17:30:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУХАНШИНОСЕ, КИ ҚАДРИ СУХАНВАРОН МЕДОНАД

Дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии чор китоби таҳия, мураттаб ва ба нашр расондаи Муҳаммадиқболи Садриддин, олим ва муҳаққиқи ҷавон, сарпарасти Бунёди ҷамъиятии «Васатият» «Суханварони Балх», «Суханварони Ҳирот», Суханварони Ғазнин» ва «Паёми Иқбол» баргузор гардид.

/images/stories/2011/09/22_kamol-nasrullo_22.9.2011.jpgМаҳфилро бо сухани муқаддимавӣ Камол Насрулло, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Шоири Халқии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Сипас маҳфилро Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, олими маъруфи таърихшиноси тоҷик раисӣ кард. Ӯ дар суханронии худ кори ба анҷом расондаи пажӯҳишгари ҷавонро хизмати бузурге барои миллат арзёбӣ намуда, азҷумла гуфт, ки ин муҳаққиқи ҷавон кореро анҷом додаст, ки «пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт анҷом надодааст».

/images/stories/2011/09/22_kitobho_sukhanvaron_22.9.20.jpgДар ин маҳфил Абдулғафури Орзу-сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Алӣ-консули сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, Абдуғаффори Абдуҷаббор- раиси дастгоҳи иҷроияи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Саидмукаррами Абдуқодирзода- раиси Маркази Исломии Тоҷикистон, Мирзо Шукурзода- нависанда ва муҳаққиқ, Файзулло Бобоев- муовини директори институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба номи устод Рӯдакӣ, Шаҳрия-шоираи маъруфи кишвар суханронӣ намуда дар бораи заҳматҳои кашидаи таҳиягар ва мураттиби китобҳои мазкур ҳарфҳои ҷолибу муносиб заданд.

Воқеан, Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамагӣ 34 сол дорад, дар як муддати кӯтоҳи фаъолияти хеш корҳои зиёд ва муфидеро анҷом додаст. Феҳристи китобҳои таълиф, тарҷума, таҳия ва баргардонкардаи муаллиф дар ҳоли ҳозир аз 42 номгӯйи асарҳое иборат аст, ки барои уламо ва аҳли зиё хеле муфиданд. Китобҳои «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с)». «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» дар се ҷилд, «Даҳ ёри биҳиштӣ», «Сирати Расули Акрам (с)» дар ду ҷилд ва ғайра китобҳои рӯйимизии алоқамандон ва дӯстдорони китоб ба шумор мераванд.

/images/stories/2011/09/22_sohibkitob_22.9.2011.jpgБоварӣ ҳаст, ки китобҳои дар боло зикршуда ҳам мақбули хонандагони сершумор хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки китобҳои  «Суханварони Балх», «Суханварони Ҳирот», Суханварони Ғазнин» ва «Паёми Иқбол» зери назари Файзулло Аҳё таҳия ва мураттаб гардидаанд. Муҳаррири масъули китобҳо донишманд ва пажӯҳандаи шинохтаи тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ буда барои ҳар яке аз ин китобҳои аз ҷиҳати ороиш зебо ва за ҷиҳати маънӣ воло сарсуханҳои пурмӯҳтаво ва муфиде навиштааст.

Дар хотимаи маҳфил Муҳаммадиқболи Садриддин изҳор дошт, ки дар оянда низ ин иқдоми некро идома хоҳад дод. Ӯ талош дорад, ки то ҷашни Наврӯз китобҳои «Суханварони Самарқанд» ва «Суханварони Бухоро»-ро таҳия ва ба нашр бирасонад. Дар нақшаи кори ӯ дар ояндаи наздик  таҳия ва ба дасти чоп расондани китобҳои «Суханварони Хоразм», «Суханварони Хева», «Суханварони Дарвоз», «Суханварони Қаротегин» ва «Суханварони Ҳисор мавқеи аввалро ишғол мекунад.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #3 Guest 19.10.2011 12:32
Фалак ба мардуми нодон дихад зимоми мурод,
Ту ахли донишу фазли хамин гунохат бас!
Бародари гироми Мухаммадикбол муборак бошад боз як нашри китобхои чадиди шумо ,ки барои хар як фарди точик фикр мекунам чун обу хаво лозим хастанд.Худован д ачри мехнатхои шуморро аз хазинаи адонашавандаш сарфароз гардонад.Мувафф аку сарбаланд бошед! Худованд ёру мададгори шумо бошад!
 
 
0 #2 Guest 22.09.2011 19:14
Худованд баракт дихадат ва нигахбонат бощад ай бародарам Шуморо Муҳаммадиқболи Садриддин, ва дар корхои эчодии лозиммаи дар замони хозир ки хаммаи Мо ташнаи ингуна китобхо хастем . агар мешуд мешуд ки бо мешуд ки аз нав номи Бузургонамон-ро бо чопи асархои панд-овару ахлоки-ашон чоп мекардед ва мекарданд ки ин ба манфиати Халкамон мешуд . ! на оне ки хозира ва дар даврони СССР чоп шудаанд сафсатахо ба монанди - Ситорахо - Зодгохам - Кухистон - Бобои Сафар - ва дигару дигар-хо вахо казо - бас аст ( лапша на уши ба халки зираки Точик ! барои хамин хамин хам хеч кас ин китобхои бе маъне ва пуч ( гудак бози - Детский сад) хайф !
 
 
0 #1 Guest 22.09.2011 18:46
Ин шоирону нависандагони бад масти Мо Точикон ! танхо мадху сано ва таърифро медонанду бас ! лекин вакти агар таърифи халки Точик ва шиносои бо халки Точик-ро! гирем боз бармегардем ба Хамон Орифони гузаштаи худ хохем нахохем мачбурем ки Руй меоварем ! барой ки нест у ё он шахсияте ки Мо Точикон бо илму адабу маърифату Каломи ин Шоиру Нависанда ва шояд Орифи хозира бифахрем ! Хайхот , Шармандагист ! факат ва факат ба май задаанду ва акл гумкардаанд! Мефахрем боз ба ононе ки ба мисли - Орифони Замона хамчун Мухаммад Икболи Лохури ! боз як Китоби дигареро ба даст гирифта мотолеа кардам ва дар хайрат мондам бо ин кадар масъулият ва сер кори ва давлат дори ва Инкилоб боз ин шахсият хам шеър хам мегуфта аст Эмом Хумайни Эрон !ин хам ба хайр баъзе аз шахрвандон коргарони оди Хам Шеър мегуянд бисёр шеърхои хуб хам !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi