«Вахё — қалби мост»
Водии Вахё — яке аз гушаҳои зеботарин ва пурфасонаи Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Ин водии дилкаш бо табиати нодир, таърихи пурғановат ва мардуми самимию меҳмоннавозаш машҳур мебошад.
Водии Вахё дар ҳавзаи дарёи Хингоб ва шохобҳои он — Оби Арзинг ва Оби Мазор, ки аз пиряхҳои Гандо, Гармо ва Федченко маншаъ мегиранд, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри I ва Дарвоз ҷойгир аст. Водии Вахиё ба ду қисмат, яъне Вахиёи боло ва Вахиёи поён ҷудо мешавад.
Дар бораи Водии Вахё шоирону овозхонҳои кишвар шеъру таронаҳои зиёде навиштаву сурудаанд. Аммо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки то имрӯз дар бораи Вахё ба шакли «Рэп» таронае нашунидаед. Ҳамин эҳсос ва ишқ ба зодгоҳ моро водор кард, ки чизи нав офаринем.
Бо кӯмаки овозхони истеъдоднок JAHONI M таронае бо номи «Вахё — қалби мост» ба шакли рэп эҷод кардем ва онро хидмати Шумо, азизон, пешкаш менамоем.
Умедворем, ки ин нахустин рэп дар бораи Водии Вахё мақбули дили Шумо гардад. Шумо чӣ фикр доред? Оё рэп метавонад зебоиҳои Ватан ва Водии Вахёи азизро тараннум кунад?
Мунтазири андешаҳои гарми Шумо ҳастем!
Субҳиддини Султон, “Рӯзгор”
















