12:14:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёде аз шоҳи ҷаҳони Ишқ

Имрӯз, 14-уми июн, чун ҳамасола инак 35 сол боз дар сар то сари қаламрави забони форсӣҷашне таҷлил мегардад, ки дар ягон кишвари форсигӯён онро расман дар қатори ҷашнҳои давлатии хеш эътироф накардаанд.

0005

Вале мардуми заҳматкаш, алоқамандони мусиқии ноби ин кишварҳо онро ҳамасола бесаброна интизор мешаванд ва бо як дилгармиву меҳру муҳаббати самимӣ бидуни фармоише худҷӯшона таҷлил мекунанд. Ин ҳам бошад рӯзи таваллуд ва вафоти бузургтарин хунёгари Машриқзамин Аҳмад Зоҳири шаҳид аст. Мусиқиро ҷаҳони Ишқ мегӯянд. Ва Аҳмад Зоҳир ҳам дар як сурудаш барҳақ мегӯяд, ки «ҷаҳони Ишқро шоҳам». Тоҷикистони азизи мо дар ин қаламрав истисно нест.

Рӯзи 13-уми июн дар маҳфили илмӣ-фарҳангие, ки дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ.ҶТ баргузор гардид, ёде аз ин шоҳи олами мусиқӣ карда шуд. Ин маҳфил бо ибтикори Институти мазкур, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Рӯзгор» барпо шуд.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Институт Амирхӯҷа Абдураҳимов, номзади илмҳои филологӣ ва Қосимшоҳ Искандаров, доктори илмҳои таърих, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ҳусни матлаъ бахшиданд. Сипас доктор Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар бораи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон ва нақши Аҳмад Зоҳири фақид ва дигар ҳунармандони Афғонистону Тоҷикистон дар инкишофи ин робитаҳо суханронии пурмазмуну пурмуҳтавое кард.

0009

Дар ин маҳфил инчунин китоби Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» муаррифӣ шуд. Раҷабалӣ Худоёрзода, номзади илмҳои филологӣ дар бораи муҳтавои ин китоб ва ҳусну қубҳи он ба ҳозирин, ки аксаран донишмандони муассисаҳои илмии Тоҷикистон, донишҷӯён, журналистону фарҳангиёни тоҷик ва меҳмонони хориҷӣ буданд, иттилои судбахше дод. Шоир ва файласуфи шинохтаи тоҷик Назри Яздонӣ дар мавзуи «Аҳмад Зоҳир маънавиёт ва чаҳонишавӣ» суханронии ҷолибу пурмазмуне кард.

Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Академияи Улуми ҶТ, донишманд ва овозхони маъруфи Тоҷикистон ва Меҳриниссо шоираи тавонои кишвар, ки аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир маҳсуб мешаванду ифтихору шарафи борҳо бо ӯ мулоқот карданро доранд, дар ин маҳфили зебо хотираҳои дилангези худро аз суҳбатҳои хеш бо ин абармарди мусиқӣ бо ҳозирин дар миён гузоштанд.

Султони Ҳамад, муаллифи китоби «Аҳмад Зоҳиро ва мусиқии Ғарб» дар ин маҳфил дар бораи чи гуна эҷод шудани китоби мазкур ва нияту нақшаҳои худ дар оянда ибрози назар кард.

Бежани Салҷуқӣ, вобастаи фарҳангии Сафорати ҶИА дар Тоҷикистон аз дастандаркорони ин маҳфил ибрози миннатдорӣ намуд ва дар навбати худ умедворӣ кард, ки Аҳмад Зоҳир барин намояндагони барҷаста илму фарҳанг ва мусиқӣ дар оянда низ дар инкишофи равобити ҳасанаи дуҷониба нақши муҳим хоҳанд гузошт.

Дар хотимаи ин маҳфил Ҳотами Равшан, ҳунарманди маъруфи тоҷик, як гуруҳи овозхонҳое, ки маъмулан таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд, аз ҷумла Асадуллоҳи Шамсзод, Алӣ Сабурӣ, Шералӣ, Нурмуҳаммади Афғон, Анвари Эҳсон, Исматуллоҳ ва овозхонҳои ҷавону боистеъдод, аз ҷумла Алишери Суннатӣ ва Зебуннисо аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир таронаҳои ноби ӯро суруданд.

Аз ин ҷо Шумо гулчини аксҳоеро аз ин маҳфил пайдо хоҳед кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi