04:26:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қаҳрамони ҳоитӣ аз Исфара

Ҳеҷ кас тақдиру қисмати худро намедонад. Ҳеҷ як инсон намедонад, ки ӯ кист, аз куҷост ва чи рисолате Худованд ба дӯши вай гузоштааст. Дар урфияти тоҷикӣ барҳақ мегӯянд, ки тухми инсон дар рӯйи ҷаҳон пароканда аст. Кас намедонад, ки киштии тақдир дар баҳри пурталотуми зиндагонӣ  ӯро ба куҷоҳо мебарад. Ба қавли Лоиқ Шералӣ:

Напурсида зимо, зоданд моро,

Насиби зиндагӣдоданд моро.

Бароихеш то роҳе биҷӯем,

Сари дуроҳа бинҳоданд моро.

shurabb1454554.jpgОре, ин ҷавони ҳоитиро низ тақдир аз диёри кӯҳистони Қаротегин ба водии Фарғона, ба шаҳру ноҳияи бостонии Исфара бурд ва умри бобаракати дароз дид. Алҳол ба синни мубораки 86 қадам гузоштааст ва дар шаҳраки Шӯроби Исфара умр ба сар мебарад.

Ӯ Шафеъ Маликов мебошад, ки дар деҳаи Қиздараи собиқ ноҳияи Ҳоити вилояти Ғарм соли 1928 дар хонадони деҳқон таваллуд ёфтааст. Бояд гуфт, ки солҳои бисту сиюми асри гузашта  ноҳияи Ҳоит яке аз ноҳияҳои ободу зебо ва сераҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Махсусан, маркази ноҳия дар навиштаҳои расмии он давра чун шаҳри Ҳоит зикр мегардид. Дар ин ноҳияи беш аз 30 ҳазор одамон зиндагӣ ба сар мебурданд, ки дар он замон дар шароити кӯҳистон  теъдоди калон ба шумор мерафт, вале соли 1949 дар натиҷаи заминларза беш аз 18 ҳазор нафар сокинони ин ноҳия ба шаҳодат расиданд.

Шаҳру деҳоти ин сарзамин ба хок яксон гардид. Ноҳияи Ҳоит чун воҳиди маъмурӣ аз байн рафт ва мардуми боқимондаи онро ба водиҳои Ҳисор ва Вахшонзамин муҳоҷир намуданд. Бобои Шафеъ зимни суҳбат изҳор дошт, ки ин хабари мудҳишро дар зери замин, ҳангоми кор дар дохили кони ангишти Шӯроб шунида, сахт ғамгин шудааст…                                                          

Шафеъ Маликов дар овони кӯдакӣ аз падару модар ятим мемонад ва ӯро амакаш ба тарбияи худ гирифта, ба деҳаи Эскигузари ноҳияи Янгибозор (алҳол ноҳияи Ваҳдат) меорад. Дар ин ҷо давраи кӯдакиаш бо душворӣ сипарӣ мешавад. Соли 1943 вай дар синни 15-солагӣ дар совхози «Табачний»-и собиқ ноҳияи Сталинобод ба ҳайси коргар ба кор медарояд.

Пас аз чанд сол бо ҳидояти шахси накӯкоре ӯ ба омӯзишгоҳи касбию техникӣ дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Соли 1948 Шафеъ Маликовро бо роҳхат ба ноҳияи Исфара, ба кони ангишти Шуроб чун мутахассиси ангишткан ба кор мефиристанд. Он вақтҳо  аз ҳисоби  кадрҳои маҳаллӣ шахтёрон ангуштшумор буданд. Аз ҳамин ҷо корномаи ӯ шурӯъ мегардад ва ному шуҳрати қаҳрамонӣ дарёфт мекунад.

Шафеъ Маликов бо дасту дили гарм ба кори ангиштканӣ пардохт ва нозукиҳои пешаи дӯстдоштаи худро аз пирони кор–шахтёрони варзида омӯхт ва маҳорати касбии худро баланд бардошт. Дар натиҷа самараву сифати кори ӯ сол то сол баланд шуд. Маълуми ҳамагон аст, солҳои сиюм дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати стахановчиён хеле шуҳрат ва ривоҷ пайдо карда буд.

Худи Стаханов ангишткан буд ва нормаи кории худро то ду баробар иҷро мекард. Дар солҳои 60-ми асри гузашта ҳаракати стахановчиён аз сари нав дар байни ангиштканони шӯравӣ эҳё гардид ва густариши зиёд пайдо намуд. Шафеъ Маликов низ пайрави Стаханов гардид. Шахтёри тоҷик кору пайкори ин ангишткани машҳури шӯравиро сармашқи фаъолияти худ намуд.

Дар натиҷа стахановчии тоҷик Шафеъ Маликов дар ангиштканӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ӯ нормаи ҳаррӯзаи худро 1,5–2 баробар иҷро мекард ва ангишти аълосифат ба давлат месупорид. Аз ҳамин ҷо буд, ки барои баланд бардоштани самаранокии ангиштканӣ ва истеҳсоли ангиштсанг соли 1965 бо унвони олӣ «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» сазовор гардид.

Шафеъ Маликов аз муваффақиятҳои меҳнатии худ саргарм нашуд ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки дар байни кормандони чандҳазорнафараи кони ангишти Шӯроб пешқадам бошад. Меҳнати ҳалол ва хоксориву заҳматдӯстиаш самараи хуб ба бор овард. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст, ки фармудааст:     

Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. 

Оре, Шафеъ Маликовро чунин бахту шуҳрат насибаш гардид. Барои хидматҳояш ба ғайр аз унвони олии «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» ба гирифтани  ордени Ленин, ордени соҳавии «Шуҳрати шахтёр» (бо се дараҷа), ду медали «Собиқадори меҳнат», медали ҷашнии 100-солагии В.И. Ленин ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сафароз гардидааст. Ӯ аз соли 1959 узви КПСС буда,  дар Анҷумани 16-уми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон вакил ихтихоб карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки шаҳри бостонии Исфара  яке аз марказҳои тамаддуни водии Фарғона ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то давраи истилои муғул ин шаҳр Исфаранг ном дошт ва аз ин сарзамин донишмандону суханварони маъруфе, амсоли Сайфи Исфарангӣ  арзи вуҷуд намудаанд. Табиати афсункор, боғу роғи сарсабзи ин диёр, фарҳангу анъанаи  бостонӣ ва муоширати ин мардуми соҳибтамаддун ҳар бинандаро мафтуни хеш мегардонад. Ба қавли шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ:

           Дар боғҳои хуррами ҷаннатнишони Исфара,

Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара.

 

Ширинтар аз шаҳду шакар бахшад ба кас  ҷони дигар

Шаҳди навои дилкаши хунёгарони Исфара.

 

Дармони ҷони одаманд ё балки ҷони одаманд

Озодагони Исфара, дилдодагони Исфара.

 

Гар аҳли дил бошӣ, биё, гар аҳли ҷон бошӣ, биё,

Боз аст баҳри дӯстон дасторхони Исфара.

 

Оби зулолаш медамад ҷон бар тани хоки қадим,

Сабз аст бахти Исфара, сабз аст ҷони Исфара.

 

Ҷорист то марзи абад бо нағмаҳои Борбад

Рӯди равони Исфара, рӯҳи равони Исфара.        

Бобои Шафеъ оҳиста-оҳиста бо расму ойин ва бо лаҳҷаи гуфтори ин мардум ошноӣ пайдо кард ва онҳоро комилан аз азхуд намуд. Тайи чандин сол бо рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори нек дар дили исфарагиҳо маъво гирифт. Имрӯз, агар касе ӯро бинад, гумон мекунад, ки вай аслан аз тоҷикони Исфара аст. Ифарагиҳо ӯро низ ҳамшаҳрӣ ва одами худӣ мешуморанд, ки ин кор ба ба ҳар кас муяссар намегардад.

Дар ин диёри куҳанбунёд Шафеъ Маликов бахти худро ёфт, соҳиби хонавода, панҷ нафар фарзанд: се писар ва ду духтар гардид. Алҳол фарзандонаш ҳама оиладор ва соҳиби хонаву дар мебошанд. Ин қаҳрамони ҳоитӣ дар иҳотаи фарзандону набераҳо худро хушбахт меҳисобад ва давлати пирӣ меронад. Ба ин марди шариф чунин таманно дорем:

Ҷуз ин дуъот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфтаст:

«Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!»

Қиёмиддин Сатторӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi