09:27:43 24-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ РИШВАСИТОНҲО

СУДЯИ РИШВАСИТОН

 Душанбе, 15 декабр. - Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон арз намуд, ки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳри Қурғонтеппа хонаи истиқоматиашро ба гарав монда, ба маблағи 40000 доллари ИМА бо 2,5% қарз гирифтааст. Бинобар сабаби дар мӯҳлати муқараркардашуда напардохтани маблағи қарз намояндаи бонк маводҳоро нисбати ў ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон пешниҳод намудааст.

 

Барои дароз намудани мӯҳлати қарзи мазкур судя Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз ў ба сифати пора 500 долари ИМА талаб намуда, гирифтааст. Толибҷон Бӯриев баъди боздошт шудан, 8.10.2009, аввал ба гуноҳи худ иқрор нашуд. Гузаронидани чораҳои фавриву-тафтишотӣ ва кордониву чолокии кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон баъди 2 соати ҷустуҷӯ муайян намуданд, ки баъди гирифтани маблағи 500 доллар, Т. Бӯриев барои ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш, аз рӯи маслиҳати пешакӣ маблағи мазкурро дар роҳрави бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба котибаш Азимов Фаридун дода, аз ў хоҳиш намудааст, ки маблағҳоро ба хонааш бурда, пагоҳ гирифта биёрад.

 

Котиби суд Азимов Ф.А. бошад, маблағро гирифта аз бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба саҳни ҳавлӣ баромада, барои ба хонаашон бурдан дар байни китоби дарсии дохили сумкаи мактабии додараш буда гузошта, ба хонаашон гусел мекунад.

 

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати судияи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз тарафи шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо аломатҳои моддаи 319 қ. 4 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

 

МИЛИСАИ  РИШВАСИТОН

Шаҳрванд «К» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон, шўъбаи минтақаи Кӯлоб бо ариза муроҷиат намуд, ки нозири минтақавии ШКД-и шаҳри Кӯлоб Ҳакимов Мирзоалӣ Пиракович, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш Худойқулов Х.Ш. аз ў ба сифати пора 700 доллари ИМА талаб намудааст.

 

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи минтақаи Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар таърихи 13.10.2009с. тахминан соатҳои 14-30 дақиқа дар ҳуҷраи кориаш нозири минтақавӣ, майори милитсия Ҳакимов М.П. баъди гирифтани 600 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда шуд.

 

Нисбати Ҳакимов М.П. бо аломатҳои моддаҳои 32 қ. 3 ва 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парванда баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1328-bozdoshti-rishvasitonho.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ