14:27:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вақте "Кӣ мегӯяд?" аз "Чӣ мегӯяд?" муҳимтар аст...

Сухане чанд бо баҳонаи бозгашти устод Бозор Собир ба Ватан

Қосими Бекмуҳаммад, махсус барои "Рӯзгор"

Бозгашти устод Бозор Собир ба Ватан ва сӯҳбатҳои вай перомуни бархе аз масоил, ки вокунишҳои гуногунеро дар пай дошт, нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо аз ду пурсиши аслии "Кӣ мегӯяд?" ва "Чӣ мегӯяд?", аввалӣ хеле муҳимтар аст. Ба ибораи дигар, дар зеҳни бештари мардуми мо ба таври нохудогоҳ марзи равоние эҷод шудааст, ки ин ду пурсишро аз ҳам ҷудо мекунад.

qosim-bekmuhammad 25062013Албатта, масъалаи "кӣ гуфтан"-у "чӣ гуфтан" дар ҳар ҷомеае ҳамеша муҳим будаву ҳаст. Ба ин сабаб аст, ки гоҳе шоҳид мешавем, ки изҳори назари як шахсияти барҷастаи илмӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ боиси тағйир ва бознигарии сиёсати ин ва ё он ҳукумат мегардад. Бидуни шак, дар чунин мавридҳо чандин омил дар назар гирифта мешавад, ки гиреҳкушо будани назару пешниҳод барои он марҳалаи ҳаёти ҷомеа, нақшу ҷойгоҳи илмиву иҷтимоии шахсият ва ваҷҳа ё худ имиҷи вай дар дохилу хориҷ нақши асосӣ дорад.

Ин масъала бештар дар кишварҳое пеш меояд, ки фазои нисбатан баста дошта ва чунин шахсиятҳо, ки ҳамзамон дорои иртиботи наздик бо доираҳои расмӣ низ мебошанд, то ҷойе нақши ниҳодҳои ҷомеаи маданиро бозӣ мекунанд. Ба таври суннатӣ дар Осиёи Марказӣ ин масъулият ба души шахсиятҳои донишманд ва ғолибан фарҳангӣ (пеш аз ҳама шоирону нависандагони номӣ) меафтод, ки чунин равиш ба ҳар шакле дар даврони шӯравӣ ҳам идома дошт. 

Аммо дар пайи таҳаввулоте, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ дар Тоҷикистон иттифоқ афтод, нақши ин гуна шахсиятҳои рӯшанфикру зиёӣ амалан дар ҳошия қарор гирифт. Ҳарчанд бо омадани сулҳ ва ба тадриҷ аз саҳна хориҷ гардидани фармондеҳони собиқ талошҳое барои бозсозии нақшу ҷойгоҳи қишри зиёӣ анҷом шуд, вале бо натиҷаи амалӣ ҳанӯз фосила зиёд аст. Агар фосила зиёд набуд, зиёиён дар дидорҳои солонаи худ бо раҳбарияти кишвар метавонистанд масоили калонеро матраҳ кунанд, ки дар таъйини равандҳои ояндаи ҷомеа муассир бошанд.

Аммо пеш овардани масоили умдатан хурду реза нишонаи он аст, ки ҳатто муҳити андеша ва ҷаҳонбинии саршиностарин намояндагони қишри зиёии мо хеле маҳдуд шудааст. Ба далели ин маҳдудият аст, ки мизони таъсиргузории назари ин ва ё он намояндаи қишри зиёӣ на ба нақш ва ҷойгоҳи воқеии илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии вай, балки ба доштани робитаи хос бо "боло" марбут дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки ба маҳзи пеш омадани суоли "Кӣ мегӯяд?" мардум бедиранг ба ҳамин мавзӯъ меандешанд. Мавзӯе, ки решадор шудани он ҳатто дар афкори бахше аз ҷомеа низ метавонад ба тадриҷ ба сурати як мушкили ҷиддӣ ва хатарнок ба миён ояд.

Устод Бозор Собир ҳини сафарҳои қаблӣ ба Ватан низ назари худро дар мавриди хеле аз масоили ҳассос бисёр ошкор баён карда буд. Вале ин бор чун аз вай истиқболи расмӣ сурат гирифт ва ба қавле эҳтимоли барқарории иртиботи наздикаш бо "боло" имконпазир дониста шуд, лаҳни вокунишҳо низ комилан дигаргун гардид. Ҳам вокунишҳои мусбат ва ҳам манфӣ.

Яъне ҳатто дар мавриди устод Бозор Собир, ки ворастагии вай аз бештари қайду бандҳои хоси зиёиён ва ба вижа адибони фурсатталаб ҷойи шакку тардид надорад, сатҳитарин тамос бо доираҳои расмӣ дар чашми хелеҳо ҳувияти дигаре аз ин шоири барҷаста ироа дод. Шояд бори аввал аст, ки "Кӣ мегӯяд?"-и устод аз назари аҳамият муқаддамтар аз "Чӣ мегӯяд?"-аш қарор гирифт.

Дақиқан аҳамияти масъалаи "Кӣ мегӯяд?" буд, ки Зайд Саидов, яке аз ташаббускорони асосии ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро гирифтори банди зиндон кард, вагарна ҳарфҳои эшонро ҳар каси дигар ҳам мезад, шояд ба он фақат аз  нигоҳи "Чӣ мегӯяд?" таваҷҷуҳ мешуду бас.

Зарурати ислоҳи вазъ ва ё натарсидан аз "шармандагӣ"

Бо ин муқаддимаи тӯлонӣ мехоҳам ба асли мавзӯъ бирасам. Мавзӯи вазъияти зиёиёни кишвар ва нақши воқеии онҳо дар ҷомеа. Аз лашкари пуршумори қишри рӯшанфикри ҷомеаамон шояд фақат чанд дарсади ночиз дар робита ба таҳаввулоти дохилӣ ва он чӣ перомуни Тоҷикистон мегузарад, таваҷҷуҳ дошта бошанд. Теъдоди касоне, ки ба ҳар шакле (чӣ дар ҷамъи мардум ва чӣ аз тариқи расонаҳо) назари худро ошкор мекунанд, бамаротиб камтар аст.

Ин дар ҳолест, ки қишри огоҳи ҷомеа, қатъи назар аз тарзи нигоҳ ва бархурди доираҳои расмӣ ба он, дар мавриди он чӣ дар кишвар мегузарад, аз назари маънавӣ масъулият дорад. Иҷрои ин масъулият ниёзманди сохторҳову ниҳодҳои хос аст. Бидуни чунин як коре наметавон аҳдофу ормонҳои асили миллиро ташхис дод ва перомуни он иттиҳод кард. Ба ҳамин сабаб аст, ки қишри зиёии мо барои худ ҳатто аҳдофи таърифшуда дар арсаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиро надорад, чӣ бирасад ба бозидани нақши муҳим дар сиёсатгузории ҳукумат ва аз ҷумла бозсозии қишри нухба ва ё ҳамон элитаи ҳоким.

Дар хеле аз ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравӣ маҳфилҳо ва ё ҷамъиятҳои рушанфикрӣ, коршиносӣ, ҳунарӣ ва амсоли инҳо фаъоланд. Аммо амалан ҷойи ин гуна ниҳодҳо дар Тоҷикистони мо холист. Манзур фақат зоҳири масъала нест (зеро дар кишвари мо низ созмонҳову иттиҳодияҳои зиёде вуҷуд дорад), балки иртиботу ҳамкории доимии намояндагони арсаҳои мухталифи илмӣ, фарҳангӣ ва фикрист, ки дар ниҳоят ҳувияти ҷамъии онҳоро шакл медиҳад. Баҳсҳои тахассусии онҳо, бо вуҷуди ихтилофи назарҳои эҳтимолӣ, дар ниҳоят ба сурати тарҳ, андеша ва созу кори ислоҳ ва пешбурди муносиби ин ё он бахши ҳаёти ҷомеа муаррифӣ хоҳад шуд. Ин кор ҳам ба суди манофеи миллист ва ҳам имкон медиҳад, то намояндагони қишри зиёӣ аз ҳошия ба батну матни равандҳо кашонда шаванд.

Барои ин кор ниёз ба шахсиятҳоест, ки дар риштаҳои гуногун намояндагони ин қишрро бо таваҷҷуҳ ба салиқа ва алоқамандиҳои хоси онҳо ҷамъ карда тавонанд. Дар худи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ин таҷриба вуҷуд дорад, ки Қирғизистону Қазоқистон муваффақтар аз дигаронанд. Ниҳодҳо ва гурӯҳҳои фикрӣ (интеллектуалӣ), ки дар атрофи шахсиятҳои алоҳида шакл гирифтаанд, миёни худ иртибот дошта, перомуни масоили мухталифи ҷомеа табодули назар мекунанд ва дар ниҳоят пешниҳодоти худро ба шаклҳои мухталиф ба марказҳои тасмимгиранда ироа медиҳанд.

Пурсиши асосӣ ин аст, ки оё чунин гурӯҳҳо аслан дар кишвари мо вуҷуд доранд? Ва агар вуҷуд доранд, чаро аз натиҷаи иртиботу ҳамкории байни онҳо маҳсули чашмрасе дида намешавад? Боз ҳам такрор мекунам, ки манзур сохторҳои расмии академикӣ, донишгоҳӣ ва таҳқиқотӣ нест. Онҳо чун монанди замони шӯравӣ аз сисиламаротиби расмии фикрӣ (иерархияи интеллектуалӣ) намояндагӣ мекунанд, одатан муҳифизакоранд. Ҳамзамон на танҳо аз ҳукумат, балки аз ҷомеа низ интизори таваҷҷуҳу ғамхориро доранд, ки бар фосилаи онҳо бо воқеиятҳоро афзудааст.

Дар бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ солҳост, ки гурӯҳҳои алтернативии фикрӣ фаъолият менамоянд. Дар ин гурӯҳҳо шахсиятҳои шинохтаи илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто мансабдорони баландпояи собиқ, ки таҷрибаи арзишманди кору фаъолияти амалиро доранд (баракси мансабдорони мо, ки баъди аз вазифа рафтан асосан тоҷир мешаванд), ҳузур пайдо кардаанд.

Тарҳҳои таҳқиқотӣ ва дигар таълифоти инфиродӣ ва гурӯҳии онҳо дар мӯътабартарин маҷаллаҳо ва марказҳои мутолиотии хориҷӣ харидор доранд. Аксари шахси–ятҳои соҳиби андеша ё худ интеллектуалҳои ин кишварҳоро маҳз намояндагони гурӯҳҳои алтернативии фикрӣ ташкил медиҳанд. Бидуни чунин як иқдоме натанҳо майдони баҳсу андеша дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа маҳдуд хоҳад шуд, балки фаъолияти зерсохтҳои мавҷуди низоми илмӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ низ боздеҳии хосе нахоҳад дошт.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки мо низ ба ҷойи баҳсҳои ҷузъӣ ва манъ кардани ину он аз гуфтани назари худ (ҳатто агар мухолифи дидгоҳҳоямон ҳам бошад) ба фикри иқдомоти решаӣ ва асосӣ дар арсаҳои фикрӣ шавем. Ин пешниҳод, ки устод Бозор Собирро ҷуз шеъру шоирӣ ба масоили дигар ва махсусан сиёсат коре  набошад, чандон демократӣ ва мантиқӣ нест. Вижагии зиёии воқеӣ дар он аст, ки аз гуфтани назари худ ва ба истилоҳ, "шарманда" шудан бим надорад.

Вагарна бештари намояндагони ин қишр ва махсусан онҳое, ки сокини пойтахтанд, ҳарфҳои асосии худро на аз минбар, балки аз пушти мизи чойхурии хонаҳояшон мезананд. Ва аз дугонагии ахлоқашон низ азоби виҷдон намекашанд. Ба ин сабаб аст, ки ҳатто на назари хоси устод Бозор Собир, балки мавқеъгирии вай ҳамчун зиёӣ аҳамият пайдо мекунад. Мавқеъгирие, ки ин тасаввури собити ҷомеаро мешиканад, ки "дигар аз зиёӣ набояд ягон чизи ғайриинтизорро чашмдор буд"…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi