04:58:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Ибни Қори Хоҷа Пӯлодхон охирин шоире, ки "Варқа ва Гулшоҳ" навиштааст

Ва ҳам қиссаи ба дасти ӯ расидани хомаи эшони Султон

Ибни Қори Хоҷа Пӯлодхон шоир, донишманд, хаттоти чирадаст, донанда ва паҳнкунандаи таърих ва адабиёти ниёгон аст. Вай дар муддати беш аз 85 соли умри пурбаракати худ даҳҳо асар навиштаву бархе аз осори адибони гузаштаи халқамонро бо хатти зебо хаттотӣ кардааст.

1-pulodkhon 1111Намунаҳои хати зебояш  дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расидаанд. Ибни Қори Хоҷа Пӯлодхон хамчун пири хирад ва хикматёр дар навишта ва суханҳояш мардумро ҳамеша бо роҳи рост, адолату ҳақиқат, лутфу меҳрубонӣ даъват мекунад. Шеъру мақолаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврии кишвар бисёр ба нашр расидаанд. Ибни Қори Хоҷа Пӯлодхон дар суханрониҳояш аз тариқи радиои ҷумҳурӣҷавононро бо пандҳои судманд ба сӯи донишомӯзӣ, ифтихори ватандорӣ даъват менамояд.

Ёде аз падару устоди падар

Ибни Қорӣ Хоҷа Пӯодхон аз ҳаёти гузаштаи худ чунин қисса мекунад: "Баъди инқилоби Бухоро ва рӯи кор омадани давлати шӯроҳо падарам, ки барои таҳсили илм ба Бухоро рафта буд, баъди 12 соли илм омӯхтан бо ҳамроҳии 8 шарикдарсаш ба ватани худ Қаротегин, қишлоқи Шулонак бармегардад. Дар ин қишлоқ домулло Насриддин, ки 20 сол дар Бухоро хонда дар ду хар китоб оварда буд, ду мадраса обод карда, ба дарс додани толибилмон машғул буд. Домулло Насриддин падарам, яъне Қорӣ Назрихоҷаро даъват карда фармуд, ки 20 нафар аз толибонро ба хона бурда, дарси қироат ва таълими хаттотӣ диҳад. Баъдан падарам хонадор шуд.

Домулло Насриддин аз олам дар гузашт. Толибонаш, ки 200 нафар буданд, дар ихтиёри падарам монда, аз ҳар дарс таълим мегирифтанд. Зеро падарам баъд аз Бухоро омадан 6 соли дигар дар назди домулло Насриддин, яъне то вақти маргаш фанҳои мухталифи улуми исломиро омӯхта буд. Баъдан дар соли 1931 ман, ибни Қорӣ Пулодхон, ба дунё омадам. Дар ин вақт давлати Руссияи шӯравӣ тамоми Қаротегинро гирифта, ҳамаро колхоз карда буд. Чун ман даҳсола будам, падарам баъди таълими Қуръону Чаҳоркитобу Ҳофизу Бедил ба машқи хатти форсии ниёгон машғулам гардонд.

Боғбони ниҳоли адаб

Падарам низ хаттоти машҳур буд, пеши ӯ хаттотиро омӯхтам, ба ҳадде ки ба Мирзо Пӯлодхони хаттот машҳур шудам. Ҳамзамон дар назди падарам аз аксари илмҳои зарурӣ низ таълим гирифтам. Барои некӯ шудани ҳусни хат чандин китоб навиштам, аз он ҷумла ду Чаҳоркитоб, як Ҳофизи дастнависи зебо ва як Бедил ба хатти настаълиқи шикаста. Баъди бистсолагиам раисон ва соҳибмансабони колхози қарияи Шулонак 8 боғро, ки соҳибонашон муҳоҷир шуда, ба сӯи Ҳисор рафта буданд, ҳамаро, қонун бароварда боғи колхоз гуфта, бо иҷозати падарам ба ман супурданд.

Баъди чанд соли дигар, ки шарикдарсони падарам ба хонаи мо рафту омад мекарданд, ман як ҷои хоб дар он боғ карда, ба хондани дарс ва китобнависӣ дар назди падарам солҳое чанд машғул будам. Домулло ва эшонҳое, ки дӯсти падарам буданд, китобҳои навиштаи маро дида ҳавасманд мешуданд, ки ин касбро ба фарзандонашон таълим диҳам. Онҳо фарзандҳои худро ба он боғ дар ихтиёри ман барои таълим монда мерафтанд.

Хомаи эшони Султон

Дар он солҳо аз тарафи давлат барои хондан ва нахондани илми арабӣ ва исломӣ кас кордор набуд. Фақат дар номат кор талаб мекарданд ва хондани мактабҳои худро талаб доштанд. Ман ҳамчу боғбон дар идораи колхоз номнавис шуда будам. Бо  шогирдонам кору посбонии боғро адо мекардам. Аксаран шаб ва баъзе рӯзҳо барои дарс ва машқи хат вақт ҷудо карда будем. Дар назди боғ як шиғ, дар миён, он тараф қабристон буд. Бисёр ҳам пурфайз бад. Чандин домуллоҳои дар Бухоро хатм карда дар онҷо мадфун буданд  ва толибон баъди дарсро гирифтан ва баъзе дар назди падарам ва баъзе дар назди ман дар он мазор рафта, такрор карда меомаданд.

2-pulodkhon 1111Ва дар ҳамин вақтҳо буд, ки ҳазрати Эшони Саид аз Қурғонтеппа рафта дар хона меҳмон шуданд. Як писари эшон дар назди ман таълим мегирифт. Чун машқи хат кардани толибон ва чанд китоби навиштаи маро дид, бисёр хурсандӣ карда, гуфтанд як қалами табаррук аз Эшони Султон дар ман ҳаст онро ба Шумо мефиристам. Эшони Саид аз авлоди Эшони Султон буданд. Дар ҳамон сол Эшони Саид қалами табаррукро ба ман равон карданд. Аммо баъди чанде навиштан падарам гуфтанд, ки ин қалами табаррукро дар даруни як қаламдон бигузор.

Зеро қалам ҳамчун мушк аз куҳнагӣ сиёҳ шуда буд ва барои он ки тамом нашавад дар даруни як қаламдон бигузор. Ва ман  ин гуфтаи падарамро кардам. Бист сол баъд пири тариқати кишвар ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон аз ин қалам хабар ёфтанд. Аз ман умед карда, хоҳиш карданд, ки қалами табарруки Эшони Султонро ба он кас диҳам. Азбаски ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон хаттот буданд, қаламро ба он кас супурдам".

Номи китобҳое, ки Ибни Қорӣ дар тӯли 50 сол навиштаанд:

1. Анвоъ-ул-хутут. 2. Ҷомеъ-ул-ривоёт. 3. Ҷомеъ -ул-ривоёт мин ваъзи ва ҳикоёт. 4 Канз-ул-ҳумиён. 5. Ғарибнома. 6. Ҳаҷнома. 7. Маҷмаъ-ул-солиҳин. 8. Ғазалиёти кулл. 9. Ибратнома барои омма. 10. Таърих-ул-мазоҳиб. 11. Рубоиёти хоса. 12. Рисола дар тафсири сураҳои Қассас. 13. Рисола дар фазилати илм. 14. Таърих дар баъзе сабабҳои ҷанг дар Тоҷикистон. 15. Муноҷотнома. 16. Мавлуди шариф. 17. Қиссаи мозия фи амони ҳозира. 18. Нӯҳ панди падарона. 19. Ҳикояти ҷавони ошиқ. 20. Таърихи бузургони асри мо. 21. Марсияхонӣ. 22. Рисолаи мушкилкушо (тарҷума аз забони ӯзбекӣ ба назми форсӣ). 23. Таърихи мазҳаби қарматӣ ва таърихи ваҳҳобиён. 24. Гулдастаи адабиёт. 25. Арвоҳнома. 26. Таърихи хоҷаи  Қаротегинӣ. 27. Рисолаи сармашқ. 28. Ҳикояти шоҳи Қурған-ул-Вахш. 29. Гулзори муҳаббат. 30. Рисолаи таълим ва тарбия. 31. Қиссаи Варқа ва Гулшоҳ. (ба назм аз Ибни Қорӣ) 32. Лайлӣ ва Маҷнун (назм аз Ибни Қорӣ) 33. Рисола дар тариқати таълим ва тарбия.

Қариб сӣ китоби дигар аз асарҳои бузургони гузашта: Нур-ул-яқин, Анвонулбаён, Далоил, ду Ҳафтяки Абдулвоҳидӣ бо хатти Қуръонӣ, як Қуръон ва чанд баёз аз Аҳмади Ҷомӣ, Ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Амир Ҳамза ва Мактуботурҷол китобат карда шудаанд. Дар синни 70-солагӣ Возеъ-ул-баён, шарҳи Мавлавӣ Одинамуҳаммад ибни Мироқили Қаротегинро ба Мазҳари кулли-и Мавлоно Ҷомии сонӣ навиштааст. Имрӯз рисолаи Марсиянома ва Иршодулмуршидин, Фатвоулмасоил, тафсири сураи Ёсин, тафсири сураи Таборак ва дигар асарҳоро навишта истодааст.

Ибни Қорӣ Хоҷа Пӯлодхон, ки шогирдони зиёдеро ба воя расонда барои ин давлату миллат хизматҳои зиёде анҷом додааст, имрӯз дар ноҳияи Бохтар давлати пирӣ меронад. Мо ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ орзу намуда намунаи чандеро аз ашъораш пешкаши хонандагони арҷманд мекунем.

Порае аз достони "Варқа ва Гулшоҳ"

Биёрам, қисса аз давру замона,

Ба лутфи Ҳақ, Худованди ягона.

Зи даврони гузашта ёд орам,

Дили таърихдонро шод дорам.

Зи Ясрибу зи Бутҳӣ ин ҳикоят,

Ҳам аз акнофи ғарб орам ривоят.

Зи аҳди шуҳрати ислом ба дунё,

Шунидам қиссае, орам дар ин ҷо.

Маконе буд банӣ Шайбон мулаққаб,

Ба ҳусни хулқу гуфтори мураттаб.

Дар инҷо ду бародар буд сарвар,

Ҳумом буду Ҳилоли некахтар.

Намуданд он дуро мактаб равона,

Буда дар ҳусн он ҳарду ягона.

Шуда дар шонздаҳ бо илму фарҳанг,

Ба зӯру қуввату сурат-ба якранг.

Дабистон пур зи эшон нурпарвар

Гулистон пур зи ҳарду бӯи анбар.

Ба ҳар ҷо ҳарду як соат нишастӣ,

Халоиқ чамъ бар эшон бигаштӣ.

Яке бинти ъаму, дигар писаръам,

Набуд бар ҷони хешу ақрабо ғам.

Миёни ҳарду ишқ оташ гирифта,

Яке ҳамчу малак, дигар фаришта.

Ба қувват ҳарду машҳури замона,

Ба майдони набард он ду - ягона…

Ғазалҳо

Меравам, эй ёри ҷон, бошӣ саломат доимо,

Боз меоям, талаб дорам туро ман аз Худо.

Дасти бе зарро тамаъ кардан ба зоти ту хатост,

Эй парӣ, осон ба зар гардад накӯ ҳар муддао.

Меравам то баҳри осоиш бубинам чорае,

Мушкиле дорам, ки кас инҷо надорам муттако.

Аз сари сидқу сафоям деҳ ҷавобе чанд рӯз,

Дасти боло аббу аҷдоди маро додаст Худо.

То равам дар мушкилам баҳри ту созам илтиҷо,

Ҷаннатулфирдавс розӣ гашт, гуфтам алвидо.

Баъд аз ин азми сафар карду баромад ӯ зи шаҳр,

Такя бар зоти Худо хуб аст бар кас Қориё.

***

Ошиқонро ҷилваи пурхандаи дилбар хуш аст,

Дилбаронро шеваи шарму ҳаё бар сар хуш аст.

Андалебони чаманро ашк мебахшад фиғон,

Чаҳчаҳи булбул ба боғу кукуи кафтар хушаст.

Нолаҳои мурғи шаб бедор созад шайхро,

Обид аз тасбеҳ масту шоир аз дафтар хуш аст.

Зоҳидонро иттикофу сӯфӣ дар айни намоз,

Толиб аз дарси муаллим, воиз аз минбар хуш аст.

Кишту кор аз баҳри деҳқон, баҳри зан шӯи ҷавон,

Сарфи пул андар сахӣ, бар камбағал доллар хуш аст.

Самъи тифли навзабону нағмаи кабки дарӣ,

Сабки оҳанги Бухоро, тоҷро гавҳар хуш аст.

Яди байзо, дасти Исо, баҳри Искандар ҷаҳон,

Хӯрдани оби бақо бар Хизри пайғамбар хуш аст.

Дода бар Мӯсо асову савти хуш доду варо,

Ҳам Сулаймонро нигин, бар ҷони дев ханҷар хуш аст.

Амри Ҳақ бар Ҷабраил, Қуръон барои Мустафо,

Даъваташ баҳри Худо, ин дини пайғамбар хуш аст.

Баъд Бубакру Умар, Усмон, Алии Муртазо,

Бар сари кори шариат то абад раҳбар хуш аст.

Олимону воизон аз баҳри кори Мустафо,

Аз барои муслимин масҷиду ҳам минбар хуш аст.

Хусни хат бар Ибни Қорӣ дар китобат ёдгор,

Баҳри мардум монда дар девону дар дафтар хуш аст.

***

Дӯстӣ бо кас накардам - дӯсти ҷонам кас нашуд,

Бо касе ёрӣ накардам - меҳрубонам кас нашуд.

Нон надодам бар касе - аз кас надидам ними нон,

Хонаи мардум нарафтам - меҳмонам кас нашуд.

Хидмати касро накардам - хизматамро кас накард,

Посбони кас нагаштам - посбонам кас нашуд.

Силлии раҳме нашуд пайдо зи ман бар ақрабо,

Ақрабо аз ман малулу меҳрубонам кас нашуд.

То накардам ҳоҷати касро дар ин дунё адо,

Аз барои ҳоҷатам ёвар ба ҷонам кас нашуд.

То накардам ман салому пурсиши ҳоли касе,

Аз сари шафқат азизу меҳрубонам кас нашуд.

То нагуфтам рози дил бо роздонони ҷаҳон,

Машварат то ман накардам, роздонам кас нашуд.

То нагуфтам бо парирӯе: аз ишқат сӯхтам,

Огаҳ аз ишки ҷаҳон, сӯзи замонам кас нашуд.

То набастам ман забон аз ғайбати дигар касон,

Монеъ аз ғайбат ба ҷон нотавонам кас нашуд.

То накард Қорӣ китобат панду ҳикматро кассир,

Айбҷӯе аз ҳадди бинвиштагонам кас нашуд.

Таҳияи Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi