19:37:50 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 2

 Ба истиқболи ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ

ПАНҶГОНАИ ҲАЙРАТАНГЕЗ

Дар мактабу мадрасаҳои Ҳирот пас аз вабо дарс сар шуд. Нуриддини Ҷомӣ бо ҳамроҳии Камолиддин Ҳусайн, Шамсиддин, Низомиддин Довуд ва Муиниддин ном шарикдарсонаш таҳсили худро дар пеши Шаҳобиддини Муҳаммади Ҷоҷармӣ давом дода, дар назди ин устод китобҳои Мавлоно Алии Қушчиро оид ба ҳисоб, касрҳои одиву ашъорӣ (даҳӣ) мехонданд.

jami poet 458965Аммо ин ҷамоаи панҷгонаи бозаковат, ки ба «хамсаи мутаҳайира» (панҷгонаи ҳайратангез) машҳур гаштаанд, чунон пурқувват буданд, ки мударрисашон наметавонист ба онҳо ягон дарсро то ба охир бирасонад; чун аввали масъаларо ба онҳо мегуфт, охирашро худашон бе кӯмаки ӯ ҳал мекарданд. Устод аз ин рафтори шогирдон дар андеша афтода, шабе дар хаёли худ гузаронд, ки агар ҳол ба ҳамин минвол давом кунад ва дар шаҳр овоза шавад, ки Мавлоно Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ аз уҳдаи дарсгӯӣ ба шогирдон намебарояд, ин боиси шармандагӣ ва расвоӣ мешавад.

Вай ба хотир овард, ки ҳангоми инҳоро ба наздаш овардан Хоҷа Алӣ гуфта буд: «Ҳар яки инҳо яктои даврон ва ягонаи замонанд. Аммо ин ҷавон, – Ҷомиро нишон дода, – бемонандаст». Мударриси бечора чораи халосӣ ҷуст ва чун шогирдонаш рӯзи дигар ба дарс омаданд ва  ҷузвҳоро баровардан, гуфт:

– Эй азизон, чанд гоҳ аст, ки фақир худро мариз ва камқувват ҳис мекунам, мебояд ки тадқиқ ва муолиҷа намоям, вагарна шиддати касалӣ дафъи он душвор мегардад.

Шогирдон гуфтанд:

– Махдумо, Худо нигоҳ дорад, ки он зоти шариф ва он унсури латифро оризае даст диҳад. Касалии Шумо боиси барбод рафтани заҳматҳои мо, фақирон, мегардад.

Устод гуфт:

– Марази сахте ба бадани мо ориз шудааст. Чиҳил рӯз мулоҳиза ва муолиҷа лозим.

Вақте ҷамъомади панҷнафара аз хонаи устодашон берун омаданд, Ҷомӣ бо табассум гуфт:

–Э азизон, шумо ҳеҷ донистед, ки ҳазрати махдуми моро чӣ дарде гирифта?

Ёрон ҷавоб доданд:

– Надонистем.

Ҷомӣ гуфт:

–Моем марази Мавлоно, ки ба мо дармондаанд ва ҳеҷ илоҷе намеёбанд. Мехоҳанд, ки моро чанд рӯзе бекор созанд ва ба худ пардозанд ва бо мутолиа шабу рӯзро гузаронда, ганҷи дониш ва нури биниши худро афзун гардонанд.

Ҳама ба қароре омаданд, ки онҳо низ бекор нанишинанд ва ба мутолиа машғул шаванд. Ҳар рӯз онҳо ба аспҳо савор шуда, ба саҳро мебаромаданд ва дар гӯшаи сабзазоре қуръа мепартофтанд ва мувофиқи он яке дарс медод.

Ин ҷамоати панҷгона дар сабзазорон на танҳо дарс мехонданд, балки суҳбатҳои аҷибу ғариби завқовар меоростанд, луғзу чистон мегуфтанд, байтбарак мекарданд, қиссаву ривоят ва латифаю ҳикоятҳои дилангез нақл мекарданд, гоҳе дар майдону хиёбонҳои шаҳр ба тамошои дорбозу хирсбоз мерафтанд. Гоҳе масоили шунидаашонро низ ба ҳам гуфта, таҳлилу тасдиқи онҳоро аз якдигар дархост мекарданд.

Рӯзе Камолиддин ҳикоят кард: Дирӯз назди падарам ёрони ӯ омада буданд. Суҳбати аҷибе доштанд, яке масъалаҳоеро ба миён гузошта, ҳалли онро аз ҳозирон талаб кард. Масъала ин буд: Турнае аз селаи турнаҳо ҷудо афтода, дар лаби ҷӯе об хӯрда, рӯ ба боло кард. Аз болои ӯ селаи дигари турнаҳо мегузаштанд. Турнаи лаби ҷӯ гуфт: «Ассалому алайкум, эй сад турна». Пешрави селаи турнаҳо ҷавоб дод: «Ваалайкум ассалом. Аммо мо сад турна нестем. Агар боз баробари мо, нисфи мо, нисфи нисфи мо бо мо бошад, ва ту низ ҳамроҳ шавӣ, баъд сад турна мешавем». Турнаҳои осмон чандто будаанд? – савол дод Камолиддин ба ёрон.

Муиниддин гуфт:

– Ин бисёр аҷиб-ку, – баъд илова кард:

– Биёед, ҳал мекунем.

Ёрон басе майна об карданд, аммо илоҷи ҳалли онро надонистанд. Аз Камолиддин пурсиданд, гуфт, ки ҳалли онро аз ёд баровардааст.

Абдураҳмон гуфт:

– Ин бисёр осон: як фақат бо нуҳ ба даҳи том мубаддал мешавад. Нисфи нисфи турнаҳо бояд нӯҳ бошад. Модоме нисфи нисфи турнаҳо нӯҳто бошад, нисфи он ҳаждаҳ ва ҳамаи он сию шаш мешавад, ҳисоб кунед, ки сад мешавад, ё не?

Ҳама ҳисоб карданд: «36+36+18+9+1=100!»

–Офарин, Абдураҳмон, ту ҳамеша аз дигарон пештар масъаларо дуруст ва бесаҳв ҳал мекунӣ, – гуфт Камолиддин.

Ин ҳикоят ва ҷустуҷӯи ҳалли ҳисоб шавқи ҷамоати панҷгонаро ба ин илм ба ҷӯш овард. Онҳо мехостанд боз аз ин навъ масъалаҳо ҳал кунанд.

Ҷомӣ гуфт:

– Рақамҳои аз як то нӯҳро дар се қатор серахӣ бояд кашид, ки ҳосили ҷамъ аз ҳама тараф понздаҳ барояд.

Ҳама навиштанд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9.

Қариб ним соат гузашт. Низомиддин Довуд садо баровард:

– Ман ёфтам.

Ҳама ба назди ӯ ҷамъ шуданд. Муиниддин, ки масъаларо наёфта буд, зуд аз баҳри ҳал кардани он гузашт. Низомиддин варақашро нишон дод, ки чандин бор хат кашида, дар охир чунин шаклро гирифта буд:

15

15

5

15

15

15

6

7

2

15

15

1

5

9

15

15

8

3

4

15

15

15

15

15

15

 

 

         

      Баъд Камолиддин навиштаи худро бо он муқоиса кард, аммо навиштаи ӯ ин навъ сурат дошт:

15

15

15

15

15

15

4

3

8

15

15

9

5

1

15

15

2

7

6

15

15

15

15

15

15

 

Шамсиддин, ки бачаи камгап ва вазнинтаре буд, коғазпораи худро оҳиста ба ҷузвгир гузошт.

Ёрон аз ӯ талаб карданд, ки навиштаашро нишон диҳад. Вай бе сухан коғазро аз ҷузвгир бароварда ба дасти Абдураҳмон дод, ки ин навъ сурат дошт:

 

15

15

5

15

15

15

2

9

4

15

15

7

5

3

15

15

6

1

8

15

15

15

15

15

15

 

Ҷомӣ гаштаву баргашта ба коғаз зеҳн монда, кори Шамсиддинро таъриф кард:

– Ҳама масъаларо дуруст ҳал кардаанд. Аммо тарзи ҳалли Шамсиддин бартарӣ дорад. вай рақами 5-ро дар хонаи марказ гузошта, рақамҳои ҷуфтро аз рӯйи тартиб дар чаҳор гӯша гузоштааст, ки агар рақамҳои тоқро мутаносибан баръакси он дар чаҳор хонаи мобайн гузорем, зуд матлаб ба даст меояд. Вале Муиниддин ҳам бояд масъаларо ҳал кунад, дар машраби мо канораҷӯӣ мумкин нест.

Муиниддин гуфт:

Jami poet1111–Чунин як масъалаеро аз калонҳо шунидам: ду нафар дар биёбоне мерафтанд. Сабӯ (зарф)-и даҳмание пур аз равғани зағир доштанд ва ду сабӯи дигари холӣ доштанд, ки яке ҳафтманӣ ва дигаре семанӣ буд. Дар нисфи роҳ хостанд аз ҳам ҷудо шаванд ва равғани зағирро баробар тақсим кунанд. Чӣ тавр метавонанд, ки онро панҷманӣ (1 ман – 2,944 кг) тақсим кунанд?

Ёрон боз дар ғарқи андеша шуданд шуданд. Масъала печидагие дошт, ки кушодани он фикри амиқро металабид.

Абдураҳмон якум шуда чигили онро кушод ва ҳамсабақонро ба назди худ ҷеғ зад:

–Ёрон, биёед, банд кушода шуд. Ҳамсафарон аввал сабӯи  даҳманиро ба сабӯҳои семанӣ ва ҳафтманӣ холӣ мекунанд. Баъд моеи сабӯи семаниро ба сабӯи даҳманӣ меандозанд ва аз сабӯи ҳафтманӣ низ ду сабӯи семанӣ гирифта ба сабӯи даҳманӣ меандозанд, он як мани боқимондаи сабӯи ҳафтманиро ба сабӯи семанӣ мегардонанд ва аз нуҳ мани бақияи сабӯи даҳманӣ сабӯи ҳафтманиро пур мекунанд, ки дар натиҷа ду ман дар сабӯи даҳманӣ, ҳафт ман дар сабӯи ҳафтманӣ ва як ман дар сабӯи семанӣ мешавад. Агар сабӯи семаниро, ки дар он як ман равғани зағир боқӣ буд, аз сабӯи ҳафтманӣ пур кунанд, он се ман мешавад ва дар сабӯи ҳафтманӣ панҷ ман боқӣ мемонад; се мани сабӯи семаниро бо ду мани сабӯи даҳманӣ ҳамроҳ мекунанд, ин ҳам панҷ ман мешавад. Ба ҳамин минвол ҳар ду шарик бекаму кост бахши худро мегиранд…

Ҷаноби мударрис чиҳил шабонарӯзро ба мутолиа ва такрор гузаронда, ба хулосае омад, ки метавонад дарсгӯиро ба шогирдонаш давом диҳад, зеро, ба фикри ӯ, он қадар мутолиа карда буд, ки то як сол метавонист ба шогирдон дарс гӯяд. Ҷаноби мударрис ғуломи худро фармуд:

– Бирав, он ҷамоатро ҳозир гардон!

Баъди пурсуҷӯи зиёд ғулом онҳоро аз мавзеи Бодғисак, ки наздики масҷиди ҷомеъи Маликон буд, машғули мутолиа ёфт ва назди устодашон овард. Шогирдон устодро дида, хушҳол гардиданд ва баъди пурсупос гуфтанд:

– Махдумо, имрӯз сабақро давом медиҳем?

Устод ҷавоби мусбат дод ва шогирдон ҷузвҳоро кушоданду коғазҳоро бароварданд ва ба гуфтугӯ оғоз карданд. Ҳар саволе устод медод, шогирдон даррав ҷавоб мегуфтанд, ҳар масъалае ӯ пеш мегузошт, онҳо зуд ҳал мекарданд. Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ мутаҳайир шуда гуфт:

– Эй азизон, табл пинҳон чӣ занам, ташти ман аз бом афтод… Маро ҳеҷ маразе набуд, аз ҷавоб додан ба саволҳои шумо оҷиз мондам ва аз уҳдаи ба шумо сабақ додан набаромадам, тадбире карда будам; имрӯз мебинам, ки ҳеҷ кас наметавонад ба шумо дар ҳеҷ илме сабақ диҳад, ҳар куҷое хоҳед, биравед ва ҳар чӣ хотири шумо хоҳад, бикунед; дарс гӯед. Худо ёратон бод!

Бо ҳамин шогирдон бо устоди худ видоъ карданд.

Аз китоби «Абдурраҳмони Ҷомӣ»-и Аълохони Афсаҳзод

Давом дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi