҳо ташкил бишавад ва ин афрод дар шароити матлуб битавонанд аз таҳсилоте дар қолаби бурсия бархурдор бишаванд ва баргарданд ва дар кишвари худашон хидмат бикунанд.

Яке аз имконоте, ки дар ҳамин ҳавзаи илм қарор мегирад, додани фурсатҳои кутоҳи мутолиотӣ ба афроде, ки алоқаманданд. Ин афрод умдатан дар давраҳои докторӣ ва баъзан дар давраҳои магистрӣ таҳсил мекунанд, моил ҳастанд, ки дар мавзӯи пажуҳишҳои худашон дар тезисҳо ва рисолае, ки барои таҳқиқ баргузидаанд, аз манобеи эронӣ битавонанд истифода бикунанд. Ин корҳоро мо анҷом медиҳем. Аммо дар ҳошияи ин фаъолиятҳое, ки ман дар хидмати Шумо гуфтам, мо яке аз корҳое, ки то кунун тавонистем дар ҶТ анҷом бидиҳем интишори як фаслномаи мавзӯӣ бо мавзуъоти муртабит ба Тоҷикистон аст, ба унвони фаслномаи "Рӯдакӣ".

Ахиран мо шумораи 38-уми фаслномаи "Рӯдакӣ"-ро ихтисос додем ба китоб ва китобхонӣ дар Тоҷикистон. Далел ҳамин буд, ки тасаввури мо ин аст, ки агар дар як кишвар наҳзати китобхонӣ ҳамроҳ бо тозатарин равишҳои илмӣ ба таъбири методоложии қобили тавсиъа, таҳаққуқ пайдо бикунад, ба сари лозим барои шаклгирии ҳаракатҳои илмӣ, фикрӣ ва фарҳангии созанда фароҳам хоҳад шуд. Тассавури мо ин аст, ки шеър дар Тоҷикистон, достон дар Тоҷикистон, инҳо арсаҳоест, ки агар бо кумаки афроде, ки саромаданд дар ин заминаҳо мавриди бозкобӣ ва баррасӣ қарор бигирад, мо ба навъе доиратулмаорифе тавлид кардем, нисбат ба ҶТ, ки хеле моил ҳастем, ки ин зарфиятҳои ҶТ шинохта бишаванд.

Дар арсаҳои синамоӣ, фарҳангӣ дар баргузории ҷашнвораҳое, ки дар ҶИЭ баргузор шуда ва таҷрибаҳояш ҳаст, дар ин ҷо ҳам мешавад ҳаракатҳоеро шуруъ кард. Боз мо аз тариқи иттифоқҳое, ки вуҷуд доранд, барномаҳое дорем, ки инҳо дар қолиби ҳафтаҳои филм, дар қолиби ҳафтаҳо ба номи шаҳрҳо, дар қолиби хоҳархондагиҳое, ки байни шаҳрҳои ҶИЭ бо ҶТ мумкин ҳаст, ки мо пайгирӣ бикунем. Равобите мешавад байни Хуҷанд ва Табриз ба роҳ монд, байни Кӯлоб ва Ҳамадон ва байни Теҳрон ва Душанбе эҷод кард.

Дар қолиби инҳо ҳаракатҳое дар дасти пайгирӣ ҳаст. Мо ҳатто муқаддамоти марбут ба баргузории барномаҳое дар ҶИЭ ва ҶТ фароҳам карда будем ва кардем. Масалан дар робита ба соли бузургдошти ҷаноби Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ки соли оянда ба муносибати 700-солагии зодрӯзаш, дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Имсол зоҳиран  ҷашни 600-умин соли таваллуди Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мешавад. Ман агар дар як калимаи куллӣ бихоҳам арз бикунам мо як кори фарҳангиеро шуруъ кардем, ки дар ин кори фарҳангӣ дар ҳар куҷо эҳсос бикунем, ки таҷрибаеро дар ихтиёри дӯстон қарор бидиҳам, ин корро бояд анҷом бидиҳем.

Чанде пеш масъули яке аз коллеҷҳои оддии Тоҷикистон, ки дар ҳавзаи ҳунар фаъолият мекунад, ташриф оварда буданд ин ҷо ва суҳбате мекардем. Мо мутаваҷҷеҳ шудем дар таъмини манобеи омӯзишии ин коллеҷ  боистӣ мушорикат бикунем. Ин масъаларо баррасӣ кардем ва дар ҳамон ҷо ҳудуди  7-8 аз манобеи хуб ва дасти аввал тавонистем фароҳам бикунем, ки дӯстон ҳам хеле шод шуданд ва ташаккур карданд аз бобати ҳимояте, ки сурат гирифт. Яке аз бахшҳое, ки мо фикр мекунем вазифаи мо ҳаст ва албатта дар солҳои гузашта ҳам дӯстоне, ки ин ҷо масъулият доштанд ва фаровон заҳмат кашиданд, ҷаноби устод Мӯсавии Гарморӯдӣ, ки аз мафохири ҶИЭ ҳастанд, замоне инҷо ба унвони ройзан талош карданд, талошҳои муассире буда. Ё дӯстоне мисли ҷаноби оқои  Қаҳрамон Сулаймонӣ, ки эшон ройзани фарҳангӣ буданд.

Дигар аз самти фаъолияти мо  арсаи ҳимоят аз чопу нашри китобҳоест, ки ба наҳви мавриди алоқаи мардуми Тоҷикистон ва мардуми Эрон ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир бахше аз маҷмуаҳои шеърие шоирони ҶТ дар Эрон мунташир шуда тавассути интишороти Эрон ва муттақобилан ошноиҳое нисбат ба шоирҳои муосири эронӣ дар ҶТ иттифоқ уфтодааст. Аммо вақте, ки мо ба паҳнаи фаъолиятҳое, ки мо мекунем, менигарем. эҳсос мекунем, ки хеле беш аз он ки мо то кунун қадам бардоштем,  боисти барои эҷоди ошноии бештар нисбат ба гузашта  байни мардуми ду кишвар мо бояд талош бикунем. Арсаи адаб яке аз арсаҳост. Дар ҳавзаи синамо, театр, ҷашнвораҳои мусиқӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, илмӣ, баргузории китобҳои сол боистӣ нисбат ба солҳои қабл бештар кор бикунем. Ба ҳар ҳол умедворем, ки ин чизҳое, ки ба забон овардем, бахши зиёдаш муҳаққақ шуда.

-Ҳар сол дар Теҳрон дар аввалҳои моҳи май Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мегардид, ки маъмулан аз Тоҷикистон намояндаҳо дар он ширкат мекарданд. Соли гузашта низ намоишгоҳ баргузор гардид. Вале намояндагони Тоҷикистон дар он ширкат накарданд. Сабабҳои инро метавонед шарҳ диҳед?

-Шояд тасдиқ бифармоед, ки ду миллат вақте дар масири тавсиъа ва пешрафт қарор мегиранд, ин гуна нест, ки бо ҳеҷ гуна мушкиле мувоҷеҳ набошанд. Ба ҳар ҳол дар тӯли фарозу фурудҳое, ки аз ҷиҳоти мухталиф мумкин рӯй бидиҳад, азҷумла дар ҳавзаи масоили иқтисодӣ, мувозинаҳои байналмилал, масоили мухталифе, ки буруз мекунад, мумкин аст, ки мисли гузашта, ба тартиби гузашта, натавон ҳаракат кард. Аммо он чи ки бо қувваи худаш барқарор ҳаст, тамоили дӯстони тоҷик ба дидани сарзамини ошно ва дар воқеъ обо ва аҷдод, мутақобилан тамоили дӯстон дар Эрон барои дидани Тоҷикистон аст.

Яке аз пешбиниҳое, ки аз чанд моҳ қабл аз Наврӯз дар назар аст, ин ҳаст, ки турҳои арзон фаъол бишаванд, ин турҳо бо як тарроҳии фарҳангӣ, бо як барномарезии рӯшантаре заминаи боздидҳои мутақабили алоқамандони ҳар ду кишварро фароҳам бикунанд. Албатта, ҳақиқатро китмон намешавад кард. Ба ҳар ҳол дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки вуҷуд дорад, як миқдоре имконот шояд маҳдуд шуда ва ин имконот мисли гузашта шароитро ба вуҷуд намеорад, ки масалан 100 нафар битавонанд, сафар бикунад ва аз ҶИЭ боздид бикунанд.

Аммо мо ин боздидҳоро дар зарфиятҳои дигаре баргузор хоҳем кард. Дар як -ду ҳафтаи ахир мо ҳудуди чор-панҷ нафар аз дӯстони бузургворро саъй кардем харҷи сафарашонро фароҳам бисозем. Ба заъми мо шиносоӣ ва гусел кардани сарвароне, ки метавонанд аз мусофират ҳадафманд истифода бикунанд ва дар теъдодашон қадре коҳиш иттифоқ меафтад, тарҷеҳ дорад бар ин ки шумо 100 нафар мусофирро гусел бикунед, аммо чандон пешбиниҳои муносиб ва муфид барои баҳрабардории комил мумкин нашуда бошад.

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi