22:06:18 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

УРУН КӮҲЗОД: «ЁДЕ АЗ ШАКУРӢ, ПИРИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИКИСТОН»

Урун Кӯҳзод, нависанда

Агар дар коре кӯргиреҳе афтад ва мушкиле пеш ояд, корафтода ба пири кор муроҷиъа мекунад, ки он гиреҳро бикушояд ва он мушкилро осон бикунад. Ва шахсе, ки ба чунин мартаба, мартабаи пири кор расидааст ва мардум дар деҳаашон, дар вилояташон ба ӯ гаравидаанду эътиқод бастанд, ба таҷрубаи рӯзгораш менигарад ва тадбир меёбад ва кор пешрав мешавад.

/images/stories/2012/10/11_muhammadjon-shakuri-111012.jpgАкадемик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар вилояти илму адаб, ки имрӯз филология (суханшиносӣ) мегӯянд, ҳамин хел як шахс, ҳамин хел як пири кор буданд, ки муродифи пири хирад аст ва аҳли қаламу китоб эътирофаш мекарданд ва ҳоҷат пешаш мебурданд ва он кас ҳоҷати онҳоро мебароварданд.

Аммо аввал ба ин мартаба расидан даркор, ки мавриди таваҷҷуҳ ва эътирофи корафтодаҳо бишавӣ ва онҳо ба ту умед банданд. Пири кор будан мартабае нест, ки якбора аз осмон фурӯд ояд ва ё бо таъйиневу қарореву фармоне фароҳам биёяд.

Чунин мартаба ҳосили истеъдод ва заҳмати мудовим ва қабули хотиру ҳусни баён ва тоқату садоқат ва меҳру муҳаббат ба касб ва фаросат дар муъомила бо одамон аст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ин ҳама сифатҳоро доштанд, - соҳибистеъдод буданд ва истеъдодро мешинохтанд; заҳматкаш буданд ва ба қадри заҳмати дигарон мерасиданд; қабули хотирашон аз ҳаёт ва адабиёт омиёна не, олимона буд.

Ҳусни баёнашон сурати муҳаққиқона ва таҳлилӣ дошт; пуртоқат буданд ва ба сангинтарин беъадолатиҳои рӯзгор бо сабру тоқат ҷавоб медоданд: ба илм садоқат доштанд ва аз роҳи илм берун намерафтанд; дар муъомила ва муколама бо одамон фозил ва бофаросат буданд.

Ба ҳар ҳол, устод Шакурӣ ҳаққу ҳуқуқи комил доштанд, ки Пири кор бошанд ва дарвоқеъ Пири илму адаби Тоҷикистон буданд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии имрӯза дар ҳафтсолагӣ бе падару модар монда Муҳаммадҷон Шукурови дирӯза дар хонаводаи пушт ба пушт китобдору китобхону китобнавис ба дунёи равшан омад, вале дар айёми наврасӣ рӯзи хушро кам дид.

Зеро ятим монд ва замона инқилобӣ буд ва аз қабили таъқибҳову таҳдидҳову беамониҳову гарониҳои нархи наво маҳрумиятҳои зиёде дошт. Вай ба душвориҳо тан дод, вале аз баҳри хондан нагузашт, дар мактаби миёна пурра хонд ва ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд.

Ҳангоми донишҷӯӣ шабонаҳо дар чопхона кор мекард. Ғалатгир буд. Бо калима, бо ҷумла, бо мантиқи сухан ва каму зиёди ҳарфҳо сару кор дошт. Нахустин мактаби таҳрираш ҳамин касби ғалатгирӣ бояд бошад, чунки дар мактабҳо, чи дар мактаби миёна ва чи дар мактаби олӣ, аз ин ҳунар дарс намедоданд.

Баъди фориғ шудан аз мактаби олӣ Муҳаммадҷон як муддат муъаллимӣ кард. Аз фанни адабиёт дарс дод. Сипас, ба аспирантура (давраи фавқуллисонс) дохил шуд ва сари вақт рисолаи илмиашро навишт ва ба шӯрои илмӣ дод барои унвон гирифтан.

Аммо ба ӯ унвони илмӣ надоданд. Гуфтанд, ки мавзӯъи таҳқиқоташ эҷодиёти шоъири "ҷадид" аст ва мафкураи ҷадидизм мафкураи буржуозист, ки бо ғояи сусиёлистӣ мухолиф аст. Зараровар аст.

Ва Муҳаммадҷон ночор мавзӯъи нав гирифт. Дар муддати кӯтоҳе рисолаи нав навишт ва шӯрои илмии Маскав хонду қабул кард ва ба ӯ унвони номзади илми филология (забону адабиёт) бидод.

Аз ҳамин воқеъа ба баъд умри Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ гузашт. Як умри дарозу пурбаракат ва пурмаҳсул.

Дар ин солҳои тӯлонӣ қариб шаст сол Муҳаммадҷон Шакурӣ дар баробари корҳои бевоситаи бахши адабиёти давраи Шӯравӣ боз дар чандин кори дигар бахшҳо ширкат кардааст. Масалан, китобҳои "Усули таълими адабиёт дар мактаб" ва "Истилоҳоти адабиётшиносӣ" аз ҷумлаи онҳост, ки шарикмуаллиф аст.

Хосса дар тартиб ва таҳмил ва таҳрири "Фарҳанги забони тоҷикӣ", иборат аз ду ҷилд, саҳми бағоят зиёд дорад ва хидмати бузурге кардааст. Илова бар ин, ҳамкорон, ҳамкасбон, шогирдон ва адибон эҳтиёҷ ба фикру андешаи Шакурӣ доштанд.

Навиштаҳояшонро назди ӯ меоварданд ва ӯ он дастнависҳоро бо қалам мехонд, калимаеро, ки ғалат бошад, ислоҳ мекард ва зери иборатҳои нодурусту ҷумлаҳои вайрон хат мекашид, яъне ки бубинед, бубинед ва дуруст бикунед.

Умуман, вай сермутолиъа буд. Кулли рӯзномаву маҷаллаву китобҳои тозанашри вақтро мехонд ва ёддошт мекард. Байни рафиқон хушгӯие машҳур буд, ки "Шакурӣ ҳатто газетаи "Пионер"-ро ҳам мехонад."

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба шаҳодати шогирдон панҷсад мақола ва панҷоҳ китоб навиштааст. Осори ӯ билҷумла таҳқиқотӣ ва таҳлилист. Таҳқиқу таҳлили адабиёт, умуман ба таҳқиқу таҳлили адибони алоҳида ва насри замони шӯравӣ пардохтааст.

Хусусан осори ӯ бо ду услуб эҷоду иншо шудаанд. Яке услуби соф илмӣ, ки ба истилоҳ окодемикӣ мегӯянд ва дигаре услуби илмии равон ва озодбаёнӣ, ки ба истилоҳ оммафаҳм гуфтаанд.

Вай дар иншои ҳар ду услуб муваффақ аст.

Ёдаш ба хайр! Номи нек ва осори ин пири кори илми адаб боқист!

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi