Хазина аз
Гумонбарони ҳуҷум ба сохтмончиёни Хоруғ ошкор шуданд
Хабар
04.05.2013 16:22
750
Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ гуфт, ки афроди гумонбар ба ҳамла болои сохтмончии маҳаллӣ ихтиёран таслим шуданд. Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 3-юми май дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ахиран “панҷ нафар худихтиёрӣ ба мақомот таслим шуданд”.
ИА аз ҳукуматҳо хост, барои матбуот фазои озод муҳайё кунанд
Матбуот
04.05.2013 16:19
3813
Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукуматҳо хост, барои хабарнигорон фазои бидуни тарс аз сензураро муҳайё кунанд. Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо бо пахши як баёния ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, сензура ва таҳдиду зуроварӣ алайҳи хабарнигоронро маҳкум кард.
Марги мармузи наврасро Гарнизони Хоруғ таҳқиқ мекунад
Хабар
04.05.2013 16:16
824
Як хонандаи мактаби рақами 1-и ноҳияи Дарвоз ду рӯз пеш ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, рӯзи 1-май дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.
Рӯзҳои ноороми сокинони Ворух
Иҷтимоъ
04.05.2013 16:09
816
Ин ҳафта минтақаи Ворухи Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои хабарии Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошт ва баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.
Ҳукумат дар дасти ҷавонон. Таҷриба муҳим аст ё ҷасорат?
Ҷавонон ва варзиш
04.05.2013 16:05
2344
Чил ҷавон дар давоми як ҳафта ҳокимияти вилояти Суғдро дар даст хоҳанд дошт. Онҳо ба муҳимтарин курсиҳои ҳукумат, ба истиснои курсии раиси вилоят нишаста, донишу лаёқати худро ба намоиш мегузоранд.
«Шери тоҷик” дар сабқати бокси ҳирфаӣ боз пирӯз шуд
Хабар
04.05.2013 16:03
756
Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар қувваозмоии 18-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Cтанислав Леонови литовӣ ғалаба кард. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм бо накаут пеш аз мӯҳлат шикаст дод.