ОБ НА ТАНҲО БОИГАРИСТ, ЧЕНАКИ ИҚТИСОДӢ НИЗ МЕБОШАД
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон мамлакати саршор аз манобеи обӣ мебошад. Барои истифодаи оқилона ва самараноки ин захираҳо Ҳукумати кишвар лоиҳаҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки ба нафъи ҳам ҷумҳурист ва ҳам минтақаи Осиёи Марказӣ. Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма матолиби мухталиф оид ба масоили истифодаи захираҳои обии кишвар ба нашр расонида мешаванд. Дар миёни онҳо фикру андешаҳоеро низ бархурд кардан мумкин аст, ки ба халалдор намудани раванди азхудкунии имкониятҳои гидроэнергетикӣ аз ҷониби ҷумҳуриҳои болооби минтақа равона шудаанд.
Мавқеи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу барқ ҳамеша шаффоф ва созанда мебошад. Сиёсати гидроэнергетикии роҳбарияти ҷумҳурӣ аз манфиатҳои миллӣ ва ба инобат гирифтани ҳаққи ҳамсояҳо сарчашма гирифта, яктарафаю худкома нест. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Тоҷикистон як катор конфронсу форумҳои байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он дар ин самт доир карда мешаванд.
Ҳамчунин як ҳамоиши фарогир 28 июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар мавзӯи «Об ва энергия дар Осиёи Марказӣ. Осиёи Марказӣ, Русия ва Иттиҳоди Аврупо: консепсияи гуфтугӯ» баргузор гардид. Олимону мутахассисон, масъулини идораю вазоратҳо ва ташкилотҳо аз Олмону Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ӯзбекистону Қирғизистон дар шаҳри Берлин гирд омаданд. Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Бунёди ба номи Фридрих Эберт доир гардид, ширкаткунандагон нисбати манфиатҳои кишварҳои хориҷӣ, имкониятҳои дастгирӣ кардани мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши истифодаи захираҳои обии минтақа изҳори ақида намуда, фикрҳои ҷолиб низ пешниҳод намуданд.
Дар конфронс муовини раиси фраксияи ҳизби сотсиал-демократии Олмон дар Бундестаг (парлумони ин кишвар), вазири давлатӣ дар истеъфо Гернот Эрлер, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел, масъули вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Кавкази ҷанубӣ Патритсия Флор, директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Максим Пешков, директори департаменти кишварҳои Осиёи Марказии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Хасанов ва дигар коршиносону олимони соҳаҳои обу энергетика ширкат варзиданд.
Ба кори конфронс раиси раёсати Бунёди ба номи Ф.Эберт ҳусни оғоз бахшида, мухтасар дар бораи фаъолияти ин созмон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар гӯшаҳои мухталифи сайёра маълумот дод. Ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, ки ба масъалаи доғи рӯз мубаддал гардидаанд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бунёд дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Дар робита ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ ва рушди энергетика дар Осиёи Марказӣ намояндагони Бундестаг, вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон ва Иттиҳоди Аврупо мавқеи худро изҳор доштанд. Аслан онҳо қайд мекарданд, ки мушкилоти мавҷуда ҷанбаи хоҷагӣ ва техникӣ дошта, мутаассифона солҳои охир ранги сиёсиро гирифтаанд.
Дар ҳақиқат замони Шӯравӣ ихтилофҳо вуҷуд надоштанд. Кишварҳои мустақили имрӯза ҷузъи ягонаи як давлати бутун ба ҳисоб мерафтанд. Барои таъмини рушди хоҷагии халқ ва зиндагии сазовор системаи обдорию энергетикии ягона амал мекард. Кишварҳои поёноб амнияти озуқаворӣ ва зироатҳои техникии барои давлати абарқудрат заруриро таъмин менамуданд. Мамлакатҳои болооб дар фасли сармо обро захира менамуданду дар фасли гармо коркарди энергияи электрикии арзон ва миқдори оби заруриро барои соҳаи кишоварзии кишварҳои поёноб (дар мавсими киштукор) пешкаш мекарданд.
Дар он давра манфиат барои кишварҳои поёноб зиёд буд, зеро онҳо дар вақти зарурӣ миқдори лозимии обро мегирифтанду соҳаи кишоварзии худро тараққӣ медоданд. Назорат ва идораи кори системаи ягона ба тариқи марказонидашуда аз Москав амалӣ мегардид. Дар мавсими киштукор кишварҳои поёноб ҳам оби зарурӣ мегирифтанду ҳам энергияи электрикии арзони аз об ҳосилшуда. Кишварҳои болооб бошанд мутаносибан бо имкониятҳо ва шароитҳои барои зиндагӣ мувофиқ таъмин карда мешуданд.
Ҳамаи мушкилиҳо баъди шикасти сохти Шӯравӣ, вайрон шудани шаклу шароити кори системаи ягонаи обдорӣ пайдо шуданд. Чун пештара кишварҳои поёноб истифодаи обро дар мавсими киштукор дар ҳаҷм ва мӯҳлати зарурӣ барои худ талаб намуда, зарурати пардохти ҳаққи ин хизматро эътироф намекунанд. Дар натиҷа мамлакатҳои болооб дар мавсими сармо аз нарасидани сӯзишворӣ ва барқ азият мекашанду ҷумҳуриҳои поёноб дар мавсими гармо аз нарасидани об барои кишоварзӣ.
Мавқеи Русияро дар кори конфронс директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Максим Пешков муаррифӣ намуд. Ба ақидаи ӯ дар замони Шӯравӣ системаи ҷуброни байниҳамдигарии коркардшуда амал мекард. Тибқи он кишварҳои болооб-Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли зимистон ба миқдори зарурӣ энергияи электрикӣ, гоз ва маводи сӯзишворӣ мегирифтанд, то ки имкони нерӯгоҳҳои бузургро ба низоми ҷамъоварии об созгор намоянд. Тобистон ҷоришавии оби захирашударо барои зарурати соҳаи кишоварзии кишварҳои поёноб – ӯзбекистон, Туркманистон ва ноҳияҳои ҷануби Қазоқистон таъмин месохтанд.
Ҳангоми мубоҳисаҳо М. Пешков якчанд бор изҳор дошт, ки ӯ ҷонибдори пардохт барои истифодаи об мебошад. Аз ҷумла қайд кард, ки барои дарёфти гоз корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд, чоҳҳо канда, техникаву таҷҳизоти зарурӣ сафарбар мегарданд, шабакаҳои гозрасонию гозтаъминкунӣ таъсис меёбанд. Хулоса системае сохта мешавад, ки ҳамаи корҳоро дар бар мегирад.
Қисмати асосии нархи гозро маҳз маблағҳои сарфшуда, аз корҳои лоиҳакашӣ то ҷамъоварии пардохтҳо, ташкил менамояд. Ҳамчунин барои маҳсулоти нафтӣ низ корҳои ҷустуҷӯӣ, кандан ва таҷҳизонидани чоҳҳо, интиқол, коркард, тақсим ба нуқтаҳои фурӯш, гирдоварии пардохтҳо лозим мебошанд. Нархи ин маҳсулот ҳам аз хароҷотҳои моддию техникӣ, молӣ ва ғайра вобастагӣ дорад.
Ба назари М.Пешков об ба мисли нафту гоз боигарии табии, «доди худо» буда, барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва сари вақт бо он таъмин намудани муштариён иншоотҳои дахлдор зарур мебошанд. Бунёд ва истифодаи онҳо низ аз корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва нигоҳдорӣ оғоз шуда, масрафи маблағҳоро талаб мекунанд.
Аз ин лиҳоз, - мегӯяд дипломати воломақоми русӣ, - барои кишварҳои поёноб зарур аст, ки ҳисоб карда бароянд чӣ қадар бе истифодаи чунин иншоотҳо аз соҳаи кишоварзӣ фоида мегиранд, ва чӣ қадар бо истифодаашон. Бояд ана ҳамин фоидаи иловагиро бо кишварҳои болооб, мувофиқи саҳмашон, боҳам бубинанд. Яъне ҷуброн пардохт карда шавад.
Директори департаменти кишварҳои Осиёи Марказии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Канат Хасанов бошад ибрози ақида намуд, ки Қазоқистон ҷонибдори муттаҳидшавӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ аз аввали солҳои наввадуми асри гузашта то имрӯз масъалаи таъсиси Консорсиуми обӣ-энергетикии байналмилалӣ, ки аз ӯҳдаи таъмини ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои ҷонибҳо ва истифодаи самарноки обҳои сарҳадгузар барояд, мавриди баҳс қарор дорад, аммо дастовардҳои мусбие дар ин самт то ҳанӯз дида намешаванд.
Аз назари К.Ҳасанов чунин сохтор метавонад масъалаҳои аз ҳад зиёд ва беҳуда сиёсишудаи обро ба арсаи хоҷагидорӣ баргардонад ва ба майдони мувофиқсозии манфиатҳо табдил ёбад. Дар баробари ин вазъи начандон хуби шабакаҳои обёрӣ ва заҳкаширо дар Осиёи Марказӣ яке аз проблемаҳои ҳалталаби номид, ки ба талафи зиёди об тариқи полоиш ва бухоршавӣ мусоидат менамояд. Чунин ҳолат дар солҳои камобӣ норасоии обро бештар сохта, оқибат ба гунаҳгорнамоии байниҳамдигарии кишварҳо дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои созишномавӣ оварда мерасонад.
Дар миёни дигарон муаллифи ин сатрҳо низ дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешгирии он» бо маърӯза баромад намуд. Муҳтавои он аз рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳамчун асоси беҳдошти вазъи экологии Осиёи Марказӣ иборат буд. Имконият, зарурият ва бартариятҳои тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика дар Осиёи Марказӣ, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси рақамҳои мушаххас ва далелҳои тасдиқшудаи илмӣ баён карда шуданд.
Аз ҷумла ишора гардид, ки яке аз сарчашмаҳои асосии гармшавии глобалии минтақа - ин фарсудашавӣ ва ақибмондагии таҷҳизотҳои корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои гармидиҳанда мебошад. Барои пешгирии оқибатҳои манфии тағирёбии иқлим пешниҳод шуд, ки заҳираҳои обии Осиёи Марказӣ азхуд карда шаванд. Ин имконият медиҳад, ки минтақа аз партовҳои саноатӣ озод шуда, нархи қувваи барқи бо чунин тарз истеҳсолшаванда ба маротиб арзон гардад, ҳолати обу ҳаво ва муҳити зист беҳтар шавад.
Дар рафти конфронс мутахассисони соҳа роҳҳои гуногуни назорат, идоракунӣ ва истифодабарии самараноки захираҳои обӣ-энергетикиро дар Осиёи Маркази пешкаш мекарданд. Аз ҷиҳати шаклу мазмун қисмати бештари онҳо метавонанд мавриди омӯзиш ва истифодаи амалӣ қарор бигиранд. Теъдоди зиёди коршиносон обро ҳамчун ченаки иқтисодӣ қабул менамуданд ва онро дар доираи муносибатҳои молию пулӣ баррасӣ мекарданд. Таъкид мегардид, ки захираҳои обӣ на танҳо боигарии табиист, балки сарчашмаи асосии даромад низ мебошад. Ба ҳар маҳсулоте, ки заҳмати зеҳнӣ, моддӣ, техникӣ, инсонӣ ва ғайра сарф шавад, қимати иқтисодӣ пайдо мекунад. Бинобар ин барои дарёфт ва истеъмол арзиши он бояд пардохт ва ё ба таври мутаносиб ҷуброн карда шавад.
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ,
профессор, доктори имҳои техникӣ Т. Салимов
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2682-2010-07-14-20-13-30.html