18:11:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29            

ПАСТ АСТ ХОКИ ОДАМӢ...

 

“Муҳим номи нек аст... Ва ёдгори мардум сухан аст: дар зиндагӣ ҳар чи кунад, баъд аз фавт ӯро бад-он кирдор ёд кунанд...” Аз “Насиҳат ул-мулук”-и Ғазолӣ 

АюбШукрона, ки замони нооромиҳову ҳамдигарнофаҳмиҳо паси сар шуд, ҳарчанд доғи сиёҳ аз он рӯзҳо то ба ҳол дар дил аст... Он рӯзҳо шабҳои торро мемонд, ки гӯё ба дунбол рӯшанӣ надошт. Ҳама ҷо торик, дилҳо cаршор аз бухлу кина, яъсу навмедӣ лона дар қалбҳо гузошта, маҳал дар муқобили маҳалли дигар қарор гирифта. Аммо он, ки ғарқи хунобаи сиёсат гашта буд, яқин буд, ки барои ин теъдод манфиатҷӯ маргу мир, рехтани хуни инсонӣ ва аз кошонаву хона маҳрум гаштани мардум ҳеҷ арзише надошт.

Як ҷонибро афғону арабу аҷам пуштибон буду ҷониби дигарро узбаку русу дигару дигар... Ҳар кӣ пайи касб намудани манфиат зери ҳавои нофорами мусиқии хоҷагони ғаразҷӯяшон дар рақс буданду бозӣ... Бехабар аз он, ки оҳанги рақсу суруди фармоишии олуда бо хун, рӯзе не рӯзе онҳоро низ ғарқобаи хун хоҳад кард ... Ва чунин ҳам гашт...

Ростӣ, ки намехоҳам аз он рӯзҳо ёд орам ва ё ному насаби теъдоде аз он сиёсатбозони дар орзуи сиёсат бар забон гирам... Зеро маҳз касофатии ҳамон мансабҷӯиҳову тохтутозҳо буд, ки дар қатори дигар аз мардуми фирорӣ панҷуним сол заҳри ҷудогиву ғурбат чашидам, се бародар аз даст додам...

Мутаассифона, имрӯз бархе аз рӯзномаҳо аз он теъдод дастандаркорони бедодиҳо қаҳрамони давр метарошанд. Не, набояд ёд аз онҳо кард ва номи онҳо бар забон бурд. Ба Худо забон ҳам месӯзад...

Аюбҷони Неъматро мешиносед?

Имрӯз дар шигифт аз онам, ки чаро мо рӯзноманигорон аз ҳамкасбоне, ки қурбонии сиёсати палиду касиф гаштанд, маротибе ҳам ёд намекунем? Чаро таҳқиқот рӯи даст намегирем, то қотилонашон ифшо созему ба маҳкамаашон кашем? Таҳқиқот он сӯ истад, ҳатто дар бораашон ақаллан сатраке ҳам ба нашр намерасонем. Зеро ба қавли як сардабири рӯзномаи хусусӣ, дар ин маврид “рӯзнома бозоргир намегардад, маҳз ҳар гуна матлаби ҳангоматалабу корнамоии қотиле бар тиражи рӯзнома тираж зам мекунад...”

Пас, метавон хулоса кард, ки аз ҳамкасбони шаҳидгаштаамон оянда нишоне боқӣ намемонад? Бале, чунин аст, зеро имрӯз ҳар кӣ аспу аробаи худ мекашад!!!

Басо дардноку ҷонсӯз аст шунидани он хабар, ки он чанд тан аз рӯзноманигори муборизро бо чи ваҳшонияти гӯшношуниде қотилони супоришгирифта ба қатл расониданд... Як тан аз онҳо рӯзноманигори варзидаю соҳибқалам ва муборизи роҳи ҳақ Аюбҷони Неъмат буд, ки аз дасти чанде аз ҳамдиёри чашмпурхун дар мулки ғурбат ба шаҳодат расид...

Бале, дар ин матлаб дар бораи рӯзноманигори хушқаламу ҳамалам, ҷавонмарде, ки миёни обу оташ монда билохира бо макру ҳиллаи “дӯст”-и дар либоси душман ба ҳалокат расид, чанд ҳарфаке рӯи коғаз овардам. Шояд ба ин васила тавонам, ки рӯҳи ӯро шод гардонам...

Афсӯс, ки моро одате дар замир аст, ки вақти зинда будан ба қадри ҳам намерасем, чун аз ҳам ҷудо шудем аз ҳамдигар фаришта месозем.

Аюбҷон дунболаи вазифаву мансаб натохт, манфиат наҷуст, балки барои манфиати миллат азият кашиду билохира дар ин роҳ қурбон гашт. Чи ҷои пинҳон кардан, ки Аюбҷонро бетарафию бешарафии теъдоде аз мо кушт. Натавонистем, то ӯро аз чанголи теъдоде аз кӯртинате, ки дар зодгоҳ ҳар лаҳза ангушти таҳдиду таъқиб сӯи ӯ доштанд, наҷот бахшем, дар ҳоле ки метавонистем.

Аз овони донишҷӯӣ Аюбҷонро мешинохтам. Дар замир хислате дошт: ҳеҷ гоҳ пеши ҳар касу нокас сар хам намекард, худсито набуд, ба ҳарфи рақибу бадхоҳ лаббайк намегуфт, балки ҳақиқатро рӯйрост ва бидуни тарс ба рӯи рақибаш мегуфт... Дар ғайб касеро таънаву маломат намекард, маҳаллеро паст намезад, аз пешрафти кори ҳамкасбу ҳамкораш ҳасад намебурд...

Баъд аз хатми донишгоҳ бо Аюбҷон дар Афғонистон вохӯрдам. Ҳар ду афсари тарҷумони артиши Шӯравӣ будем. Бадоҳатан ӯро дар меҳмонхона вохӯрдам, ки омодаи сафар ба Ватан буд. Чанд рӯзаке бо ҳам дар як ҳуҷра будем. Дар ин муддат маротибе ҳам надидам, ки ӯ сидқан хандида бошад. Аз чизе сахт маъюс ва ошуфтаҳол буд. Сабаб пурсидам.

Посухам дод, ки дар ин мулки исломӣ мусалмон мусаллаҳ бо тиру туфанги аҷнабӣ муқобили мусалмони худ сангар гирифта, ҳамдину ҳамойини хеш шикор дорад. Бар замми ин, сарбозону афсарони тоҷикро афсарони рус таҳқир мекунанд, мо бошем чун ғуломи ҳалқабаргӯш ҳар гуфтаи онҳоро тасдиқ мекунем.

Танҳо бар ивази он, ки чанд тангае ба даст орем ва дар Ватан “Волга”-саворӣ кунем? Не, ҳеҷ гоҳ! Ӯ ин суханон мегуфту ашки талх рухсораҳояш мешуст. Баъдан аз ҷайб медали “Барои хизматҳои шоён”-ро бароварду гуфт: -Ана, ҳамин оҳанакро бо саломатиам иваз кардам, бар замми ин қатлу азият ва таҳқири мусалмон мебинаму азоби рӯҳӣ мекашам...

Аюбҷон дар муқобили афсароне, ки гаҳу ногаҳ тоҷиконро таҳқир мекарданд, хомӯш намеистод, балки посухи сазоворашон медод. Он қадар ҳисси миллиаш боло буд, ки омода буд дар ин роҳ худро қурбон созад. Рӯзе ҳамроҳ шуғли билярдбозӣ доштем, ки афсари масте наздамон истоду амр кард, ки аз назди бозӣ дур шавем, ба қавли ӯ тоҷикро кӣ монда ба билиярдбозӣ...

Ба таҳқиру таҳдиди афсар Аюбҷон тоқат накард ва мушти обдоре ба пешонии ӯ фаровард. Ҳамроҳони он афсари маст дигар ёрое накарданд, ки сухан гӯянд ва ё амалкарде нишон диҳанд. Хайрият, ки рӯзи дигар Аюбҷон ба Ватан парвоз карду қазия пӯшида монд...

Ман аз бегонагон асло наноналам...

Воқеан ҳам Аюбҷон худшиносу худошинос буд, миллатро беҳад дӯст медошт, аммо маҳалбозро чашми дидан надошт. Маҳз ҳамин дарди маҳал ӯро кушт. Қисса мекунанд, ки вақте ӯ озими Русия мегардад, дар он ҷо бачаҳои дигар маҳал ба ӯ бо чашми нобоварӣ назар мекунанд, ҳатто ӯро “разведчик”-и он тараф меҳисобанд.

Он замон ӯ инро хуб ҳис мекард ва аз чунин амалкарди ҳамватанони ғарқи селобаи маҳалгашта сахт дар азоб буд. Гумон дошт дар ҳалқаи рушанфикрон асту ӯро хатаре таҳдид намекунад. Аммо чӣ медонист, ки дар ҳалқаи гургони гуруснае қарор дорад, ки ҳар дам омодаанд дандон бар тану ҷони ӯ зананд. Шабҳои дароз дарун ба дарун месӯхту мисраҳои Нодири Нодирпурро замзама мекард:

Агар гурезам, куҷо гурезам,

Агар бимонам, куҷо бимонам...

Таваккал бар Худо кардаву озими Ватан гашт. Бехабар аз он, ки гургони бадхашму бадандеш ӯро дунболагиранд. Он чанд хунхори кӯртабъ, билохира ба мақсади нопоки худ мушарраф гаштанд ва Аюбҷонро аз қатора берун партофтанд. Ниҳодҳои қудратии Қазоқистон баъд аз чанд рӯзи пайдонамоии ҷасад ва муаяннамоии шахсияти ӯ тобути оҳанинашро ба Тоҷикистон интиқол доданд...

Кӯртабъону нохалафони чашмпурхун гумон карданд бо ин амали нангинашон ҳақиқат куштанд, бехабар аз он, ки

Ҳама ҳақгӯю ҳақҷӯён бимиранд,

Вале асло намемирад ҳақиқат...

Аюбҷону Аюб барин даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат, ки ба ҳеҷ гуна сиёсате шомил набуданд, ҷуз ҳимоят аз халқу кишвар, қурбонии сиёсати сиёсатбозони нохалаф гаштанд... Ва на як нафару ду нафар, балки 75 нафар... 75 нафар аз рӯзноманигор, 75 ақли солим, 75 нерӯи маънавӣ қурбони тохтутозҳои сиёсӣ шуданд...

Имрӯз, ки сари аз тан ҷудогаштаи фарзанди тоҷик аз Русия ба Ватан меояд, ҷасурию диловарии Аюбҷону ӯ барин даҳҳо нафар аз фарзандони ғаюри ба шаҳодатрасидаи миллат пеши назар меояд... Кош онҳо имрӯз паҳлӯи мо мебуданду дар қиболи ҳар гуна сиёсатбозиҳо садо баланд мекарданд... Эҳ кош...

Аюбҷону ба ӯ монанд даҳҳо нафар аз ҷавонони бо нангу ори миллат барои худ назистанд, балки барои дигарон зистанд...

Сарват ҷамъ накарданд, қасру кушку хонаҳои баландошёна насохтанд, аз пушти мансаб натохтанд..

Аммо номи нек аз худ ба ёдгор гузоштанд...

Мо ҳамкасбону ҳампешаҳои онҳо бошем, эшон фаромӯш кардаем... Афсӯс...

Паст аст хоки одамӣ, эй войи одамӣ,

Бар хокрафтаро накунад аз дигар суроғ...

Муҳиддин Идизода, рӯзноманигор барои “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi