05:48:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шаст соли худованди Сармаддеҳ

15-уми июн ба зодрӯзи яке аз маъруфтарин адибони муосири тоҷик Баҳманёр 60 соли пур мешавад. Баҳманёр аз ҷумлаи эҷодкоронест, ки ба адабиёт бо услубу шеваи навишти худ ворид шуд. То ӯ касе дар кишвар дар навиштани ҳикоя чирадаст набуд. Вай диди хосе ба зиндагӣ дорад.

bahmanyor-45851255Сармаддеҳ маконест, ки ӯ дар тахайюли худ офаридааст, инсонҳо бо сарнавишти аҷиб, манзараҳои назарфиреби як деҳаи куҳистонӣ, номҳои ҷуғрофии хеле назаррабо… Ва ҳар касе маҷмуаъи ҳикоятҳои ду китоби "Сармаддеҳ"-ро мутолиа мекунад, пай мебарад, ки ин ҳама пайванди ногусастание миёни ҳам доранд. Ҳар ҳикоя ба назар мерасад идомаи ҳикояи дигар аст, чун сарнавишти як деҳаву як мардум аст.

Ва Баҳманёр аз оғози роҳи эҷодӣ то ба имрӯз дар пажуҳиши ҳамин Сармаддеҳ аст. Вай аз як сарнавишт ба сарнавишти дигар Сармаддеҳи худро комилтару пурратар мекунад ва хонандаро бо худ сайри ин деҳи афсонавӣ мебарад.

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Модараш кадбону буд.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби № 3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакат гирифтааст. Хатмкардаи бахши арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин мебошад.

Бо маслихати журналисти шинохта Шодӣ Саид дар Душанбе мондааст ва мегӯяд аслан дӯстии ӯ бо писари Шодӣ Сайид дар сарнавишташ нақш бозидааст. Бо кӯмаку дастгирии ӯ баъди хатми донишгоҳ вай ба Кумитаи садо ва симо ба кор даромадааст ва ҳатто бо ёрии ӯ соҳиби манзил дар шаҳр шудааст. Соли 1981 ба рӯзномаи тозатаъсиси "Маданияти Тоҷикистон" ба сифати хабарнигори фарҳангӣ ба кор даъват шуд.

Муддати ду сол дар Либия мутарҷими арабӣ ба русӣ ва русӣ ба арабӣ будааст. Баъди бозгашт ба ҷои кори пешинаи худ, ки он замон нашрия "Маданияти Тоҷикистон" ба "Адабиёт ва санъат" табдили ном карда буд, ба кор идома дод. Баъдан мудири шӯъбаи насри маҷаллаи "Садои Шарқ" таъин шуд ва то соли 1992 дар ҳамин вазифа кор кард.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодагоҳаш рафт ва муддати қариб даҳ сол он ҷо зиндагонӣ ва эҷод кард. Соли 2002 аз Иттифоқи нависандагон даъват карданд. Омад ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони кишвар "Садои Шарқ" таъин гардид.

Оиладор аст ва соҳиби ду писару ду духтар мебошад. 

Асарҳояш дар шакли китоб бо номҳои зерин дар шаҳри Душанбе ба табъ расидаанд:

"Ишқи сайёд" (1984);

"Асби обӣ" (соли 1988);

"Дуди ҳасрат" (соли 1992);

"Сармаддеҳ" (соли 2002);

"Шоҳаншоҳ" (соли 2007).

"Сармаддеҳ" (китоби дуюм,2014)

Ду китобаш бо забони русӣ ва ҳикояву повестҳои ҷудогонааш бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, итолёӣ, эстонӣ ва ғайра чоп шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ аст.

ӯзгор" нависандаи хушбаён Баҳманёрро ба муносибати шастумин солгарди баҳори умраш муборакбол мекунад ва барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорад.

Ҳикояе, ки дар зер меояд, аз китоби дуюми "Сармаддеҳ" аст, ки соли равон дар нашрияти "Истеъдод" чоп шудааст.

ДОҒИ ЯХ

Хона нимарӯшан буд. Чароғи мумсик чунон месӯхт, ки ангор нур намеафканд, ҷон меканд.

Ҷомаро ба тан печида буд Ниёз. Аз ҷома барои худ қалъа сохта буд, қалъаи Аламут, ҳарчанд Ҳасани Саббоҳ набуд, ҳарчанд кеши тозаеро ҷонибдорӣ намекард, пайраву пайгире ҳам надошт. Як марди одии бечорае буд, ки лак-лак меоянду мераванд, пурармон, бенишон.

Аз будану набуданашон суде нест.

Ба синни мубораки панҷоҳ расида буд ва ягона писарашро зан дода буд. Писараш шубон буд, Муроди Чӯпонак мегуфтандаш, ду-се моҳ як раҳ меомад, ҳафтае меистоду мерафт. Маълум набуд Ниёз синҳорбон буд ё синҳор хусурбон.

Қабл аз арӯсии фарзанд Ниёз аз хонаи асосӣ, ки иборат аз як ҳафтболор ва як даҳлез буд ба меҳмонҳона кӯч баст. Меҳмонхона дуртар аз хонаи асосӣ, назди дарвоза буд, як хоначаи панҷболор буд, ба ҷои даҳлез як шипангчаи кафшкан дошт. Синҳор хӯрду хӯри ӯро ҳамин ҷо меовард. Арӯс ҳеҷ гоҳ бо хусур сари як дастархон наменишаст.

Синҳор рӯзи дароз як лаҳза ором набуд. Чӣҷумбуҷӯл мекард барои падаршӯ торик буд. Хоҷагиашон хурд буд. Моли парвоӣ ва дӯшоии зиёд ҳам надоштанд. Ҷамъ ба ду-се соат кор буд ҳама рӯз. Аммо синҳор аз каллаи субҳ то пои шом ҷумбуҷӯлу такопу дошт, ангор як ферма ё як корхона ба зиммааш бошад.

Соле пеш зани Ниёз аз дорулфано ба дорулбақо рахт баста буд. Дардманд буд, орзӯяш ҳамин буд, ки ягона фарзандашро соҳибдор бубинаду баъд бигузорад рӯҳи лаббафарёд ҷисми пуразобашро тарк бигӯяд. Дар сарнавишти талху шӯраш сатре дар ин бора мундариҷ набуд магар рӯзе аз по афтоду дигар барнахост.

Ҳама бар ин буданд, ки Ниёз аввал зани мувофиқи соли худ биёбад ва он гоҳ барои фарзанд ҷуфт биҷӯяд.

Аммо ҳанӯз Ниёз ба хулосае наомада, писараш арӯсаке хуш кард, бетоқатӣ зоҳир кард, "ночор пеш омаду хуш омад" гуён синҳор овард ба хона.

Арӯсу домод чиларо гузаронданд, домод паи кораш рафт, ду-се моҳ буд назди рама ва ҳафтае хона меомад.

Ниёз бо сари қоқаш танҳо монд. Ва ҳоло маълум набуд хусур синҳорбон аст ё синҳор хусурбон.

Танҳо дар хона менишаст, танҳо нон мехӯрд, танҳо хуфтухез мекард. Соҳиби хона не, сояи хона шуд, ангор ангушти шашум буд: буданаш безарар аст, набуданаш хуштар аст. Ин буд, ки рӯзи дароз як нони танӯриро ба миён мебаст, субҳи барвақт аз хона мебаромад, киштзор мерафт, то тафси офтоб кор мекард, баъд нонро дар Кафкрӯд тар мекарду мехӯрд, ба сояи бед дароз мекашиду хоб мерафт, ду-се соат хоб мерафт, баъд то офтобшин боз машғули кор мешуд, шом ба хона бармегашт, шомиёнаи синҳор омодасохтаро мехӯрду сар ба ҷогаҳ мениҳод.

Ҷогаҳ сард буд, сардии онро ҳар рӯз бештар эҳсос мекард, набудани ҳамсӯҳбат ҳар рӯз бештар дарк мешуд, хона дар назараш ҳар рӯз тангтару тангтар мегашт, нафас рост кардан намемонд, харонояшро меҷафид, ҷисму танашро чанг мезад, мефушурд, мебалъид, баъд ӯро дар сурати як лахт палтармаи хоидаву макида қай мекард. Ва ӯ ҳар субҳ худро ҷамъ месохт, зара-зара, порча-порча худро ба сурати Ниёзи занмурдаву дилсӯхтаву дар тафсгашти хуршеди умраш сардмонда медаровард, ноне ба миён мебаст сари киштзорҳо мерафт.

Бешитоб, боҳавсала, покиза кор мекард. Ин ҳамон айём буд, ки мардум базла мезаданд: Ниёз марзаи аспистро чунон оҳиставу покиза мисли Яздони Малла медаравад, ки то ба охири марза расидани ӯ асписти пушти сараш боз даравӣ мешавад. Ва рӯзгори ӯ ба ҳамин минвол ба дорозо мекашид, то он рӯз, ки манзараи шигифтангезу шаҳватхезеро дид ва гуноҳи кабира содир кард, хайёлан содир кард.

Аммо чӣ гуноҳе!

Пайомадаш ҳамин шуд, ки омаду ҷомаро ба тан калъаи Аламут сохт. Ҳолаш ба вазъи ҳамин чароғи мумсик буд, ки чунон месӯхт ангор нур намеафканд, бал ҷон меканд.

Он рӯз ҳам сари субҳ ба киштзор омад. То қиёми офтоб заҳмат кашид. Арақшор шуд. Нафас рост кард, бо дилтангӣ ба ёд овард, ки аз рӯзи синҳор овардан то бад-ин рӯз боре ҳам тан нашустааст.

Қаблан ҳафтае як раҳ дар ташноби даҳлези хонаи асосӣ тан мешуст. Як гӯшаи даҳлезро деворак гирифта, дарбача зада, ҳаммомаке сохта буд. Ҳоло ки хонаи асосӣ аз ӯ набуд, ҳаммомак низ. Кафкрӯд бо тунукобае ки назди деҳ дошт, чун даст метофт, моли бачагон буд. Ҳатто ҷавонони навхат аз пеши чашми мардум тан шустан ибо мекарданд. Қонуни нонавишта буд. Касе маҳкум намекард, кордор ҳам шояд намешуд, аммо Ниёз ёд надошт духтарбачае ё ҷавонмарду солоре дар тунукоба обтанӣ карда бошанд.

Ба ногоҳ чеҳрааш шукуфон шуд, шаршари чашмаи Муғон ба ёдаш омад. Оби чашмаи Муғон аз фарози Буздавак поён меомад, дар расидан ба Кафкрӯд маҷро шаршаре сохта буд, баланд набуд, як қади одам буд, анбӯҳи ангату муша онро аз чашмҳо пинҳон медошт, азбаски обаш хеле сард буд, он ҷо касе обтанӣ намекард.

Аммо ин тур набудааст, нафаре ӯро пешдастӣ карда буд. Даставвал макони мақсудро ишғол дида, бозгаштан хост, чун дар оббоз гесуҳои дарозро мушоҳида кард, дилаш таҳ хӯрд: "зан!". Пойяш суст шуд, бемадор ба замин нишаст, заработи қалбаш афзуд, ба худ коре наметавонист бикунад, ғайри ихтиёр пеш хазид, дар масофаи начандон дур аз зан қарор гирифт, паси анбӯҳи буттаҳо буд, касе ӯро ташхис дода наметавонист.

Зан сар хам карда буд, пушт ба пармоси роҳатбахшу сард гузошта буд, гесувонаш рӯяшро пӯшида, аз гардан поён ду қисм шуда буд, аз роғи онҳо синаҳои таранги норпистон ва шиками булӯрин метофт, аз камар поён танҳо об, ки рӯи пӯсти сафеду ронҳои ғафсаш мешорид, поҷома шуда буду бас.

Ниёз, ки ҳатто тани зани худро бараҳна надида буд - раҳматӣ хеҷ гоҳ намегузошт, ки пироҳани шабпӯшашро аз тан бикашӣ - ба ин мӯъҷизаи пеши чашмонаш лолу мабҳут менигарист... Лаҳзае пас пай бурд, ки вай аз ин дурӣ пайкари булӯрини лағжонро меҷафад, меламсад, мебӯсад, меразад... ҳис мекард, ки ба таҳрики шайтон меравад, гуноҳ мекунад, аммо бо худ коре наметавонист кард... Ва ба ногоҳ карахту ваҳшатзада шуд, анқариб фарёди ҷонхароше аз харанояш берун ҷаҳида буд. Зан сар бардошта буд ва вай синҳори худро шинохта буд…

Ва ҳоло хусур гӯшаи хонаи нимарӯшанро иҷора гирифта буд, ҷомаро барои худ қалъаи Аламут сохта буд.

Аз ун макон то бад-ин макон чи гуна омада буд, ёд надошт. Ҳамин қадар медонист, ки аввал дар таб месӯхт, баъд вараҷааш гирифт, арақи сард аз сару рӯяш мезаҳид, ба замин мечакид, ҷӯяк мекашид, роҳ меҷусту роҳ мерафт ҷониби шаршари чашмаи Муғон мешорид, ба оби чашма меолоид, меосоид.

Аммо оби чашма онро қабул надошт, бо ҷӯяки оби ҷабин меситезид, меғурид, меҷӯшид, буғ мешуд, бухор мешуд, хушк мешуд, дуд мекард. Чашма месӯхту Ниёз ҳам месӯхт, валек гармиро ҳис намекард, ҷисмаш пурдард буду сард, сард буду пурдард…

Синҳор дарро кушоду дарун омад. Чароғро рӯшан кард. Ҳайратзада ба падаршӯ нигарист. "Таб доред?" Посухе нашунид. Хусур ҳатто сар бардошта ба ӯ нанигарист. Берун шуд, дастархону дами гарм овард. Дастархонро паҳн кард, чумча даруни коса, косаро назди падарарӯс гузошт. Баъд аз соате бозомада, ҳамаро чун пешина дид, ғундошт, ҳарфе назаду берун бурд.

Нимашаб буд, ё субҳ мерасид, Ниёз намедонист.

Аммо як чизро ба хубӣ фаҳмидаву натиҷа гирифта буд. То ҳаст, то рамақе аз ҷон дар танаш боқист, дигар наметавонад ба чашми фарзанд ва зани фарзанд бингарад.

Бо вазнинӣ аз ҷо хест, ҷомаро, қалъаи Аламутро дур андохт. Нақдинаи барои рӯзи мабодо пасандоз кардаашро аз байни рахти хоб берун овард, қисмеро бардошт, қисми дигарро рӯи тахтонаи тиреза гузошт.

Чанде пас марди панҷоҳсолаи сарфурӯгирифтае, пеш аз вақт миён хамидае дар ҷодаи Сармаддара ба сӯи сарнавишти номаълум гом мебардошт ва дар хонаи бекасмонда чароғи мумсик чунон месӯхт, ки ангор нур намеафканд, балки ҷон меканд.

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi