10:02:41 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/19_--01-a-aaaaasherdust--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/19_--01-a-aaaaasherdust--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/19_--01-a-aaaaasherdust--2.jpg'

ШЕЪРДӮСТ: «ҶАҲОНИШУДАНИ НАВРӮЗ БОИСИ САРФАРОЗИСТ»

Боиси ифтихор аст, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин иҷлосияи худ  доир ба  «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани  21 – уми  март Қатънома қабул кард. То ҷое мусаллам аст, ин ҷашни зебои баҳор-Наврӯзро, ки эҳёи табиат аст, наздики 20 кишвари ҷаҳон сарфи назар аз нажод ва дину дину мазҳаб таҷлил менамоянд. Соли равон ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Шероз /Эрон/ таҷлил карда мешавад.

 

Дар робита ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили  иди Наврӯз дар Эрон ва вазъи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Эрон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сафири  фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст сӯҳбате анҷом дод, ки алҳол фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:

 

Ҷаноби Сафир,  лутфан мегуфтед, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милалли Муттаҳид қабул шудани Қатънома дар бораи ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯзро чӣ гуна истиқбол намудед ва ин иқдоми СММ-ро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Тасвиби Наврӯз ба унвони мероси ҷаҳонии башарият тавассути Созмони Милали Муттаҳид  натанҳо боиси хушҳолӣ ва мояи сарфарозии эрониён гардид, балки мояи ифтихор ва мубоҳоти тамоми халқҳое ҳаст, ки дар саросари ҷаҳон ин иди бостониро ҷашн гирифта ва гиромӣ медоранд.

 

Эрон ба унвони хостгоҳи Наврӯз ва ба унвони яке аз бомиёни ин Қатънома бо кӯмаки дигар кишварҳо тавонист нақши арзандае дар тасвиби ин Қатънома ифо намояд. Ҳарчанд густура ва доманаи кишварҳое, ки Наврӯзро ба унвони як ҷашни миллӣ ва суннатӣ гиромӣ медоранд саросари  ҷаҳонро шомил шуда ва дар ҳоли ҳозир беш аз 20 кишвари ҷаҳон ин идро бо шукӯҳ ва азамати  хосе таҷлил менамоянд,  аммо тасвиби он ба унвони мероси ҷаҳонӣ боиси ошноии бештари дигар милалли ҷаҳон  бо ин иди бостонӣ ва таърихӣ хоҳад гардид.

 

Ба муносибати ин иттифоқи фархунда ва тасвиби иди бостонии Наврӯз аз ҷониби СММ,  қарор аст бо иштироки беш аз 20 кишвари ҷаҳон ҷашни бошукӯҳе бо ҳузури Сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳое, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд,  дар шаҳрҳои Теҳрон ва Шероз 29 марти соли 2010 баргузор хоҳад гашт. Дар ин ҷашн қарор аст кишварҳои гуногун бо эъзоми гурӯҳои ҳунарии мухталиф ва баргузории намоишгоҳҳои саноати  дастӣ ва муаррифии расму русум ва суннатҳои кишварҳои худ дар айёми иди Навруз бипардозанд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор аст дар болотарин сатҳ ва бо эъзоми гурӯҳҳои ҳунарии мухталиф дар ин ҷашни фархунда иштироки фаъоле дошта бошад. То ҷое мусаллам аст Наврӯз яке аз ҷашнҳои кадимтарини мардумони эронинажод ба шумор меравад, бигӯед,  ки Наврӯзро дар Эрон чӣ гуна ҷашн менамоянд? Дар хусуси қадимати таърихии иди Наврӯз бояд гуфт, ки дар асоси манобеъи таърихии ҷашни Навруз қадимати чандҳазорсолае дошта ва муҳимтарин ҷашне буда, ки дар Эрони бостон баргузор мегардидааст.

 

Ҳатто шаклии  кохҳо ва осори таърихие, ки дар деворҳои Тахти Ҷамшед аз шукӯҳу азамати хосе бархӯрдор буда ва дар он рӯз мардуми ҳар сар  сарзамине, ки ҳукумати он ба дасти ҳахоманишиҳо буд, ба Тахти Ҷамшед, ки пойтахти онҳо буд меомаданд ва ҳадяҳоеро ба подшоҳ тақдим мекарданд. Наврӯз аз миёни ҷашнҳои бостонии Эронзамин танҳо ҷашне буда,  ки ҳамаи мардум фалоти (дашти баланд  ва  каму беш ҳамворе, ки дастикам аз як сӯ ба заминҳои пасттар муҷовир аст)  Эрон онро баргузор мекарданд.

 

Гарчи собиқаи Наврӯз ба қабл аз Ислом бармегардад,  аммо баъд аз Ислом низ ин ҷашн ба воситаи хубиҳо ва некиҳои худ мавриди қабули мардуми мусалмони Эрон воқеъ гардид. Дар Эрон дар замони иди Наврӯз ҷашнҳо ва маросими зиёде барпо мешавад.  Чоршанбесурӣ яке аз ҷашнҳои иди Наврӯз аст. Мардуми Эронзамин чоршанбеи охири ҳар сол бо барпое оташ дар ба корҳое мухталиф ин рӯзро гиромидошта, дар канори дигар мардуми кишвар ба ҷашн ва пойкубӣ мепардозанд.

 

Маросими Суфраи ҳафтсин дар Эрон лаҳзаи таҳлили Наврӯз аз иттифоқоти муҳиме аст, ки боис мегардад тамоми аъзои хонавода гирди суфраи ҳафтсин гирд омада,  тамоми кудуратҳоро аз дилҳо берун кунанд. Суфраи ҳафтсин шомили ҳафт намуд,  шомили сабзӣ –рамзи таваллуди дуборра, Себ –аломати зебоӣ  ва тандурустӣ, суману нишони фаровонию баракат, Сир- аломати пизишкӣ (дармон ё тиб), санҷид –рамзи ишқ, сирко намуди шакебоӣ ва умр,  сумок- намуди тулӯъи хуршед аст.

 

Имсол лаҳзаи таҳвили сол соати 10- у 33 дақиқаи шаб ба вақти Теҳрон аст, ки мутобиқ бо соати  9-у  3 дақиқа ба вақти  Душанбе мебошад. Дар ибтидои фарорасии соли нав мардум зимни дидабӯси ва табрики ид ба ҳамдигар ба тиловати ояте аз Қуръони Карим мепардозанд. Инчунин, диду боздид ва аёдат аз маризон, яке аз суннатҳои маъмули Наврӯз аст. Дар рӯзи аввали Наврӯз дар Эрон афроди ҷавон ба хонаи падар ва модар ва бузургони худ рафта,  ба онон адои эҳтиром менамоянд ва аз волидайн мехоҳанд,  ки барои саодат ва хушбахтии онон аз даргоҳи Худованди мутаол дуо намоянд.

 

Ин қисмат яке аз муҳимтарин бахшҳое ҳаст, ки дини мубини Ислом низ дар он таъкид намуда ва дидор аз волидайн ва эҳтиром ба ононро вазифаи ҳар инсони муъмин баршумурдааст. Ҳамчунин, мардум дар иди  Наврӯз ба мулоқоти касоне мераванд, ки дар хонаводаҳо ва бемористонҳо беморон буда ва идро ба онон табрик ва орзуи шифоию саломатиро барои онон аз Худованди мутаол талаб менамоянд.

 

Маросими сенздаҳбадар. Дар 13-умин рӯз аз оғози Наврӯз мардуми Эрон ба домони табиат рафта,  бо барпои ҷашнҳое дар атрофи боғу поркҳо, ҷангалҳо, кӯҳҳо ва рӯдхона ва ба шукронаи бархурдори аз неъматҳои табиат ва худододи домани табиатро  аз хар гуна касифӣ ва зишти пок мекунанд.

 

Ҷаноби Сафир,  Шумо муддати ду сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони ифтихории «Сафири сол» пазируфта мешавед. Ин унвони бузургро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Тибқи назарсанҷие, ки аз ҷониби ҳафтаномаи  «Курьер Таджикистана» дар соли гузашта сурат гирифт аз байни Сафирони фаъоли муқими Точикистон   дуюминбор ба унвони «Сафири сол» интихоб гардидам. Ба эътиқоди инҷониб он чизе, ки дар интихоби таъсиргузор буда,  фаъолият дар талоши бешоибае будааст, ки аз ҷониби ҳамкорони эҷоди дар Сафорати Ҷумҳури Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат пазируфта ва метавон гуфт, ки Сафорати ҶИЭ дар ҶТ будааст, ки барои дуюмин сол паёпай ба ин ифтихор ноил гардидааст.

 

Ин амр мояи ифтихор ва мубоҳоте инҷониб буда,  бидуни шак масъулияти инҷониб ва ҳамкоронам дар Сафоратро барои талоши бештар дар Тоҷикистон дучандон хоҳам намуд. Аз ҷумла, амовили дигаре, ки метавонад дар ин интихоб таъсиргузор бошад собиқа ва кори мудовиме аст, ки инҷониб аз солҳои пешин ва ҳатто қабл аз истиқлоли  Тоҷикистон дар ин сарзамини пурбаракат анҷом додам. Чаро, ки қабл аз ин ки ба унвони Сафири Эрон дар Тоҷикистон интихоб шавам,  сафарҳое ба гушаю канори Тоҷикистон анҷом додам, ки дар шиносоии мардуми Тоҷикистон ба мардуми кишварам таъсири босазое доштааст.

 

Эҳтои медали шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби оқои  Эмомалӣ Раҳмон,  интишори беш аз 50 ҷилд китоб ба ҳуруфоти форсӣ ва тоҷикӣ низ метавон дар ин интихоб таъсиргузор шуда бошад. Ба сатҳи муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон –Тоҷикистону Эрон чӣ гуна баҳо медиҳед?

 

Равобити хуб ва ҳасана байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли хозир дар олитарин сатҳ қарор дорад. Таи ду соли гузашта Сарварони ҳар ду кишвар беш аз 5 бор ба кишварҳои ҳамдигар сафар намудаанд, ки дар муносиботи дипломатии байни кишварҳои ҷаҳон амри бесобиқае будааст. Дар ин сафарҳо мувофиқатномаҳои зиёде дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни тарафайн ба имзо расидааст.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби оқои Эмомалӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дониста, ки ин амр худ шаҳодати сатҳи олии муносибот байни ҳар ду кишвар аст. Дурнамои ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду давлатро чӣ гуна дидан мехоҳед? Метавон гуфт, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Исломии Эрон  бештарин қаробат ва пайвастагии фарҳангиро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

 

Вуҷуди муштаракоти забонӣ, таърихӣ ва фархангии Эрон бо Тоҷикистон  ва имзои  даҳо тавофуқономаи ҳамкорӣ дар заминаи мухталифи фарҳангӣ ва донишгоҳӣ метавон далели муҳиме ба ин муддао бошад. Мавзуоти фарҳангӣ ба унвони муқадимма ва сатри аслӣ дар тамоми фаъолиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар зуҳур ва вуруз ёфта ва ҳатто дар замонҳое, ки корҳои иқтисодӣ ва умрони ба дасти эрониён анҷом мешавад, намунае аз ин ҳузур ва бозтоби адабӣ ва фарҳангиро метавон дар онҳо мушоҳида кард.

 

Муштаракоти фарҳангӣ ва  ҳузури шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангӣ метавонанд ҳавзаи фаъолият ва роҳҳои иртиботии судманде барои дастгоҳҳои фарҳангии ҳар ду кишвар ба вуҷуд оварда, ба он умқ ва ғании бештаре биафзояд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз,  Носири Хусрав, Мавлоно ва соир ва фақоири илму адаб ҳалқаҳое ҳастаанд, ки пайвандҳои ду кишварро рӯз ба рӯз афзунтар менамоянд. Мувофиқатномаҳои фарҳангӣ ва донишгоҳи байни ҳар ду кишвар ва соири тавофуқномаҳои дигар, ки дар қолабҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ, мероси фарҳангӣ мунақид гардидааст,  чорчӯби муносибе барои фаъолиятҳои фарҳангии  ҳар ду кишвар танзим гардидааст.

 

Дар ҳоли ҳозир беш аз 1200 донишҷӯи эронӣ дар макотиби мухталифи таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон машғули таҳсил мебошанд. Ва ҳарсола теъдоди зиёде  аз хохишмандон хоҳони таҳсил дар марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Эрон ба кишвари мо сафар менамоянд.  Ин матлаб имзои  беш аз 140 санад ва тавофуқнома дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ  ва донишгоҳӣ,  худ муайиди боризе бар вуҷуди фаъолиятҳои густурдаи ҳар ду кишвар дар заминаҳоии фарҳангӣ аст.

 

Бо вуҷуди ин алорағми талоши ҳар ду кишвар боз ҳам зарфиятҳои зиёде ҷиҳати анҷоми фаъолиятҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни ҳар ду кишвар вуҷуд дорад, ки талоши  ин Сафорат дар солҳои оянда дар ин амр қарор хоҳад гирифт. Ба эътиқоди мо алорағми иродаи роҳбарони олирутбаи сиёсии ҳар ду кишвар ҳанӯз ҳам зарфиятҳои зиёде дар заминаҳои мухталиф байни Тоҷикистону Эрон барҷой мондааст, ки умед аст бо ҳиммат ва талоши масъулини марбутаи ҳар дар ду кишвар ба сатҳ ва ҷойгоҳи матлубтаре боло равад.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1963--l-r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854