ХУНУКНАЗАРИИ НОЗИРИ БДА НИСБАТ БА МАНСАБИ ДАВЛАТӢ
Нурматов Бахтиёр Деҳқонович аз соли 1993 дар мақомоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ таҳти № 513 аз 11-апрели соли 2009 то ин ҷониб дар вазифаи бозраси калони давлатии автомобилии шӯъбаи бақайдгирию имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд.
Ӯ шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кории худ, бар хилофи талаботҳои банди «б», моддаи-18 фармони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №686 аз 31.12.1999 с. «Оиди дар амал тадбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №441 аз 23.10.1999с. амал намуда, рўзи 25.09.2009 с. мавриди муроҷиати шаҳрванди Федератсияи Россия Гриднева Т.Б. оиди аз қайд баровардани автомашинаи тамғаи Тойота-лексус–RX350, рақами ба қайдгирии давлатиаш ЕО 88-77РТ01, ғайриқонунӣ амал намудааст.
Автомашинаи мазкурро, ки мебоист мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шавад, хунукназарӣ зоҳир намуда, бидуни аз назаргузаронӣ дар қисмати қайдҳои хизматии БДА дар аризаи мазкур имзо гузошта, ба он маълумоти бардурӯғ ворид намудааст, ки автомашина мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шудааст. Дар ҳаракатҳои Нурматов Б.Д. аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 322-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида шуда, тафтишот давом дорад.
Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1334-khunuknazarii-noziri-bda.html