04:07:05 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳаққиқи ҷӯянда

Суҳбати Зариф Ибод, шоир ва нависанда бо Раҷабалӣ Худоёров, адабиётшинос, мунаққид, шоир ва рӯзноманигор

Дар миёни мо шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки аз ғояти хоксориву тавозӯъпешагӣ ҳунару истеъдоди эшон чун гавҳар дар садаф аз назарҳо пинҳонанд. Ин чеҳраҳо дар замири хеш олами рангинеро нуҳуфта медоранд, ки кашфи он на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ҳамсуҳбати ман зиёиест, ки дар дил як олам роз дорад. Ӯ шахсест, саропо дар илму ҳунар ғарқ ва бо ин сифатҳо аз дигарон дар фарқ. Ин тафовут дар он аст, ки мавсуф ҳам омӯзгору ҳам рӯзноманигор, ҳам муҳаққиқ, ҳам мунаққид, ҳам шоиру ҳам донандаи якчанд забонҳо мебошад. Вақте ки кас бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад, гуфторашро гуворову ҷонпарвар дармеёбад ва қарор додам, ки бо эшон мусоҳибае ороям, то дигарон низ аз олами рози ӯ бохабар шаванд.

rajabali-khudoyorov 1245665- Дӯстам, Раҷабалии Худоёр, то дараҷае, ки ман бохабарам, Шумо нахуст касби санъаткориро интихоб намуда, сипас ба пешаҳои омӯзгорию рӯзноманигорӣ,  пажӯҳандагию мунаққидӣ  рӯ овардаед. Оё аз санъаткорӣ ба омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ, муҳаққиқӣ, мунаққидӣ  ва дигар пешаҳо гузаштан бароятон душворие эҷод намекард?

- Солҳои дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа (ҳоло ба номи Носири Хусрав) ба сифати муаллими мусиқӣ  кор карданам, аз мо - омӯзгорон талаб мекарданд, ки ба кори илмӣ машғул шавем. Чун аз кӯдакӣ ба шеъру суруд майли зиёд доштам, ин чиз маро водор намуд, ки  фанни адабиётро дӯст дорам. Ҳангоми дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил карданам устод Саломи Нуриёни Баравнӣ фанни адабиётро ба мо ошиқона дарс медоданд. Дарси устодро бесаброна интизор мешудам, то аз гуфтори ӯ бештар баҳравар гардам. Устод бо сеҳри сухан ва тарзи шеърхонии худ дили маро ба адабиёт гарм кард. Ҳамин тавр бо маслиҳат ва ҳидояти ӯ шогирди профессор Аълохон Афсаҳзод (рӯҳашон шод бодо!) шуда, ҳамчун пажӯҳандаи адабиёти классикии тоҷику форс ба тадқиқи жанри ғазал пардохтам.

Ёд дорам, ки ҳанӯз 31-уми октябри соли 1990 вақте хабари тасдиқу таъин шудани номи мавзӯъ  ва роҳбари илмиамро шунидам, хурсандиам ҳадду канор надошт ва он замон дар симои олимону адибони ин соҳа беҳтарин шахсиятҳоро медидам ва дар дил орзу мепарваридам, ки кош ман ҳам омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шаваму ба шогирдон аз олами асрори шеър сабақ диҳам… Шукри Худо, ки ба ин орзуям расидам ва рисолаи чандин сол муқаддам навиштаамро 4-уми феврали соли 2010 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ,  профессор, Ҷӯрабек Назриев дифоъ намудам ва ҳамчун олими адабиётшинос пайи тадқиқу таҳқиқ мебошам.

-Сабаб чӣ буд, ки рисолаи чандин сол пеш навиштаатонро баъди 20 сол ба ҳимоя пешниҳод намудед?

-Дар ҳақиқат бояд ман кайҳо рисолаи навиштаамро дифоъ мекардаму сазовори унвони илмӣ мешудам, аммо дар ин муддат якчанд сабабу омилҳо имкон намедоданд, ки орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшад. Аввал, ҷанги шаҳрвандии дар кишварамон ба вуқӯъ омада. Дуввум, устоди меҳрубону ғамхорам профессор шодравон Аълохон Афсаҳзод (1935-1998) аз олам гузаштанд. Савум, шароити иқтисодӣ ва вазъи оилавӣ имконам намедод, ки дар ин кор устуворона қадам гузорам. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу тадқиқ даст накашидаам ва то ҳанӯз ҷӯяндаву пӯяндаи ҷодаи илм мебошам.

-Бубахшед, Шумо гуфтед, ки ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу тадқиқ даст накашидаед. Шояд дар ин муддат чӣ қадар мақолаю рисолаҳо навишта ба нашр ҳам расонида бошед?

Аз соли 2010 то ба имрӯз зиёда аз 70 мақолаи илмиву оммавӣ ва тақризҳо навиштаам, ки аксари онҳо дар рӯзномаҳои "Адабиёт ва санъат", "Ҳамрози халқ" ва маҷаллаи вилоятии "Сафо" интишор гардидаанд.

Дар мақолаҳои зикршуда мавқеи ғазалро дар достонҳои ишқӣ, таърихӣ, қамосии асрҳои 10-15 мавриди тадқиқ қарор додам ва дар ин мавзуъ дар илми адабиётшиносӣ ба ҷуз ишораҳои баъзе олимон кори ҷиддие сурат нагирифтааст.

-Тавре ки иттилоъ дорем, Шумо бо вуҷуди серкориатон дар нақди адабӣ низ қувваозмоӣ намуда, ба чандин китобҳо тақриз навиштаед. Мегуфтед, ки дар ин ҷабҳа то куҷоҳо даст ёфтаед?

- Бо тақозои кори илмиам солҳои зиёдест, ки ба пажӯҳиш ва таҳқиқи осори классикони тоҷику форс машғулам ва ҳамзамон дар ин муддат бо рисолаҳои тадқиқию таҳқиқии олимони соҳа низ ошноӣ пайдо намудам. Ҳамин алоқамандӣ бо адабиёти бадеию илмӣ инҷонибро водор намуд, ки ба ҳар як китоби мавриди назар қарор додаам ба чашми ҳақиқатнигорию  интиқодӣ бингарам. Бегумон, ин гуна муносибат касро барои муайян намудани ҳусну қубҳи китоб, аниқию  саҳеҳии матн, бурҳону далелҳои дар он овардашуда, риояи вазну қофияи шеър ва мантиқу таносуби каломи мавзун равона месозад.

Инҷониб барои дар ин ҷабҳа таҷриба ҳосил намудан, тақризу китобиёт ва нақди адабиётшиносону мунаққидонро то андозае мавриди омӯзиш қарор додам. Чунин майл бандаро ба сӯи нақди адабӣ кашонд ва худ низ ба навиштани мақолоти нақдӣ шурӯъ кардам.

Албатта, ҳамаи навиштаҳои банда аз лиҳози касбият шояд дархӯри замон набошанд, вале гумон мекунам, ки онҳо дар нишон додани ҳусну қубҳи сухани бадеъ барои хонанда аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Тавре ки ба аҳли илму адаб маълум аст, китобҳое, ки солҳои охир ба нашр расидаанд, ками андар кам нақд мешаванд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нақди адабӣ дар ҷумҳуриамон чандон ривоҷ надорад. Ба ҷуз чанд тан мунаққидони варзида дигарон ба он камтар майл доранд. Дар ҳақиқат ноқидӣ кори душвору сангин буда, аз мунаққид дониши амиқу ҳаматарафа, забондонӣ, нозукиҳои эҷод, сабру таҳаммул, таҳлилу бардошти аниқ ва маҳорати ҷӯяндагӣ ва огаҳӣ аз равандҳои адабиро тақозо мекунад. Агар нақдгар аз якеи ин гуфтаҳо маҳрум бошад, нақди ӯ чандон саҳеҳу боэътимод намебарояд ва ба асари илмию бадеӣ баҳои холисонаву сазовор дода наметавонад.

Доир ба душвории ин кор адиби Эрон Алиакбари Касмоӣ дар мақолаи бо унвони "Мушкилоти наққодӣ дар адабиёт" навиштааш чунин овардааст: "Вазифаи ноқид нақди касон нест, балки нақди осори касонест, ки андешаҳо ва эҳсосот ва авотифи худро ба сурати шеъру наср ва ё ба шаклҳои дигари ҳунарӣ падидор месозанд. Бино бар ин ноқид бояд осори адабӣ ва ҳунариро дар саранди (ғирболи) нақд бирезанд, на соҳибони осорро… Ва ноқиде, ки бештар аз асар бо офарандаи асар кор дорад ва ба ҷои он, ки бигӯяд асаре аз чӣ рӯй ҳақир аст, мекӯшад то соҳиби асарро ҳақир ҷилвагар бисозад, шоистаи кори хатири нақд нест".

Бояд қайд кард, ки танқиди адабӣ низ як шохаи илми адабиётшиносист. Ҳар як олим ва муҳаққиқи соҳаро лозим аст, ки аз нақди адабӣ нек бохабар бошад. Камина то имрӯз ба китобҳои мутааддиде тақриз навишта, ҳусну қубҳи онҳоро аз дидгоҳи худ низ доварӣ кардаам. Тавре, ки дар боло зикр кардам, аксари тақризҳои навиштаам дар ҳафтаномаи дӯстдоштаам "Адабиёт ва санъат", маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Сафо" ва дигар рӯзномаҳо ба нашр расидаанд, ки инҳо мебошанд: "Парешониҳо дар "Ганҷи парешон" (А. Ҳабибов. "Ганҷи парешон", 1984), "Му аз рӯзи азал тоҳир бизодам" (Бобо Тоҳири Урён. "Таронаҳо", 1992), "Зираку оқилу ҳушёр бимон, Хайрандеш" (Хайрандеш. "Сад қатра ашк", 1994), "Рисолае дар васфи асп" ( Ҳ. Муродиён, Х. Қурбонзода. "Шоҳпари инсон", 2004), "Навишта бояд беғалат бошад" (Фазлиддини Муҳаммадалӣ. "Шарораҳои дил", 2004), "Шоири ҷӯянда" (Озар. "Як саҷда гул", 2005), "Гуфтори тоҳир аз Аҳмад Зоҳир" (С. Ҳамад. "Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо", 2005), "Бӯстони пургул" (Ҳ. Роъун, Н. Қосим. "Як сарзамин муҳаббат", 2005), "Сарояндаи таронаҳои ҷовид" (Исфандиёр. "Аҳмад Зоҳир - сарояндаи солҳову садаҳо", 2005), "Аҳмад аз тавҳид мегӯяд сухан" (Аҳмади Ҷомӣ. "Жандапил", 2008), "Китоби хубу арзанда" ("Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ", 2007), "Осори комили Одамушшуаро" (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. "Ашъор", 2007), "Гулшани тарона" (Исфандиёр. "Як мушти шеъру як мушти оҳанг", 2007) "Дарёи мусаффои шеър" (Аскар Ҳаким. "Замини сабзи боварҳо", 2007), "Маликушшуарои Ҳисори Шодмон" (Парии Ҳисорӣ. "Ашъори мунтахаб", 2008), "Ташреҳномае дар сиёсати Президент" (Ҳабибулло Ёров. "Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон", 2009), "Тазкори шеъри Ҳирот - тавъам ба иштибоҳот" ("Тазкираи шуарои муосири Ҳирот", муртаттиб Қурбон Восеъ (2010), "Парвози хаёл"-ро пари солим бояд" (Файзуллоҳи Муҳаммадалӣ. "Парвози хаёл") (2011), "Шоири шеърҳои ноб" (қайсари Аминпур. "Як дарича осмон", 2010), "Як сафинаву чор шоир" ("Навниҳолони боғи адабиёт", 2012), "Шамъи фурӯзони хотираҳо" (Хоналӣ Қурбонзода. "Ёд бод, он рӯзгорон…", 2012), "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб", Султони Ҳамад. "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии ғарб", 2012), "Баёзи баҳории хубони хатлонӣ" (Робия. "Лабханди баҳор", 2012), "Оҳи зан" - китоби сабақомӯз" (Давлати Шоҳэътибор. "Оҳи зан", 2013), "Симои Аҳмад Зоҳир дар "Султони қалбҳо" (Султони Ҳамад. "Султони қалбҳо", 2012), "Номае саршор аз ҳуввияти миллӣ" (Марямбонуи Фарғонӣ. "Шаҳболи хаёл", 2011), "Таҳқиқ ва ифшои румузи шуаро" (Алиасғари Шеърдӯст. "Шеъри муосири Эрон", 2012), "Тазмин ва татаббуи Ҳофиз" (Муҳаммадризо Тоҷдинӣ. "Дарёи шеъри форсӣ, киштии шеъри Ҳофиз", 1391), "ғараз аз шеър маънӣ асту мазмун" (Аҳлиддини Ҳисорӣ. "Минои завӣ", 2012) ва ғайра.

-Чи тавре, ки мо хабар дорем, Шумо роҳбари маҳфили адабии "Гулбазм"-и шаҳри Сарбандро бар дӯш дошта, худ низ бо тахаллуси Дилреш ва Дилҷӯ шеър мегӯед. Аз таъсиси маҳфили "Гулбазм" имрӯз ҳабдаҳ сол сипарӣ шуд. Мегуфтед, ки дар ин муддат маҳфил дар тарбияи қаламкашон чӣ нақше гузоштааст?

-Маҳфили адабии "Гулбазм"-и шаҳри Сарбанд дар тӯли ҳабдаҳ соли фаъолияти худ натанҳо дар миёни ҳаводорону мухлисони сарбандии худ, балки дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ низ маълуму машҳур гардид.

Солҳои 80-уми асри гузашта дар маркази вилояти собиқ Қӯрғонтеппа маҳфили адабии "Гулбарг" фаъолият дошт ва онро марҳум Пиримқул Сатторӣ роҳбарӣ мекард. Камина, ки худ ба он маҳфил шомил будаму аз мактаби устодоне чун Пиримқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Ғафур Мулло, Саидҷамол Зиёӣ, Исроили Иброҳим (рӯҳашон шод бодо!), Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Сиёвуш, Қиёмиддин Сатторӣ, Нуриддини Ҷаронӣ ва аз Шумо баҳраҳо бардоштаам ва меҳри сухан, хоса шеъргӯиву рӯзноманигорӣ аз ҳамон замон дар дилам ҷӯш мезад.

Тавре, ки худ шоҳид будед, баъди сар задани ҷанги бемаънии солҳои 90-ум ин маҳфил аз фаъолият бозмонд ва чанд муддат адибону қаламкашони вилоят ба ёди касе намерасид. Хушбахтона, аз соли 1993 маҳфили адабии вилоятӣ бо омадани шоир Хайрандеш дубора барқарор шуд. Инҷониб аз эҳёи дубораи маҳфил шод шуда, яке аз иштирокчиёни фаъоли он ба ҳисоб мерафтам. Ин буд, ки дар ин давра барои маҳфилороиву таҳрир кардани шеъру ҳикояҳо то андозае малака ҳосил намудам ва дар нати?а моҳи апрели соли 1997 вақти дар вазифаи мудири шуъбаи умумии Ҳукумати шаҳри Сарбанд кор карданам, маҳфили адабии худро ташкил додам. Маҳфилро бо ризоияти умум "Гулбазм" номгузорӣ кардем. Пас аз муддате ба маҳфил аз тамоми гӯшаву канори шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Данғара, Хуросон ва Шӯрообод эҷодкорон маҳсули эҷоди хешро барои муҳокима меоварданд.

Вақте ки маро муҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Нури Сарбанд" таъин карданд, маҳфили "Гулбазм" низ дар назди идораи рӯзнома фаъолият карда, моҳе ду маротиба доир мегардид. Барои он ки сокинони Сарбанд ҳам аз навигариҳои шаҳру ҳам аз эҷодиёти иштирокчиёни маҳфил баҳравар гарданд. Ба хотири ҷалб ва ҳавасмандии аъзоёни маҳфил  шеърҳои навқаламонро таҳрир намуда, дар рӯзномаи шаҳрӣ тез-тез ба нашр мерасонидам.

-Вақтҳои фориғ аз коратонро ба кадом машғулиятҳо мегузаронед?

-Зиёда аз 30 сол аст, ки ба ҷамъоварии ашъори шоирони муосири Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон машғулам. Хондани китобу рӯзнома, навиштани мақола, веростории осори ниёгон (аз хати форсӣ ба хати кириллӣ), эҷоди шеър, тамошои телевизион, шунидани суруду тарона, омӯхтани забонҳо, навохтани асбобҳои мусиқӣ шуғлҳои доимии мананд, ки бе онҳо ҳаёти худро бетароват мешуморам. Суруду мусиқӣ дар ҳаёти ман нақши муҳим доранд. Зиёда аз 30 сол аст, ки мухлис ва ҳаводори таронаҳои сарояндаи нотакрори Машриқзамин - Аҳмад Зоҳирам. Баъзан дар маҳфилҳои дӯстон сурудҳои ин сарояндаро замзама мекунам, ки бароям хеле гуворост.

-Дар охир суоли маъмулӣ. Барои оянда чӣ нақшаҳо ва орзуҳо доред?

-Ният дорам, ки кори докториамро анҷом дода, онро дифоъ намоям. Дигар нақшаҳои зиёде дар дил аст ва баҳри амалишавии онҳо талош дорам. Соли 2011 забони яғнобӣ (суғдӣ)-ро омӯхтам ва ҳоло бо ин забон озодона гап мезанам ва суруд ҳам мехонам. Орзу дорам, ки вақт ёфта ба дараи Яғноб рафта, бо мардуми суғдизабони ин мавзеъ гуфтугӯ кунам. Боз ҳам мақсад дорам, ки дар оянда ашъори шоирони Афғонистонро бо номи "Баҳористони ғазал" ва "Девони Воқифи Лоҳурӣ"-ро пешкаши хонандагон гардонам Инчунин китобҳои дар мавзӯи нақди адабӣ навиштаам: "Гуфтор аз савту калом" ва "Таҳқиқ ва нақди осори адабӣ"-ро ба нашр расонаму ҳамчун мунаққид ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавам.

- Барои суҳбати самимӣ ба Шумо як ҷаҳон ташаккур. Хоҳони онем, ки дар ояндаи наздик Шумо кори илмии худро дифоъ намуда, чун мунаққиди шинохта ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавед.

- Ташаккур!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi