09:52:22 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«ПАЁМИ МАШРИҚ»-И ИҚБОЛРО ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН БА БАДАХШОН БУРД

Дирӯз 22.07.2012, дар қасри фарҳанги маркази ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон консерти Муассисаи давлатии ансамбли «Сомон»-и Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин гурӯҳи машҳури ҳунарӣ чун анъана дар фасли тобистон ҳар сол як сафари ҳунарие ба Бадахшон доир мекунад.

/images/stories/2012/07/23_qurbonali-rahmon-230712.jpg«Дар гастроли имсолаи худ мо ба тамошобинони серталаби Бадахшон барномаи консертии «Паёми Машриқи Аллома Иқбол»-ро, ки чанде пештар онро манзури алоқамандони шеъру мусиқӣ дар пойтахти кишвар карда будем, пешкаш намудем»,- гуфт дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигри сомонаи «Рӯзгор» раҳбари бадеии ин ансамбл, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов.

«Гастроли мо рӯзи 16-уми июл аз ноҳияи Қалъаи Хумб оғоз шуда, тӯли ин рӯзҳо мо боз ба заҳматкашони ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва инчунин Шуғнон барномаҳои консертӣ намоиш додем»-, гуфт дар идомаи сӯҳбаташ Қурбоналӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи нафароне, ки дар ин консертҳо ҳузур доштанд, алоқамандони ҳунари мусиқии ноб ҳунарнамоии Қурбоналӣ Раҳмон, Азизмурод Бобиев, Гулҷаҳон Иброҳимова, Меҳриниссо Шарифова ва ромишгарони мумтоз Артисти Хизматнмишондодаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Орифов, Арбоби Шоистаи Тоҷикистон Намозалӣ Раҳмонов, раҳбари мусиқии даста Ҷамолиддин Наҷмиддиновро гарму ҷӯшон истиқбол карданд.

Сафари ҳунарии ансамбли «Сомон» ба Бадахшон боз як ҳафтаи дигар идома хоҳад дошт.

Дар баробари он ки шумо, муштариёни гиромии сомона, дар боло як суруди тоза ба навори видеоӣ гирифтаи ансамблро аз барномаи «Паёми Машриқ»тамошо кардед, бо ангушт задан ба ин ҷумла шумо метавонед аксҳоеро аз ин барномаи консертӣ, ки дар Душанбе доир шуданд, тамошо кунед.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.09.2012 16:59
Ачиб аст,ки чаро хамеша Курбонали махз кабл аз сафари президент б Бадахшон сафари хунари мекунад?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi