02:50:52 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

ТЕАТР ОИНАИ ЗИНДАГИСТ Ё ЧАРО МО АЗ ОИНА РӮЙ МЕГАРДОНЕМ?

Дар ҳақиқат дар ҳама давру замонҳо театр ҳамчун оинае буд ва ҳаст, ки инсонҳо дар саҳнаҳои он норасоиҳои рӯзгори хешро медиданду мебинанд. Барои он одамон ба тамошои намоишномаҳои театрӣ мераванд, ки аз он чизе бардошт намоянд. Хоҳ он ахлоқӣ бошад, хоҳ мазҳакавӣ ва хоҳ фоҷиавӣ. Аз ин ҷост, ки асарҳои тамоми драматургони олам маҳз аз камбуду норасоиҳои одамон сарчашма гирифтаанд.

 

teatrmolodejҲанӯз аз замонҳои хеле қадим одамон аз ин навъи ҳунар ва фарҳанг ба манфиати хеш истифода мекарданд. Ҳунармандони театрҳо аз асарҳои адибони бузурги олам намоишҳои ҷолибро ба саҳна гузошта ба ҳамин васила маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаро бурдан мехоҳанд. Табиист, ки одамонро иҷборан ба театр бурдан ғайриимкон аст. Агар касс барои боло бардоштани маънавиёти хеш кӯшиш нанамояд, албатта каси дигар наметавонад коре карда бошад. Суоли матраҳ ин аст, ки агар театр воқеан оинаи зиндагӣ бошад, пас чаро имрӯз мардуми мо ба тамошои театр кам мераванд ё умуман намераванд?

 

 Ин суолест, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Дар воқеъ агар аз дилхоҳ театри кишвар дидан намоӣ ин аҳволро баръало мушоҳида кардан мумкин аст, яъне тамошобин нест, бошад ҳам, ангуштшуморанд. Сабаб дар он нест, ки масъулин ё ҳунармандони театрҳо намоишҳои диданӣ надошта бошанд. То ҷое мушоҳида кардем дар театрҳо дар тӯли ҳафта қариб чор ё панҷ намоиш мувофиқи барномаашон бояд ба саҳна гузошта шавад. Аммо аз сабаби оне, ки тамошобин нест намоишҳо ба саҳна гузошта намешаванд.

 

Масалан, боре ҳамроҳи як гурӯҳ ҳасабақонам барои тамошои намоишномаи «Ганҷи ранҷ» ба театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ рафтем. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки агар шумораи тамошобинон ба даҳ нафар расад намоиш ба саҳна гузошта мешавад, вагарне не. Мо ҳaфт нафар чипта харидорӣ намуда ба толор даромада нишастем ва баъдан ҳашт нафари дигар вориди толор шуданд.

 

Ҷамъоҷамъ понздаҳ нафар шудем дар толор, дар толоре, ки дар он садҳо нафарро ҷой кардан мумкин аст. Аммо ҳунармандон ба шумораи ками тамошобинон нигоҳ накарда, саҳнаро ба намоиш гузоштанд ва аз тамошои он маъноҳои зиёдеро бардошт намудан мумкин буд. Дар намоишнома ҳунармандони маъруф ва шинохтаи ҷуумурӣ ба монанди Майрам Исоева, Муҳаммадҷон Шодиев ва дигарон ба шумораи ками тамошобинон нигоҳ накарда, бо рӯҳи болида ва чеҳраи кушод ҳунар намоӣ карданд.

 

Мақсади ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки дар театрҳо аз сабаби набудани тамошобин намоишҳое, ки аз руйи барнома бояд ба саҳна гузошта шаванд, ба таъхир меафтанд. Яъне дар вақти муайяншуда ба саҳна гузошта намешаванд. Мувофиқи шунидаҳо дар даврони Иттифоқи Шӯравӣ дар толорҳои театрҳои ҷумҳурӣ барои тамошои дилхоҳ намоиш чипта дастрас кардан хеле кори мушкил буд. Чунки аз сабаби зиёд будани шумораи тамошобинон мардум дергоҳ дар навбати чиптахарӣ меистоданд. Аммо имрӯз чӣ шудааст, ки дар назди утоқи чиптафурӯшии театрҳо касеро дидан мушкил аст ва аз сабаби нарасидани тамошобин намоишҳо ба саҳна гузошта намешаванд.

 

Ин ҳолат мо ва миллати моро ба фақри маънавият хоҳад бурд, чун ки ба назари банда театр яке аз бузургтарин омилест барои болоравии маънавиёти мардум. Академики тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китобашон «Хуросон аст ин ҷо» дар ин маврид чунин қайд намудааст: «Ҳастии милат пеш аз ҳама дар маънавияту фарҳанг ифода меёбад ва баёнгарии маънавияту фарҳанг барҷастатар аз ҳама дар забон муяссар мегардад. Фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишонаи ҳастии инсон ва шехсе, халқеву миллете нест. Асли ҳастӣ ҳастии маънавист».

 

Воқеан ҳам, имрӯз театри тоҷик он қадар заиф нест, ки қудрати омода ва ба саҳна гузоштани намоишҳои хубро надошта бошад. Албатта, намоишҳои ҷолиб дорад, аммо имрӯз завқи тамошобинон пир шудааст ё умуман мардум вақти ба театр рафтан надоранд. Ҳунармандони театри тоҷик бо завқу ҳаваси беандоза ва меҳнати зиёд намоишҳоро барои мардум омода мекунанд, вале мутаасифона, мардум ба тамошои он намераванд.

 

Театри тоҷик ҳунармандоне дорад, ки на танҳ дар дохили кишвар, балки дар хориҷ низ ҳунари онҳоро қадр ва эътироф мекунанд. Масалан, ҳар боре, ки ба воситаи оинаи нилгун симои ҳунарманди шинохтаи тоҷик Майрам Исоева намоён мегардад, падарам, ки ба сини мубораки ҳафтод расидаанд мегӯянд, ки «ин шахс барои рушди театри тоҷик хизмати арзандае кардааст. Ба қавле мӯйи сарашро дар театр cафед намудааст».

 

Яъне аз ин ҷо бармеояд, ки насли калонсоли мо ҳунармандонро шинохта, хизматашонро қадр менамоянд. Вале аз чӣ бошад, ки имрӯз насли ҷавони мо ба театр рафта ақаллан ҳунармандонро шинохтан намехоҳанд? Агар гӯянд, ки дар фалон ҷо барномаи консертии фалон сарояндаи эстрада баргузор мегардад, ҳатман чипта дастрас карда, дар он иштирок мекунанд, агарчи чипта нархи гарон ҳам дошта бошад. Аммо cе сомон ё агар қиммат бошад панҷ сумон дода чиптаи театр харидан барояшон гаронӣ мекунад. Ҳеҷ фикр намекунам, ки намоиши масалан «Рустаму Суҳроб» аз ҳамон ҳарзагӯии «ситораҳои эстрада» дида камтаъсиртар бошад, барои маънавиёти ҷавонон.

 

Ҳамзаи Давлат як нафар донишҷӯ сабаби аз театр дурр шудани мардумро чунин арзёбӣ намуд: «Дарҳарзамонарзишенумумекунадваёбаръаксбоиситаназзулиарзишҳоидигаремегардад. Рӯгардонданваёбегонашуданичунинтамоюлоттаназзулимаъавиётимиллатҳоропешмеоварад. Зуҳуроти бегонае, ки доман паҳн карданист, ҳамон лаҳза мавқеъ пайдо менамояд. Бегонагию худноогоҳӣ в бемаърифатӣ ҷомеаро фаро гирифта, моро аз ҳама гуна арзишҳо дур намудааст. Мо натанҳо ба театр намеравем, балки аз китобу мактаб ва бузургон рӯй гардондаем».

 

Дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки мардуми мо, чӣ хурду чӣ бузург, барои рушду такомули фарҳангу маънавиёти хеш гоме зада бошанд. Театр, ки беҳтарин омил барои болоравии маънивиёти инсонҳост, бояд рӯ ба он биёрем. Лоақал асарҳоеро, ки аз китобҳо намехонем, дар намоишнломаҳо шояд бинем.

 

Хушбахти НАЗРУЛЛО, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ,

махсус барои сомонаи Ruzgor.tj

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3822-2010-12-10-06-36-29.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi