НАХУСТИН ҶАЛАСАИ САҲОМДОРОНИ “РОҒУН” ДАР КОХИ ВАҲДАТ
Нахустин ҷаласаи саҳомдорони тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо ширкати Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, оғоз шуд. Интизор меравад дар ин ҷаласа масоили марбут ба наҳваи истифода аз маболиғи саҳоми "Роғун" ва ҳамчунин таъсиси як шӯро ё ниҳоди иҷтимоъии саҳомдорон, ки ба таври доимӣ фаъолият хоҳад кард, баррасӣ шавад.
Шӯрои нозирони ин ширкат пештар эълом карда буд, ки феҳристи ширкаткунандагони ин ҷаласаро таҳия карда ва онҳо ба ҷаласа даъват шудаанд. Ҳамчунин, дар бархе аз навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон марокизи сабти номи ширкаткунандагон дар ҷаласаи саҳомдорони “Роғун” таъсис шуда буд. Шумори ширкаткунандагон дар ин ҷаласа рӯшан нест, аммо гуфта мешавад дар марокизи бархе шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон низ саҳомдорон метавонанд бар ҷараёни ҷаласа назорат кунанд ва дар тасмимгиҳои он аз тариқи васоили мухобиротӣ саҳм гузоранд.
Тайи рӯзҳои ахир дар бисёре аз муассисоти давлатӣ ва хусусӣ ҷаласаҳои саҳомдорони "Роғун" аз ин муассисот баргузор шудааст. Аз ҷумла, дар ҷаласаи саҳомдорони ин тарҳ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе эълом шуда, ки кормандони ин фурӯдгоҳ ба маблағи 18 милюн сомонӣ саҳоми ин нерӯгоҳро харидаанд.
Шумори умумии саҳомдорони тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" то кунун эълом нашудааст. Мақомот аз додани ин иттилоъ худорӣ карда ва мегӯянд, ки ин рақам "сирри тиҷоратӣ" маҳсуб мешавад. Ҷаласаи саҳомдорони тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" пас аз поёни марҳилаи аввали мутолеъаи ин тарҳ тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ва ирсоли натоиҷи он ба давлати Тоҷикистон сурат мегирад.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта ҳамчунин дар ҳамоише бо ширкати коршиносон ва намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон натоиҷи муқаддамотии мутолеъаи худро баррасӣ кард. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, давлати Тоҷикистон нисбат ба натоиҷи ин бозрасӣ хушбин аст ва ба ин далел, ахиран Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъ, изҳор дошт, ки тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” бидуни ҳеч тағйире дар порометрҳояш иҷро хоҳад шуд.
Ҷаласаи саҳомдорони тарҳи "Роғун" дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба мухолифати худ бо бунёди ин нерӯгоҳ идома медиҳад. Ахиран мақомоти Ӯзбакистон эълом кардаанд, ки сарфи назар аз натоиҷи бозрасии байналмилалии тарҳи "Роғун" бунёди ин нерӯгоҳ барои онҳо қобили қабул нест. Ӯзбакистон мегӯяд, ки бунёди ин нерӯгоҳ бар вазъияти муҳити зист ва арсаи кишоварзии он кишвар зиёни ҷиддие ворид хоҳад кард.
Мақомоти ӯзбак ҳамчунин аз он бим доранд, ки ин нерӯгоҳ дар минтақае зилзилахез бунёд мешавад ва дар сурати рахна шудани садди он "суномии бузурге" ба вуқӯъ пайваста ва бахши аъзаме аз мазореъ ва манотиқи маскунии ин кишвар зери об хоҳад монд. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад карда ва мегӯяд, ки баръакс, бунёди нерӯгоҳи "Роғун" шароити истифодаи муассир аз захоири оби минтақаро фароҳам хоҳад кард ва аз ин тарҳ қабл аз ҳама кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон суди бештаре мебинад.
Корзори таблиғ ва фурӯши саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" авоили январи соли 2010 оғоз шуд. Он замон Президент Раҳмон аз мардум даъват карда буд, ки ба таври густарда ба хариди саҳоми ин нерӯгоҳ иқдом кунанд. Вай гуфта буд, ки "ҳар хонавода бояд то панҷ ҳазор сомонӣ" аз ин саҳомро бихарад.
Корзори фурӯши саҳоми "Роғун" ба таври густарда дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон таблиғ мешуд ва инт телевизиюнҳо тӯдаҳои мардумро нишон медоданд, ки аз бунёди ин нерӯгоҳ ҳимоят мекарданд. Ин таблиғот танҳо пас аз мудохилаи Сандуқи Байналмилалии Пул мутаваққиф шуд.
Бархе аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯён, пизишкон, бозонишинон он замон мегуфтанд, ки мақомот онҳоро ба хариди саҳоми "Роғун" маҷбур кардаанд, вале давлат ин иддаъоҳоро такзиб карда буд. Авоили соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон эълом кард, ки мардум, ширкатҳо ва корхонаҳои хусусиву давлатӣ ба маблағи ҳудуди 190 милюн дулор саҳоми тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидаанд.
Ин дар ҳолест, ки вазорати молияи Тоҷикистон зимни оғози корзори фурӯши саҳоми "Роғун" эълом карда буд, ки ба маблағи беш аз 1,5 милёрд дулор саҳоми ин тарҳро интишор додааст. Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд ва сипас, ба далели мушкилоти иқтисодӣ мутавақиф шуд. Аммо дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон дубора ба бунёди он иқдом кардааст.
Би-Би-Си