17:32:49 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 28 29 30  

САФАР БА САРЗАМИНЕ, КИ МАРДУМАШ КИТОБРО ҚАБУЛ ДОРАНДУ ИТОБРО НЕ - 2

Султони Ҳамад, муассис ва сардабири сомонаи «Рӯзгор»

Аксҳо аз китобхонаи Амирҷоновҳо

Сухане чанд дар бораи Деҳае, ки замини тангу мардуми дилкушод дорад

Ҳар як деҳаи кӯҳистонии Тоҷикистони азиз бо хусусиятҳои хоси мавқеи ҷӯғрофиву урфу одати сокинонаш аз дигаре тафовут дорад. Дар бораи хусусияти хоси деҳаи кӯҳистонии Ёгед шоири ширинсухан, зодаи ҳамин хитаи зебои Дарвоз, марҳум Сарвар Амирҷонов дар як қитъа шеъраш барҳақ чунин гуфтааст:

/images/stories/2012/10/28_kitobkhonai-amirjonovho-1.jpg

Ҳама кӯҳ ҳасту кӯҳу кӯҳ бингар,

Гирифта деҳаро гӯё ки, дар бар.

Замин дар зери по чун тахтасанг аст,

Само болои сар чун ҳалқа танг аст…

Валекин мардумаш некиниҳоданд,

Заминаш тангу инҳо дилкушоданд.

Ана аз ҳамин деҳае, ки аҳолиаш имрӯз аз тифли гаҳвора то пири барҷомонда ҳамагӣ 970 нафарро ташкил медиҳад, дар 50-60 соли ахир 9 нафар доктори фанҳои илм, 22 нафар номзади фанҳо, 52 нафар пизишки соҳибмаълумот ва боз чандин нафар мутахассисони барҷастаи соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зиндагиномаи хешро оғоз кардаанд.

Бас аст чанд нафари онҳоро ном бигирем, ки бидонем ин гурӯҳ чӣ гуна касонеанд: Одил Маҷлисов, доктори илмҳои таърих, Юсуф Ёқубов, бостоншинос, доктори илмҳои таърих, аъзо корреспонденти АИ ҶТ, Юсуф Нуралиев, доктори илмҳои тиб, гиёҳшиносу нависандаи соҳибзавқ, Амрияздон Алимардонов, доктори илмҳои филология, адабиётшинос ва шарқшиноси барҷастаи тоҷик…

/images/stories/2012/10/28_kitobkhonai-amirjonovho-2.jpg

Бешак ҳамаи онҳо китобхону китобдӯст буданд, ки ба ин қуллаҳои илму ба ин мартабаҳои баланди зиндагӣ расиданд. Китобхону китобдӯстон дар ҷумҳурии азизамон кам нестанд. Онҳое, ки шуғли дӯстоштаашон ҷамъоварӣ кардани китоб асту ташкил кардани китобхонаҳои шахсӣ низ даҳҳо нафаранд. Вале теъдоди онҳое, ки китобхонаҳои шахсиашонро дар ихтиёри мардум мегузоранд то мардум низ баробари худи ӯ аз он истифода баранд, дар сар то сари кишвар ангуштшуморанд.

Яке аз чунин китобхонаҳои шахсӣ дар Вилояти Кӯҳистони Мухтори Бадахшон китобхонаи хусусии Адабҷон Амирҷонов мебошад. Аслан онро дар ин ҷо «Китобхонаи оммавии Амирҷоновҳо» меноманд. Адабҷонро ҳанӯз аз даврони донишҷӯияш мешиносам. Соли таҳсили 1969-1970, вақте ки мо донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи тоҷик будем, он кас хатмкунандаи ҳамин факулта буданд.

Рости гап, рафтору суханрониҳои ӯ ва дигар ҳамкурсони донишмандаш, азҷумла Зафари Мирзоён, Ориси Пояндашоҳ ва ғайраро дар семинару конференсияҳо, шабҳои адабӣ, мулоқотҳо бо шоирону нависандагон медидем, ҳавасамон меомад. Мо низ мехостем, ки ба онҳо монанд бошем, аз онҳо ибрат бигирем. Адабҷон баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон роҳи деҳаашро пеш гирифт, агарчи  бисёре аз донишкадаҳо, институтҳои тадқиқотӣ ва муассисаҳои илмӣ дарҳои худро ба рӯяш боз карда буданд.

Аз байн беш аз чиҳил сол мегузарад. То ба ҳол дигар ӯро надида будам. Вале гоҳ-гоҳе навиштаҳояшро аз рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мехондам ё дар борааш касе агар чизе менавишт бо шавқ мутолиа мекардам. Боварӣ надошта будам, ки ман дар ёдаш мондаам. Вале мутмаин будам, ки муаллима Латофат Кенҷаева, як тан аз донишҷӯёни пешқадами Донишгоҳ, гирандаи стипендияи лениниро фаромӯш накардааст.

/images/stories/2012/10/28_kitobkhonai-amirjonovho-3.jpg

Дақиқан чунин буд. Адабҷон баъди истиқболи гарми сарвари маҷаллаи «Истиқбол» Латофат Кенҷаева ва қаламбадастоне, ки имрӯз ба ҳайси намояндаи ин маҷалла ба Бадахшон омадаанд, моро ба тамошои китобхонаи хеш даъват мекунад. Вориди китобхона мешавем. Чи манзараи зебову барои як шахси китобхон ҷолибе. Китобҳо ба тартиби муайяне дар рафҳои аз чӯб сохташуда қатор гузошта шудаанд. Ана «Китобҳои бачагона».

Дар ин раф бошад «Китобҳо дар бораи Бадахшон ва бадахшониён» чинда шудаанд. Китобҳои ин рафро сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон тӯҳфа кардааст. Китобҳо ба забони русӣ алоҳида гузошта шудаанд. Ана ин рафи матбуоти даврӣ, асосан маҷаллаҳо, мебошад. Дар ин китобхона беш аз чорҳазору шашсад номгӯй китоб мавҷуд аст, мегӯяд Адабҷон Амирҷонов. Қариб 20 сол боз он фаъолият мекунад.

Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки шумо бо мо ҳастед, тибқи ана ҳамин дафтари ба қайдгирии муштариёнамон 1674 китоб дар гардиш аст, гӯён Адабҷон дафтареро ба мо нишон медиҳад. Яъне китобхонҳо 1674 китоби китобхонаи моро гирифта мутолиа карда истодаанд. Ба ғайр аз ин дар китобхонаи мо 29 луғати дузабона, сезабона ва тафсирӣ мавҷуд аст, ки асосан дар ҳамин китобхона аз онҳо истифода мебаранд.

Маъмулан барои хона бурдани ин гуна китобҳо иҷозат нест. Истифодаи бастаи маҷаллаҳо низ ба ҳамин тарз аст. Масалан мо бастаи 10 солаи маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро дорем. Нусхаҳои дар даврони шӯравӣ ба табъ расидаи ин ва дигар маҷаллаҳо аз қабили «Фарҳанг», «Илм ва ҳаёт», «Мактаби советӣ» ва ғайраро низ дорем.

Тӯли чанд соли ахир 7 рӯзномаи давлативу хусусӣ ва се маҷалларо пайваста гирифта баста ё ибораи маъмули русӣ «подшивка» мекунем. Ҳангоми омодагиҳо ба ҷашнҳо, масалан ба ҷашни 70-солагии зодрӯзи шодравон Ширин Бунёд, 100 солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, 100-солагии зодрӯзи устод Сотим Улуғзода аз деҳоти дурдаст омада маводи таҳия намудаи моро мебурданд, истифода мекарданд.

Дар болои мизи кории Адабҷон Амирҷонов китобҳои «Тазкираи шоирони деҳаи Ёгед», «Ёгед ва ёгедиҳо»-ро мебинем, ки мураттиб ва муаллиф онҳо худи мебошад. «Китоби Ёгед ва ёгедиҳо» чоп шуда бошад ҳам бо теъдоди кам ва мутаассифона, аз камбудиҳои техникӣ орӣ нест, мегӯяд Адабҷон. Вале китоби «Тазкираи шоирони деҳаи Ёгед» ҳанӯз ба чоп нарасидааст. Ин дастнависи ягона аст. Инро дар ҳамин китобхона мутолиа кардан мумкин аст, мегӯяд Адабҷон.

/images/stories/2012/10/28_kitobkhonai-amirjonovho-4.jpg

-Дар бораи чанд шоири деҳа дар ин китобатон шумо маълумот додаед ва кадом давраҳоро дарбар мегиранд, мепурсам аз Адабҷон.

-Мо дар бораи шоироне, ки аз асри 18 ба ин тараф зиндагонӣ кардаанд, маълумот ба даст овардаем. Теъдоди ин шоирон тақрибан 30 нафаранд. Дар байнашон панҷ шоири соҳибдевон, азҷумла Мулло Муҳаммадмурод, ки бо тахаллуси Ғофилӣ машҳур аст, Муҳаммадлиқо Атоӣ, Мулло Дӯст ва ғайра ҳастанд.

Муаллима Латофат Кенҷаева аз Бузургмеҳр хоҳиш мекунад, ки китобҳои барои китобхонаи Амирҷоновҳо ҷудо намударо биёрад. Чеҳраи Адабҷон баъди дидани китобҳои рангаву хеле зебо барои бачаҳо ба нашррасида гул барин мешукуфад.

Ҳамин гуна китобҳо дар мо камтар буданд. Акнун бачаҳо хурсанд мешаванд, мегӯяд ӯ.

Сипас ҳар як узви ин ҳайат бо хоҳиши Адабҷон Амирҷонов дар дафтари «Назарҳои меҳмонон» фикри худашро доир ба ин китобхона менависад.

Аз китобхона ба мактаби деҳа омадем. Моро директори мактаб шахси донишманд Давлатҷон Раҳматҷонов пешвоз гирифт. Мактаб аз соли 1990 ба ин тараф номи шоири соҳибзавқи тоҷик, соҳиби 3 маҷмӯаи ашъор, Сарвар Амирҷоновро дорад. Марҳум Сарвар Амирҷоновро мухлисони собиқадори футболи тоҷик бо эҳтиром «Николай Озеров»-и тоҷик мегуфтанд.

Дар ҳақиқат, ӯ нахустин шореҳи футболи тоҷик аст ва гузоришҳои ӯ аз тариқи шабакаи аввали радиои Тоҷикистон аз солҳои 60-уми асри гузашта сар карда дар бораи бозиҳои тими асосии Тоҷикистон, ки дар аввал «Энергетик» ва баъдан «Помир» ном дошт, бемуҳобот дар худшиносии мардум таъсири хуб доштаанд.

(давом дорад)

Аксҳо аз китобхонаи Амирҷоновҳо

САФАР БА САРЗАМИНЕ, КИ МАРДУМАШ КИТОБРО ҚАБУЛ ДОРАНДУ ИТОБРО НЕ – 1



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi