13:05:15 07-уми Июни 2025 сол

ТАРИҚАТИ ЧИШТИЯ ВА МУСИҚИИ СӮФИЁНА

Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул семинари байналмилалии «Тариқати чиштия ва мусиқии сӯфиёна» баргузор гардид, ки дар он намояндагон вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ширкат карданд. Дирӯз ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон аз Кобул ба Душанбе баргашт.

 

mahmadaliХабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо овозхони маъруфи кишвар, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, ки шомили ин ҳайат буд ҳамсӯҳбат гардид. Тибқи гуфтаи Аюбӣ дар ин  семинар, ки ду рӯз (1-2-и декабр) идома дошт, намояндаҳо аз кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Туркия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ба ҳайати Тоҷикистон боз Файзалӣ Ҳасан, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, овозхони маъруф Умар Темур ва олими мусиқишинос Аскаралӣ Раҷабов дохил буданд.

 

Семинар ва ҳунарнамоии овозхонҳо дар толори телевизиони давлатӣ баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистон дар рӯзи аввали семинор ҳунарнамоӣ кард. Ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷик бо дипломҳои вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон қадрдонӣ карда шуд.

 

Аскаралӣ Раҷабов, олими мусиқишинос, доктори илмҳои таърих, дар мавзӯи «Мавқеи мусиқӣ дар тариқати чиштия» маърӯзаи пурмӯҳтавое кард, ки аз тарафи ширкаткунандагони семинор бо таваҷҷӯҳи зиёд шунида шуд. Ширкаткунандагони семинар мақбараҳои овозхонҳои машҳури Афғонистон устод Сароҳанг ва Аҳмад Зоҳирро дар қабристони «Шуҳадои солеҳин» зиёрат карданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3765-2010-12-04-17-22-58.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854