18:47:00 04-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Як нуктаро мехоҳам таъкид кунам, ки аз беэътинойӣ, таҷрибаи кам, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳирфайӣ ё касбияти журналистика, ки бояд қотеона бар пояйи дониши мукаммали забон ва навиштор (орфография) устувор бошад, дар матбуоти имрӯзи кишвари мо бемуҳобо хараҷу мараҷи забонӣ ба вуҷуд омадааст, ки мутассифона ин беморӣ ба забони мардум ҳам таъсири манфӣ расондааст. Барои мисол, имрӯз дар забони матбуоти кишвари мо калимаҳои бунёдии кардан, шудан хеле камёфт шудаанд ва ҷойии худро камокон ба гардидан ва намудан, ки дар асл маънии дигареро бар уҳда доранд, супоридаанд. Як лаҳзае ба гуфтори радиову телевизион, навиштаи рӯзномаву маҷалаҳо таваҷҷуҳ кунед. (Фалонӣ ин корро иҷро намуд.

 

Ин кор аз тарафи фалонӣ иҷро гардид), ки истифодаи ин феълҳо дар ин мавқеъ ва дар ин шакл ҳусни суханро ба сурати ҷиддӣ коҳиш медиҳад. Дар ҳоле ки ба форсии тоҷикӣ бисёр осон мешавад гуфт: Фалонӣ ин корро кард. Ин кор аз тарафи фалонӣ иҷро шуд. Ҳангоми таҳияи ин мақола, ба манзури дарёфти далел ба гуфтаҳоям нашрияҳои рӯйидаст – маҷаллаи бонуфузи «Бонувони Тоҷикистон» – №8, 2010, нашрияи муътабари «Пажвок» – №15, 03.11.2010 ва ҳафтаномаи «Фардо» – №17, 09.09.2010-ро интихоб ва навиштаҳоеро аз онҳо мутолиа кардам. (Пешакӣ аз дастандаркорони маҷаллаву ҳафтаномаҳои номбурда узр мехоҳам, зеро ҳадафи ман гуноҳҷӯйӣ ва насиҳат кардани онҳо нест. Балки дарёфти мисоле барои мушкили баён аст, ки табъан дар ҳама нашрияҳо ва матбуоти кишвар фаровон мушоҳида мешавад).

 

Дар мақолаи «Ҳусни табиб – сухани хуш» («Бонувони Тоҷикистон», саф. 3, 4) вожаҳои номбурда 7 маротиб истифода шуда, гузашта аз ин, мавориди истифодаи ноҷо ва барғалати калимаҳо, ҷумлаҳои бетаҳрир бештар аз интизор ба назар мерасад. Ба ин ҷумла таваҷҷуҳ кунед: «Боре, ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш, Алла-хола, ки дар ҳамсоягӣ мезисту гирифтори бемории диабети қанд буд, хоҳиш намуд, ки сӯзандоруяшро гузаронад». Ин ҷумла мушкили зиёде аз қабили истифодаи нодурусти ҷойи калима дар ҷумла ва офариниши ҷумла дорад, ки фаҳмиданаш то ҳадде мушкил шудааст. Ин ҷумла дар таҳрири нав мутобиқ ба меъёри забони навиштор тақрибан чунин ислоҳ мехоҳад: «Алла-хола, ки дар ҳамсоягиашон мезист ва гирифтори бемории диабети қанд буд, боре, ҳангоми дар синфи шашум хонданаш, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба баданаш сӯзандору занад».

 

Вале дар мақолаи «Нотаи ҷопониҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон» («Паж¬вок», саф.7) вожаҳои номбурда 9 маротиб мавриди истифода қарор гирифтааст. Агарчи ғалатҳои дигари имлоиву луғат ва сабку таҳрир дар ин мақола ҳам ба назар мерасанд, вале дар муқоиса бо навиштаи «Бонувони Тоҷикистон» камтар аст. Ҷумлае барои мисол: «Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки дар Ирон мошинҳои бори моро, ки ба воситаи он мегузаранд, аз 24 тона зиёд агар бор дошта бошанд, гумрукчиёни иронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои Ирон шаванд». Ин ҷумла тақрибан ба чунин таҳрир ниёз дорад: «Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки мошинҳои моро, агар аз 24 тона зиёд бор дошта бошанд, гумрукчиёни иронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои ин кишвар шаванд». Аммо дар мақолаи «Аз ваҳдат то истиқлолият» («Фардо», саф. 5) мушкилоти бештари забонӣ, таҳрирӣ ва мантиқӣ ба назар мерасад, дар баробари он ки вожаҳои болойӣ дар ин мақола 5 маротиб ноҷо истифода шудаанд.

 

Корбурди истилоҳот ва луғат

Истифодаи ноҷо аз баъзе луғату истилоҳот, ибораву ҷумлаҳои протоколиву расмӣ, ки хоси дипломатия ва расмиёти ҳукуматдорист, ба сурати дағалона вориди матбуот шудааст. Барои мисол, ибораҳои «ташриф овардан» ва «ҷаноби олӣ» пеш аз ҳама истилоҳоти дипломатӣ ва баъдан вожаҳои забони расмии ҳукуматӣ, дар ниҳоят калимаҳои забон мебошанд. Ба ҳамин маънӣ, мақомоти расмӣ ба ҳангоми дидор ва мулоқотҳо ин иборотро фаровон истифода мебаранд ва комилан мутобиқ ба меъёр аст. Аммо аҷибаш ин аст, ки имрӯз дар матбуоти мо дар баробари ҳар роҳгузаре, ки аз як шаҳр, вилоят ва кишвари дигар омадааст, ин истилоҳот истифода мешавад.

 

Дар иртибот ба ҳамин ғалатгуфториҳо мехоҳам бигӯям, ки ҳар журналист, корманди васоити ахбор ба таври қатъӣ вазифадор аст, ки нормаҳои меъёрии забонро риоя кунад ва ҳамеша тобеъи он бошад. Барои мисол, солҳои ахир мӯд шудааст, ки хеле аз хабарнигорон мухотаби худро дар тамоми навиштаҳояшон ба унвони эҳтиром дар шакли ҷамъ ном мебаранд. Мо навиштаҳоеро дар назар дорем, ки (ғайр аз мусоҳиба) журналист дар бораи қаҳрамони мақола ҳикоят мекунад. Масалан: «фалонӣ гуфтанд, фалонӣ карданд, фалонӣ рафтанд»…  Аммо меъёри забони бахусус навиштор, талаб мекунад, ки ҷумлаҳо ва ифодаи андеша бар пояйи забони меъёр мутобиқ бошад. Баён дар шакли исми танҳо дар хусуси касе бар пояйи талаботи забони меъёр набояд беэҳтиромӣ дониста шавад. Масалан, мо дар бораи як қаҳрамони дӯстдоштаамон, агар аз ҷонишинҳои эҳтиромии шахси ҷамъ истифода мебарем, пас мо ҳамаи шоиру нависандаҳо, қаҳрамонон, ни¬ҳоят ҳама одамонро дӯст медорем. Шояд ҳамаи онҳоро дар шакли ҷамъ унвон кунем – он гоҳ меъёри забон чӣ мешавад?

 

Як тарзи ифодаи дигар, ки хеле ривоҷ ёфтааст, истифодаи ноҷойи калима дар ҷумла мебошад, ки хеле ғализ ба назар мерасад. Тайи садсолаҳо дар забонҳои форсӣ ҷойи калима дар ҷумла дақиқан муяйян шудааст ва мардуми соҳибкалом ин қоидаро дуруст истифода мебаранд. Мубтадо дар аввали ҷумла, хабар дар охир, аъзои дигар дар миёни ҷумла. Вале имрӯз, ҳар гоҳе ки мешунавему мехонем, ки «мо омода кардаем ин барномаро барои шумо», ба назар мерасад, ки забон ба як шикастапорае табдил шудааст. Ман, ки хеле вақт аст, барномаҳои шабакаҳои радиоии Тоҷикистонро мешунавам, бо раҳбарони ин боргоҳи сухан дар ин маврид борҳо гуфтугӯ кардаам. Ва дақиқан метавонам бигӯям, ки дар гуфтору навиштаҳои журналистони тавонманд Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва Ҷонибеки Асрориён ин гуна ғалатҳои фоҳишро надидаву нашунидаам, аммо дар ҳамон коргоҳҳое, ки онҳо фаъолият мекунанд, ин гуна ғалатгуфториҳо хеле ва хеле зиёд шунида мешавад.

 

(идома дорад)

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4490-mushkili-zabon-dar-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854