15:22:41 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СЕЛАИ КАБКИ МАСТ

aksi dust20-сола будам. Дар кӯчаи шеър парешон мегаштам, раҳнамо надоштам. Як рӯз бархостаму рост рафтам суроғи устод Лоиқ, дараш баста буд. Ногаҳон Гулрухсори ҷон пайдо шуд. Дафтари шеърамро сӯяш дароз кардаму гардани қозамро каҷ. Чӣ кори баде буд, ки ман кардам?! Мӯе монда буд, ки ӯ Гулрухсори ҷон дафтарамро дар сарам мезад. Барои чӣ? Надонистам. Ӯ хирмани оташ буд. Оҳ, хирмани оташе! Оташи тези дилрезу гулрезе буд, ки ҷигарат ҷаз-ҷаз мекард. Ӯ аланга мезаду устод Салимшо мегуфт, ки ин оташи ман аст, ман Зардуштам. Мани ҷигаркабоб сӯхта-сӯхта мерафтам. Як ҷӯраи ҷон доштам. Ӯ Акбари Шариф буд. Ин сурати ӯ азиз аст:

 

Ҳай дареғ, ки соли 1996 аз ҷаҳон бисёр ҷавон рафт. Ин сели ашк дар гусели ӯ сар зад:

Як ҷӯраи ҷон будию рафтӣ, 

Беҳ аз дигарон будию рафтӣ!

Чун додари ҷонам аз барам рафт,

Ту додари ҷон будию рафтӣ!

Нашкуфта зи сад гулат яке гул,

Бисёр ҷавон будию рафтӣ!

Эй, дар лаби ту ғазал фаровон,

Бе як лаби нон будию рафтӣ!

Дур аз бачаҳои нозанинат

Раҳро нигарон будию рафтӣ!

Дар гардани кист хунат, эй дӯст?

Хуншори равон будию рафтӣ...

Мо дар донишгоҳ пушти як миз менишастем. Ӯ нависандагӣ мекарду ман шоирӣ. Як рӯзи нозанин ӯ ҷӯраи ҷон аз дастам кашиду гуфт:

-Биё, назди Бозор Собир меравем. Вай бисёр шоири зӯр аст.

Рафтем, дари ин шоири зӯр ҳам баста буд. Ӯ соатҳои 10 ба 11 кор меомад. Дар Иттифоқи нависандагон мушовири назми ҷавонон буд. Аз миён чанде бигзашту ин шоири зӯр дар чанги мо зад. Бозор Собир: болобаланди навча, мӯйи сараш шоназадаи фасон, чеҳрааш хандон, хандаҳояш нозанин, суханҳояш канда-кандаи дилнишин, пӯшоку параш ба худаш чунон гуфтаст, ки хаёл мекунӣ танҳо барои ӯ дӯхта бошанд. Чун худамро шинос кардам, гуфт:

-Ку, бачем, бихон ягон шеър.

Шеъре хондам, гуфт:

-Боз бихон.

Боз хондам, гуфт:

-Офарин, бачем! Шоири нағз будию дар куҷо мегаштӣ?

Гуфтам:

-Дар кӯча.

Дафтари дарду алами маро гирифту чанд ҷо қалам зад. Ҳамин гуна дастгири мо шуд. Сухани ӯ моро ҳастию мастӣ бахшид.

Он рӯз, ки дар сояи дасташ будем, 

Як села мисоли кабки масташ будем.

ВАТАНСОЗ

Сухани дирӯзро бигзорему аз имрӯз бигӯем. Устод агар ҳазор дур биравад, ҳушу ёдаш аз гӯшаи Ватанаш намеравад. Дар Америка буд, ки ин шеър ба дасти мо расид:

Дубора созамат, Ватан, 

Ба хишти ҷони хештан!

Сутун занам ба сақфи ту

Ба устухони хештан.

 

Сатили обу гил маро

Барои сохтори ту,

Ду панҷа хуни дил маро

Барои рангубори ту,

Барои дар чаҳор сӯ

Навиштани шиори ту:

Бародарӣ -- баробарӣ,

Баробарӣ -- бародарӣ!

 

Агар чу шиша чашми ман

Ба кор меравад, бимон,

Ба кор меравад агар

Сарам чу санги сохтмон,

Бимон, бимон, бимон!

 

Дубора созамат, Ватан,

Ба хишти ҷони хештан!

Сутун занам ба сақфи ту

Ба устухони хештан.

Ин шеъри нозанин бисёр хушам омад. Боре аз устод хоҳиш кардам, ки ба ҷойи хишт санг бизанем, сақфро бардорему ягон чии дигар бигзорем. Ӯ гуфт, ки намешавад, ин сухани Симин аст. Дар гуфтугӯи телефонӣ ҷойи шарҳу баёнаш набуд. Ман барои он чунин гуфтам, ки Тоҷикистон сангистон асту миллати мо сангҷон. Чунончи, мардум мегӯянд, ки ҷони ин бача аз санг аст! Миллати тоҷик бо он ҳама куштору бедодгарии хунхорони арабу муғулу пуғул боз ҳам зинда монд...

Чун шеъри дарду доғи падарамро месурудам, ҳамин сухани мардум ба ёдам расиду онро ба назм овардам:

Устухони падарам об шудаст,

Санги ҷони падарам об шудаст.

Агарчи сухани Симинро нахондаам, чунин шунидаам:

Дубора месозамат, Ватан, 

Агарчи бо хишти ҷони хештан,

Сутун ба сақфи ту мезанам

Агарчи бо устухони хештан...

Шеъри Симин аз беху бун то сару бар ҳамин нозанинии дилнишини шеъри устодро надорад. Он ҷо дар сохтмони Ватан сатили обу гилу ду панҷа хун барои рангу бору шишаи чашму санги сар ба кор намеравад. Бародарию баробарӣ ҳам ормони шоир асту ҳам ормони мардум, ки ба ҳар сӯе бингарӣ, кош, бародарӣ бошаду баробарӣ. Бе ин дар ду дунё Ватан сохта намешавад!

Баргардем бар ин, ки чаро сақфро бардорем? Барои равшантар шудани андеша калимаҳои ҳамин пораи шеъри нозанинро канори ҳам мечинем: дубора, сохтан, Ватан, ба, хишт, ҷон, хештан, сутун, задан, сақф, ту, устухон. Равшан аст, ки дар ин миён сақф бо дигарон ҳамсангу ҳамоҳанг нест. Агар ба ҳамаи шеър ҳам нигарем, ҳама калимаҳо бо ҳам бисёр гуфтаанду бо ин як калима нагуфтаанд. Дар ин девори сухан он ҳама чун хишти пухта менамояду ин як чун хишти хом. Беҳтар менамуд, агар ин шеър чунин мебуд:

Дубора созамат, Ватан, 

Ба санги ҷони хештан!

Сутун занам ба кохи ту

Ба устухони хештан!

Ё:

СУТУН ЗАНАМ БА ХОНААТ...

Ошное чун ин сухан бишнид, гуфт:

-Барои ҳарфи «қ» мегӯйӣ?

Гуфтам:

-Не. Гап дар сари «сақф» аст,дар ин силсила бо дигар калимаҳо ҷӯр нест, ҳамнаво надорад. Барои хубтар донистани ин ҷӯрию ноҷӯрӣ як байт месозем:

Соқии симсоқе, 

Соқии нимсоқе!

Соқии қоқ масте,

Соқии тоқ масте!

Ҳама ҳарфу ҳиҷои ин тарона бо ҳам гуфтаанд! Чунонки гуфтем, гап дар ҳарфи «қ» намеравад. Як мисоли дигар: устод Бозор Собир дар сӯҳбат бо журналист Султони Ҳамад аз шеъри хуб чунин ёд мекунад: «-Буданд чизҳои ҷолибу хуб. Масалан, чор мисраи як шеъри Рустами Ваҳҳоб, ки дар марги ҳофизи халқӣ Иброҳим Кобулӣ навишта шудааст, ба ёдам мерасад:

Шуд ҷаҳон холӣ зи савти булбулӣ, 

Рафт бар шаҳри хамӯшон Кобулӣ.

Дар азояш ин замон бояд бурид,

Гар ба танбӯре бубинӣ кокуле.

Чи хел хуб гуфтааст! Ҳамин гуна агар 10 шеър дошта бошӣ, барои як умр бас аст, ки номатро ҳамчун шоир бигиранд. Ин сухани тоза, ин тасвири Рустам бозёфти хубест дар адабиёти муосири тоҷик». ӯзномаи «Имрӯз News», 09.11.10)

Оре, ин шеър бисёр нозанин аст. Барои кайфияти ҳамнавоию хушнавоиро боз ҳам хубтар донистан агар инро бисароем, ҳамааш равшан мешавад. Чун равшан шуд, ҳарфи «д»-ро дар охири мисраи сеюм намехонем:

Дар азояш ин замон бояд бурӣ,

Гар ба танбӯре бубинӣ кокуле.

Дигар парвози овозро бар бекарон тамошо мекунем. Дидед, ки чӣ гуна нозанинтар шуд? Бо бахшиш аз дӯсти азиз Рустами Ваҳҳоб ин мисраро чунин мехонем:

Ин замон дар сӯги ӯ бояд бурӣ,

Гар ба танбӯре бубинӣ кокуле.

Инаш чӣ гуна шуд?

ЗАНБӮРИ АСАЛ

Мардум аз ширинии шеъри Бозор Собир ҳайратзадаанд. Намедонанд, ки чаро шеъраш чунин ширин аст. Ростӣ, ман ҳам намедонистам. Ногаҳон бонуе пайдо шуду ин розро бароям ошкор кард. Чун роз ошкор шуд, чаҳ-чаҳа задам:

Занбӯри асал ҳаст, вай, эй дӯст, 

Занбӯри асалмаст ҳай, эй дӯст!

Ҳар гул написандад, ба Худо, ки,

Ҳар гул чи писандад, ба Худо, ки?

 

Ҳай шираи гулҳора чашидаст,

Ҳай шираи гулҳора кашидаст!

Ҳай шираи гулҳои диловез,

Ҳай шираи гулҳои гуловез!

 

Ҳай шира чашидаст чи ширин,

Ҳай шира кашидаст чи ширин!

Ҳай шира чашидаст ба мастӣ,

Ҳай шира кашидаст ба мастӣ!

 

Хушрӯй чашидаст, чашидаст,

Хушрӯй кашидаст, кашидаст!

Хушрӯй чашидаст ба мастӣ,

Хушрӯй кашидаст ба мастӣ!

 

Вай неш ба ҳар гул назадасте,

Вай хеш ба ҳар гул назадасте!

Бар хоса гулаш неш задасте,

Дар косагулаш беш задасте!

 

Ҳай шира макидаст, макидаст,

Ҳай шира чакидаст, чакидаст!

Маст аст, чунин шира задасте,

Бастаст чунин шира, задасте!

Сайёд ҒАФФОР, махсус барои сомонаи Ruzgor.tj



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 22.01.2012 13:44
Салом. Калимаи "хишт" бо калимаи "хештан" ва калимаи "сутун" бо калимаи "сак,ф" мисраро бисёр равон кардааст ва талафузи он низ хеле зебост х,ам дар к,ироат ва х,ам ба ох,анг бастану хондани он. Калимах,ое, ки шумо пешних,од кардед ("санг", "кох", "хона")калимах, ои хубанд, аммо дар ин шеър ин каламот дар чои дуввум ва саввум меистанд, дар чи аввал худи х,амон варианти устод Бозор Собир меистад. Асом.Хайриддино в
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi