09:37:45 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

М. ДИНОРШОЕВ: ҚУФЛКУШОИ ҲАМА ДАРҲОСТ ИЛМ

 

Хабари барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 гардидани академик Мӯсо Диноршоев, дар баробари эътои эҳсоси хурсандӣ рости гап, моро то андозае ба ҳайрат низ гузошт. Ҳайрати мо аз он буд, ки ин файласуфи маъруфи кишвар, ки асарҳояш дар ҷаҳони фалсафа хеле машҳуранд ва махсусан таҳқиқоти ӯ дар бораи фалсафаи Ибни Сино аз сӯи файласуфони маъруфи дунё навгӯӣ арзёбӣ шудаанд, бо ин ҷоизаи давлатии кишвар, танҳо акнун сарфароз мегарданд. Донистани иллати ин таъхир ва боз гирифтани посух ба бисёр суолҳои дигари ҷолиб моро ба пои сӯҳбати ин донишманд кашонд.

ӯсо Диноршоевич, Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон ба ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 аз номи хонандагони маҷалла табрик мегӯем. Вале ҳамзамон мехоҳем бифаҳмем, ки чаро ин қадар дер ба ин унвон сарфароз шудед?

Мусо Диноршоев- Ташаккур. Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон академик М.С. Осимӣ соли 1978 тавассути Ғ. А. Ашӯров, мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон маро аз Маскав, ки дар он ҷо дар мавзӯи «Насриддини Тӯсӣ ва фалсафаи тоҷик дар асри 13» рисолаи докторӣ омода мекардам ва қариб 80 дар 100 он ба анҷом расида буд, ба Душанбе оварданд. Дар нахустин сӯҳбат гуфтанд, ки «Мӯсоҷон, омода ва баргузор кардани ҷашни ҳазораи Ибни Сино, кори бисёр пуршарафи миллӣ аст. Шумо омода ва нашри маводи ҷашниро ба ӯҳда бигиред. Агар ин корро хуб анҷом бидиҳед ва ҷашни ҳазораи Ибни Сино дар савияи баланди илмӣ баргузор гардад, раёсати Академия номзадии шуморо барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино дар соҳаи илму техника пешбарӣ хоҳад кард.

Илоҷи розӣ нашудан набуд. Дар давоми се сол шабу рӯз барои иҷрои барномаи ҷашни ҳазораи Ибни Сино кӯшиш кардам: ҷилди якуми осори ӯро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба чоп расондам, «Избранные философские произведения»-и вай бо мақолаи муқаддимотии М. Осимӣ ва М. Диноршоев ба табъ расид. Зери таҳрири ман зиёда аз бист китоби дигар рӯи чопро дид, худам шахсан дар хусуси паҳлӯҳои гуногуни фалсафаи Ибни Сино тахминан чиҳил мақола чоп кардам. Шӯъбаи фалсафаи Акадеияи Илмҳои Тоҷикистон дар заминаи ҳамин корҳо ба ҷоизаи АПН (Оҷонсии навигариҳои чопӣ) ноил шуд. Вале вақте ки давраи пешбарӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино фаро расид, М.С. Осимӣ маро даъват карданд ва гуфтанд:

-Мӯсоҷон, ман ваъдаамро фаромӯш накардаам. Вале шумо бояд андаке сабр кунед. Зеро дар мавриди нашри «Избранные философские произведения»-и Ибни Сино байни шумо ва ноиби Президенти Академияи Илмҳои СССР академик П.Н. Федосеев ихтилофи шадид рух дода буд. Ӯ ба ман ва Ҷ.Р. Расулов, муншии аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон сахт шикоят кард ва гуфт, ки масъалаи шуморо аз роҳи маъмурӣ ва ҳизбӣ баррасӣ карда чораи қатъӣ бинем. Бинобар ин андак сабр кунед, то балое барнахезад». То соли 1997 сабр кардам. Соли 1997 Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон номзадии маро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод кард. Интихобот ҳам баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ эълон карданд, ки М. Диноршоев -9 овоз, Р. Амонов- 7 овоз, А. Мухторов-5 овоз гирифтанд.

Ба даври дуввум А. Мухторов роҳ дода нашуд, ҳарчанд, ки ҳақ дошт. Р. Амонов ва ман дар даври дуввум иштирок кардем. Комиссияи ҳисобот маълумот дод, ки Р. Амонов- 10 овоз ва М. Диноршоев-4 овоз гирифтанд. Лекин баъзе аъзои бахши кумитаи ҷоиза (Ю. Ёқубов, Р. Масов, Х. Шарифов) дар пай гуфтанд, ки «Мӯсо Диноршоевич, Шумо дар даври якум на 9, балки 12 овоз гирифтед ва гузаштед. Вале бюллетенҳоро сохтакорӣ карданд ва шуморо нагузарониданд. Баъди ин тасмим гирифтам, ки дигар дар ин мусобиқа иштирок намекунам. Вале бо пофишории дӯстам академик Талбак Назаров ба пешбарӣ розӣ шудам, гарчанде гумон надоштам, ки комёб мешавам. Лекин комёб шудам. Ба аъзои бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ изҳори сипоси самимӣ мекунам.

- Мӯсо Динооршоевич, дар бораи худатон чанд сухан мегуфтед?

-Ман соли 1934 дар деҳаи Арзунки собиқ ноҳияи Сангвор, ҳоло Тавилдара, таваллуд шудаам. Соли 1944 ба мактаб рафтам. Соли 1949 синфи панҷумро тамом кардам. Ва худи ҳамин сол тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои вилояти Ғарм ба сабаби заминларзаи шадиди Ҳоит ба мақсади бехатарӣ ба ноҳияҳои марказии Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Маро ба хонаи бачаҳои ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) оварданд. Чун дар мактаби ба номи Крупскаяи маркази ин ноҳия синфи шашу ҳафти тоҷикӣ набуд ва маро дар синфи шаши русӣ қабул накарданд, маҷбур шудам, ки ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ биравам. Дар он ҷо донишҷӯ намерасидааст. Маро имтиҳон карданд ва хушбахтона, ба сафи аввали Омӯзишгоҳ қабул карданд. Аз соли 1949 то 1953 дар он ҷо таҳсил кардам.

Дар айни ҳол аз сафи ду сар карда дар мактаби ҳафтсолаи «Коммунизм» муаллими фанни математика кор мекардам. Баъди хатми омӯзишгоҳ як соли дигар ҳам дар он мактаб омӯзгорӣ кардам. Соли 1954 ба факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам ва Донишгоҳро соли 1959 бо баҳои аъло тамом кардам ва ба шӯъбаи фалсафаи Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон барои кор роҳхат гирифтам. Дар ҳамин Шӯъбаи фалсафаи Академияи Илмҳо (аз соли 1991 Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ), бо андак танаффус (ду сол дар Институти педагогии ба номи Шевченко устоди фалсафа ва ду сол Сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик будам) то соли 2007 фаъолият кардам.

ӣ тавр шуд, ки шумо факултети таъриху филологияро хатм карда файласуф шудед?

- Дар баробари таҳсил дар факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатӣ аз курси дуввум ман таҳти роҳбарии яке аз шинохтатарин файласуфони шӯравӣ Владимир Саломонович Библер дар давоми чаҳор сол барномаи таълимии факултети фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Маскавро омӯхтам. Баъди хатми Донишгоҳи Давлатӣ маро Аловуддин Маҳмудович Баҳовуддинов, ки мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶТ буданд, бо тавсияи Библер В.С. ва дастгирии Президенти Академияи Илмҳо Умаров С.У. ба ҳайси корманди хурди илмӣ ба кор қабул карданд. Аз ҳамон вақт, яъне аз августи соли 1959, то соли 2007 дар ҳамин ҷо ба ҳайси ходими хурди илмӣ, мудири бахши таърихи фалсафа ва раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа кор кардам. Соли 1967 рисолаи номзадӣ ва соли 1987 рисолаи докториро ҳимоя кардам. Соли 1991 узви вобаста, соли 1994 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб шудам. Дар давраи дар Академия кор карданам солҳои 1994-1995 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президент, солҳои 1996-2000 ва 2005-2010 ноиби президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон будам.

-Дар тӯли фаъолияти илмиятон чанд асари илмӣ эҷод кардаед? Мешавад, ки чанде аз онҳоро ном бигиред?

- Асарҳои илмии эҷодкардаи ман аз 300 номгӯй бештаранд. Аз ҷумла монографияҳои «Философия Насриддина Тӯсӣ», «Натурфилософия Ибн Сины», «Аз таърихи фалсафаи тоҷик». «Зажегший свет разума и посеявший семена знания», «Афрӯзандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат», «Компедиум философия Ибн Сины», «Фалсафа дар аҳди сомониён», «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» метавон ном бурд. Илова бар ин ҳама муаллифи васоити таълимии «Очеркҳои таърихи фалсафа» (1983) ва китоби дарсии «Фалсафа» (дар ду ҷилд, солҳои 1997-1998) мебошам. Тарҷимаи «Саргузашти Ибни Сино ва «Ишорот ва танбеҳот»-и ӯ ба забони русӣ (бо ҳаммутарҷимон) ба қалами ман мансуб аст. Ман «Таҳофут-ул-фалосифа»-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, «Зод-ул-мусофирин»-и Носири Хисрав, «Ошноӣ бо улуми исломӣ»-и Муртазо Мутаҳҳарӣ ва «Расоили фалсафӣ»-ии Абӯбакри Розиро ба забони русӣ тарҷума кардам, ки аҳамияташон аз асарҳои таҳқиқотӣ камтар нест.

-Дар ин асарҳои таҳқиқотиатон Шумо чӣ навигариҳоро дар илми фалсафа ворид кардед?

-Яке аз навигариҳои асосие, ки дар асарҳои худам баён кардам, аз ин иборат аст, ки собит кардам, ки дар таърихи фалсафаи тоҷик равияи материалистӣ ҳам вуҷуд дорад. Ақидаи шарқшиносон ва файласуфони ғарбӣ аз он иборат буд, ки дар мамлакатҳои шарқи мусалмонӣ, хусусан дар фалсафаи ба ном араб, ақидаҳои фалсафӣ ва хусусан, ақидаҳои материалистӣ вуҷуд надорад. Масалан, Гегель, Бертран Рассель ва як иддаъ шарқшиносон ақида доштанд, ки фалсафаи мамлакатҳои мусулмонӣ ҳамон фалсафаи динии онҳост. Ман дар заминаи баррасии назариёти зурвонияи моддигаро, даҳрия ва табоия барин мактабҳои фалсафӣ, ки пеш аз ислом вуҷуд доштанд ва дар давраи ислом ҳам то як муддате идома карданд, ба исбот расондам, ки дар таърихи фалсафаи мо тамоюли материалистӣ вуҷуд доштааст.

Ба ғайр аз моддиёт дигар чизро эътироф намекарданд. моддиётро абадиву азалӣ ва ҳамешагӣ ҳисоб мекарданд. Ақидаи аз ҳеҷ офарида шудани оламро қабул надоштанд. Илова бар ин мо дар таҳқиқоти худ нишон додем, ки дар таълимоти дигар мактабҳои фалсафӣ, ба мисли мактаби фалсафии асҳоби ҳаюло, ки намояндагони машҳураш Ибни Ровандӣ ва Абӯбакри Розӣ буданд, ҳамин унсурҳои материалистӣ ҷой доштанд. Дар фалсафаи машшоа ҳам ҳамин гуна унсурҳо вуҷуд доранд, ки бо далелҳои мушаххас дар китобҳои «Философия Насриддина Тӯсӣ», «Натурфилософия Ибн Сины», «Аз таърихи фалсафаи тоҷик» , «Компендиум философии Ибн Сины», «Матолиби фалсафии Ибни Сино» баён шудаанд.

Дуввум навигарие, ки мо дар таҳқиқотҳои худ баён кардем, аз он иборат аст, ки дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи осори Ибни Сино бар хилофи файласуфон ва шарқшиносони ғарбӣ исбот кардаем, ки Ибни Сино як олими мубтакир ва мухтариъ буд, на муқаллиди соддаи Афлотун, Арасту ва Форобӣ.

Дар асарҳое, ки дар ҳамин мавзӯъ навиштаам, собит кардам, ки фалсафаи Ибни Сино бегумон дар пояи мероси файласуфҳои пешин ба вуҷуд омадааст, лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ муқаллиди соф ва сирфи Арасту ё Афлотун бошад. Дар заминаи далелҳои бисёр исбот кардаам, ки Ибни Сино назарияи мусул ва тазаккури Афлотунро, ки ҷавҳари фалсафаи вай мебошад, қабул надошт. Илова бар ин бо далелҳо собит кардам, ки мусулгароии риёзии Фисоғурис (Пифагор) ва Афлотунро ҷиддан рад мекард. Бинобар ин мо гуфта наметавонем, ки вай муқаллиди сирфи Афлотун буд. Дар мавриди муносибати Ибни Сино бо Арасту исбот кардам, ки Шайхурраис пеш аз ҳама такя ба фалсафа ва мантиқи Арасту дошт, вале дар айни замон навигариҳои зиёде ҳам дар мантиқ, ҳам дар табииёт, ҳам дар риёзиёт ва ҳам дар илоҳиёт ворид кардааст. Мантиқи Арасту асосан ва аслан илм дар бораи қиёс аст. Дар назари Ибни Сино мантиқ на фақат илм дар бораи қиёс, балки инчунин илм дар бораи лафз, қазия ва бурҳон низ мебошад.

Мантиқи Арасту аслан мантиқи қазияҳои ҳамлист. Ибни Сино дар зимни мантиқи қазияҳои ҳамлӣ, антиқӣ қазияҳои шартиро низ муфассал баррасӣ кардааст. Дар мантиқи Ибни Сино навъҳои қиёсҳое баррасӣ шудаанд, ки Арасту ба онҳо ё танҳо ишора кардааст, ё аслан онҳоро таҳлил накардааст, чун қиёси хулф ва мусовот. Ман дар таҳқиқотҳоям собит кардам, ки фалсафаи Ибни Сино на танҳо дар риштаи мантиқ, балки дар риштаҳои фалсафаи табиъиёт, илми куллӣ ё назарияи фалсафа, илоҳиёт ё фалсафаи уло, фалсафаи амалӣ низ навигариҳои зиёде ворид карда фалсафаи машшоро ба зинаи баландтар иртиқоъ додааст. Масалан, ман собит кардам, ки Ибни Сино дар фалсафаи табииёти худ масъалаи айнияти (объективият)-и ҳаракат, макон, замон, ва қадимияти оламро нисбат ба Арасту пайгиронатар баррасӣ мекунад, назарияи сабабиятро нисбат ба Демокрит, ки тасодуфро комилан рад мекунад, воқеъбинонатар ҳаллу фасл менамояд.

Дар навиштаҳоям собит кардам, ки Ибни Сино дар назарияи маърифат (шинохт) ҳам, ки онро дар қисмати мантиқ ва фалсафаи табиъиёт баррасӣ мекунад, ихтироти зиёд пешкаш кардааст. Масалан назарияи таҷриди ӯ ва маърифат чун инъикос аз ҳамин қабиланд. Дар риштаи назарияи фалсафа Ибни Сино истилоҳи илоҳиётро ба ҷои «метафизика» ҷорӣ мекунад ва бар хилофи Арасту онро ба ду қисм- илоҳиёт ба маънои ахас, яъне илоҳиёти соф ва илоҳиёт ба маънои ом, яъне ба маънои фалсафа ҷорӣ менамояд. Дар «Ҳикмати машриқия»-и худ Ибни Сино фалсафаро бо номи «илми куллӣ» аз «илоҳиёт» комилан ҷудо мекунад ва дар роҳи таъмини истиқлолияти фалсафа аз илоҳиёт (теология) гоми фаррохтар мебардорад.. Илова бар ин дар қисмати фалсафаи амалӣ Ибни Сино нисбат ба Афлотун ва Арасту дар мавриди таҳлили масъалаҳои ҷамъиятшиносӣ назарияҳои инсонпарвариро васеъ баён мекунад.

Аз назари Афлотун ва Арасту ғуломон ҳайвони гӯёи корианд. Ибни Сино собит менамояд, ки ғуломону хидматгузорон ҳам ба мисли озодагон инсонҳои комилъиёранд. Ибни Сино нисбат ба Афлотун ва Арасту масъалаи мавҷуди ҷамъиятӣ будани инсонро бештар таҳқиқ мекунад. Дар ҳамин ҷо тафовути инсонро аз ҳайвон нишон медиҳад. Яке аз фарқиятҳои асосии инсон аз ҳайвон дар мавҷуди гӯё будани ӯ аст. Дуввум инсон тавассути ҳамкорӣ бо ҳамдигар метавонад дар ҷомеъа зиндагонии хушро ба роҳ монад. Инсони алоҳида дар ҷомеъа наметавонад зиндагии хуш ташкил кунад. Ба ҳалокат дучор шуданаш мумкин аст. Ҳаминҳо ақидаҳое ҳастанд, ки Ибни Сино онҳоро дар қисмати илоҳиёт дар мавриди фалсафаи амалӣ бисёр равшан ва возеҳ баён мекунад.

Ҳамин тавр бо назардоши фикрҳои баёншуда равшан мегардад, ки фалсафаи Ибни Сино нисбат ба фалсафаи Арасту як фалсафаи ибтикорист, як зинаи нав дар рушди фалсафа аст. Бинобпр ин ақидае, ки Ибни Синоро шореҳи соддаву муқаллиди сирфи Афлотун ё Арасту медонанд, комилан ботил аст.

Сеюм навигарие, ки мо дар таҳқиқоти худ баён кардаем, аз исботи нодуруст будани ба куфр ва илҳод айбдор кардани файласуфони машшо, хусусан Форобӣ ва Ибни Сино аст. Дар ин масъала ба хусус Муҳаммад Ғаззолӣ дар асарҳояш «Таҳофут-ул-фалосифа» ва «Ал- Мунқиз мин аз-Залол» пофишорӣ кардааст.

Мо дар навиштаҳои худ исбот кардаем, ки Муҳаммад Ғаззолӣ ва пайравонаш ба ин хулосаи нодуруст дар натиҷаи нафаҳидан ё фаҳмидан нахостани назарияҳои воҷиб-ул-вуҷуд ва имкон-ул-вуҷуд, хусусияти дониши илоҳӣ ва назарияи мабдаъ ва маъоди машшоиён расидааст. Чун баёни бештари ин масъала дар доираи ин мусоҳиба намегунҷад, хонандаи мӯҳтарам, закӣ ва ҳушмандро ба мутолиаи бобҳои марбутаи китобҳоямон «Компендиум философии Ибн Сины» ва «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» даъват мекунем.

Чаҳорум, ин ақидаро мо ҳам исбот мекунем, ки фалсафаи машшо ҳарчанд, ки ба мухолифати сахти калом ва тасаввуф дучор шуд, ҳаргиз намурд, тамоман аз байн нарафт. Балки масалан, дар осори намояндагони мактаби фалсафии Исфаҳон Мирдомод, Лоҳиҷӣ, ва дигарон идома ёфт. Мирдомод, масалан, дар асараш «Қабасот» дар заминаи ақоиди Ибни Сино назарияи ҳудуси даҳрӣ ва сармадиро пешкаш кард.

Панҷум, дар адабиёти таҳқиқӣ ақидае вуҷуд дорад, ки Ибни Сино аз ҷиҳати қавмият (миллат) турк (олимони Ӯзбекистон,Туркия) ё араб аст (Ориф Томир,Тунис). Мо дар заминаи далелҳои мӯътамад дар «Компендиум философии Ибн Сины» ва «Матолиби фалсафии Ибни Сино» исбот кардаем, ки Ибни Сино як тоҷик (форс)-и асил аст ва мероси ӯ пеш аз ҳама ба он ва сипас ба тамоми ҷаҳониён мутааллиқ аст. Барои иттилоъи бештар аз хонанда хоҳиш мешавад, ки ба фаслҳои марбутаи китобҳои ёдшуда муроҷиат кунад.

Мусо ДиноршоевШашум, устоди мо А.М. Баҳоваддинов дар асарашон «Очерки по истории таджикской философии» (Дшанбе, 1961) ин гумонро пеш овардаанд, ки фалсафаи тоҷик дар асрҳои 13-14 хусусияти ташреҳӣ (шарҳнависӣ) дошт ва дар айни замон илова мекунанд, ки «шояд омӯзиши амиқи адабиёти фалсафии ин давра ин гумони моро рад хоҳад кард. Мо аз ин танҳо шод хоҳем шуд, зеро шиносоии муқаддимотӣ бо осори мутафаккирини асри 14 ҳисси нобовариамонро ба ин гумон тақвият меддиҳад». (с. 317). Дар ҳақиқат, омӯзиши амиқи осори мутафаккирони ин давра, чун Фахриддини Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Абҳарии Самарқандӣ, Котибии Қазвинӣ, Бобоафзали Кошонӣ, ки осори онҳоро мо омӯхтаем, нишон медиҳанд, ки онҳо танҳо аз ҷиҳати шакл ва услуб хусусияти ташреҳӣ доранд.

Аз ҷиҳати мазмун осори ин мутафаккирон хусусияти баҳсӣ дошта дар онҳо ақидаҳои бикр ва тоза кам нест. Масалан. Насируддини Тӯсӣ (1201-1274) дар асарҳояш «Асос-ул- иқтибос», «Мусореъ-ул- мусареъ» ва «Талхис-ул- муҳасал» дар мавриди нақди назариёти каломии Фахриддини Розӣ ва радди фалсафа аз ҷониби ӯ ақидаҳоеро пешниҳод мекунад, ки як зинаи нави тараққиёти фалсафаи машшоро ташкил медиҳанд. Хусусан ақидаҳои ӯ дар бораи тараққиёти тадриҷии дониш, хусусияти маънавии (идеалии) инъикоси олам дар зеҳн ва ақли инсон ва саъйҳои ӯ дар бобати риёзӣ кардани мантиқ бисёр ҷолибанд…

Ҳафтум. Мо бар хилофи як идда олимони шарқию ғарбӣ дар таҳқиқоти худ собит кардаем, ки «Ҳикмати машриқия»-и Ибни Сино «Ҳикмат-ул-ишроқ»-и Сӯҳравардӣ ва ирфон нест. Азбаски сухан дар ин мусоҳиба ба дарозо накашад ва ҳусну қубҳи ақоиди маро дар ин боб хонанда хуб дарк кунад, ӯро ба мутолиаи боби шашуми «Матолиби фалсафии ибни Сино»- «Дар бораи таҳаввули ақоиди фалсафии Ибни Сино» даъват менамоям.

 

-Дар тарбияи кадрҳои файласуфии ҷумҳурӣ чӣ саҳме доред?

- Дар тарбияи кадрҳои фалсафии ҷумҳурӣ ман аз ду роҳ саҳм дорам. Якум аз роҳи раҳбарии бевосита ба аспирантҳо ва машварат ба доктарантҳо. Дуюм аз роҳи ташкили дифои рисолаҳои онҳо ҳамчун раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ. Зери роҳнамоии ман наздики сӣ нафар рисолаҳои докторӣ ва қариб 50 нафар риолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар байни онҳо ҳам намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам намояндагони мамолики мухталифи ҷаҳон-Русия, Белоруссия, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон ҳастанд. Аксарият шогирдони ман дар соҳаи илм ва сиёсат кор мекунанд. Масалан, С.А. Бутуров (Русия), корманди вазорати хориҷии Русия, А. Бекбоев (Қирғизистон), ректори Донишгоҳи давлатии Қирғизистон, Али Тулӯъӣ (Эрон), С. Грецский (Белоруссия), профессори донишгоҳи Бостони ИМА, Ковиш (Афғонистон) дар Донишгоҳи Бонни Олмон кор мекунанд, Олимов К. О.- ноиби Президенти АИ ҶТ, Шамолов А. А. –сарвари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ мебошанд.

-Вале бо вуҷуди ин, устод ҳамин гуна нуқтаи назар ҳам ҳаст, ки Мӯсо Диноршоевич маҳалгаро ҳастанд ва умуман нуқтаи назари Шумо дар бораи маҳалгароӣ чӣ гуна аст?

-Дар ҳақиқат чунин фикр вуҷуд дорад. Лекин дар бораи инсон аз рӯи амалаш қазоват кардан даркор аст, на аз рӯи он ки худаш дар бораи худаш чӣ мегӯяд ва ё дигарон дар бораи вай чӣ мегӯянд. Агар аз рӯи амал қазоват кунем ва ба назар бигирем, ки шогирдони зиёд тарбия кардам ва байнашон намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд, пас ин қазоват комилан хатост. Масалан шогирдони бевоситаи ман А. Шамолов, Ф. Сироҷов, Б. А. Бобохонов аз Кӯлоб ҳастанд. Илова бар ин Наврӯзов С., Саидов Н.С., Ибодов М., ки кӯлобиянд аз маслиҳат ва машварати ман бархурдор буданд. Р. Комилов, С. Идиев, С. Раҳимов, И. Асадуллоев, М. Раҳимов намояндагони Тоҷикистони марказӣ ҳастанд. Аз вилояти Суғд К. Олимов, Н. Арабзода, З. Додобоева, М. Ҳазратқулов, Ҳ. Мӯминҷонов. О. Зоҳидов, зери раҳнамоии ман рисолаҳои докторӣ дифоъ карданд. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон А. Муҳаммадхоҷаев, Н. Назариев, М. Ғуломов (Маҳмадалӣ Музаффар ), аз ноҳияи Тавилдара Х. Шоихтиёров таҳти роҳнамоии ман рисолаи докторӣ дифоъ карданд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки даъвои бархе ҳасудон, ки Диноршоев маҳалпараст ҳаст, комилан дуруст нест.

Акнун дар бораи маҳалгароӣ. Маҳалгароӣ, маҳалпарастӣ ё маҳалдӯстӣ ҳисси қадимиест, ки аз арҷ гузоштан ба маҳалли зисти худ иборат аст. Бинобар ин ин ҳисси дӯст доштани маҳалли худ ё ватани хурди худ аз қадим ташаккул ёфтааст ва то имрӯз идома дорад. Ба ҳамин маъно ҳисси арҷ гузоштан ба Ватани хурди худ, ба маҳалли худ, ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Вакте ки мамлакатҳои бузург, давлатҳои бузург ба вуҷуд омаданд ва мардум дар ин мамлакат ва давлатҳо гирд омаданд, ҳисси гароиш ба маҳалли худ, ватани хурди худ боқӣ монд. Лекин дар айни ҳол ҳисси парастиши ватани бузург низ ба вуҷуд омад. Бинобар ин масъалаи таносуби ватандӯстӣ ва маҳалгароӣ (маҳалдӯстӣ) арзи вуҷуд кард. Агар ин ду падида дар тавозун баррасӣ ва татбиқ шаванд, эътирозе бояд ворид нашавад.

Лекин вақте маҳалгароӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ иртиқо меёбад ва дар сиёсати давлатдорӣ нисбат ба як маҳал таваҷҷӯҳи зиёдтар зоҳир мешавад, чи дар соҳаи иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва чи дар ҷиҳати корбаст кардани кадрҳо, дар ин маврид маҳалгароӣ хислати манфӣ пайдо мекунад. Як омили тафриқа ва ҷудоиандозӣ дар ҷомеъа мегардад, сабаби тараққиёти ноҳамвори минтақаҳои гуногуни кишвар мешавад. Сиёсати кадриро дар ҷойгузинии кадрҳо халалдор мегардонад, ҳисси хусуматро ба давлат, ба давлатдорӣ ва сиёсати давлатӣ ба бор меоварад. Бинобар ин сиёсатмадорони сатҳи олӣ ҳамин омилҳоро бояд ба инобат гиранд. То ин ки маҳалгароӣ боиси тафриқа, боиси ҷудоӣ, боиси хушунат ва хусумат нашавад. Аз таҷрибаи талхи начандон дурӣ таърихи ватанамон бояд дарси ибрат омӯхт.

-Нақшаҳои ояндаи корҳои илмиатон чӣ гунаанд?

-Нақшаҳои ояндаи кори илмии ман албатта давом додани таҳқиқот дар соҳаҳои гуногуни фалсафа мебошад. Пеш аз ҳама дар таърихи фалсафа. Ҳоло ният дорам, ки «Таърихи фалсафаи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ бинависам. Тахминан дар ҳаҷми 700 саҳифа, аз аввал то ибтидои асри 20. Ҳафтод дар сади ин кор анҷом пазируфтааст. Дуввум ният дорам, ки як китобе бо номи «Фалсафа» бинависам ва назари худамро ба масъалаҳои имрӯзаи фалсафа баён кунам. Саввум дар нақшаам ин аст, ки осори фалсафии Абӯбакри Розиро ба забони русӣ чоп намоям. Ин кор чанд сол боз омодаи нашр аст, фақат спонсор бояд ёфт. Ман барои чӣ ба тарҷума диққат медиҳам? Мо бояд дар доираи худамон маҳдуд нашавем. Дастовардҳои фалсафии моро бояд мардуми ҷаҳон бидонанд. Яке аз воситаҳои ба мардуми ҷаҳон шиносондани фарҳанги фалсафии худамон ҳамин тарҷумаи осори файласуфонамон, ба забони русӣ мебошад. Чунки забони русӣ яке аз забонҳои бештар паҳнгардидаи ҷаҳон аст ва дар тамоми ҷаҳон хонанда дорад. Аз ҳамин рӯ мо ҳарчи бештар мероси фалсафиамонро ба русӣ тарҷума кунем, ҳамон қадар фарҳанги мо дар ҷаҳон хубтару беҳтар шинохта мешавад. Агар имконият пайдо шавад, ки ин осори фалсафаи классикии мо ба забони инглисӣ тарҷума шаванд боз хубтар ё чунон, ки мегӯянд «Нурун ало нурин» хоҳад шуд. Аз тарафи дигар кӯшиш мекунам, ки дар тарбияи кадрҳои фалсафии ҷумҳурӣ боз бештар саҳмгзор бошам, хусусан дар соҳаи ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва мантиқ, ки дар ин риштаҳо қариб мутахассис надорем.

-Устод, Шумо ва шогирдони Шумо дар масъалаи омода кардану ба нашр расондани осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино хизматҳои шоёне кардед. Ба туфайли заҳмати Шумо қариб тамоми осори ин нобиғаи илму фарҳанги миллат ба ҳуруфи кириллик дастраси хонандагони сершумор гардидааст. Оё замоне фаро нарасидааст, ки осори аъзои Академия, чи пайваста ва чи вобаста, чи шодравон ва чи зинда ба чоп бирасанд?

-Албатта замони чунин кор кайҳо фаро расидааст. Вале бояд бигӯям, ки аз сӯйи Академия ва ё ягон ниҳоди дигар дар ин самт иқдоме сурат нагирифтааст ва дар гумон аст, ки ба ин наздикиҳо сурат бигирад. Солҳои ҳафтодуми қарни гузашта Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар ин хусус қарори махсус қабул карда буд, вале мутаассифона, мавриди иҷро қарор нагирифт. Ман гумон доштам, ки Академияи Илмҳо ба муносибати фаро расидани ҷашни 60-солагиаш нашри осори аъзои худро аз рӯи ҳар ҳар шӯъба ба нақша мегирад ва як миқдори онҳоро ба чоп мерасонад. Лекин афсӯс… Ба фикрам барои гирдоварӣ кардан (то ки ҳанӯз аз байн нарафтаанд) ва чоп кардани осори аъзои Академия қарори Ҳукумати Тоҷикистон ё дастури аълоҳазрат Президент зарур аст. Ба чоп расондани осори аъзои Академия дар шакли «Осор» ё «Мунтахаби осор» барои эътибор ва обрӯи худи Академия зарур аст.

- Мӯсо Диноршоевич, ояндаи АИ ҶТ-ро чӣ гуна мебинед?

Мусо Диноршоев-Вақте, ки дар бораи ояндабинӣ сухан меравад, бояд чанд асл ба эътибор гирифта шавад. Пеш аз ҳама бояд дар назар дошт, ки вазъи ҳозираи Академия чӣ гуна ҳаст? Дуввум бояд ба назар гирифта шавад, ки Академия дар ҳаёти ҷомеъа чӣ нақш дошта метавонад? Бо дарназардошти ҳамин ду асл ояндаи Академияро мушаххас баррасӣ кардан мумкин аст. Агар дар бораи вазъи кунунии Академия сухан биронем, ин фикр пеш меояд, ки Академия дар муқоиса бо замони шӯравӣ бисёр коста шудааст. Дар замони шӯравӣ дар Академия зиёда аз ҳафт ҳазор корманд кор мекард ва аксарияташон кормандҳои илмӣ буданд. Ҳозир дар Академия каме зиёдтар аз ду ҳазор корманд кор мекунад. Яъне ҳайати кормандони Академия тақрибан се маротиба коста шудааст. Чи тавре, ки мегӯянд сифат ба миқдор вобаста аст ва баръакс. Бо назардошти ҳамин асли фалсафӣ мо пеш аз ҳама, метавонем бигӯем, ки Академияи Илмҳои Тоҷикистон дар айни замон аз ҳамин нуқтаи назар камаш се баробар костааст. Дуввум вобаста ба ҳамин, миқдори мавзӯъҳое, ки мавриди таҳқиқ қарор доранд, аз миқдори мавзӯъҳое, ки пеш мавриди таҳқиқ қарор доштанд, се баробар кам шудааст. Саввум, ин ки пеш маоши кормандони илмии Академия баъд аз маоши ангиштканон дар ҷои дуюм буд.

Ҳозир маоше, ки корманди илмӣ мегиранд, барои таъмини рӯзгорашон кофӣ нест. Бинобар ин маҷбуранд, ки дар ду-се ҷо кор кунанд. Вақте ки дар ду-се ҷо кор мекунанд, албатта сифати корашон дар Академия хеле коста мешавад. Як чизи дигарро низ бояд бигӯям, ки дар замони шӯравӣ барномаи таъмини кормандони Академия бо манзили зист вуҷуд дошт. Ин чиз ҳозир вуҷуд надорад. Бо ҳамин сабаб ҳам таваҷҷӯҳи ҷавонон ба корҳои илмӣ ва кор дар Академия хеле коста шудааст. Далелаш он аст, ки аз маҷмӯи довталабоне, ки ба аспирантура дохил мешаванд, танҳо даҳ дар сади онҳо ба дифои рисолаҳо ноил мегарданду бас. Гонорари академики Академияи Илмҳо дар замони шӯравӣ ба миқдори 350 сӯм - тақрибан 400 доллари амрикоӣ буд, ҳоло дар ҳаҷми сад доллар муқаррар гардидааст. Илова бар ин мақоми аъзои Академия хеле паст рафтааст. Агар сарварони Пажӯҳишгоҳҳо хоҳанд, онҳоро ба кор роҳ медиҳанд ва узви шӯрои илмӣ, роҳбари мавзӯи таҳқиқотӣ таъйин мекунанд, агар нахоҳанд, на! Аз тарафи дигар ҳайати шахсии кормандони Академия ва аъзои он хеле пир шудааст ва ин кор агар ҳамин тавр давом ёбад, Академия баъди 10-15 сол ба марги табиӣ рӯ ба рӯ ва мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Бинобар ин агар мехоста бошем, ки дар оянда Академия дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ иқтисодӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолии ҷомеъа нақши бориз дошта бошад, вазъи кунунии Академияро бояд тағйир бидиҳем. Тағйир пеш аз ҳама аз чӣ бояд иборат бошад? Бояд маблағгузории Академия аз ҳисоби буҷа на камтар аз яку ним дар сад (1,5%)-и маҷмӯи маҳсулоти умумӣ бошад. Дар таҷрибаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ муқаррар шудааст, ки агар буҷаи муассисаи илмӣ аз яку ним дар сади маҷмӯи маҳсулоти умумӣ камтар бошад, ин муассисаи илмӣ рушду тараққӣ карда наметавонад. Агар ин буҷа ду, се ё чор фоиз аз маҷмӯи маҳсулоти умумӣ бошад, муассисаи илмӣ метавонад корҳои илмиро дар дараҷаи хеле баланд ба роҳ андозад ва тараққиёти илмро дар ҳамин кишвар таъмин карда тавонад. Мисоли ин Америка шуда метавонад. Дар ин кишвар маблағгузорӣ ба илм чор фоизи маҷмӯи маҳсулоти умумиро ташкил медиҳад.

Дар Чин, Япония ва Русия тахминан вазъ ҳамин гуна ҳаст. Бо назардошти ин ки дар ин кишварҳо корпоратсияҳо ва контсернҳо низ илмро маблағгузорӣ мекунанд, ин миқдори маблағгзорӣ зиёд мешавад. Бинобар ин дар ин кишварҳо илм хеле хуб тараққӣ кардааст. Масалан, Япония пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб ҳеҷ гуна илм надошт. Лекин баъди ҷанг чунон тараққӣ кардааст, ки бештари кашфиётҳои илмӣ ба онҳо мансуб аст. Кореяи Ҷанубӣ низ ҳамчунин. Бинобар ин ин кишварҳо ба дараҷаи олии тараққиёти илмӣ-техникӣ расидаанд ва илм дар ин кишварҳо қуфлкушои ҳамаи дарҳо шудааст. Бинобар ин агар мо мехоста бошем, ки Тоҷикистон дар ҷомеъаи илмии ҷаҳонӣ, мавқеи муайян дошта бошад, бояд пеш аз ҳама ҳамин гуна тағйиротро дар назар бигирем. Дар он сурат таваҷҷӯҳи ҳам олимони пухта ва ҳам ҷавонон ба илм зиёд мешавад ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи илм дар Тоҷиистон дурахшон хоҳад буд.

Дуввум масъалаи муҳим масъалаи манзили истиқоматии кормандони илм аст. Дар дигар кишварҳо ҳам сохти капиталистӣ ё худ сармоядорӣ тараққӣ дорад, лекин дар нақшаҳои ҳамин мамлакатҳо барномаи сохтани манзил аз ҳисоби буҷаи давлат барои кормандони илмӣ вуҷуд дорад. Агар ин масъала ҳам ҳал шавад ба илм ҷалб шудани ҷавонони соҳибистеъдод бештар ва хубтар мешавад. Ва ин як омиле мешавад, ки ояндаи илм дар Тоҷикистон дурахшон бошад. Ва масъалаи саввум - масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар марказҳои ҷаҳонии илмӣ ҳаст. Инро ба он хотир мегӯям, ки илми Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар дараҷаи солҳои ҳаштодум бозистод, хоҳ илми физикаро дар назар дошта бошем, хоҳ илми риёзиро, хоҳ илми геология, биология, химия ва ҳамчунин илмҳои ҷамъиятиро. Чунки дар ин давра имконият пайдо нашуд, ки кадрҳои ҷавони болаёқат дар марказҳои шинохтаи илмии ҷаҳонӣ тарбия шаванд ва ҳамон дараҷаи илме, ки дар ин марказҳо ҳастанд, тавассути онҳо ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Агар ҳамин тадбир ҳам ба инобат гирифта шавад ва амалӣ гардад, ман гумон мекунам, ки масъалаи ояндаи Академия ва илм дар Тоҷикистон умедбахш хоҳад буд. Ва дар охир мехоҳам бигӯям, ки мутаассифона, дар ин солҳои охир тамоили бастани баъзе муассисаҳои илмӣ ва якҷоя кардани чанд муассисаҳои илмӣ расм шудааст. Дар баробари бастан ва якҷоя кардан бояд таъсис додани Институтҳои нави ҷавобгӯи талаботи замона дар назар бошад. Фарз кунем таъсиси институти ҷуғрофия. Ҷуғрофияи Тоҷикистон дар тамоми давраҳои таърихи Тоҷикистон омӯхта нашудааст. Лекин факултаи ҷӯғрофия дар Донишгоҳи омӯзгорӣ вуҷуд дорад. Дар мактабҳои таҳсилоти миёна дарси ҷӯғрофия мехонанд, лекин худи масъала омӯхта нашудааст ва ҳамин гуна муассисае, ки ҷӯғрофияи Тоҷикистонро биёмӯзад, вуҷуд надорад. Бинобар ин дар ҳайати Академия сохтани Институти илмӣ-таҳқиқотии ҷӯғрофия бо қисматҳои ҷӯғрофияи таърихӣ, табиӣ, ҷӯғрофияи иқтисодӣ бисёр зарураст.

Дар Академия таъсис додани Пажӯҳишгоҳи генетика ва бахшҳои генетикаи растаниҳо, генетикаи ҳайвонот, генетикаи инсон ва генетикаи тиббӣ низ аз талаботи шароити кунунӣ аст. Вуҷуд доштани чунин пажӯҳишгоҳ ҳам барои хоҷагии қишлоқ, ҳам барои нигаҳдории тандурустии инсон, ҳам барои рушди илми тиб бисёр муфид мебуд. Дар ҳайати Академия таъсис додани Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии энергетика низ амри зарурист. Барои рушди Академия шояд зарурат дошта бошад, ки тарзи барномарезии корҳои илмӣ тағйир дода шавад. Дар айни ҳол барномаҳои илмӣ асосан аз ҷониби Академия пешниҳод мешаванд, вазорати иқтисодиёт онҳоро тасдиқ ва вазорати молия маблағгузорӣ менамояд. Гумон мекунам, ки ҳамин равиши барномарезии таҳқиқоти илмиро дигар кардан даркор аст. Ҳукумат ба маънои васеи ҳамин калима, яъне вазоратҳову кумитаҳо, бояд мавзӯъҳои барояшон заруриро пешниҳод кунанд, ки таҳқиқоти мақсаднок анҷом дода шавад ва ин таҳқиқот дар истеҳсолот ҷорӣ гардад. Дар ин сурат илм боз як манбаъи маблағгузории нав пайдо мекунад ва барои рушду камоли худ шароити бештар ба вуҷуд меорад. Агар ҳамин тадбирҳо қабул гарданд ва амалӣ шаванд, илм дар Тоҷиистон низ қуфлкушои ҳама дарҳо хоҳад шуд.

-Устод Мӯсо Диноршоевич, Президенти АИ Қазоқистон дар маҷлиси тантанавии 60-солагии АИ ҶТ пешниҳод кард, ки хуб мешуд агар шумо президенти кишваратон Эмомалӣ Раҳмонро узви пайваста (академик)-и АИ ҶТ интихоб мекардед. Фикри шумо дар ин бобат чӣ гуна аст?

- Ба ақидаи ман Эмомалӣ Шарипович бо назардошти асарҳои чоп кардаашон сазоворанд, ки аз рӯи ихтисоси фалсафа узви пайвастаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон интихоб гарданд. То ки ин кор сурат бигирад, фақат лозим аст, ки барои интихоб шудан ба ин унвон худашон ризоият бидиҳанд.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi