ШАҲРОМ ВА НИГИНА: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ЭҶОДӢ
Шаҳроми Абӯбакр ва Нигина Амонқулова ду овозхони миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфи тоҷик ахиран муштаракан ба ҳамкории эҷодӣ пардохтанд. Маҳсули аввалини ин ҳамкорӣ таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» мебошад. Матни тарона ба қалами шоири ширинкаломи тоҷик, муаллифи даҳҳо таронаҳои дилошӯб Назри Яздонӣ тааллуқ дорад.
Оҳанги ин таронаро оҳангсози ҷавон Аскари Ҷалил эҷод кардааст. Тарона дар студияи «Алишер» сабт шудааст. Суруд дар бораи ишқи нокоми ду дилдодаест, ки дар оғози муҳаббат аз ҳам ҷудо мешаванду ахиран аз ин кирдори худ ибрози пушаймонӣ менамоянд. Шаҳром фарзанди Абӯбакри Азиз ва бародарзодаи шодравон Зулфиқори Азиз, аз овозхонҳои гурӯҳи ҳунарии дар гузашта хеле машҳури «Анис» мебошад, ки худ низ дар ду- се соли ахир бо таронаҳои дилангезаш миёни ҳаводорони мусиқӣ мухлисони зиёде пайдо кардааст. Се албоми таронаҳои ӯ дар байни дӯстдорони мусиқӣ мунташир шудааст.
Инак ӯ болои албоми чаҳорумаш заҳмат мекашад. Таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» аз ҷумлаи таронаҳои ин албом аст, ки ҳанӯз номгузорӣ нашудааст. Нигина Амонқулова, ҳунарпешаи ансамбли давлатии овозхонҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон «Дарё» буда чанд сол мешавад, ки бо садои маҳину гуворояш дили ҳазорҳо мухлисони савту наворо дар Тоҷикистон ва берун аз он тасхир намудааст. Нигина асосан суруду таронаҳои лирикӣ мехонад. Дар эҷодиёти ӯ хондани сурудҳои дугона (дуэт) мавқеи хосаеро ишғол мекунад. Инак аввалин бор аст, ки Нигина бо Шаҳром дуэт месарояд.
Ба гуфтаи Шаҳроми Абӯбакр суруди мазкур, Худо хоҳад, суруди аввалин ва охирини ҳамкориҳои эҷодии ӯву Нигина нахоҳад буд. Онҳо боз дар садади омода сохтани ду суруди дугонаи тоза ҳастанд. Қобили қайд аст бигӯем, ки муаррифии албоми нави Шаҳром бояд моҳи майи соли ҷорӣ дар як консерти калони ӯ дар яке аз толорҳои боҳашамати пойтахт сурат мегирифт. Вале марги нобаҳангоми амакаш, овозхони машҳур Зулфиқори Азиз, ӯро аз амалӣ сохтани ин иқдом боздошт. Инак ӯ нақша дорад, ки ин корро дар рӯзи аваллуди Зулфиқор 1-уми март анҷом бидиҳад.
Ба таваҷҷӯҳи муштариёни сомонаи «www.ruzgor.tj» мерасонем, ки хабарнигори сомона Ҷаҳонгири Султон таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» -ро бо истифода аз аксҳои ҳунарпешаҳои мазкур дар шакли видеоклип омода сохта тавассути гӯшаи «Рӯзгор» дар Youtube» инак пешкаши шумо мегардонад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3790-2010-12-07-03-49-59.html
Шарҳҳо
Сомонаи Рузгор - бехтарин сомонае ки хонданиву дидани боб аст. Ташаккур ба кулли кормандону эчодкорони ин сомона...Зинда бошед, дустони азиз!!!
RSS Обуна