09:21:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28

Кори сангини занон ва духтарон дар ширкатҳои кишоварзии Хатлон

Масъулони вазорати кишоварзӣ дар Хатлон ибрози нигаронӣ кардаанд, ки аксари занону духтарони кишоварз дар ширкатҳои кишоварзӣ аз ҳуқуқи худ бархӯрдор нестанд. Бар асоси иттилоъи расмӣ дар Хатлон 47 ҳазор ширкати кишоварзӣ фаъъол буда ва раҳбарии ҳудуди 15 ҳазор аз ин ширкатҳо бар ӯҳдаи занон будааст.

gulchehra3044578Ҳамчунин гузоришҳо ҳокист, ки беш аз 90 дарсади кормандони ин ширкатҳо, аз ҷумлаи занону духтарон ҳастанд. Раёсати кишоварзӣ дар Хатлон мегӯяд, қарор аст онҳо бо кумаки молии созмонҳои хориҷӣ дар ин вилоят барномаҳои вижаеро барои баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии занону духтарони кишоварз ба иҷро гузоранд.

Дар назар аст дар чорчӯби ин барномаҳо занону духтароне, ки аз субҳ то шом дар мазореъ бидуни таътил ва бо ҳуқуқи андак кор мекунанд бо ҳуқуқҳои худ ва муқаррароти қонуни кор ошно шаванд.

Кори сангини занон дар мазореъ

Занони кишоварзи Хатлон мегӯянд, ки мушкилоти иқтисодӣ дар хонаводаҳо аксари онҳоро водор мекунад, бо вуҷуди маъоши андак фаъъолияти сангин дар мазореъро идома бидиҳанд. Онҳо аксаран фаъъолиятҳоеро анҷом медиҳанд, ки дар гузашта мардҳо онҳоро анҷом медоданд - обёрии панбазорҳо, шахми замин ва кишту ҷамъоварии панба.

Гулчеҳра, як духтари ҷавон аз ноҳияи Данғара мегӯяд, ки бо раиси ширкати кишоварзӣ, яъне корфармояш ҳеҷ гоҳ дар мавриди ҳуқуқ ва мушкилоти кор суҳбат намекунад. Гулчеҳра мегӯяд: “Ман дар бораи кори вазнин ва гармию сардии ҳаво аслан бо роҳбари ширкат суҳбат намекунам. Муҳим он аст, ки пул ба даст ояд. Агар шикоят кунам мегӯянд - намехоҳӣ, кор накун!”

Меҳри Сафарова, як хонуми дигар аз ноҳияи Бохтар, ки дар синну сол аз Гулчеҳра бузуртар буд, гуфт ки 20 сол шуда, ки дар мазраъа кор мекунад ва акнун мехоҳад барои дарёфти бознишастагӣ аснодашро омода кунад.

Ӯ мегӯяд: "Ростӣ, ман дар бораи ҳуқуқам дар 20 соли кориям ҳеҷ гоҳ напурсидаам, вале барои бознишастагӣ бояд ҳуҷҷатҳоямро омода кунам. Дар ширкати кишоварзӣ мо бо дигар занон гандуму панба мекорем. Ҳоло мо барои ҷаъмоварии панба ҳамарӯза дар миёни мазраъа ҳастем. Аммо баъзан масъулони ширкатҳо ба ҷойи пули нақди маъошамон ба мо коло назирӣ порча, калӯш ва гандум медиҳанд. Зиндагӣ ҳамин аст кор накунӣ, намешавад.”

Ба гузориши бахши раёсати кишовазӣ дар вилояти Хатлон 75 дарсади ширкатҳои кишоварзӣ машғули кишт ва парвариши панба мебошанд ва аз нерӯи зан бештар барои ҷаъмоварии панба истифода мешавад.

Таъсири манфии кишоварзӣ ба саломати зан

Дар ҳамин ҳол масъулони раёсати бахши тандурустӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки фаъъолияти сангини тӯлонии занон дар мазраъа ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Маркази беҳдошти модару кӯдак дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки мушоҳидаҳои пизишкон ҳокист, ки 50 дарсади занону духтароне, ки аз камхунӣ ва хастагии доимӣ ранҷ мебаранд, занони кишоварз ҳастанд.

Нигина Убайдуллоева, раиси маркази беҳдошти модару кудак ба Би-би-сӣ гуфт: “Заноне, ки дар дар гармо ва сармо кор мекунанд, бештар бемор мешаванд. Мо намегӯем, ки ҳамаашон беморанд, вале дар миёни онҳо занҳои ҳомила ҳастанд, ки кори сангин ба саломати онҳо ва кудакашон зарар мерасонад.”

Хонуми Убайдуллоева мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз чунин вазъ онҳо бо хешовандони занони ҳомиладор суҳбатҳо мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Мо ба шавҳарон ва хушдоманҳояшон мефаҳмонем, ки кори сангин бавижа барои занҳои ҳомиладор хатарнок аст.”

Мардҳои муҳоҷир ва занони кишоварз

Гуландом, номи мустаъори зани 31-сола аз ноҳияи Бохтар аст, ки шавҳараш дар муҳоҷират буда ва борҳо норозигии худро аз он, ки Гулсум кишоварзӣ мекунад, изҳор дошта. Аммо Гулсум мегӯяд: “Вақте шавҳар дар муҳоҷират аст дар хонаи шавҳар касе ба ту гуш намекунад. Хешовандонаш моро маҷбур ба кори саҳро равон мекунанд. Ман дар хона як бача дорам ва ҳоло дар батнам кӯдаки 5 моҳа ҳаст. Ҷаъмоварии пахта барои ман душвор аст, аммо илоҷ надорам.”

Вай бо ишора ба дастони худ меафзояд: “Дастонам дар чӯби пахта канда шуданд, ин сурати хаста ва чеҳраи дар офтоб сухтаи ман ба шавҳарам хуш намеояд.”

Саидумар, як ҷавони тоҷик аз ноҳияи Вахши ин вилоят дар Русия машғули кор аст. Ӯ мегӯяд, қарор аст, баъд аз як моҳ ба Тоҷикистон биёяд ва издивоҷ кунад.

Ӯ дар суҳбате аз тариқи шабакаи иҷтимоъӣ мегӯяд: “Мехоҳам, арӯсам ҳамеша тоза бошад ва дар саҳро кор накунад, вале модари ман ҳамеша духтареро барои фарзандонаш арӯс мекунад, ки дар мазраъа корро балад бошанд. Таҳсилнокарда бошанд. Шояд арӯси ман низ баъди издивоҷ барои ҷаъмоварии панба равад ва ман коре кардаш наметавонам.”

Ҳоло дар заминҳои кишоварзии Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии панба аст ва бештар занону духтарон ба ин фаъъолият ҷалб шудаанд. Гаҳ-гоҳе дар панбазор дида мешавад, ки аз занон аз нерӯи кори кӯдаконашон низ барои кумак истифода мекунад. Ҳарчанд бахши омӯзишу парвариши навоҳии кишоварзӣ пайваста ҷалб шудани кӯдакон дар корҳои кишоварзиро пайваста радд мекунанд.

Орзуи Карим, хабарнигори маҳаллӣ, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi