10:53:09 06-уми Июни 2025 сол

МАҲФИЛЕ, КИ «ДАР КӮЙИ ХАЛИЛ», «ЁРИ ОШНО»-РО МУАРРИФӢ КАРД

Дар толори маҷлисҳои Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ инчунин китобхонаи устод Халилуллоҳи Халилӣ маҳфили муъаррифии китобҳои тозанашри шоири маъруфи афғон шодравон устод Халилуллоҳи Халилӣ «Ёри ошно» дар бораи аллома Муҳаммад Иқбол ва китоби пажӯҳишгари шинохтаи покистонӣ доктор Орифи Навшоҳӣ  дар бораи  устод Халилулоҳи Халилӣ «Дар кӯйи Халил» баргузор гардид.

 

Дар маҳфил Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриҳои  Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Улуми ҶТ доктор Кароматуллоҳ Олимов ва дигар донишмандону удабои кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон дар бораи  ҳаёт ва эҷодиёти ин ду абармарди илму фарҳанги форсу тоҷик суханронӣ карданд.

 

Ҳозинрини маҳфил  аз ин суханрониҳо нуктаҳои ҷолиберо аз зиндагиномаи  аллома Иқбол ва устод Халилӣ барои худ кашф карданд. Сӯҳбати донишманди маъруф доктор Орифи Навшоҳӣ, муаллифи китоби «Дар кӯйи Халил» боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки ӯ аз интишори  дастхатҳое  бо ибтикори ӯ дар Покистон иттилоъ дод, ки то ба имрӯз ба доираи васеи олимони шарқшинос номаълум буданд. Мо лаҳзаеро аз суханронии ин олими ҷӯянда бо усули чандрасонаӣ пешкаши муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» менамоем.

 

Орифи Навшоҳӣ: Яке аз ин китобҳо китоби «Иршод» аст. Дар ҳамин ҳавзаи шумо Самарқанд, Насаф навишта шудааст. Муаллифаш Абдуллоҳ бинни Муҳаммад бинни Абўбакри Калонасии Насафӣ ҳаст. Соли вафоташро Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашф-уз-Зунун» дар як ҷо  соли 500-и ҳиҷрӣ дар ҷойи дигар  550-и ҳиҷрӣ менависад. Мешавад гуфт, ки дар охири асри панҷ ва ё аввали асри шаш ин китоб таълиф шудааст. Ин китоб дар маърифату ваъзу ахлоқ навишта шудааст. Аммо ањамияти илмӣ ва адабии ин китоб болотар аз ин мавзўъ аст. Муаллиф дар бораи удабое сухан гуфтааст, ки дар ҳамон давра дар ҳамин ҳавза зиндагонӣ мекарданд ва осори баъзе аз онҳо то ба ҳол ба аҳли илм маълум набуданд.

 

Масалан дар ин китоб  мо се байти устод Рўдакиро дучор меоем, ки қаблан онҳоро дар дигар китобҳои ба нашр расидаи Рўдакӣ вонахўрдаем. Дар ин китоб аввалин бор исми чанд шоиреро мебинем, қи  аз ин пеш номи онҳо дар китобҳои дигар наомадаанд. Масалан Абулқосими Хатиби Самарқандӣ, Ҳаким Ҷавҳарии Самарқандӣ, Хоҷа Ҳакими Самарқандӣ орифи маъруф, ки панҷ байти ўро аввалин бор ин китоб нашр кардааст. Инчунин Деҳқони Ҷузинро намешиносем. Аз ў чаҳор байт нақл шудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2736----l--r-l-r---.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854