11:35:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Санъаткоре, ки ҳунараш марзҳоро убур кардааст

(Дар ҳошияи бардошт аз консерти Ҳунарпешаи халқии СССР, Дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Ҷӯрабек Муродов)

Ба камтарин истеъдодҳо тақдир шудааст, ки ҳунарашон то ба ин дараҷа ба тамошобинони гуногунзабон, гуногунмазҳаб ва гуногунанъана писанд ояду тавонад шуҳрати санъати миллаташро ба арсаи васеи байналхалқӣ барорад. Хушбахтона, шумо ба чунин саодат сарбаландона расидед.

Эмомалӣ Раҳмон

1 jurabek murodov 222Оре, ин порае аз номаи табрикии Президенти мамлакат аст, ки ҳанӯз соли 1992 ба муносибати ҷашни панҷоҳсолагии ҳунарвари шинохта Ҷӯрабек Муродов ироа шуда, ба унвони ӯ ирсол гардидааст. Воқеан ҳам, устод Ҷӯрабек Муродов шеъру суруди тоҷикиро ба оламиён шиносонд. Тавассути ҳунару истеъдоди табиӣ дар 37 - солагиаш унвони олӣ - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравиро мушарраф гардид. Бар замми ин, унвони аз ҳама баланд барояш ҳунари худи ӯ ва маҳбубияти мухлисон нисбат ба вай аст.

Эҳтиром ва қадрдонии мухлисонаш на кам, балки сол то сол зиёд мегардад. Чунин самимияти мухлисон нисбат ба ӯ ва эҷодиёти доманадораш ҳангоми баргузории консерташ, ки ҳафтаи гузашта дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барпо шуд, бори дигар собит сохт, ки ин ҳунарманд чун пештара устоди ҳақиқии соҳаи санъати касбии ҷумҳурӣ, балки берунатар аз он ҳам ҳаст.

…Саҳни Филармония он рӯз пур аз тамошобин ва дӯстдорони санъати асили овозхон буд. Ҳама бо хушҳолӣ аз санъати нотакрори ӯ байни ҳам суҳбат доштанд. Яке дар бораи одамгарӣ, самимият, хоксорӣ ва заҳматҳои эҷодиаш ҳарф мезад. Иддаи дигар аз вохӯриву суҳбатҳояшон бо ин хунёгари давр қисса менамуд.

Гурӯҳи дигар мехостанд пеш аз намоиш ҳунарманди дӯстдоштаашонро бубинанду бо ин ибтикорш - барпо кардани консерт табрику ташаккур гӯянд. Бо ин мақсад омаданашро мунтазир буданд ва аз ин сабаб худро дар назди дари даромадгоҳи умуми нею дар даромадгоҳи маъмурияти бино гирифта буданд. Хуш бар ҳоли онҳое, ки вазъиятро хуб дарк намуда будаанд.

Ниҳоят устод Ҷӯрабек ҳамроҳи писарашон - Парвиз аз мошин мефароянд ва дарҳол дар ҳалқаи мухлисон мемонанд. Устод бо асбоби мусиқии торӣ, ки бо ғилофи хушдӯхт печонда шудааст, худро дар ҳалқаи мухлисолу шогирдон ва дӯстони деринаш дида, хушҳол мегардад. Бо ҳама бо нигоҳҳои гарму меҳрбор аҳволпурсӣ намуда, даст пеши бар бо табассум ва ҳаракатҳои ба худ хос дохили бино мегардад, то ки ба консерт омодагӣ бинад.

Толори пур аз тамошонбин ҳам интизори ҳунарманд аст, ҳунарманде, ки бо сеҳри ҳунараш метавонад соатҳо қалби дӯстдорони савту наво, шеъру тарона ва чангу чағонаро моломоли орзуву ниятҳои нек гардонда, эшонро ба сулҳу субот, ободкориву созандагӣ раҳнамун гардонад. Ниҳоят пас аз интизориҳои начандон тӯлонӣ вай болои саҳна намудор мегардад. Фавҷи қарсак танинандоз мегардад. Таъзимҳои такрории ӯ ба тамошобин мухлисонро водор менамояд, ки кафкӯбиҳо идома ёбанд.

Тамошобин ин лаҳзаҳо шояд андешаи ӯро ба таври ниҳонӣ аз ваҷоҳаташ, аз дил мегузаронад: "Шукри халқи адабпарвару суханшиносам, шукри ин сарзамину одамонаш, ки боз ба мухлисиам омадаанд, шукр, ки ҳоло ҳам болои саҳнааму мардум барои шунидани ман омадаанд, охир, ба 72 даромадаам, то ин дам ҳеҷ гоҳ мухлисонро фиреб надодаам, ҳамеша дар маҳфилу тӯйю сури онҳо бо садои зинда сароидаам, Худоё, мададам кун, то онҳо ин дафъа ҳам аз ин даргоҳи муқаддас, ки бештар аз панҷоҳ сол фаъолият намудаам, ноумед нараванд".

Беҳтарин хислати таронасароии Ҷӯрабек ҳамин аст, ки вай сурудҳои халқиро мехонад ва халқ сурудҳои Ҷӯрабекро мехонад. Вай кӯшиш мекунад, сурудҳои мурдаи моро, сурудҳои аз байн рафтаи моро ба соҳибони аслии худаш баргардонад.

Лоиқ Шералӣ

2 jurabek murodov 333Ҳо, ана ниҳоят созашро ба даст гирифтаву ҳамчун нишони поси хотир муноҷотеро, ки яқин моли худаш аст, месарояд. Дар он ному пайкори адибони классику муосир, чанд тан аз нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик, билохира, волидонаш ва исми худи ӯ ёдоварӣ мегардад. Дар оғози консерт чунин усули хосаи эҷодкор басо рамзӣ буд, зеро бе таъсири пешиниён наметавон ҷою мақоми хешро дар ҷомеа пайдо намуд.

Сипас, аз ашъори 32 тан шуарои адабиёти классикиву муосир ғазалхонӣ шуруъ гардид. Ҳунарпешаи шинохта чун анъана аз эҷодиёти пири шоирони даврони Сомониён, устод Рӯдакӣ шуруъ намуд. Равони Ибни Синову Носири Хисрав, Низомиву Мавлавӣ, Саъдӣ, Соиб, Ҳофизу Камол, Мавлоно Ҷомию Сайидо, Бедилу Туғрал низ шод гардонда шуд.

Ҳамчунин, аз давомдиҳандагони роҳу афкори онҳо устодон Айниву Лоҳутиву Турсунзода, Боқӣ Раҳимзодаву Шукӯҳиву Ансорӣ, Лоиқу Қутбиву Гулназар, Саидалӣ Маъмуру Ҳадиса, Меҳринисову Фарзона ва Шаҳрия, аз қаламкашони нисбатан ҷавону умедбахш Озарахшу Раънои Мубориз ва Ҳабиб Сулаймонӣ суруду таронаҳои дилчасп иҷро гардид. Ашъори интихобнамудаи устод Ҷӯрабек Муродов моломоли тарғиби дӯстиву ватандорӣ, меҳру садоқат ба обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва монанди ин буд.

Он чиз хушҳолкунанда аст, ки консерти навбатиаш ба тарзи тамоман нав тарҳрезӣ шуда буд. Чун анъана дар дигар маҳфилҳои шеъру суруди ӯ шогирдонаш низ месуруданд. Ё ин ки аввал онҳо панҷ - шаш суруд хондаву баъд худи ӯ ба саҳна мебаромад. Баъзан худи ҳунарманди шинохта дар охири консерт мебаромад. Ин дафъа бошад, усусли таҷлили он тамоман фарқ мекард. Аз ин хулоса кардан душвор нест, ки ҳунарпеша дар ҳақиқат, тамошобин ва мухлси хешро пазмон шудаасту мехоҳад ҳар чӣ бештар дар рӯ ба рӯи онҳо ҳунарнамоӣ намояд.

Воқеан, зимни хӯшгӯиҳояш, ки баъзан ба амал меомад, аз ин маврид ҳам ёдовар мешуд, ҳамеша дар хизмати халқаш ҳасту мехоҳад рисолати хешро бо суруду мусиқӣ ва каломи саршор аз меҳру муҳаббат ба миллату халқ, Ватанаи азизаш - Тоҷикистон аст, хизмат намояд. Беҳуда ҳам набуд, ки номи консертро "Ҳамеша бо Ватан масрур" номгузорӣ намудааст.Тақрибан баъд аз ҳар ду - се суруд мухлисон ӯро гулборон менамуданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки вай ҳанӯз ҳам бо истеъдоди худододаш метавонад солҳои зиёд дили алоқамандони суруду таронаро гарм нигоҳ дорад.

Меҳмони олиқадр аз Ҷумҳурии Қирғизистон - Арбоби ҳунари Қирғизистон, узви чандин иттифоқҳои эҷодӣ, узви раёсати Маркази байналхалқии муҳофизати Сулҳ дар қитъаи Осиё Шарипова Салима Канатбековна, ки бо тахаллуси адабии Санам Шарифӣ ҳам эҷод менамояд, болои саҳна баромад. Вай бо эҳсосоти баланд аз хусуси эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов сухан гуфта, ӯро "Ҳунарпешаи дараҷаи аввали халқҳои Осиёи Миёна" номид. Чун рамзи эҳтиром ҷома ва кӯлоҳи миллии қирғизиро ба Ҷӯрабек Муродов пӯшонид. Ҳофиз бо ин либос пораеро аз суруди қирғизии "Тӯмарим" иҷро намуд, ки аҳли толор бо ӯ ҳамовоз гардиданд.

Додарам Ҷӯрабек! Ҳар роҳ, ки як раҳ қадам занӣ, тиллохез гардад.

Чингиз Айтматов

3 jurabek murodov 444Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков аз заҳматҳои ин хунёгари бузурги тоҷик суханронӣ карда, саҳми ӯро дар тарғиби ҳунари ҷумҳуриамон бемисл номид. Вай изофа намуд, ки меҳмони халқи қирғиз агар ӯро дар сатҳи мамолики Осиёи Миёна баҳогузорӣ кард, аммо мо мутмаинем, ки Ҷӯрабек Муродов, - гуфт вай, - дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам чунин маҳбубиятро дорост. Чунин баҳогузорӣ ба ҳунари ҳунарпешаи мумтоз аз тарафи тамошобин бо кафкӯбиҳои бардавом пазироӣ гардид. Устод Ҷ. Муродов низ хушгӯӣ карда афзуд: "Ман носипос нестам" ва намунаи чандин сурудҳои халқу миллатҳои гуногунро иҷро намуд.

Бино ба гуфти худи ҳунарманд чунин маҳофил дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Тошканд, як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзодаву Шаҳринаву Ҳисор барпо гардид ва баъд аз пойтахт дар гурӯҳи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ идома меёбад.

Оре, суруду мусиқӣ сарҳад надорад. Ҷурабек Муродов низ ҳунарманди воқеии халқ, таранннумгари умеду ормонҳои миллӣ, мубаллиғи суруду таронаҳои миллист. Дар халқ мегӯянд: "Хушбахт касест, ки ӯро мардум интизоранд, хушбахт онест, ки ӯро мардум дӯст медоранд". Ҷӯрабек Муродов аз қабили ҳамин гуна инсонҳост.

Адиби машҳури рус Антон Павлович Чехов фармудааст: "Инсонро бояд ҳама ҷиҳаташ зебо бошад: ҳам қиёфа, ҳам дил ва ҳам тафаккураш". Дарвоқеъ, устод Ҷӯрабек Муродов соҳиби ин гуна нишонаҳост. Худованд ба вай қомати расои саҳназеб, овози форам ва андешаи фарохро, ки ҳама аз вуҷудаш ба якборагӣ бархоста, тамошобинро мафтуни истеъдоду маҳораташ мегардонад, арзонӣ доштааст. Сурудаш садои кабки хушхон, шилдироси чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, нағмапардозиаш шаъшаапошии ситораҳои осмонро ба хотир меорад. Солҳост, ки қалбҳои на танҳо мухлисони тоҷик ва ҳатто хориҷи кишварро низ пур аз шодию фараҳ мегардонад. Дар халқ беҳуда "қадри зар заргар бидонад, кадри ҷавҳар ҷавҳарӣ" нагуфтаанд. Шояд ҳамкории устоди сухан, шодравон Мирзо Турсунзода ӯро ба ин дараҷа маҳбуби дилҳо гардонд.

Бешубҳа, Ҷӯрабек Муродов, дар сароидани сурудҳои ишқӣ- лирикӣ, халқӣ, фолклорӣ, классикӣ беҳамтост. Маҳорати овозиашро муҳаққиқон сопранои лирикӣ муайян кардаанд, ки худ гувоҳи ин аст. Матни олӣ, мусиқии форам ва маҳорати фитриаш имкон додааст, ки ӯ ҳар кадом аз ин гуна суруду навоҳоро моҳирона иҷро намояд. Дар байни сурудаҳояш "Ватан", "Нонреза", "Дили модар", "Дидори ёр", "Рамзе шунав", "Илтиҷо", баъдтар "Ушшоқ", "Гиря" "Савти мискин", "Гулузорам", "Муноҷот" "Қӯшчинор" ва ғайра хеле машҳуранд.

Таманнои мо ин аст, ки асло овозашон хаста ва дилашон шикаста нагардад. Бигузор доимо болои саҳна бошанду ба мардум хушҳолӣ ва саодати бепоён биоранд.Зиҳӣ, чунин санъаткори тоҷик бо ин ҳама ҳунару маҳорат, садоқат ва одамият!

Ҳотами Ҳомид, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi