14:52:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳукми тақдир ё худ умри дубора

Муаррифинома:

Ҳасан Додоев соли 1992 дар маҳаллаи Яси шаҳриИстаравшан дар оилаи тоҷир ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби таълимоти муттавасситаи умумии рақами 13-и деҳа оғоз карда, аз соли 2004 онро дар гимназияи рақами 5-и ба номи академик Раҷаб Амонов идома додааст. Соли 2010 баъди хатми гимназия ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд супорида, онро соли 2014 ба мувафаққият хатм намудааст.

hasan-dadoev 8554545Номбурда ҳоло магистранти соли якуми Маркази илмии дар Хуҷанд будаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳасан Додоев ба навиштани қиссаву ҳикоя шавқи калон дорад. Ҳикояеро, ки ҳамакнун манзури шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», менамоем, нахустин ҳикояи ин муаллиф аст, ки дар расонаи хабарӣ ба табъ мерасад. Аз ин рӯ биёед, азизони дил, якҷо Ҳасан Додоевро бо ин рухдоди муҳим дар ҳаёташ самимона табрик гуфта барояш аз даргоҳи Худованди бузург комёбиҳои эҷодиро таманно кунем.

Бо эҳтиром аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»

Ҳукми тақдир ё худ умри дубора

Ҳикояи воқеӣ

Шаби тор буд, сӯи хона мерафтам. Канори роҳ сиёҳиеро дидам ва ба ҳазор андеша худро аз даст надода, ба ӯ наздик шудам. Ду-се бор гулӯ афшондам, то бифаҳмам, ки инсон аст, ё ягон чонвари дигар. Ҳамин ки наздик омадам, дидам, ки ҷавонзан асту ду фарзанд дар ду паҳлӯяш нишаста ва маҳзуну дилшикаста. Ба худ андешидам, ки муҳтоҷе ё бечораест, бинобар ин чор-панҷ сомонӣ барояш хайр карданӣ шудам, вале ҷавоби рад шунидам.Ҳаво сард буду дили модар пурдард ва кӯдаконаш ашки шаш қатор доштанд.

Дилам ба ҳоли зору низори кӯдакону модари ҷавон месӯхт, виҷдон азобам медод, бинобар ин натавонистам ин се нафари бе пушту паноҳро бо ҳукми тақдир ҳавола кунам. Аз ин рӯ бо меҳри бародарона хоҳиш кардам, ки меҳмони хонаводаи ман бошанд. Ҷавонзан базӯр розӣ шуда, бо кӯдаконаш аз пасам омад. Модарам, ки зани солору рӯзгордида ва меҳмондӯсту дастархондор буд, ҷонибам нигоҳи суоломезе карду сир бой надода:

-Биё Ҳайдарчон, хуб кардӣ, ки меҳмонро гирифта омадӣ,-гуён бо ҷавонзан гарм-гарм ҳолпурсӣ кард ва фарзандонашро навозиш намуда, ба ҳуҷрае, ки одатан меҳмонҳои хонаводаро менишонид, гирифта бурд. Баъди нишаста омину фотиҳа кардан, хоҳарам Зебуннисо аз руи одати ҳарвакта дастурхон паҳн карда, аз рӯи бозёфт нуқлу наво гузошт. Модарам нон пора карда истода меҳмонро:

-Марҳамат хоҳарҷон-гӯён ба тановул кардан таклиф намуд. Муддате нагузашта, Зебуннисо чой оварду ба назди меҳмон нишаст ва се бор паиҳам чойгардон карду аввал ба худ сонӣ ба ману меҳмон пиёлаҳои чойро дароз кард. Ҳини чойнӯшӣ гоҳ-гоҳ сӯяш назар карда эҳсос намудам, ки ҷавонзан басо руҳафтода буд. Бе он, ки ман ба ӯ суоле кунам худ ба сухан даромад ва саргузашташро бо таври зайл баён намуд:

-Аз он, ки чунин шаби хунуки сахт маро ба хонаи гарми худ ҷой додед, хеле миннатдорам. Шукри беадад, ба Худои таъоло, ки одамони нек дар мулкаш кам нестанд. Рости гап, некии Шуморо додари азиз як умр фаромӯш намекунам, агар гуям, ки маро аз чанголи марг халос кардед, муҳобот намешавад, чунки ман бо як сабаб қасди ҷони худ карданӣ будам.

-Умр агар дароз бошад,-гуфтам ман ягон чиз ё ягон кас сабаб мешавад-дия.

 Чи сабаб шуд, ки ба ин рох рафтед?

-Ин қисса дароз аст,-гуфт ҷавонзан ва идома дод:

-Вақте, ки дар донишгоҳ мехондам, маро бе розигии худам ба ҷавоне фотиха карданд, пас аз чанд моҳ туй барпо шуд, ману он ҷавон хонадор шудем, Худованд дидани рӯи фарзандро ба мо муносиб гардонд. Бинобар сабаби оиладорӣ, ҳуҷҷатҳоямро аз шӯъбаи рӯзона ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ гузаронидам. Ба қавле ҳама ҷидду чаҳдамро ба он равона кардам, ки тамоми касби худ иқтисоддонро бо майда чуйдаҳояш омӯзам. Шавҳарам гоҳо талаб мекард, ки аз таҳсил даст кашам, вале ман бо илтимосу илтиҷо ва ширингуфториҳои ба худ хос ӯро базӯр розӣ мекунондам. Вақти таҳсил шавҳарам бо гардани баста, ҳамроҳи ман ба Хуҷанд бо далолати модараш мерафт, то ин ки то аз таҳсил баргаштани ман кӯдаконро нигоҳубин кунад ман, ки аз дарс баргаштам, ӯ роҳи кӯчаро пеш мегирифт. Гоҳо мешуд, ки бо чеҳраи гирифтаю лабу лунҷи овезон ба хона меомад.

Соли дуюми хониш ҳам бо маҷбуркуниҳои модарашӯ хоҳишу илтимосҳои ман барои нигоҳубини кудакон ночор розӣ шуд, вале баробари дар хонаи ичоравӣ чойгир шуданамон шарт гузошт, ки агар баъд аз нисфируз ба сайру гашт равад, ман чизе нагуям ва кордор нашавам. Илоҷи дигар набуд, ман розӣ шудаму гуфтам:

-Худо инсофатонро диҳад.Хуҷаинам мувофиқи гуфтааш амал мекард, гоҳо вақти хоб меомаду гоҳо аз он ҳам дертар ва мепусид:

ӣ пухтӣ, ягон чиз дорӣ? Ман соатҳои ёздаҳуним-дувоздаҳ хеста барояш ҳиссаи таоми нигоҳдоштаамро гарм карда, наздаш меовардам ва чой дам мекардам. Шабе бо пули бисёр ва бо шодии беҳадду канор ба хона даромада омад.

-Маро табрик кун,-гуфт ӯ буҷулам олчин хест, ҳамаи ҳамин дар як они воҳид аз они ман шуд, медони, чӣ кадар?-Не? Бист ҳазор сомонӣ! Ба пули русӣ чи кадар мешавад? Яксаду панчоҳ ҳазор рубл. Ана акнун хонаи пулро ёфтам. Ҳочати оворагию кор кофта гаштан не. Ду бори дигар корам омад кунад кифоя… Ҳамон шаб кариб то соатҳои дувоздаҳ - як гаштаю баргашта пулро ҳисоб карда, хобаш базур бурд.

Ман саҳарии барвақт аз хоб хестаму аз руи тартиби ҳаррӯза амал намуда, хӯҷаинамро бедор кардам, ду-се пиёла чой нӯшида, хӯроки кӯдаконро тайёр кардам, худ ба сӯи донишгоҳ роҳ гирифтам. Он руз якбора чаҳор чуфт дарс хондем, пас аз дарсҳо саросемавор бо дили хавотир ба хонаи иқоматиамон омадам, ки Нигинаю Оминаи хурдсолам бо як овоз мегирянд. Вориди хона шуда, хун ба майнаам зад. Дар се-чор тараф мардони маст мисли мурда хобидаанд. Панч-шаш шишаи холии арақ ба назарам расид. Фазои хонаро буи ғализе фаро гирифта буд, вале аз бӯи дуди сигор фарқи калон дошт, баъзе аз пиёлаҳои арақолуд чаппа мехобиданд. Тақсимчаҳои нимколахӯрдаи газак ва се-чор зарфи (бакалашкаи) холию нимхолии лимонад ҳам беруну даруни дастархон мехобиданд. Гиряи кӯдакон нагузошт, ки қарор бигирам. Давида тарафи ошхона рафта дидам, ки хӯроки кӯдакон ҳамон тавре, ки тайёр карда будам, истодааст.

Саросемавор ба Оминаю Нигина хӯрок мехӯрондам, ки ҳамон вақт яке аз «меҳмонҳо»-и нохонда паҳлӯ гашта пояш болои шиками ҳамкадаҳаш афтод. Дигаре хуррок кашида, паҳлӯ гашту пои дигареро капида монд ва ҳама якбора бедор шуданду чашмашон ба ману кӯдаконам афтода, аз ҷой хестанд ва шавҳарамро ҳам хушёр карданд. Хӯҷаинам базӯр аз ҷой хесту бо овози нимғурма:

-Ин қадар дер омадӣ?-гӯён ғурунгида монд. Ҳарчанд сир бой надода:

-Шинед, чой нушед, -гуфта таклиф кардам:

-Ҳозир-ҳозир, -гуён «меҳмонҳо» як-як нопадид шуданд… Муҳлати таҳсил қариб ба охир мерасид, ҳафтае пештар то соати дуи шаб мунтазир шудам, вале аз ӯ дараке нашуд. Диламро гургон тала мекарданд. Чӣ шуда бошад? Магар бо авбоше гапаш гурехт? Ё ин ки бо сабукпое ҳамроҳ шуд. Аз ин хаёлҳои мағшуш мутаассир шудам, карибиҳои соатҳои сеи шаб аз ғояти хастаги базӯр хобам бурд. Хоб дидам, ки саги сиёҳе маро таъқиб мекунад ногоҳ пирамарди асобадасте пайдо шуду ӯро ба дигар тараф ронда, маро аз ҳуҷуми саг раҳо кард.

Пас аз тамомшавии муҳлати таҳсил ба хона баргаштем. Ҳафтае нагузашта, ҳамсарам ба ҷустуҷуи кор овора шуд ва ду-се рӯз ба хона наомад. Хавотирии худро пинҳон доштам. Ба хушдоманам чизе нагуфтам, то ин ки кампирро азоби руҳӣ надиҳам. Вале бегоҳии рӯзи чорум хушдоманам омада, писарашро суроғ кард. Гуфтам, ки писари Шумо ба ҷустуҷӯи кор рафтааст. Ҳамин вақт хӯҷаинам бо рангу рӯи парида ба хона даромаду пас аз пурсупоси ману модараш бо овози хаста: -Ман нағз-гӯён дуртар аз модараш нишаст, вале чеҳрааш маҳзуну димоғаш гирифта буд. Хушдоманам бо оҳанги дилсӯзона пурсид:

­­-Ҳа Рақибҷон, чӣ шуд писарам? Бо ягон кас ҷанчол кардӣ? Кӣ туро хафа кард?

-Ҳеч кас не,-ҷавоб дод хӯҷаинам.

-Набошад чаро ин қадар хаёлат парешон? -боз пурсид модар:

-Агар росташро гӯям, пурсуҷӯятро бас мекунӣ?-хунсардона гуфт шавҳарам.

-Дардакатро гирам бачам, -гуфт хушдоманам, росташро гӯй, чи воқеа шуд?

-Қиморро бой додам!

-Қимор!

-Вой, рӯзакам сиёҳ, чаро ба ин роҳи касофат рафтӣ?

-Худам намедонам: -гуфт Рақиб.

-Мани рӯзнодида чӣ кор мекунам? Аҳволам чӣ мешавад?

-мегуфт хушдоманам бо оҳу дареғ. Чӣ қадар бой додӣ?

-Шаст ҳазор сомонӣ.

-Вой, ман мура-а-а-ам. Аз куҷо бо ҳаромхурон ошно шудӣ? Ин қадар пули арасотро аз куҷо меёбем?

-Воҳима накун, агар кори чор савдогари зурро буд кунам, об бо лаби ҷӯй баробар мешавад. Ғам махӯр, модар… Инро гуфту хуҷаинам аз чой бархеста, берун баромад. Модараш ҳам ба хонаи худ рафт. Ҳамон шаб то саҳар аз хӯҷаинам дарак нашуд. Соатҳои шаш ё ҳафти пагоҳӣ омаду:

-Ба ҳеч кас даматро набарор, як кори зури сердаромад ёфтам, -гуён аз хона саросемавор баромада рафт. Бегоҳи кариб наздикиҳои шом хӯчаинамро чор милиса пешандоз карда, бо дасти баста ба хона оварданд. Хушдоманам ҳам гӯё аз воқеа бохабар бошад, давида баромад ва милисаҳоро дида:

 -Руямро сиёҳ кардӣ, Рақиб, -гӯён рост истоду дасту пояш ларзида дар ҷояш нишаста монд. Милисаҳо бо шавҳарам ба хона даромада, тамоми ҷойҳои хона, сандуқҳои тагиборию шоҳтоқӣ, буфету ҷевонҳо, даруни зарфҳои дар тоқ гузоштаро кофтанд, аммо чизе пайдо накарданд. Пас аз ин шавҳарамро пеш-пеш карда ҳамаи кунҷу канори ошхонаву даҳлез, оғилу коҳдон, зершервонҳои бомҳоро сахт аз назар гузарониданд. Аммо он чи ки пайдо кардан мехостанд, ёфт нашуд. Яке аз милисаҳо,ки ба назарам сардори онҳо менамоид аз шавҳарам пурсид:

-Пеш аз ин ягон бор ба хона оварда будӣ? -Ба ин роҳ бори якум рафтаам, пештар ин корро накардаам, -гуфт хӯчаинам. Сипас ба ман ру оварда:

-Шавҳаратон ҷинояти сахт содир кардааст, бо героин ба даст афтод, -гӯён ҳамроҳи ҳамкасбонаш хӯҷаинамро бо мошини махсус савор карда, гирифта рафт. Бо ҳамин шавҳарамро чанд муддат дар «изолятор» нигоҳ доштанд ва ниҳоят суд ҳукмашро баровард. Понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Баъди чанде хушдоманам ҳам бо ғами фарзандаш аз олам гузашт. Қарзхоҳон пас аз марги хушдоманам омада хонаро ба ивази қарзашон баҳо карда ба савдо гузоштанд. Ман маҷбур шудам, тарки манзил кунам, зеро ҳеҷ кас шикваю шикоятамро намепурсид. Бо ду духтарчаам дар миёни замину осмон мондам. Ним сол нагузашта аз маҳбас хабарнома омад, ки дар хусуси вафоти шавҳарам дарак медод.

Зиндагӣ бароям беранг гардид. Мехостам шабҳангоми ҷое рафта ба худкушӣ даст занам, то аз ин рӯзгори тираву тор халосӣ ёбам, аммо бо ҳидояти Худованд ба Шумо дучор шудам. Бо худ аҳд кардам, ки модаратонро модар хонаму Шуморо бародари қиёматӣ.

Ҳамин тавр Муслима чун узви як хонадон ҳамроҳи оилаи мо қариб ду сол зиндагонӣ кард. Модарам аз кору бораш хушнуд буду мегуфт, ки гиру монаш ва гуфтору рафтораш ба маънои номаш хеле мувофиқ аст.

Соли саввум ҳамсари наҷҷори пурҳунари деҳаамон, Шоҳкарим аз олам даргузашт. Пас аз ду-се моҳ шабе модарам маро ба ҳуҷрааш даъват карда бо оҳанги маслиҳатомез ба ман гуфт:

 –Аз хонаи Шоҳкарим хостгорҳо меоянд, мехоҳанд сари Шоҳкариму Муслимаро дуто кунанд. Даҳ панчаи наҷҷор Шоҳқарим пурри ҳунар асту, вале Худованд аз неъмати фарзанд кам карда мондааст. Ба модарам изҳори ризоият додам, то ин ки ҳам Муслима соҳиби саробон бошаду хам Шоҳкарим сохиби зану фарзанд.

Ҳасан Додоев



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi