22:52:14 28-уми Июни 2025 сол

ФИРОРИЁНИ ТОҶИК: "АЗ БОЗГАШТ БА ҚИРҒИЗИСТОН БИМ ДОРЕМ"

"Мо бо истифода аз фурсат, яъне оромии нисбӣ, ва бегоҳирӯзӣ, ҳангоме ки хиёбонҳои шаҳри Ӯш аз мардум тахлия шуда буданд, ба мошин нишастему роҳи Тоҷикистонро пеш гирифтем." Сайлонгул Шакарова ва Пайша Бозгулов ду сокини тоҷиктабори Қирғизистон ҳастанд, ки дар канори даҳҳо гурезаи дигар дар замони сар задани нооромиҳо дар шаҳри Ӯши он кишвар ба Тоҷикистон фирорӣ шудаанд.

 

Ҳамроҳ бо онҳо Мунис, набераи 15-солаашон низ ҳоло дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Хонум Шакарова мегӯяд ҳаводиси ахире, ки дар шаҳри Ӯш рух дод, вайро тарсу кардааст ва ҳамакунун аз бозгашт ба Қирғизистон, бавижа шаҳри Ӯш, башиддат бимнок аст. Сайлонгул мегӯяд, ки ҳамроҳи аҳли хонаводааш авосити моҳи гузашта аз Қирғизистон берун рафта ва аз вилояти Ботканди он кишвар нахуст ба устони Суғди Тоҷикистон ва сипас ба шаҳри Душанбе, пойтахт, расидаанд.

 

ЗиндагӢ дар манзили ҳамсоя

Сайлонгул афзуд: "Ҳарчанд замоне, ки мо қасди тарк кардани шаҳри Ӯшро доштем, бархе аз гурезаҳо аз ҷумлаи ҳамсоягони ӯзбаки ман ба шаҳр бозмегаштанд. Зеро зиндагӣ дар ғурбатро намехостанд. Гуля, як хонуми қирғиз аз ҷумлаи ҳамсояҳои ман барои мо мошин пайдо кард, ки ронандаи онро хуб мешинохт. Ин ронанди токсӣ аз ҷумлаи қирғизони шаҳри Ӯш буд ва баъд аз зӯҳр барои гирифтани мо омад. Он замон дар хиёбонҳои шаҳри Ӯш сокинон ба назар намехӯрданд, зеро аз амнияти худ метарсиданд ва ҳама дар манзили худ пинҳон мешуданд."

 

Сайлонбону бо гиря он рӯзҳоро ба ёд меоварад ва мегуяд, ки намехост аз шаҳре, ки бештари солҳои зиндагиашро дар он ҷо сипарӣ кардааст, фирор кунад. Вай афзуд: "Ман аз соли 1971 дар шаҳри Ӯш ба сар мебарам ва шавҳарам 42 сол боз дар он ҷо сокин аст. Мо ҳамсояҳои хеле хубе доштем ва дар манзили Гуля, яке аз ҳамсоягони қирғизамон, пинҳон будем. Фарзандонамон моро водор карданд, ки ба Тоҷикистон бозгардем. Онҳо аз амнияти мо нигарон буданд."

 

Хонуми Шакарова мегӯяд, ки хабарҳои мабнӣ ба фаъолияти афроди мусаллаҳи тоҷик дар миёни онҳое, ки одамкушӣ мекарданд, тоҷикони шаҳри Ӯшро ваҳшатзадатар кардааст. Вай меафзояд: "Мо бештар бо телефунҳо бо ҳамдигар дар тамос мешудем. Ва бисёре аз тоҷикони шаҳри Ӯш он замон аз шаҳр баромаданд, гуреза шуданд. Ба ману шавҳарам ҳам машварат медоданд, ки аз он ҷо биравем. Ҳарчанд бисёре аз ҳамсоягони қирғизи ман ба мо мегуфтанд, ки мо он ҷо бимонем ва ваъда доданд, ки аз мо дифоъ мекунанд."

 

Асароти равонии ҳаводиси Ӯш

Сайлонгул Шакарова, сокини шаҳри Ӯш, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки онҳо дар қисмати ҷанубии шаҳри Ӯш зиндагӣ мекарданд, он ҷое ки ба гуфтаи вай, нисбатан ором будааст. Вай мегӯяд манзили онҳо дар минтақаи баланди шаҳр воқеъ аст.

 

Вай афзуд: "Соъоти аввали тирпаронӣ мо фикр кардем, ки дар қисми ҳарбие, ки дар наздикии манзили мо воқеъ аст, машқҳо анҷом мешавад. Аммо як нафар аз ҳамсоягонамон, ки аз маркази шаҳр меомад ба мо иттилоъ дод, ки миёни қирғизҳо ва ӯзбакҳо дар маркази шаҳри Ӯш даргирӣ рух дода ва онҳо ҳамдигарро мекушанд."

 

Ба гуфтаи вай, ҳангоме ки онҳо аз баландӣ ба маркази шаҳр нигаристанд, аз бархе мағозаҳо ва биноҳои шаҳр дуди ғализе ба осмон мепечид. Сайлонгул гуфт, ки он гоҳ онҳо фаҳмиданд, ки фоҷеъае рух додааст. Хонум Шакарова мегӯяд бисёре аз сокинони қирғизи шаҳри Ӯш, бавижа фарҳангиён, ҳамсояҳои ӯзбак ва тоҷики худро дар манозилашон пинҳон мекарданд.

 

Вай гуфт: "Як хонуми қирғиз беш аз чиҳил нафар аз сокинони ӯзбактаборро дар манзилаш пинҳон карда буд. Ин хонум, ки Ибодат ном дорад, устоди донишгоҳи шаҳри Ӯш аст. Вай аз сармояи худаш барояшон ғизо омода мекард. Гуфтан мумкин аст, ки ҷони онҳоро наҷот дод."

 

Хонум Шакарова мегӯяд, ки сабаби ин фоҷеъа барои вай маълум нест, вале ба гуфтаи вай, бавижа онҳо аз даст задани сокинони шаҳр ба кушторҳои фаҷеъ нигарон будаанд. Сайлонгул мегӯяд, ки ин афрод солҳои тӯлонӣ дар паҳлӯи ҳамдигар дар сулҳу субот ба сар мебурданд.

 

Сайлонгул гирист ва дигар натавонист суҳбат кунад, аммо духтари вай дар идомаи суҳбат гуфт то замоне ки волидонаш ба Тоҷикистон бозгаштанд, онҳо "на рӯз ором доштанду на шаб хоб." Гулбаҳор Бозгулова, фирории дигари тоҷик, низ аз рӯзҳое, ки волидонаш ва Мунис писари 15-солаи вай дар шаҳри Ӯш дар манзили ҳамсояҳо пинҳон буданд, бо гиря ёд мекунад.

 

Гулбаҳор мегӯяд, ки дар рӯзҳои аввал, ки падару модараш ба Душанбе омаданд, онҳо дар вазъияти вахиме қарор доштанд. Вай мегӯяд: "Фишори хуни модарам ва падарам зуд-зуд баланд мешуд ва писарам ду рӯз бехобӣ дошт. Ҳамчунин, модарам ҳангоме ки торикӣ фаро мерасад, ҳолаш бад мешавад. Падарамро ба осоишгоҳ ба Бадахшон фиристодем ва дар он ҷо вай таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад."

 

Гулбаҳор мегӯяд, ки ҳарчанд вазъияти шаҳри Ӯш ҳоло ором аст ва волидонаш бо ҳамсоягонашон ҳамарӯза дар тамосанд, вале вай афзуд, ки модари ӯ аз рӯзи омаданаш то ҳол баъзан шабҳо бедорхобӣ мекашад. Даргириҳо дар шаҳри Ӯш, ки дувумин шаҳри бузурги Қирғизистон маҳсуб мешавад, аз 11 июни солӣ ҷорӣ оғоз шуда ва то панҷ шаш рӯз вазъият дар ин шаҳр ноором боқӣ монд.

 

Масъулони давлатӣ дар ин шаҳр вазъияти фавқулъода эълом карданд ва бар асоси гузоришҳои расмӣ дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар ин шаҳр ҳудуди 300 нафар кушта ва садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар он рӯзҳо бисёре аз тоҷикони муқими шаҳри Ӯш ба устони Бадахшон ва иддае низ аз вилояти Ботканди Қирғизистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаркат кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2652---q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ