07:59:38 24-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ФАРДЕ ГУМОНБАР БА АЪМОЛИ ТЕРУРИСТӢ

Пулиси Тоҷикистон мегӯяд аз анҷоми як амали теруристӣ алайҳи раиси шаҳри Турсунзода, воқеъ дар ғарби ин кишвар, пешгирӣ кардааст. Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Нарзиев, як масъули дафтари матбуъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон, маъмурони пулис рӯзи чаҳоршанбеи 9 декабр фардеро ба номи Ҳайдар Бобомуродов дар ноҳияи Турсунзода боздошт кардаанд, ки мехост ба ҷони раиси ин шаҳр сӯиқасд кунад.

 

Шароити боздошти ин фард ва ҷузъиёти суиқасд рӯшан нест, вале оқои Нарзиев гуфт, ки ба ҳангоми боздошт аз ин сокини шаҳри Турсунзода ба миқдори 770 грам маводди мунфаҷира ва ду телефуни ҳамроҳ (мобил) "барои ба кор даровардани маводди тарканда" дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ба гуфтаи манобеъи пулис, Ҳайдар Бобомуродов, ки 55 сол дошта ва ба ҳангоми боздошт дар ҷое кор намекард, ба узвият дар як гурӯҳи вобаста ба Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ, ки солҳои зиёде дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мутаҳам аст.

 

Оқои Нарзиев гуфт, ки Ҳайдар Бобомуродов ба "ҳангоми дар Шаргуни Ҷумҳурии Ӯзбакистон қарор доштанаш аз аъзои гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев супориш гирифтааст, ки автомашинаи раиси ҳукумати шаҳри Турсунзодаро бояд тарконад." Тибқи таҳқиқоти пулис, оқои Бобомуродов маводди мунфаҷира ва телефунҳои ҳамроҳашро аз ҳудуди Ӯзбакистон "ба таври ғайриқонунӣ" ба Тоҷикистон ворид кардааст.

 

Маъмурони амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон дар гузашта низ аз мавориди мухталифи боздошти тарафдорон ва ё аъзои гурӯҳҳои вобаста ба Маҳмуд Худойбердиев хабар додаанд. Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони Фронти Халқии Тоҷикистон буд, ки дар даврони ҷанги дохилӣ аз Президент Раҳмон ҳимоят мекард ва алайҳи мухолифони исломии ӯ меҷангид. Вай баъд аз як ошӯб алайҳи давлат дар соли 1997 аз Тоҷикистон фирор кард.

 

Ин сарҳанги шӯришӣ бо теъдоде аз тарафдоронаш дар пойизи соли 1998 ҳамлае ба устони Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом дод, вале шикаст хӯрд. Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки оқои Худойбердиев ва тарафдоронаш ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд. Онҳо давлати Ӯзбакистонро ҳамвора ба ҳимоят аз ин сарҳанги шӯришӣ муттаҳам мекунанд.

 

Додситонии Тоҷикистон борҳо эълом кардааст, ки ҷониби Ӯзбакистон ба дархости истирдоди Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳеч посухе надодааст. Дар солҳои пешин аз чанд мавриди инфиҷор дар шаҳри Душанбе низ гузориш шуда буд, ки мақомҳои Тоҷикистон онҳоро амалиёти теруристӣ хонда ва кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ва тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба иртикоби ин амалиёт муттаҳам карда буданд.

 

Тайи беш аз даҳ соли ахир бештар аз сад нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои вобаста ба Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт ва барои муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Бархе аз онҳо ба эъдом низ маҳкум шуда буданд.

 

Зимнан, Тоҷикистону Ӯзбакистон дар чанд соли ахир равобити тирае бо ҳам дошта ва гаҳгоҳе афродеро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи ҳамдигар боздошт ва муҷозот кардаанд. Ба назар мерасад, ихтилофоти байни ин ду кишвар ахиран бар сари масоили тақсими захоири оби минтақаи Осиёи Миёна ва тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон шиддат гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1287-bozdoshti-fardi-gumonbar.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ