17:57:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДАТ БАХАЙР, УСТОДИ БУЗУРГВОР ШАКУРӢ

Бузургтарин адабиёт ва забоншиноси муосири тоҷик, нависанда ва таърихнигор, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ имрӯз дар синни 86-солагӣ бар асари бемории шадиди гурда дар шифохонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.

/images/stories/2012/09/16_muhammadjon-shakuri-160912.jpgМуҳаммадҷон Шакурӣ (Муҳаммад Шарифович Шукуров) 30 октябри соли 1926 дар хонадони марди донишманд, яке аз маорифпарварони аввали асри 20 Шарифҷон Махдуми Садри Зиё таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1945 факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда чанд муддат дар Донишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура дар соли 1951 солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ ҶТ кор кардааст.

Чанд муддат раиси Кумитаи истилоҳоти назди АФ Тоҷикистон низ будааст. Аз соли 1971 доктори илми филология, аз соли 1987 академики АФ ҶТ, аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Соли 2005 дар Эрон ӯ ба унвони "Чеҳраи мондагор" баргузида шуд. Зиёда аз 500 мақола ва 50 рисолаи илмӣ ба табъ расондааст.

Муаллифи асарҳои мондагори «Анъана, халқият ва маҳорат» (1964), «Раҳим Ҷалил» (бо А. Сайфуллоев, 1959), «Сотим Улуғзода» (1961), «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ (бо Р. Ҳодизода ва Т. Абдуҷабборов, 1964), «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (1968-1985), «Садриддин Айнӣ (1978, бо ҳуруфи форсӣ), «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973), «Паҳлӯҳои тадқиқи бадеӣ» (1976), «Пайванди замон ва халқҳо» (1982), «Мактаби ин ҷо» ( 1996 бо ҳуруфи форсӣ, 1997 бо ҳуруфи кириллӣ), «Одамият» (1991), "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ инчунин муаллифи ҷилди 4-и «Таърихи адабиёти советии тоҷикӣ (Насри солҳои 1945-74-1976), аз муаллифони «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷикӣ» (1957 ва ба русӣ дар Маскав 1960) ва ғайра мебошад.

/images/stories/2012/09/16_muhammadjon-shakuri-2-16091.jpgДар таълифи китоби баёзи «Адабиёти рус» (бо В. Астахов ва М. Стаменова, 1957, 1958, 1960, 1963), китоби дарсии «Адабиёти Ватан» барои синфи 6 бо Р. Амонов, 1962, 1965),»Адабиёти советӣ» (барои синфи 8, бо А. Маниёзов ва Я. Исоев, 1963, 1965), ширкат намуда мақолаҳои энсиклопедияи тоҷик ва ғайра маҳсули заҳматҳои ӯ мебошанд.

Дар танзим ва таҳияи «Фарҳанги забони тоҷик» (дар ду ҷилд, 1969, 1970) иштироки фаъолона доштааст.

Ӯ яке аз муаллифони тарҳи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум буд.

Солҳои 1958-63 бо Р. Амонов намунаи «Фолклори диёри Рӯдакӣ-ро ба нашр ҳозир намудааст.

Асари И. Тургенев «Рудин», ва китоби П. Лукнитский «Тоҷикистон»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1991), узви вобастаи АФ ҶТ, барандаи ҷоизаи адабии давлатии Рӯдакӣ (1994) мебошад. Аз соли 1956 аъзои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буд.

Писарони ӯ Рустам, Шариф ва Анвар дар пайраҳаи падар қадам мегузоранд. Рустам доктори илми таърих ва Шариф доктори илми филология буда дар шаҳрҳои Маскаву Лондон кору зиндагӣ мекунанд. Профессор Анвар Шукуров устоди физик дар донишгоҳи Ню-Коссели Бритониёст.

Маросими ҷаноза ва бахоксупории марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ фардо соати 11 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» вафоти яке аз бузургтарин олимони муосири тоҷикро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ба хусус, ба аҳли хонаводаи ин абармарди миллат тасаллият арз намуда аз Худованди муттаъол барои ҳама сабри ҷамил ва барои шодравон ободии хонаи охираташро таманно дорем.

Мо ҳама аз Худо ҳастему ба Худо хоҳем баргашт.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi