19:40:05 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/28_--01-a-aaaaaavagon__222.jpg'

МУРОҶИАТНОМАИ ТОҶИРОНИ ТОҶИК БА ҲУКУМАТИ УЗБАКИСТОН

Даҳҳо иттиҳодияи тиҷоратии Тоҷикистон бо нашри як баёния, ҳукумати Ӯзбакистонро муттаҳам кардаанд, ки талош дорад, то монеи рушди иқтисоди Тоҷикистон шавад.

 

Иттиҳодияҳои мазкур гуфтаанд, дар Ӯзбакистон нигоҳ доштани тақрибан 1000 вагони молу колои Тоҷикистон тайи ду моҳи ахир тоҷирони тоҷикро гирифтори мушкилоти ҷиддии зиёд кардааст. Дар баёния, ки дар хабаргузории расмии “Ховар” нашр кардааст, тоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳукумати Ӯзбакистон дидаву дониста намегузорад, то масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ашёи хоме, ки корхонаҳо ба он мӯҳтоҷанд ба Тоҷикистон ворид шавад.

 

Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, вагонҳои Тоҷикистонро ба иллатҳои техникӣ дар қаламраваш нигаҳ доштааст. Иттиҳодияҳои тиҷоратӣ гуфтаанд, ки дар сурати идомаи вазъ, иқтисоди Тоҷикистон зиёни азиме хоҳад дид ва аз созмонҳои байналмилалӣ ва дипломатҳои муқими Душанбе хостаанд, дар рафъи ин мушкил ба Тоҷикистон кӯмак кунанд.

 

Радиои Озодӣ бо Сабоҳат Раҳимзода, раҳбари Иттиҳодияи занони соҳибкор мавсум ба “Кадбону”, ки яке аз муаллифони муроҷиатнома ба ҳукумати Ӯзбакистон аст, дар бораи ин мушкили боздошти вагонҳои Тоҷикистон ва ҳаҷми зарари ин иқдом ба тоҷирони тоҷик сӯҳбат кард.

 

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2011-2010-03-28-12-56-02.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854