ҒУЛОМОНИ ВОҲИМАЮ ҲАНГОМА
Ҳафтае мешавад, ки миллати тоҷик, миллате, ки худро куҳанбунёд, диловар, шуҷоъ, нотарс, бонангу номус медонаду мехонад, ғулом гаштааст. Ғуломи воҳимаю ҳангома. Воҳимаю тарс аз 25 нафар фирорие аз маҳбасхона. Гӯиё қиёмат наздик омаду зиндагӣ ба охир расид... Гӯиё онҳо то ҳудуди Тавилдара мерасанду бо лашкаре чандҳазора, ки мунтазири онҳост, ҳамроҳ мешаванд ва бо танку тӯп, чархболу тайёраҳо болои дигар манотиқи кишвар метозанду ҳукуматро рӯ ба шикаст меоранду худ ҳокими давр мегарданд.
Ин аст хулосаи аксари ҳангоматалабон ва ғуломони воҳима. Яъне бо 25 нафар имрӯзи кишварро дигар мекунанд. Бо 25 нафаре, ки тибқи ахбороти расмӣ 5 нафараш шаҳрванди русанду 4 нафараш афғон ва бешак дар фикри тарки ҳар чи зудтари қаламрави Тоҷикистонанд. Воҳима то дараҷае бар мардуми мо пирӯз гаштааст, ки аксарият дасту дил аз кору амал бардоштаанд. Барои онҳо дигар фардо вуҷуд надорад. Ҳама саргарманд, саргарми баҳс, фарзиябофӣ ва хулосабарорӣ. Аҷибаш он аст, ки эшон худ фарзия мебофанд, миёни мардум паҳн мекунанд ва соате баъд аз забони дигаре шунида худ бовар мекунанд.
Имрӯз оқилу олиму орифу доно, ҷоҳилу нодону кару шалу гунгу нобино сари ин масъала баҳс доранду санги маломату надомат бар сари кормандони амният мезананд. Гӯиё тамоми амният дарвозабони маҳбасхона буду 25 нафар ҷинояткор аз дасти онҳо гурехтанд. 25 нафар аз байни он ҳазорҳо 25-е, ки кормандони амният дар давоми фаъолияти хеш боздошт намудаанд ва нақшаю ниятҳои душманони давлату миллатро барбод додаанд.
Воҳимабозону ҳангомаҷӯён талош бар он доранд, ки ин ҳодисаро шикасти Кумитаи амнияти миллӣ талаққӣ кунанд ва обрӯю итминонеро, ки мардуми кишвар ба ин ниҳод – пояи қавитарини амну суботи ҷумҳурӣ доранд, коста созанд. Онҳо фаромӯш накардаанд, ки маҳз Кумитаи амният ва ҳайати шахсии он буд, ки дар рӯзҳои барои тоҷикон нангину фоҷиабори солҳои 90-и асри гузашта бар қасами худ содиқ монд, мавқеи худро тағир надод, баҳри бозгардонии оромӣ, сулҳу суббот ба сарзамини хеш ҷонбозӣ намуд.
Онҳо побарҷоии ин Кумита, ин сутунеро, ки амнияти давлату кишвар болои он истодааст, дидан намехоҳанд. Онҳо истодагарии ин хизматгорони вафодор ва беминнати ватанро дар тӯли солҳои ба истиқлол расиданаш, бар зидди ҷаҳду талошҳои даҳҳо хадамоти махсуси хориҷӣ, доираҳои динии ифротгаро ва моҷароҷӯ намедонанд, зеро корнома ва ҷонбозиҳои кормандони ин ниҳод ҳамеша зери чодари махфият ниҳон мемонанд.
Зеро наҳваи фаъолияти ин ниҳод ва хадамоти амсоли он дар тамоми дунё, новобаста аз сохтори давлатӣ, дунявӣ, шоҳӣ ё исломӣ будани онҳо, пӯшида мебошад, то ки олами ҷиноӣ аз шаклу услуби коргирии онҳо ҳаргиз огоҳ нагардад. Имрӯз ҳангоматалабе чанд, мехоҳанд барои як иштибоҳе тамоми дирӯзу имрӯзу фардои кормандони амнияти кишварро зери суол баранд. Вале хаёлашон хом аст. Зеро ман, ману сад ҳазорон манбаринҳо аз корномаю ҷонбозиҳои ин кормандон воқифем ва огоҳем, ки кормандони имрӯзаи амният дар кадом шароит амнияти миллату давлату шахсиятро ҳимоя доранд.
Зиёда аз шаш сол мешавад, ки яке аз кормандони амният дар хонаи рӯ ба рӯям иҷоранишин аст. Ҳеҷ гоҳ шикояташро нашунидаам, вале хоҳ нохоҳ вақте бо касе муддати тӯлоние шинос бошӣ, тарафҳои гуногуни ҳаёташ бароят рӯшан мегардад. Аз субҳи содиқ то нисфи шаб дар кор аст. Рӯзҳои истироҳаташро қариб надидаам. Дар маъракаҳои ҳаққу ҳамсояҳо, хешу таборон кӯшиш мекунад, ки иштирок кунад. Вале ба муддати 15-20 дақиқа. Ҳамеша дар шитоб аст. Шитоб ба сӯи коргоҳ. Шитоб ба таъмини амнияти мову шумо, эй воҳимабозони буздилу дунёбехабар.
Барои ин заҳматҳояш медонед чи қадар музд мегирад? Бовар намекунед! Зеро бо ин маблағ Шумо ҳатто аз хонаатон бурун намеравед. 450-550 сомонӣ… Вақте, ки як посбони оддии ширкатҳои ҳудуди шаҳр ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ (дар бораи посбонҳои ширкатҳои хориҷӣ ва муштараку хомӯш меистем) моҳе 10 рӯз посбонӣ мекунаду (1 шабонарӯз кору ду шабонарӯз истироҳат) 1000-1200 сомонӣ моҳона мегирад, ин ҷавонмардони солиму ҳузарб, доно ва ҷасур бо чунин маоши ночизе шабу рӯз дар хизмати миллату миҳананд.
Зиёда аз 80 дар сади онҳо бехонаю даранд, дар хонаҳои иҷора истиқомат доранд. Магар онҳо қодир нестанд ва ё ҳақ надоранд дар ҷойҳои гармтар ва бо маоши баланд фаъолият кунанд? Ҳақ доранд ва метавонанд! Вале арзишҳое ҳастанд, ки барояшон аз манфиати шахсӣ болотару авлотаранд ва онҳоро бозмедоранд: Ҳисси Ватандӯстӣ! Эҳсоси миллатпарастӣ! Дӯстдории ин хоку диёр! Ва қарзи хидмат ба Ватану Модару Миллати хеш ва таъмини амнияти онҳо!
Қарзе, ки бояд ҳамеша дар мафкураи ҳар як шаҳрванд, ҳар инсоне, ки худро шахсият меҳисобад, ҷойгоҳ дошта бошад. Вале тавре дар давоми ин ҳафта мушоҳида намудам, мо ҳоло шахсият нестем. Ҳар як ҳодисаи кӯчаке метавонад моро ва ҷомиаи моро аз мувозинат барорад ва дар доми воҳимаю ҳангома афканад. Аз ҳама бадбахтиаш, ононе, ки худро пешбарандаи ҷомеа, зиёии ин миллат ва пешвои аҳли тақво метарошанд, худ пойбанди воҳимаю воҳимабозӣ гаштанд.
Рӯзноманигоре дар ин фирор дасти Руссия ва кишварҳои ҳамсояро пайдо карду муллоимоме ин амали ваҳшиёнаю ҷинояткоронаро хости худованд номид (ҳатто фаромӯш намуд, ки худованд ба ягон бандааш хуни ноҳақро намебахшад, аллалхусус дар моҳи шарифи рамазон ва хусусан хуни чанд ҷавонакеро, ки дирӯз даст аз домони модар дур кардаанд ва баҳри ҳимояи хоби роҳати ин муллоимом ва муридонаш роҳ сӯи хизмати Модар-Ватан пеш гирифтаанд.
Ӯ ҳатто барои рӯҳу арвоҳи ин шаҳидгаштагони бегуноҳ дасти дуо боло накард. Ана инаст, ҳақиқати исломдорию мусулмонии мо!!!). Олими маъруфе аз Академияи улуми ҷумҳурӣ таҳлили воҳимаангези худро то ҳадде расонид, ки гӯё маҳз барои гурехтани ин гурӯҳ боди «афғонро» аз Афғонистон «ташкил» ва ба самти Душанбе «равона сохта буданд», то ки ҷустуҷӯи маҳбусон ғайриимкон гардад. Бубинед то куҷост сарҳади тахаюлоту дурӯғи як потенсиали ақлии мо!
Каме болотар фирори ин ҷинояткоронро аз маҳбасхонаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштибоҳ хондам. Бале, ин иштибоҳ аст. Иштибоҳ дар кори чанд нозири маҳбасхона, ки бо соддалавҳии тоҷикона қурбони боварию итминони худ гаштаанд. Итминон бар ҷинояткоре, ки дар таълимгоҳҳои террористӣ дарс хондааст, дар амалиётҳои террористӣ ширкат доштааст ва хуни даҳҳо нафар бегуноҳро рехтааст. Итминони тоҷикона. Ки гӯё барои нафаре агар чою нон додӣ, намакатро ҳамеша пос медорад. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳакими бузургворе ҳазорсолаҳо пеш фармудааст:
Агар байзаи зоғи зулматсиришт,
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт.
Ба ҳангоми он байза парварданаш,
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш,
Диҳӣ обаш аз чашмаи силсабил,
Дар он байза дам дардамад Ҷабраил.
Бувад оқибат байзаи зоғ – зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.
Яъне, ҳеҷ гоҳ ба ҳаромзода бовар нашояд ва аз амали бадкирдору ҷинояпеша набояд дар ғафлат монд. Душманро бояд ҳамеша душман донисту аҳли ҷиноятро ҷинояткор. Бо вуҷуди ин ҳеҷ касе аз иштибоҳ орӣ нест. Ҳатто абарқудратоне, ки соҳиби хадамоти махсуси ҳамаҷониба муҷаҳҳазу неруманд мебошанд. Магар ҳангоматалабон фаромӯш кардаанд, ки новобаста аз мавҷудияти чунин хадамоти қавие монанди ФСБ-и Руссия гурӯҳҳои террористӣ чандин маротиба то дарунтарин шаҳрҳои Руссия ворид гашта боиси ҳалокати садҳо одамони бегуноҳ гаштанд.
Ва ё террористе бе мамониат вориди қароргоҳи ЦРУ-и ИМА гашта худро ҳамроҳ бо чандин корманди ин ниҳод мунфаҷир сохт. Ва боз террористон тавонистанд бузургтарину нодиртарин амали террористиро дар маркази тиҷоратии Амрико амалӣ созанд. Ин ҳодисаҳо ҳам иштибоҳ буданд. Иштибоҳи хадамоти махсуси ин кишварҳо. Вале ягон нафаре аз шаҳрвандони ин ду кишвар додаи воҳима нашуд ва ба муттаҳаму оҷиз намудани кормандони ин ниҳодҳо накӯшид. Баръакс баҳри кӯмаки беғаразона ба онҳо омодагӣ изҳор доштанд.
Ман итминону боварӣ дорам, ки ин ҳодиса рӯҳияю иродаи кормандони амнияти Тоҷикистонро дарҳам шикаста наметавонад. Баръакс омиле мегардад, баҳри болоравии сатҳи касбияти онҳо, дучандшавии масъулияти онҳо дар роҳи иҷрои вазифаҳои хизматиашон, пеш аз ҳама таъмини амнияти кишвар, миллат, давлат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон. Мутмаинам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри беҳбудии шароити хизмати кормандони ин Кумита, иқдомоти фаврӣ хоҳад андешид.
Рустам Сафаров, омӯзгор
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3020-2010-09-01-01-11-35.html
Шарҳҳо
RSS Обуна