22:58:07 28-уми Июни 2025 сол

НАНГУ НОМУСАТ КУҶО ШУД ҲАМВАТАН!

Мақому макони истифодаи истилоҳи «нангу номус» вақтҳои охир дар ҷомеаи мо то андозае ҷойгоҳи худро иваз намудааст ва акнун онро бештар дар изҳороту даъватҳои тарғиботию ташвиқотии маъракаҳои мухталиф аз қабили интихобот, пулғундорӣ, мусобиқоти варзишию фарҳангӣ, ҷанг бо ҳамсоя (ба маънои аслаш) ва ғайра мешунавем. Ҳол он, ки аз қадимулайём барои тоҷик нангу номус бо ҳимояи покию иффати модару хоҳару ҳамсару духтараш, ҳифзи хонаю дараш ва миллату миҳанаш тавъам буд.

 

Имрӯз мо номуси хешро дар ҳифзи хонаю дар аз даст надодаем, зеро ҳар як лаҳза омодаем, ки барои рехтани як тиккаи хоки деворамон, ки бо ҷурми сар задани об аз хонаи ҳамсоя (иттифоқан бошад ё қасдан) рӯй додааст, гардани он ҳамсояро бишиканем. Нангамон дар ҳимояи миҳан побарҷост, зеро шукри худованд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият, ягон душмани хориҷие ошкоро қасди воридшавии хоки мо накардааст, то нангу номуси хешро дар ин замина ҷилва диҳем.

 

Ҳамзамон ҳодисаҳои барои ҳар яки мо нангини солҳои 90-уми асри гузашта ҳаргиз аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд, зеро аз гумроҳӣ буд ё аз «киш-киш»-и бегонагон бародар хуни бародари худро ба замин рехт. Ва мерасем сари ҳимояи нангу номуси аслии марди тоҷик, ки дар симои модар, хоҳар, ҳамсар ва  духтараш таҷассум меёбад. Биёед бубинем, ки то кадом сатҳ нангу номуси мо дар ин ҷода эмину дастнорас аст. Бубинем, ки то кадом дараҷа ин азизони хонадони худро аз зиллату хорӣ, зулму зӯроварӣ ва дастнигарию бадрафторӣ маҳфуз доштаем.

 

Хонандаи арҷманд! Дар ин матлаб зери мафҳуми ҳимояи модару хоҳар ва ҳамсару духтар, маҷмӯан сухан  дар бораи кулли занони тоҷик меравад, зеро аз қадимулайём барои тоҷик ҳар як зан, хоҳ худӣ ва хоҳ бегона модару хоҳару духтар буд. Касе ҳақ надорад, ки дар ин замина духтару ҳамсари худро аз ин мушкилот эмин пиндорад ва аз ҳимояи он занону духтарони тоҷик, ки дар вартаи осебпазирӣ қарор гирифтаанд, канораҷӯӣ намояд. Дар акси ҳол куҷо мешавад ору номуси миллии ӯ? Чаро имрӯз мо аз таҳқиру таҳвини «Ҷамшуду Равшан» ба нанг меоему аз сӯиқасд ба номуси хеш  дар дохили Ватанамон хомӯшӣ ихтиёр кардаем?

 

Солҳои шӯравӣ тибқи Сарқонуни ИҶШС ҳар як мард ҳуқуқ дошт, ки танҳо як ҳамсар дошта бошад ва он ҳам дар мувофиқат бо санадҳои ҳуқуқӣ ба қайд гирифта мешуд. Дар сурати ҷудошавӣ ва ба модар мондани фарзандон, падари онҳо бо ҳукми судӣ маҷбур карда мешуд, ки барои хӯронидану пӯшонидани онҳо маблағи муайянеро ҳармоҳа ба оилаи собиқаш ҷуброн кунад.

 

Имрӯз чӣ? Ҳоло аксари муллоҳои авомфиреб ва мансабдорону тоҷирони пулмаст, ки бо роҳи фиребу найранг ва дуздию ғорати мардуми оддӣ ва давлат соҳиби молу сарват шудаанд, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси доштани як ҳамсар зери по гузошта ду, се ва чаҳор зан мегиранду барои сафедкунии «рӯи сиёҳи» худ Қуръони азимушшаънро пеш рӯ меоранд. Ходимон ва имомону эшонони дар масоҷиду маъракаҳои мухталиф дар маъвизаҳояшон дар назди муридон ҳеҷ гоҳ дар боби аз кадом қишри ҷомеа интихоб ва ба никоҳ даровардани занҳои дуввуму сеюму чаҳорум дам намезананд (зеро ба манфиати худашон нест ва ин муридон метавонанд дигар духтаронашонро ба онҳо таслим насозанд).

 

Ҳол он, ки дар Қуръони маҷид (сураи Нисо, ояи 3) омадааст, ки «Агар Шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳи беҳтар аст то муртакиби ситам нагардед». Дар шарҳи сураи мазкур омадааст: «Ин сура дар вақте нозил гашт, ки ҷомеаи мусалмонӣ баъди муқовимат дар ҷанги Уҳуд ба як қатор масоили иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд, зеро дар ин ҷанг мардони зиёде ҳалок ва захмдор  шуданд ва дар натиҷа теъдоди бешумори ятимон, беваҳо ва духтарони бешавҳар боқӣ монданд. Масъалаи доғи ҳимояи иҷтимоӣ ва моддии  занон пеш омад ва расмӣ намудани бисёрзанӣ ҳамчун имконияти ягона баҳри таъмини ҳуқуқи ахлоқии занон оиди доштани оила ва фарзандон зарур дониста шуд».     

 

Вале гурӯҳи серзанаҳои мо чӣ? Чашми онҳо сағираю беваро намебинад.  Танҳо пайи гирифтани духтаракони қадраси 14-16 сола ва аз оилаҳои муносиб талош доранд. Баъди як муддати зиндагӣ бо ин духтарон, ки дар доираи нақшаи ҳафтаина сурат мегирад (яъне бонавбат дар рӯзҳои ҳафта), онҳо пайи ба никоҳ даровардани духтари дигаре мешаванд.

 

Он зане, ки сояи марҳамату ҳиммати шавҳари «худотарс» ё пулдор аз болои сараш дур шудааст, ба раҳгумӣ рӯ ба рӯ мешаваду таъмини худ ва тифлони беқайду беаснод ва бемувозибати падар мондаашро дар танфурӯшию дигар кирдорҳои бад меҷӯяд ва сафи духтарони шабгарди нуқтаҳои танфурӯшии «Мардон», маҳаллаи 46, хиёбони «Қараболо», майдони Опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва даҳҳо дигар кӯчаю хиёбонҳо ва «дискоклуб»-ҳоро зиёд месозанд. Ана дар куҷоянд, нуқтаҳои ҳифзи нангу номуси мо…         

 

Муҳоҷирати аксари ҷавонону мардони тоҷик берун аз хоки кишвар, дигар омили бесарпаноҳ мондани занон, аз тарбия дур мондан ва шарики муносиби ҳаётии худро пайдо накардани духтарон шудаанд. Осебпазирии занону духтарони тоҷик, сатҳи пасти саводу дониш, адами таъминоти моддию маънавӣ боиси он гардидаанд, ки онҳоро «бародарони мусалмон»-и мо аз Ҷумҳуриҳои Исломии Эрону Афғонистон низ ба манфиату ғарази шахсии худ истифода мебаранд. (Сабаби дар нохунак гирифтани калимаи бародар он аст, ки ҳеҷгоҳ бародари аслӣ ба бародари худ хиёнат ва даюсиро раво намебинад).

 

Ин «бародарон», новобаста аз мақому манзалати расмӣ ва ғайрирасмиашон, ҳанӯз пояшон ба хоки Тоҷикистон нарасида дар фикри айшу ишрат (ба маънии аслаш зинокорӣ) бо ҷавондухтарони тоҷик меафтанд. Ҳол он, ки барои чунин гуноҳ дар ҳудуди кишвари худ, ба онҳо ҳукми қатлу сангсор таҳдид мекунад. Қисмате аз ин «бародарон» бар хилофи қонунҳои ҷории ҶТ, бо мақсади расмӣ намудани истиқомати худ дар Тоҷикистон ба духтарони маҳаллӣ хонадор мешаванд.

 

Дар чунин ҳолатҳо падару модарони тоҷик ба шахсияти ин шаҳрвандони хориҷӣ, шароити зиндагии онҳо дар зодгоҳашон, оиладор будан ё набудани онҳо таваҷҷӯҳе зоҳир накарда, ҷигарбандони худро дар ивази як дастгирии молии ночизе ба хориҷиҳо мебахшанд. Бигузор ба ҳар як тоҷик маълум бошад, ки вақте як бародари эронии мо дар сарзамини аҷдодии худ хонадор мешавад, ба он миқдор барои арӯс маҳр  мебахшад, ки дар сурати ҷудошавӣ тамоми дороии хонадон ба ҳамсараш мемонад ва ӯ муфлису зор мегардад. Ҳаҷми маҳру қалин дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя низ то сатҳе мебошад, ки бештарини ҷавонони камбизоат дар зиндагӣ рӯи ҳамсарро намебинанд.

 

Дар чунин ҳолат, ин «бародарон» роҳи осонтарини ҳалли ин тарафи ҳаёти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтаанд. Кор ба ҷое расидааст, ки   онҳо аз заифии қонунгузории ҷории Тоҷикистон истифода бурда, сар чанд вақт зани нав мегиранд ва дар сурати бозгашташон ба зодгоҳ, зану фарзандони тоҷики худро ба дасти қазову қадар месупоранд. Аламовараш он аст, ки вақте ин «бародарон» аз хоки Тоҷикистон берун мешаванд, ҳамеша дар бораи «қаҳрамониҳояшон» дар ҷабҳаи «ишқу ошиқӣ» бо духтарони тоҷик лофу газоф мезананд. Хатарноктараш боз он аст, ки дар ин майдони саршор аз фисқу фуҷур занону духтарони тоҷик боз бо шаҳрвандони хитоӣ ва дигар миллатҳои ғайримусалмон робитаҳои шаҳвонӣ ва ҳамзистиро пеш гирифтаанд.

 

Чунин муносибат бо занону духтарони тоҷик истифодаи дастмолеро мемонад, ки баъди   якдафъа дастпоккунӣ  партофта мешавад. Пас куҷост он ору номус, кибру ғурури тоҷиконаи мо, ки аз доштанаш бо ифтихор дар ҳама ҷо ҷор мезанем? Куҷоянд сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба поймол шудани қонунгузории Тоҷикистон ва ҳаққу ҳуқуқи занону духтарони тоҷик, раҳгумнамоӣ ва фиреби онҳо роҳ медиҳанд ва хомӯшию бетафовутиро нисбати ин масъала  ихтиёр кардаанд?

 

Мақсад аз иншои ин сатрҳо даъват ба зӯроварию таъқиби шахсони «бисёрзана» ва бародарони ҳамхуну ҳамзабони хориҷии мо нест. Даъват ба назорат ва риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи нангу номуси миллат аз таҷовузи бадғаразони мусалмонони кофиртабиат ва эҳтироми арзишҳои баланди инсонӣ  мебошад. Даъват ба нигаҳдории обрӯи ҳар як тоҷик мебошад, зеро пешгузаштагонамон фармудаанд, ки:

 

Обест обрӯй, ки наояд ба ҷӯй боз,

Аз ташнагӣ бимиру марез обрӯи хеш.

 

Ҳамватанони азиз! Биёед агар берун аз хоки кишвар ҳам натавонем, лоақал дар Ватани худ ҳайсияту асолати шахсӣ ва миллии худро нигаҳдорию ҳифз намоем, варна ба он сифату хислатҳое, ки аҷнабиён дар симои «Равшану Ҷамшуд» ба тоҷикон нисбат додаанд, боз бешарафӣ, бенангӣ ва беномусӣ илова хоҳанд шуд. 

 

Махсуми Муҳаммадрозиқ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2683-2010-07-14-20-23-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ