09:45:53 24-уми Июни 2025 сол

ЗАХМӢ ШУДАНИ ДУ СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР МАРЗ

Ду сокини деҳаи Шӯрчаи Панҷакент ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳадафи оташи марзбонони кишвари ҳамсоя қарор гирифтаанд. Феълан, Абдураҳмон Тайлонов ва Ҳофиз Норматов, ки ҳар ду 37 сол доранд, дар беморхонаи ноҳияи Ургут бистариянд. Волидони ин афрод ба хабарнигори Озодӣ дар Панҷакент гуфтаанд, онҳоро ба дидори фарзандонашон иҷозат намедиҳанд.

 

Шоҳини Равшан, хабарнигори Озодӣ дар минтақа мегӯяд, шаби 12-уми декабр ду сокини деҳаи Шӯрчаи Панҷакент, шаҳрвандони Тоҷикистон Тайлонов ва Норматов аз наздикии дидбонгоҳи сарҳадии Қирқ арча хостаанд, марзро убур кунанд ва ба ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ба дидори хешу ақрабои худ бираванд. Аммо аз ҷониби марзбонони узбак ошкор шуда, ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

 

Сокинони маҳаллӣ бад он далел аз убури ғайриқонунӣ кор мегиранд, ки гузаргоҳи Қирқ арча аз ҷониби Узбакистон дар дуввунимсоли пеш баста шудааст. Феълан, ягона гузаргоҳи қонунӣ барои убур ба Узбакистон гузаргоҳи Ҷартеппа будааст, ки аз маркзаи шаҳр 20 километр дуртар ҷойгир аст.

 

Шоҳини Равшан, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1308-zakhmi-shudani-du-sokini-panjakent.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ