04:47:05 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Саттор Турсун: "Агар ҷамъият талаб дорад, адабиёти хуб ҳам пайдо мешавад"

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун аз зумраи маъруфтарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик маҳсуб меёбад, ки навиштаҳояш аз ҷониби мунаққидону аҳли адаб ва хонандагони сершумор баҳои сазовор гирифтаанд. Осори ӯ амсоли "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Сукути қуллаҳо", "Камони Рустам", "Се рӯзи як баҳор", "Санг дар бағал ба тӯфон" аз ҷумлаи хонотарин асарҳои насри тоҷиканд. Атрофи зиндагиву эҷоди Саттор Турсун ва ҳамчунин масъалаҳои адабиёти имрӯз хабарнигори "Рӯзгор" бо ӯ суҳбате анҷом дода, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

sattor-tursun 04201303-Устод, хонандаи мо донистан мехоҳад, ки тайи чанд соли ахир Саттор Турсун чӣ чизҳои наве навишта ё менависад?

-Солҳои ахир ман чизи зиёд нанавиштам. Охирин китоби банда ба номи "Зимистони умр" соли 2006-ум нашр шуда буд. Дар ин китоб қиссаву ҳикояҳо ва андешаҳое ҷамъ омадаанд, ки дар замони истиқлол навишта шудаанд. Баъди ин ҳарчӣ навишта ё гуфтаам мисли суҳбатҳо, мақолаҳо доир ба адабиёт, фарҳанг ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи мо буд, ки онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Бештар тавассути рӯзномаи "Азия-плюс" андешаҳои худро баён медоштам.

Ва инро ҳам баъдтар бас кардам, барои он ки масъалаҳо зиёданд ва инсон хаста ҳам мешавад. Агар мехоҳӣ чизе бигӯӣ бояд амиқ ва дархӯри ҷомеа бошад. Пайваста масъалаҳои умдаро таҳлил ва пешкаши хонанда кардан мушкил аст. Ба назари ман дар дунё эҷодкоре нест, ки ҳамеша ва зуд-зуд чизҳои хуб гӯяд. Бо вуҷуди ин худам ҳам афсӯс мехӯрам, ки кам машғул мешавам ба эҷод ва андешаҳоямро ҳам камтар мегӯям. Ман иқрор мекунам, ки солҳои охир камтар кор кардам.

-Иллати кам кор кардан дар чӣ бошад?

-Иллат шояд дар худи ман бошад. Аммо вақтҳои охир ҳарчанд фикратро баён мекунӣ, дар ҷомеа гӯши гапшунав кам аст. Ҷомеа гӯё имрӯз ба дардҳои худаш гирифтор аст ва кам китоб мехонад. Вақте ҷомеа кам китоб мехонад, албатта паёмадҳои нохуб дорад. Ман ба наздикӣ дар куҷое хондам, ки як нависандаи амрикоӣ ба номи Хаббарт дар хусуси кишвараш андеша ронда мегӯяд, ки "кишвари мо то даме, ки аз китоб дида, бештар сақич мехарад, кишвари фарҳангӣ нахоҳад буд."

Ин андешаҳоро агар Хаббарт дар мавриди ҷомеаи Амрико гуфта бошад, пас мо дар бораи Тоҷикистон дар чӣ андеша бошем? Муқоиса кунед, ки мо имрӯз чӣ қадар китоб мехонем ва чӣ қадар сақич мехарем. Пас мо ба ин аҳвол куҷо меравем? Мо бояд мағозаҳои хуби китобфурӯшӣ дошта бошем. Китобхонаҳои хубе дошта бошем, ки ҷавонон аз онҳо истифода бурда тавонанд. Китобҳои зиёде дошта бошем, ки мувофиқи даромади иқтисодии онҳо фурухта шаванд.

Ман афсӯс мехӯрам, ки солҳои охир ба бисёр хонаҳо меҳмон шуда мебинӣ, таҳпурсӣ карда мефаҳмӣ, ки мардум бештар машғул ҳастанд ба таъмин кардани оилаи худ аз ҷиҳати либосу палос. Ба китоб, ки ғизои маънавӣ аст, қариб эътибор намедиҳанд. Шояд ин вобаста аз ҳолати равонии ман бошад, ки як нав дилмондагӣ ҳис мекунам дар худ. Модоме ман мегӯям ё рафиқони ман мегӯянд, онҳое, ки аз дасташон коре меояду чизеро гуфта метавонанд тавассути адабиёт, агар дар ҷомеаи мо ин қадар беқадр бошанд, пас чӣ ҳоҷати навиштан.

Албатта, чунин гуфта намешавад, ки ман тамоман наменависам ё кам менависам. Имрӯз дар рӯзномаҳои худ чизе менависам, корҳои нотамомамро анҷом мебахшам, навиштаҳои пешинамро аз нигоҳи забонӣ таҳрир мекунам. Ба ҳар ҳол, ба коре машғул ҳастам, аммо на ба он андозае, ки дил мехоҳад.

-Аз навиштаҳои ҳамқаламонатон дар ин чанд соли охир то чӣ ҳад бохабар ҳастед?

-Албатта, аз чизҳое хубе, ки ҳамқаламони ман менависанд, хурсанд мешавам. Аммо набояд фаромӯш кард, ки касби нависандагӣ ҳам чун касбҳои дигар аст. Мисле, ки дар ҳама беморхонаҳо табибони хуб бисёр нестанд, нависанда ва шоир ҳам агарчӣ шумораашон бисёр аст, аммо хубашон кам. Ба ин чиз ҳайрон ҳам шудан лозим нест. Мо узви бисёр дорем дар Иттифоқи нависандагон, лекин кам касоне ҳастанд ки шеъри хуб ё асари хуб менависанд. Бо вуҷуди ин ман хушбин ҳастам. 

-Рушд ё пешрафти адабиёт ба кадом омилҳо бастагӣ дорад?

ҷод вобаста аз ҳолати иҷтимоъ аст. Агар ҷамъият талаб дорад, агар ҷамъияти адабиёти хуб мехоҳад, адабиёти хуб ҳам пайдо мешавад. Лекин имрӯз ман фикр мекунам, ки ҷамъият гирифтори ниёзҳои аслии худаш ҳаст, на дар талаби як драмаи олӣ ё як филми хуб. Бубинед, филмофарӣ дар Тоҷикистон қариб аз байн рафтааст, ба мурдан расидааст. Бо вуҷуди ин, фикр мекунам пайдо мешавад.

-Адабиёти бузургро хонандаи бузург меофарад, лекин як нуктаи дигарро аз Шумо пурсиданиям. Имрӯз, ки мардум саргарми зиндагии худ ва то ҷое аз адабиёту ҳунар дур мондаанд, оё мешавад, ки нависандаи бузург хонандаи бузургро ба миён оварад? Бо чанд нафаре, ки суҳбат доштам, мегӯянд нависандаҳои мо имрӯз чизҳои хуб наменависанд…

-Гапи Шумо маънии амиқ дорад, албатта нависандаи бузург ин корро карда метавонад ва ҳамчунин ин гуна нависанда метавонад ба як адабиёти бузург асос гузорад. Лекин, ин корро ҳамон нафаре карда метавонад, ки ду чизи муҳим дошта бошад, якум истеъдоди фавқулода ва дуввум таъмини иқтисодӣ. Худаш бояд доро бошад, яъне Худованд ба ӯ ҳам истеъдоди баланд ва ҳам сарват дода бошад. Нафаре, ки зиндагии хуб ё ҳамин гуна қудрат надорад, бигзор хеле баистеъдод ҳам бошад, агар дастгирии ҷомеа нест, наметавонад.

Ё як нафаре, ки худашро дар ин роҳ қурбон мекунад, бояд гирифтори қарзу қавола шуда, солҳо нишинаду асари хуб нависад. Охир, навиштан кори осон нест. Агар як романи хуб офаридан мехоҳед, ҳеҷ набошад панҷ сол менависед. Дар ин панҷ сол зиндагӣ кардан даркор. Агар инсон зиндагии роҳат надошта бошад, истеъдодаш ҳам мемирад. Инсон худашро ҳақир ҳис мекунад. Дар ҳақирӣ эҷоди асаре, ки инсонҳои дигарро метавонад роҳи нав нишон диҳад, ғайриимкон аст.

-Классикҳои мо тавонистанд-ку…

-Барои он тавонистанд, ки истеъдоди баланд доштанд, такя доштанд, зимомдорони замона онҳоро дастгирӣ мекарданд ва ё худашон ҳам сарват доштанд. Бубинед, аз худи Рӯдакӣ сар карда, то Аҳмади Дониш ягон нафари онҳо (албатта ба истиснои чанд нафар) ниёзманд набуданд. Баъдан, ин вобаста аз он халқе ҳам ҳаст, ки эҷодкор дар байни он халқ пайдо мешавад.

Чаро давлатмандони халқҳои дигар дар дастгирии илму фарҳанг саҳм мегузоранду миллионерҳои мо не? Канӣ миллионере, ки барои таҳияи як филми олӣ ё ба саҳна гузоштани як драмаи хуб маблағгузорӣ кунад, як нафар нависандаи бақувват ё ҷавони баистеъдодро аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ кунад ва бо ин роҳ ба миллаташ хизмат кунад.

Афсӯс, ки нест. Он чизҳое, ки мекунанд, барои намоиш аст. Барои як филм хуб ҳеҷ набошад бист миллион доллар лозим аст. Аз куҷо коргардонҳои мо филм офаранд? Д у сол аст, ки "Тоҷикфилм" дар хусуси романи банда "Се рӯзи як баҳор" бо ман гуфтугӯ мекунад, аммо маблағ нест. Бе маблағ чӣ меофарӣ? Намешавад ҳамин хел бигӯӣ, ки имрӯз нависандаи тоҷик бад асту чизи хуб наменависад ё ҳунарпешаи тоҷик бад асту дар саҳна асарҳои хуб пайдо намешаванд.

-Ба ҳар ҳол, теъдоди нависандаҳо имрӯз зиёд аст ва китобҳои бисёре ҳам нашр мешаванд. Аммо дар аксари ин асарҳо парешониву беҳудагӯиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Чаро ин китобҳо пеш аз нашр дар Иттифоқи нависандагон баррасӣ намешаванд?

-Фикри Шумо дуруст, аввал он ки давраи озодии сухан аст, лекин озодии суханро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад. Барои фаҳмидани озодии сухан онро эҳтиром кардан лозим. Агар қадри суханро медонед, масъулияти Шумо ҳам дар назди сухан баланд мешавад. Мутаассифона, аз озодии сухан истифода карда, ба адабиёт бештар онҳое ворид мешаванд, ки худашон чандон суханро эҳтиром намекунанд, қадри суханро чандон намешиносанд.

Аз ин рӯ ҳар кас метавонад менависад ва ягон илоҷ карда, китоб чоп мекунад. Аммо аз ин ҷиҳат ҳам дар ташвиш будан лозим нест, чунки худи ҷомеа сараро аз носара ҷудо мекунад. Ин китобҳо фаромӯш мешаванд.Дар Иттифоқи нависандагон ҳам то ҳадде ин асарҳоро мехонанд, маслиҳат медиҳанд. Лекин аксари онҳое, ки китобашонро мехонеду маслиҳат медиҳед, маслиҳати шуморо гӯш намекунанд, чунки аз меҳнат кардан мегурезанд. Боз мегӯям, ки эҷод кардан кори мушкил аст.

-Замони мактабхонӣ чун асарҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода ё Пӯлод Толису чанд тани дигарро мехондам, чунон ба олами қаҳрамонҳои ин асарҳо ворид мешудам, ки дигар мехостам, то охирин саҳфа аз китоб чашм наканам ва фаҳмам, ки тақдири ояндаи Одина, Фирӯза, Виркан, Ҳасан чӣ мешавад… ва бо ҳамин шавқ китобро тамом мекардам. Аммо имрӯз ба ҳар сурат ин гуна қаҳрамонҳо дар насри мо кам ба чашм мерасанд. Аксар нависандаҳои мо ҳам дигар ба тасвиргароиву суханбофӣ майл доранд… Бубинед, дар насри Фолкнер ё Хемингуэй, Мопассан, Ҷек Лондон, Чехов, Достоевский ва дигар нависандаҳои бузурги дунё як ҷумлаи зиёдӣ ба чашм намехӯрад…

- Ман ба ин фикри шумо мувофиқам, чунки бештар онҳое пайдо шудаанд, ки аз асари хуб навиштан дида, шуҳрат мехоҳанд. Шояд ман хато мекунам, аммо онҳое ки навишта метавонанд, мехоҳанд ба ҳамин кор машғул нашаванд ва аз пайи кори худашон бошанд. Онҳое, ки дуруст навишта наметавонанд, шояд мақсади асосияшон ном баровардан бошад, лекин фикр намекунанд, ки ин ном пагоҳ гум мешавад. 

Шумо дар мавриди нависандагони замони Шӯравӣ гуфтед. Дар он вақтҳо аҳли қалам эҳтиром дошт. Навиштаҳои онҳоро муҳокима мекарданд, ки чӣ навишта ва асари ӯ ба хонанда чӣ медиҳад? Албатта, дар он айём ҳам вобаста ба талаботи замона, талаботи сохтор асарҳо пайдо мешуданд, лекин назорат буд, ки чӣ чизро ба хонанда пешниҳод мекунанд. Агар дар бораи Норак ягон чиз нависед, талабот буд, ки бояд дар бораи Норак чунон нависед, ки мардум таваҷҷуҳ кунанд ба сохтмон, ва талош барои оянда.

Ин чизҳо ҳам як тарғиб буд, чун идеология ҳамин чизҳоро мехост. Агар мо имрӯз ба муқоиса гирем, дар ҳамон давра, ки озодии сухан набуд, асарҳои хуб пайдо мешуданд. Ман ба он андешаам, ки асарҳои хуб ё дар давраҳое, ки халқ зиндагии хуб дораду демократӣ аст пайдо мешавад, ё дар давраҳои тоталитарӣ. Чунки дар давраи тоталитарӣ давлат мақсадҳои зиёд дорад ва барои пиёда кардани ин мақсадҳо маблағи зиёд ҷудо карда мешавад.

-Имрӯз вазъи иқтисодии Шумо чӣ гуна аст устод?

-Аз он буҷае, ки якҷо бо оила дорем, каме сарфа карда, барои худам ғизое пайдо карда, ё либосе пайдо карда, он чизеро ки дарди дили ман талаб мекунад, менависам. Дар бист соли истиқлол ҳам кам кор накардам, агарчӣ аз асарҳои бадеӣ дида, бештар ба навиштани чизҳои публисистӣ машғул будам, ки инҳо вобаста аз талаботи айём ва талаботи иҷтимоъ буд.

Ман ин корҳоро қариб ройгон кардам. Лекин агар ман воситае надошта бошам, завод ё замин надошта бошам, аз кадом ҳисоб нависам? Навиштаамро чӣ тавр ба хонанда пешкаш кунам? Ман ҳайрон мешавам, бубинед, дар хусуси романи банда дар донишгоҳ дарс мегузаранд, даҳҳо донишҷӯ пеши ман омада, китоб мепурсанд, аммо ман ин китобро ҳатто барои худам пайдо карда наметавонам. Ҷамъият ҳам китоби манро чоп намекунад.

-Дар мавриди ояндаи адабиёти мо чӣ андеша доред?

-Бо вуҷуди ин ҳама ман ба оянда хушбин ҳастам.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi